Ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон

Бо аризаам ба Шумо    маълум карда мерасонам, ки ман ва волидонам солҳои пешин дар хоҷагии Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод, кору фаъолият менамудем. Баъди ташкил шудани хоҷагии деҳқонии “Кӯҳдоман” ва таҷдиди он ба аъзои оилаи мо Муродоваҳо, – Умринисо ва Идигул дар асоси саҳм -7 – 10 га. қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ иҷозат дода шуда, мо онро ташкил намудем. Ман низ баъди ба нафақа баромадани модарам дар асоси протоколи маҷлиси умумии хоҷагии деҳқонӣ ба аъзогии хоҷагӣ деҳқонӣ шомил гардида, айни ҳол роҳбари ин хоҷагии деҳқониро ба ӯҳда дорам. Бинобар ба шавҳар баромадани хоҳарам ва ба дигар минтақа рафтанаш, дар асоси ариза ба маҷлиси умумӣ оилаам низ аъзои хоҷагӣ интихоб карда шудааст. Ҳамзамон, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз солҳои қаблӣ, яъне соли 1990 дар асоси шартномаи иҷора байни хоҷагии “Кӯҳдоман” ва модарам ин боғи дар истифодаамон (хоҷагии деҳқониамон) қарор доштаро аз ҳисоби маблағҳоямон бунёд намудем. (нусхаи шартнома, санад ва фармони хоҷагӣ замима мегардад).

Вобаста ба хоҷагии деҳқониамон қарори хоҷагии деҳқонии “Кӯҳдоман” аз соли 2004, санади ҷудо намудани қитъаи замин барои хоҷагии деҳқонӣ, нусхаи харитаи маҳал, нусхаи тарҳҳои қитъаи замин, нусхаи пешниҳод, нусхаи қарори раиси ноҳияи Файзобод таҳти рақами 551 аз 30 декабри соли 2004, нусхаи сертификати  қитъаи заминро доро мебошам.

Мутаассифона, таҳи чор сол мешавад, ки шаҳрванд Ёров Раҷабалӣ, сокини деҳаи Дурахшони ноҳияи Файзобод, ки худро роҳбари хоҷагии деҳқонии “Кӯҳдоман” меҳисобад, ғайриқонунӣ ва беасос, аз боғе, ки ба хоҷагии деҳқонии ман тааллуқ дорад аз ман маблағи 120 000 яксаду бист ҳазор сомонӣ талаб дорад. Ду соли охир бошад, аз ин боғ ба миқдори 10 тонна мева (себ) чида бурд. Як  қисми заминро ба номи писараш Ёров Одилҷон тибқи шартномаи қалбакӣ додааст. Ҳамзамон ба ман маълумотнома додааст, ки боғи лалмӣ иборат аз 150 бех ниҳоли себ, аз тарҳи 181 аз соли 1989 дар нигоҳубини ман Муродов Мустафо қарор дорад. Вобаста ба ин ҳаракатҳои ғайриқонунии Ёров Р, ман ба Ҷамоати деҳот муроҷиат намудам.Дар ҳузури раиси ҷамоат, котиби ҷамоат, нозири минтақавӣ Ёров Р аз ман 120 000 сомонӣ талаб кард, ки ба дахолати ин шахсон маблағ ба 36 000 сомонӣ додам, ки ба ман ягон ҳуҷҷат надод. Аз меваҳои гирифтааш, ки 10 тоннаро ташкил медод, ба маблағи зиёда аз 30 000 сомонӣ фурухтааш низ, ягон ҳуҷҷат надод.

Бо ин ҳаракатҳои худ шаҳрванд Ёров Раҷабалӣ бо роҳи қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ аз ман маблағи 36000 сомонӣ маблағи пули нақд ва 30 000 сомонӣ маблағи пули мева гирифта ба ман зарари махсусан калон расонид.

Дар асоси ин гуфтаҳо аз шумо хоҳиш менамоям, ки нисбати шаҳрванд Ёров Раҷабалӣ барои қаллобӣ ва тамаъҷӯиаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ба ман ёрии амалии худро расонед.

Муродов. М, сокини деҳаи Дурахшони ноҳияи Файзобод

Нусхаи шиноснома, нусхаи шартномаҳо, санад ва фармон, нусхаи маълумотнома, нусхаи қарор, нусхаи харитаи маҳал, нусхаи пешниҳод, нусхаи қарори ноҳия, нусхаи сертификат замима мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь