Суди Олӣ чиро намебинад?

Оё тасаввур мекунед, ки мактуб аз бинои Суди Олии Тоҷикистон то “Почтаи тоҷик” дар 4 ва аз Душанбе ба Хуҷанд дар 3 рӯз расад? Бале, тасаввур кардан мушкил аст, аммо ҳамин тавр ҳам мешудааст. Ҳадди ақал барои банда, ки қариб 5 сол боз бо суду мақомоти дигар сарукор дорам ва чандин аризаву шикоят навиштаву посухҳо гирифтаам, ин гуна падида на фақат ҷолиб, балки ҳайратангез аст.

Хонандаи муҳтарами “Фараж” агар фаромӯш накарда бошад, дар шумораи 37-уми  ҳафтанома аз 11-уми сентябри ҳамин сол як муроҷиати ман ба раҳбарони мақомоти кишвар таҳти унвони “Боз як беадолатӣ дар Хуҷанд” нашр шуда буд.

18-уми сентябри соли равон банда аз почтаи шаҳри Хуҷанд ба як аризаи шикоятиам, ки 24-уми август навишта будам, аз Суди Олии Тоҷикистон посух гирифтам. Худи мактуб 10-уми сентябр бо имзои судяи Суди Олӣ Н. Ҷӯразода навишта шуда, дар муҳри “Почтаи тоҷик” санаи 14-уми сентябр зикр шудааст ва ба дасти ман 18-уми сентябр расид.

Ҷолиб ин аст, ки судҳо як моҳ вақт доранд, то посух диҳанд. Аммо Суди Олӣ ба таври сареъ дар ҳудуди 16 рӯзи тақвимӣ ҷавоб дод. Ин ҷавоб ҳам тибқи моддаҳои 371-372 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ нест, зеро шикоят на бо мактуб, балки таъинот посух дода мешавад. Дуввум, барои баровардани таъинот Суди Олӣ мебоист ба Суди вилояти Суғд муроҷиат карда, парвандаро талаб мекард, меомӯхт ва сипас, бигзор, ғайриқонунӣ ҳам бошад, мактуби ҷавобӣ дода, нусхаи таъиноташро ба мактуб ҳамроҳ мекард. Азбаски парванда дар ихтиёри Суди шаҳри Хуҷанд қарор дорад, суди вилоят ин парвандаро аз он талаб мекард ва ба Суди Олӣ ирсол менамуд. Маълум аст, ки Суди Олӣ барои дастрас кардани парванда ва аз он бештар барои омӯхтани он ба вақти зиёд зарурат дошт. Ин ба он маъност, ки Суди Олӣ аз нигоҳи ҷисмонӣ ва замонӣ дар ин муддате, ки ба ман посух дод, имкон надошт масъулияти қонунии худро иҷро кунад. То ҷое, ки банда огоҳӣ дорам, Суди Олӣ ба суди вилоятӣ ва суди вилоятӣ ба Суди шаҳри Хуҷанд барои ба даст овардани парванда муроҷиат ҳам накардаасту парванда омӯхта ҳам нашудааст. Аз ин рӯ, Суди Олӣ як мактуби, ба қавли мардум, хушку холӣ додааст. Савол пайдо мешавад, ки “сареият” ё “оҷилият”-и Суди Олӣ дар посух ба шикояти банда чӣ сабаб дорад?

Тахмин мекунам, ки вақте матлаби ман дар ҳафтаномаи “Фараж” нашр ва саҳлангориву омоли ғайриқонунии Суди Олӣ барои мақомоти баландпояи кишвар ошкор шуд, онҳо аз ҳамин роҳ, яъне ба санаи бозгаштӣ, ё ба қавли русҳо, “задним числом” мактуб омода карда, бори масъулиятро аз шонаҳои худ холӣ намуданд. Гӯё гуфтанӣ ҳастанд, ки матлаби нашрияро мо нахондем ва мо пеш аз нашри матлаб ҷавоб дода будем. Боз ҳам мешавад тахмин зад, ки посухи Суди Олӣ дар ҳудуди рӯзҳои аз 12-14-уми сентябр омода шудааст, аммо чӣ тавр дар муҳлати ду рӯз ба Хуҷанд расидааст, ин як муъҷизаи табиат шояд бошад.

Ҳоло биёем ба муҳтавои худи мактуб, ки боз ҷолибтар аз ҳамаи ҷолибиҳои болост. Н. Ҷӯразода, судяи Суди Олӣ менависад, ки шикоятҳои назоратии маро аз ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд (1-уми октябри соли 2018) ва қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғд (11-уми декабри соли 2018) мавриди баррасӣ қарор додаанд. Чӣ тавр баррасӣ шудаанд? Ҷаноби судя ба “маводҳои истеҳсолоти назоратӣ” такя карда, менависанд, ки “дида мешавад” парванда “барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳалаи назоратӣ бо таъиноти судяи Суди Олӣ аз 11-уми апрели соли 2019 рад карда шудааст”. Бале, дар “маводҳои истеҳсолоти назоратӣ” гап ҳамон аст, ки ману ҷаноби судя медонем, аммо банда ин бор бо ҳолатҳои нав ошкоршуда, яъне нисбати таъиноти судяи Суди Олӣ, Хушмаҳмадзода А. аз 11-уми апрели соли 2019 дар бораи рад намудани ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ ба Суди Олӣ шикоят карда, мепурсам, ки онҳоро моҳиятан баррасӣ кунанд. Чаро ҷаноби судя дидаву дониста, ба маводи куҳнашуда такя мекунанд ва қарорҳоеро, ки бо чандин далел рад шудаанд, асос мегиранд? Оё таъинотҳои судяҳои Суди Олиро қонунгузор манъ намудааст?. Ба фикрам ин тавр не. Тибқи қонунгузории мурофиавӣ ҳама санадҳои судӣ, сарфи назар аз зинаи поён то ба боло мавриди шикоят қарор гирифта метавонанд.

Аз ин хулоса мешавад, ки дар Суди Олӣ на фақат парвандаро надидаанду наомӯхтаанд, ҳатто хушашон намекунад, ки шикояти назоратии маро ҳам хонанд. Вагарна муҳтарам Ҷӯразода наменавиштанд, “асосҳое, ки барои қабули санадҳои судӣ оид ба ин парванда шудаанд, дар ҳалнома, қарори марҳилаи кассатсионӣ ва таъиноти Суди Олӣ ба таври пурра ва возеҳу равшан навишта шудаанд”.

Муҳтарам судя, мутаассифона, асосҳое, ки дар ҳалнома, қарори марҳалаи кассатсионӣ ва таъиноти судяи Суди Олӣ Хушмаҳмадзода А. навишта шудаанд, пурра ва равшану возеҳ нестанд. Ҳарчанд банда ин норавшаниҳо ва нопуррагиҳои санадҳои судиро дар матлаби гузашта як ба як гуфта гузашта будам, ҳоло бори дигар ва соддатар барои Шумо мефаҳмонам:

Фахриддин Қодиров, соҳибмулки бозори “Неъматуллоҳ”, дар миёни мардум маъруф ба “Афғонбозор”, ки дар шафати бозори Панҷшанбе ҷойгир шудааст, аз ман – Икром Юнусов, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Хуҷанд ба суд аризаи даъвогӣ бурда, талаб карда буд, ки қарори раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №377 аз 17-уми июли соли 2007-ро беэътибор эътироф кунад ва қитъаи замини ӯро бо кӯчонидани девори ёрирасону дарвозаи оҳанини ҳавлии мо ба ҳолати аввала баргардонад.

Ҳавлии ман – Икром Юнусов девор ба девори ҳамин бозор аст. Қодиров даъво дорад, ки ман 5,35 метри мураббаъ замини бозорро худсарона забт намудаам. Аммо ӯ барои ин даъвои худ чӣ далел пешниҳод карду Суди шаҳри Хуҷанд чӣ тавр ба бепоя ва бемантиқ будани онҳо дидаву дониста чашм пӯшид?

  1. Даъво зидди ман ғайриқонунӣ аст, зеро дар ин ҳавлӣ ба ҷуз ман оилаи ду бародарам низ зиндагӣ мекунанд. Ҳавлӣ ба номи модари марҳумам аст. Суд маро “ҷавобгари мусоид” гуфта, кори худашро осон кардааст, балки барои зудтар ва осон анҷом додани кори ғайриқонуниаш барои худ шароити мусоид фароҳам овардааст.
  2. Баҳси мову Қодиров, бино ба қисми 3, моддаи 24-и Кодекси мурофиавии граждании Тоҷикистон салоҳияти суди иқтисодӣ аст. Мо ҳарду соҳибкор ҳастем. Суди шаҳри Хуҷанд баҳсеро баррасӣ кардааст, ки ба салоҳияташ нест.
  3. Қодиров 3-юми августи соли 2015 шаҳодатномаи давлатӣ ва ҳуқуқи соҳибмулкиро гирифтааст. Тибқи моддаҳои 254, 256 КМГ ҶТ, ӯ дар муҳлати 3 моҳ бояд ба суд муроҷиат мекард, ки накард. Тибқи моддаи 111-и ҳамин Кодекс, бо гузаштани муҳлати 3-моҳа амалҳои мурофиавӣ қатъ мегардад, вале тибқи моддаи 114-и ҳамин Кодекс, суд метавонад дар асоси ариза ин муҳлатро барқарор намояд. Қодиров ин корро ҳам накардааст. Судҳои поёниву болоӣ ҳам ба ин чашм пӯшиданд ва талаботи қонунгузории мурофиавии гражданиро риоя накарданд. Судяи Суди Олӣ Хушмаҳмадзода А. низ дар таъиноташ баҳои ҳуқуқӣ надода буд.
  4. Аризаи иловагие, ки Шумо ва Суди шаҳри Хуҷанд мегӯед, дар парванда нест.
  5. Санаде, ки экспертиза ба суд пешниҳод кард, сохтакорона аст. Экспертизаи судии сохтмонӣ-заминсозӣ қитъаи заминҳои бозор ва ҳавлии моро аз назар нагузаронида, чен ҳам накардааст. Дар мурофиаи судӣ экспертон эътироф карданд, ки қитъаи заминро чен накарда, бе иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Икром Юнусов “ташхиси судӣ” гузаронидаанд. Санади экспертиза аз рӯи ҳуҷҷатҳое, ки дар ихтиёрашон будааст, тайёр шуда бошад. Судя Некрӯз Маъруфзода экспертонро вазифадор кард, ки ҳатман замини бозор ва замини ҳавлии моро чен кунанд, аммо накарданд. Ва судя ҳам супориши додаи худро дигар напурсид!
  6. Прокуратураи шаҳри Хуҷанд пас аз баромадани ҳалномае, ки Шумо онро асос гирифта, ба ман посух додаед, мутахассисонро ҷалб намуда, қитъаҳои замини бозор ва манзили истиқоматии моро ташхис кард. Муайян намуд, ки мутахассисони Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд ба суд санади таҳрифшуда ва сохтакоронаро бо хулосаю маълумоти бардурӯғ пешниҳод карда, судро ба иштибоҳ андохтаанд. Гап дар бораи санади ташхис аз 5-уми январи соли 2018 меравад, ки бар асоси он ҳалномаи судӣ (1-уми октябри соли 2018) қабул шуд. Ҷаноби судя, оё Шумо инро тасдиқ мекунед, ки бар асоси санади тақаллубӣ ҳалномаи судӣ баровардан қонунӣ аст?
  7. Комиссияи таъсисдодаи Прокуратураи шаҳри Хуҷанд, бо иштироки 8 нафар мутахассисони соҳаҳои мухталиф аз 6-уми феврали соли 2019 санади наверо тартиб дод, ки ҳолати ҷой надоштани худсарона азонихудкунии қитъаи замин аз ҷониби моро тасдиқ мекунад ва баръакси ҳол муайян кард, ки аз ҷониби бозори “Неъматуллоҳ” 63,8 метри мураббаъ қитъаи заминҳои ба Фонди заминҳои шаҳри Хуҷанд тааллуқдоштаро худсарона забт ва истифода мебараду сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро сохтакорона ҳам гирифта будааст.

Ин санади прокуратура оё ҳолати нав ошкоршуда дар баҳси судии мо буда метавонад? Агар ҳа, чаро онро баррасӣ намекунед? Агар не, оё санади прокуратура барои суд қурб надорад?

  1. Сертификати бозори “Неъматуллоҳ” бе розигии сокинони ҳавлиҳои ҳамҳудуди бозор гирифта шудааст. Бино ба он, 15 метр кӯчаи умумигард ё ҳаққи мардум ба ҳудуди бозор дароварда шудааст. Ин ҳолати нав ошкоршуда ҳисобида мешавад ё не?
  2. Боз як санади тақаллубӣ ё сохтакоришудаи дигар, ки аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Хуҷанд ошкор шуд. Бино ба санади прокуратура, Баҳром Қодиров, корманди Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд санади ченкунии қитъаи замини бозорро дар утоқи кориаш омода намуда, имзои дигар шахсонро гирифта будааст. Баҳром Қодиров 10-уми ноябри соли 2017 аризаи Қодиров Фахриддинро, ки ба Кумитаи идораи замин 24-уми октябри соли 2017 таҳти №998 ворид шуда будааст, бе ягон ҳуҷҷату далел баррасӣ карда, 5-уми январи соли 2018 санад тартиб дода, ба дасти Ҷаҳонгир Қодиров, ки амакбачаи Қодиров Фахриддин мебошад, додааст (ҳарду Қодировҳо аз як маҳалла ва ҳамсояанд). Ахирӣ ин санадро ба суд пешниҳод кард. Ҳарчанд раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд Т. Толибзода исбот кард, ки ин санадро надидааст ва Баҳром Қодиров худсарона ин санадро омода кардааст, судя Некрӯз Маъруфзода ба ин ҳам чашм пӯшид!

Хулоса, вақте судяи Суди Олӣ ҷаноби Н. Ҷӯразода ба ман менависанд, ки “ҳангоми баррасии парвандаи мазкур меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ риоя карда шудаанд ва дар шикояти назоратии Шумо ваҷҳҳое, ки мутобиқи моддаи 376 КМГ ҶТ барои бекор кардани санадҳои судӣ бо тариқи назоратӣ, асос шуда метавонанд, мавҷуд нест” ва “аз ин рӯ, санадҳои судии қабулшуда оид ба парвандаи мазкур дурусту қонунӣ мебошанд ва асос барои бекор кардани онҳо ҷой надорад”, ҳайрати ман дучанд мегардад.

Ин посухи Ҷӯразода чӣ маъно дорад? Ҳеҷ ҷои шак намемонад, ки фикр кунем, дар Суди Олӣ на фақат маводи парвандаҳо, балки шикояти мардумро ҳам намехонанду намеомӯзанд. Дар акси ҳол, мисли офтоб аён аст, ки ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд аз 1-уми октябри соли 2018 ва ба дунболи он қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғд аз 11-уми декабри соли 2018 ва таъинотҳои судяи вилояти Суғд Назарзода Х. М. аз 29-уми январи соли 2019 ва судяи Суди Олӣ Хушмаҳмадзода А. аз 11-уми апрели соли 2019 бар асоси далелу санадҳои тақаллубӣ ва комилан ба эътибор гирифта нашудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд.

Хуб, шояд гӯянд, ки он замон ин далелҳои нав ошкоршуда набуданд ва чунин ҳалнома қабул шуд. Боз ҳам чун далелҳо нав ошкор шуданд, чаро Суди Олӣ онҳоро намебинад? Чаро парвандаро дигарбора баррасӣ намекунад ва агар дар салоҳияташ нест, чаро ба суди иқтисодӣ онро интиқол намедиҳад? Бахусус ки далелу санади кофӣ барои аз нав дида баромадани ин парванда вуҷуд дорад, вақте онҳоро Прокуратураи шаҳри Хуҷанд ва бо супориши Прокуратураи генералӣ санҷида баромада, таҳия кардааст, дигар ҷое барои шак набояд монад.

Банда ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз омоли ғайриқонунии судҳои зинаи поёнӣ зарари маънавиву моддӣ мебинам, ҳамоно талаб мекунам, ки дар парвандаи мо хато андар хато рафтааст ва ҳанӯз фурсати ислоҳи онҳо ҳаст. Ҳоло ҳам ба тантанаи адолати судӣ бовар дорам ва итминони комил дорам, ки шикояти назоратиам аз 24-уми августи соли 2019 моҳиятан баррасӣ хоҳад шуд.

Бо эҳтиром, Икром ЮНУСОВ, сокини шаҳри Хуҷанд

АЗ ИДОРА:

“Фараж” низ умедвор аст, ки вобаста ба далелу ваҷҳҳое, ки муҳтарам Икром Юнусов овардааст, Суди Олии Тоҷикистон онҳоро тибқи қонунгузорӣ моҳиятан баррасӣ мекунад ва ба баҳси судӣ хотима мегузорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь