Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

нусха ба Прокурори генералии Тоҷикистон

Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз номи сокини ш.Душанбе,  ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Беҳзод 1, ҳуҷраи 58, собиқадори меҳнат, Эсанов Муҳаммад

Муҳтарам Президент!

Шумо ки ҳомии адолат ва қонун ҳастед, хоҳишмандам қазияеро, ки ба сари мани мӯйсафеди 85-сола омадааст, дар доираи қонун баррасӣ намуда, адолатро барқарор намоед.

Ман ба синни 85-солагӣ расида аз дасти духтараму писарам ба ин рӯз афтиданамро дар ягон гӯшаи хаёлам фикр ҳам намекардам. Зеро 62-соли ҳаётамро баҳри ободонию гулгулшукуфоии давлатамон, баҳри тарбияи насли наврас гузаронида, бо унвонҳои муаллими хизматнишондода, корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод, омӯзгори ИҶШС, профессор, аълочии маориф ва фарҳанг, ходими хизматнишондодаи маориф ва варзиш сарфароз шудаам. Маъюби гурӯҳи 2-юм буда аз аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии “ҳомии Ватан” мебошам. Ҳамчунин даргоҳи Аллоҳи ягонаамонро зиёрат карда, ҳоҷӣ гаштааму бар дуои ҷони фарзандону наберагонам будам. Акнун дар як ҳолате ҳаёт маро овард, ки аз дасти фарзандони нохалаф, ки имрӯз маро дар ҳолати ногувор овардаанд, хоҳишмандам ҳалли қонуниро дида баромада, молу мулкамро баргардонед.

Фарзандро дар рӯзи тавваллуд шуданаш орзу мекунед, ки ба воя расаду дар пиронсолӣ дастгири падар шавад, лекин фарзандони манро Эсанова Нигина ва Эсанов Аҳмадро нафси молу мулк ба доми худ кашида, роҳи шайтони раҷим пеша гирифтаанд, ки имрӯза дили маро сахт ранҷонидаанд.

Ман зодаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд буда, баъди хатми мактаби миёна ба Душанбе омада дар инҷо таҳсил, маълумот, соҳиби оила гашта дар суроғаи кӯчаи М.Турсунзода, хонаи 13 бо аҳли оилаам, ҳамсари раҳматиам Ахмедова Ҳанифа соҳиби 6 фарзанд гашта, ҳамаро оиладор кардаам. Соли 2000 ҳамсарам Ахмедова Ҳанифа аз олам чашм пӯшид. Баъди марги оилаам ба шаҳрванд Мирзоева Майрамой оиладор шудаму муносибати фарзандон аз соли 2010 дигар шудан гирифт. Дар байни фарзандони ман бисёртар ба Эсанова Нигина ва домодам Шарифов Неъмат, ки бисёр маро хабар мегирифтанд ба бовариам даромада буданд, ёрдам мекарданд.

Аз соли 2010 Эсанова Нигина бо шавҳараш ба зиндагии ман бо Мирзоева М дахолат карданду маро аз ҳамсарам ҷудо карда соли 2013 шаҳрванд Мирзоева М “ҳақ мегирад” гуфта, дигар фарзандонамро мисол оварда, ки зиндагиамон вазнинтар буду дар қайди хона буданд, маро назди адвокат бурда, соли 2013 бо роҳи фиреб, (имрӯз мефаҳмам) шартномаи ҳадяро тартиб дода, соҳиби молу мулки ман дар суроғаи кӯчаи М.Турсунзода хонаи 13 гаштаанд.

Соли 2018 ҳавлии ман дар суроғаи кӯчаи М.Турсунзода, ки бо писари хурдиам Эсанов Ҷамшед истиқомат доштем, мувофиқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ гашта, бар ивазаш 4 ҳуҷраи 1 хонагӣ дода шуд, ки ман фарзандонамро фарёд карда чунин қарор баровардам, ки 4 ҳуҷраро    1-тоашро ба ивази манзили духтарам Нигина, ки камҳаҷм буд, иваз мекунаму яктоашро байни ҳама фарзандонам тақсим карда яктояшро мефурӯшаму дар зодгоҳам масҷид месозам, яктояшро ба писари кенҷагиам, ки оила надошт оиладор карда медиҳаму дар охирон ҳуҷра худам то охири умр ба сар мебарам гуфта эълон кардаму бо нияти нек  мақсад гузоштам, зеро ҳамашон  барои ман якхеланд. Лекин аз соли 2021 ҳангоми тамом гаштани ин ҳуҷраҳо, ман симои ҳақиқии фарзандонам  Нигина ва Аҳмадро дидам.

Аввалаш аз он сар шуд, ки ҶДММ “ Партнёр” , ки ин сохтмонро ба ҷо овардааст, медонистанд, ки ин молу мулки аз они ман. Хабар доданд, ки манзилҳо соли 2022 буд мешавад ва маълумотнома доданд, ки онҳо дар ин давом бо духтарам Эсанова Нигина маблағ барои иҷорапулӣ барои маскуни шаҳрванд ва таъмир додаанд, ки ман бехабар будам. Маълумотнма пешниҳод карда мешавад, маблағи умумии гирифтаашон 256 800 сомонӣ. Вақте ки ба манзили духтарам барои талаби ҳуҷҷатҳо рафтам, маро дар кӯча монда ҳатто дарро накушод ва аз тарафи домодам Неъмат Шарифов ба кормандони милиса супориданд. Баъди муаррифӣ карданам онҳо узр пурсиданд. Баъдан бо домодам вохӯрда, мақсади ӯро фаҳмидам, ки ӯ нақшаи аз они худ кардани манзили маро кашидааст, ки худ дар шаҳр 8 манзили шахсӣ дошта, дар ягон ҷо бо духтарам кор намекунанду  ин манзилҳояшонро ба иҷора супорида, умр ба сар мебаранд.

Ман илтимосҳо кардам, ки ҳуҷҷатгузориро ба номи ман гузаронанд, дар назди бародарони калони домодам Шарифовҳо рафта оиди ин воқеа хабардор кардам. Онҳо нисбати додарашон хислатномаҳои гушношунидро гуфта, илова карданд, ки бо ӯ алоқае надоранд.

Духтарам бошад, тамоман бо ман алоқаро канда дигар на телефонамро мегираду на хабар мегирад, ҳатто нақшаҳо бо шавҳараш тартиб дода ба ҳамсоягон 50-сомонӣ дода талаби имзои маро мекарданд, ки ман дар ҳайрат мемондам.

Дар ин давом ин ҳарду меросхӯри ман Эсанов Ҷамшедро баъди тарҳрезии манзиламон ба хонааш бурданду 2-3 моҳ он ҷо зиндагӣ карду аз сабаби он ки гоҳе менӯшид, аз манзил бароварда, дар тарафи “Селхозинститут” иҷора шинонида , пули иҷораро медоданду зиёда аз 2 сол мешавад аз тарафи Шарифов Неъмат, бе ному нишон бе суроғаи  муайян  гум шудааст, ки на зинда ва на мурданашро медонам.

Дар хобам медарояд, ки “суроғаи маро аз Шарифов Н гиред, вай медонад”- мегӯяд. Далел надорам, аммо аз тарафи ин шахс ба ман заҳр  дода шуд, аммо ман он чойники чойро ташхис нагузаронидам.

Баъди он ки духтарам маро рад кард маҷбур шудам ба суди ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кунам, ӯ 2 – то адвокат гирифта худ Русия, назди писарам Шарифов Набиҷон гурехта рафту нақши асосиро домодам Шарифов Неъмат иҷро кард.

Судя Файзуллозода С. Қариб нимсол зиёд аризаи даъвогии маро баррасӣ карда, ҳалномаи ғайриқонунӣ барвард, ки гӯё ман муҳлати даъворо гузаронидам. Ҳалнома замима карда шуда, аз тарафи инстансияи назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ба ғайр аз ин духтарам ба имрӯз 10 000 доллари ИМА – и манро, ки дар дасташ буд, гирифтаву барнамегардонад.

Баъди баровардани ҳалномаи ғайриқонунӣ духтарам аз Руссия баргашту ман бо ӯ вохӯрдам бо адвокаташ ба назди ман омада ба манзилам наомаду дар парки Навоӣ бо ман вохӯрдю Ҳамаро рад кард, ки ман ҳақ надорам ва масъалаи манзилро давлат ҳал мекунад ва инчунии қасам хӯрд, ки маблағ нагирифтааст. Инчунин аз тақдири писарам Эсанов Ҷамшед пурсидам, ки ин савол  низ беҷавоб монд.

Ин қаҳрамонии духтарам Эсанова Нигини мебошад, ки руи коғаз  овардам. Илоҳо ин рӯзро ягон падар набинад.

Аз ин ҳуҷраҳоям, ки намояндагони ҶДММ “ Партнёр”  ҳамаи калидҳоро ба дасти ман додаанд, ду тояш  аз ошёнаи сеюм ва ҳафтумро одамони ба ман ношинос таъмир карда истодаанд.

Дар навбати дуюм дар бораи меросхӯри дигар писарам Эсанов  Аҳмад, шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёда аз 30 сол мешавад он ҷо ҳавлию ҷой худам кардаам бо оила ва фарзандонаш зиндагӣ дорад, соли 2018 пайдо гашта талаби меросро кард, ки ба ӯ низ фарзанди калонам гуфтам 1автомашинаи сабукрав ва 25-ҳазор сомонӣ дода ҷавоб додам, ту ҳаққат ҳамин гуфта эълон кардам.

Дар ин давом то соли 2022 ягон пурсиш, аёдат накарда, як 6-моҳ шуд пайдо гашта ба яке аз ҳуҷраҳо даромада манзили ман ман туро мекушам нест мекунам гуфта дар манзили таъмиркардаам ғайриқонунӣ зиндагӣ карда истода, талаб дорад, ки ӯ дар қайди манзили ман  мебошад. Баъдан фаҳмидам, ки ӯ бо 400 сомонӣ паспорт гирифтааст, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, нисбаташ хоҳишмандам чораи қонунӣ андешида шавад.

Писарам Эсанов Аҳмад ба синни 60 даромада, духтарам Эсанова Нигина ба синни 48 дар ягон ҷой кор намекунанд. Ва имруз душмани падарашон гашта ҳамаи меъёрҳои инсониро зери по кардаанд.

Ҳол он ки роҳбари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадашон ҳурмату иззати падару модарро дар ҷои аввал монданд, ки вазифаи ҳар як фарзанди баномус мебошад.

Аз ин рӯ нисбати ин нафарон чораи қонунӣ андешида шуда, тариқи  ВАО хабар карда шавад, ки дигар ягон фарзанд нисбати волидонаш беҳурматӣ зоҳир накунанд.

Замима:

1.Маълумотномаи ҶДММ “Партнёр”

  1. Забонхати Эсанов А
  2. Ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансур.

Бо эҳтиром,

Эсанов М

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь