Ба таваҷҷӯҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии

Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия,

мӯҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро

Дуним моҳ пеш, яъне моҳи декабри соли 2023 пас аз он ки дар таърихи 23.11.2023 аризаамро ба котиботи ШКД ноҳияи Сино супоридам, онро дар саҳифаи фейсбук коштам ва хостам онро ба нишонии электронии ВКД фиристам, ки муваффақ нашудам. Ҳоло пас аз чаҳор моҳи рабуда шудани телефони ҳамроҳ ба ин натиҷа расидам, ки бояд дар фазои маҷозӣ ё ягон ҳафтанома онро ба вазири мӯҳтарами ВКД низ расонам, ки оё милиса аз ӯҳдаи дастгир кардани як дузди гӯшии телефони ҳамроҳ мебарояд ё на?!

Дақиқан ду моҳ мешавад, ки моро гирифториҳои зиёде дар банд нигаҳ медорад ва хушбахтона, имрӯз яке аз онҳо ба роҳи қонунӣ даромад. Гап дар сари он ки ҳар гоҳ кори одам ба милиса уфтад, онҳо чунон ҳам серкоранд, ки ҳисобу китобаш нест. Ба ШКД-и чор ноҳияи шаҳри Душанбе муроҷиат кардем, вале ҳеч кадоме масъалаи тафтиши дуздии телефони ҳароҳи моро ба дӯш нагирифт. Имрӯз соатҳои 16-и рӯз ба ШКД ноҳияи Сино (шаҳристони 82) рафтам ва ин номаро бо ҳазор душворӣ ба котибот супурдам ва онҳо «бо гардани баста» пазируфтанд. Маълум шуд, ки милиса масъалаи дуздии гӯшиҳои телефонро ба душворӣ бар ӯҳда мегирифтааст. Пас истеъфо диҳед ё аз сари хеш соқит намуда ба ҳамон ширкатҳои сайёри телефони ҳамроҳ вогузор кунед. Албатта, роҳи қонунии ин кор муроҷиат ба Маҷлиси намояндагон аст, ки ин вазифаи масъул, яъне пайдо кардани дуздони телефонҳои ҳамроҳро бевосита ба ширкатҳои бесим вогузор созад.

Декабри соли 2023 ва ҳол нусхаи номаи мо:

“Бо навиштани ин ариза ба Шумо маълум менамоям, ки набераи ман дар таърихи 25.09.2023 соати 07:20 ба мақсади рафтан ба дарс ба Донишгоҳи политехникии ба номи М. Осимӣ дар кӯчаи Бухоро (назди сохтмони Идораи гумрук) савори маршруткаи хатсайри №25 шудааст. Ҳангоми расидан ба истгоҳи “Автовокзал” мутаваҷҷеҳ мешавад, ки гӯшии телефони ҳамроҳи (мобили) ӯро дар дохили маршрутка дуздидаанд.

Мушаххасоти гӯшии телефони ҳамроҳ: Samsung Galaxy A32

Imei 1: 350857483084611    Imei 2: 352816973084612

Пас аз ин рухдод набераам бо мақсади пайдо кардани дузди телефон ба Шуъбаҳои корҳои дохили (ШКД) ноҳияҳои И. Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино муроҷиат мекунад, вале аризаи ӯро дар ин ШКД-ҳо бо ҳар баҳона қабул намекунанд. Ман низ ду бор ба Шуъбачаи корҳои дохилии Маҳаллаи Ободкорон (яъне Авул) дар робита ба дуздии телефони ҳамроҳ рафтам, вале бори нахуст навбатдори Шуъбаи “Авул” маро ба Шуъбаи корҳои дохилии назди сохтмони Сияриён фиристод ва навбати дуввум санаи 17.11.2023 ба бозрасии Шуъбаи “Авул” бо номи “Манучеҳр” ҳавола кард…

Азбаски шумораи телефони ҳамроҳ дар ширкати “Babilon” ба номи “Мирбобо Мирраҳимов” сабт шудааст ва масъулияти пахши ҳар гуна матлаб дар фазои маҷозӣ низ бар дӯши ман меуфтад ва чанд рӯз аст, дида мешавад, ки аз телефони ҳамроҳи дуздида қаллобе аз номи ман вориди сомонаҳои “Телеграмм” ва “Фейсбук” мешавад, ки хатари зиёде дорад ва аз ин рӯ хоҳишмандам дузди телефони ҳамроҳи маро пайдо кунед ва маблағи телефони ҳамроҳ, ки ман онро моҳи августи соли равон бо нархи 4800 (чаҳор ҳазору ҳаштсад) сомонӣ харидаам ва зарари маънавие, ки ду моҳ мешавад моро гирифтор кардааст, ба андозаи 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ба мо баргардонед ва дуздро ба суд (додгоҳ) муаррифӣ намоед ва гӯшии телефони ҳамроҳ (мобили) несту нобуд карда шавад.

Бо эҳтиром,

 Мирбобо Мирраҳимов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь