Ба Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Ба Прокурори генералии Тоҷикистон, муҳтарам Юсуф Раҳмон
Ман шаҳрванд Ниёзов Эрмат Эргашевич сокини деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич мебошам. Азбаски баъди солҳо саргардонӣ ва муроҷиат ба дари суду прокуратура мушкилам ҳалли худро наёфт, азм кардам, ки ба унвони шумо Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нома нависам.
21-уми июни соли 2021 набераам Азмитдин Садбарг ба таври фоҷеавӣ аз олам рафт. 19-уми июни соли 2021 тӯйи арӯсии ӯ баргузор гардид. Рӯзи дигар тарафи домод набераамро нодухтар гуфта, ба хонаи падараш Ниёзов Азмитдин оварда супориданд. Раҳмонов Ҷавоҳир дар назди ҳозирин – Раҳимова Бунафша (модари Садбарг), Ниёзов Азмитдин (падари марҳума), Суфиев Суфираҷаб (тағои Бунафша), Суфиева Малика (модари Бунафша) ва дигар шоҳидон ҷиноятро ба гардан гирифта, ҳатто пӯшонидани 70%-и хароҷоти тӯйро ваъда кард. Ҳамон рӯз Ҷавоҳир “Садбаргро зани дуюм карда мегирам” гуфта, ба хонааш бурд, вале баъди ҷанҷоли зани якумаш боз худи ҳамон рӯз оварда монд. Бояд қайд намоям, ки Садбарг ва Ҷавоҳир набера ва абераи як бобо, яъне хеши наздик буда, дар ҳамсоягии хеле наздик истиқомат доштанд. Модари Ҷавоҳир аммаи модари Садбарг ва духтари холаи ман мешавад. Маълум гардид, ки Ҷавоҳир бо зӯрӣ ва истифодаи доруи беҳушкунанда дар 12-солагӣ Садбаргро ба ин ҳол расонида будааст.
Ман ҳоло муваққатан дар деҳаи Сарибоғи ноҳияи Зафаробод ҳамроҳи писари дигарам зиндагӣ дорам. Рӯзи дигар ба ман хабари марги набераам Садбарг расид. Як рӯз баъд аз ҳодисаҳои боло писарам Ниёзов Азмитдин аз хона баромада ғайб зад, ки ҳоло, яъне пас аз се сол ҳанӯз аз ӯ ному нишоне нест. Садбарг бошад ба ин ҳодисаҳо тоб наоварда бо роҳи овехтан, худкушӣ кард. Худи ҳамон рӯз кормандони ШВКД-и ноҳияи Деваштич Раҳмонов Ҷавоҳирро ба ҳабс гирифтанд. Бояд қайд намоям, ки Ҷавоҳир набераи муллои деҳа Раҳмонов Абдулло аст. Баъди ин фоҷеа муллои деҳа Раҳмонов Абдулло ба ҷои он ки маросими ҷанозаро гузаронад, дар фикри халос кардани наберааш шуд. Маросими ҷанозаро бо миқдори ками хешовандон гузаронида, ҷасадро дар як кунҷи оромгоҳ ба хок супоридем.
30-юми июни соли 2021 набераи дигари мулло Раҳмонов Рӯзибой, ки дар Академияи Вазорати Корҳои дохилии Тоҷикистон таҳсил мекард, овоза паҳн кард, ки “бобоям (Раҳмонов Абдулло) Ҷавоҳирро бар ивази 150 000 сомонӣ харид, дигар ҳеҷ кас даъво карда наметавонад”.
Ман 2-юми июли соли 2021 бо ариза ба Прокуратураи ноҳияи Деваштич ва раиси ноҳия муроҷиат намуда, дар гармои тобистони ҳамон вақт дар маркази ноҳия сарсону саргардон шудам. Вале маро амалдорон шунидан намехостанд.
30-юми августи соли 2021 Шуъбаи вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ноҳияи Деваштич ба муроҷиати ман дар мавриди оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати Раҳмонов Ҷавоҳир Амонуллоевич ҷавоби рад дод.
23-юми сентябри соли 2021 бо ариза вориди шаҳри Душанбе шуда, ба Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карданӣ шудам. Маро дар Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуданд.
Прокуратураи генералии ҶТ ба прокурори вилояти Суғд нома ирсол намуд, ки ваҷҳҳои дар муроҷиати ман дарҷшуда пурра ва ҳамаҷониба баррасӣ карда шаванд. Бо супориши мақомоти болоӣ Прокуратураи вилояти Суғд фоҷиаро тафтиш намуд ва оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кард. Баъди ин тафтишот ба Прокуратураи ноҳияи Деваштич гузашт. Кори тафтишотро ба ёрдамчии Прокурори ноҳия Абдуқаюмзода Ф гузарониданд.
Аз декабри соли 2021 то ҳоло тафтишот давом дорад. Ман бошам дар даромадгоҳҳои идораҳои ҳукуматӣ сарсон. Ба ҷои он ки парвандаи ҷиноии бозшуда ҳарчи зудтар ҳалли худро ёбад, дар рафти таштишот ду ҷинояти дигар ошкор шуд ва Абдуқаюмзода ҳаёти маро ба гирдобу сарсонӣ кашид.
Парвандаи ҷиноятии аввал нисбат ба Шарифов Умар, ки ҳамдеҳа ва хеши мо буда, бо фарзандони мо, ки бо қарори ҳукумати н.Деваштич ҳамчун муҳоҷири дохилӣ аз деҳаи Хишекат ба деҳаи Сарибоғи Зафаробод омада зиндагӣ мекунанд, бо ҷурми қаллобӣ боз шуд. Бояд қайд намоям, ки падари ӯ Шарифов Мирсаид аз рӯзи аввали дар он ҷо зиндагӣ намудани мо бо ҳар роҳу восита, гоҳе худро ким-кадом корманди мақомот муаррифӣ намуда, аз мо ва ҳамдеҳагони дигар пул меканад. Маротибаи охир ӯ 12000 сомонӣ ҷаримаи духтари холааш Ниёзова Сарвинозро азхуд намуд ва Прокуратура баъди ин ҳодиса нисбат ба Шарифов Умар парвандаи ҷиноӣ боз кард. Аммо бо давуғеҷи падараш Шарифов Мирсаид (шаҳрвандии Русияро дорад) ва ҳомиёнаш парванда дар РКД-и вилояти Суғд ба авф афтод. Бар замми ин бо супориши Шарифов Мирсаид ва писаронаш Умар ва Ҳасан кормандони ШВКД-и ноҳияи Зафаробод ба ман таҳдид ва таҳқири зиёд мекунанд, ҳатто “дар хонаи писарат беқайд зиндагӣ дорӣ” гӯён, маро ҷарима карданд. Аз қаллобиҳои ин оила, мисоли фурӯши замин, ки моли давлат аст, ҳамаи сокинон бохабаранд. Ин оила солҳо инҷониб ба ин гуна корҳо машғул буда, худ низ манбаи даромади тафтишгарони ноҳияи Зафарободанд. Соли 2021 7 чинори азими таърихии сарсабзи даромадгоҳи деҳаи Сарибоғро бурида, аз чӯби он бинои дуошёна сохта зиндагӣ доранд. Ба мақомоти олии ҶТ 6 маротиба муроҷиат намудам, вале тафтишгарон он оиларо ҳимоя доранд.
Дар ин мобайн парвандаи ҷиноятии дигар нисбат ба Раҳимов Аббос оғоз шуд, ки моҳи июли соли 2022 ба суди ноҳия гузашт. Суд аз 20-уми июл то 13-уми сентябри соли 2022 давом кард. 13-уми сентябр соли 2022 суди ноҳия нисбат ба Раҳимов А ҳукм баровард ва сарсониҳои ман зиёд шуданд. Маҳкумшударо мақомоти қудратии ноҳияи Деваштич ва вилояти Суғд маҳкам накарда, 14-уми октябри соли 2022 ба Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и ҷумҳурӣ ба хизмат фиристоданд. Бо дахолати шахсии Сардори РКД-и вилояти Суғд Навҷувонов А ва Прокуратураи гарнизонии Суғд 28-уми декабри соли 2022 маҳкумшуда ҳабс гардид.
Баъди ин аз ҷониби мақомоти қудратии ноҳияи Деваштич таъқиб ва таҳдиди ман дар ватанам оғоз шуд. 14-уми марти соли 2023 бо аризаи бардурӯғ ва шоҳидони иштирокнадошта ҳимоятгар Норбоева Зайтуна Норбоевна бо ҳамкории ШВКД ва прокуратура маро ба суди ноҳия оварда, бо таҳдидҳои сохта мувофиқи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ба айби авбошӣ гунаҳгор эълон намуд. Оид ба ин масъала моҳи майи соли 2023 дар қабули Суди олии ҶТ будам. Ба ман ваъдаҳои зиёд доданд, вале иҷро нашуданд.
Тафтишгар Абдуқаюмзода Ф ин таҳқирҳои маро барои аз роҳи даъво гардонидани ман ташкил кард. Тафтишгар даъвои асосии маро нисбати Раҳмонов Ҷавоҳир ба кашолкорӣ дода, ба манфиати Раҳмонов Ҷавоҳир хизмат мекард. Дар Прокуратураи вилоят бошад, “Ҷавоҳир дар ҷустуҷӯ қарор дорад” – гуфта, маро ором мекарданд, вале ӯ дар озодӣ мегашт.
Моҳи декабри соли 2022 Ҷавоҳир аз Русия баргашт. Ман ба Прокуратураи ноҳия хабар додам. Парванда дар вилоят гӯён, бо баҳонаҳои зиёд боре ҳам ҷинояткорро ба пурсиш даъват накарданд.
Ҷавоҳир бо падараш Раҳмонов Амонулло боз ба таҳқир ва таҳдидҳои мунтазам ба келинам Раҳимова Бунафша ва набераҳоям таъсиррасонӣ намуданд. 5-уми январи соли 2023 келинам Раҳимова Б аз таҳқиру зулми оилаи Ҷавоҳир ба дод омада, ба хонаи Раҳмонов Ҷавоҳир рафта, худро он ҷо оташ зад. Додари келинам Раҳимов Санҷар барои ба беморхонаи ноҳия бурдани келинам монеъ шуд. Келинамро бошад ба духтурони деҳа нишон дода, дар ҳамон ҷо ба муолиҷа пардохтанд.
Ман маҷбур шудам дар ин бора ба Прокуратураи ноҳияи Деваштич хабар диҳам. Тафтишгар ба пурсиши духтурони деҳа машғул шуд ва келинамро даъват карда, экспертиза намуд ва ба ман “акнун Ҷавоҳир тамом, парвандаи дигар оғоз шуд” гӯён ваъда дода, дилпур кард. Вале боз ҳам Ҷавоҳирро даъват накарданд. Онҳо баъде чанде оилавӣ аз деҳа ғайб заданд. Охири моҳи марти соли 2024 Ҷавоҳир бо падараш аз Русия баргашт. Боз бо ариза ба Прокуратураи ноҳия муроҷиат намудам.
21-уми апрели соли 2024 дар шоҳидии ман Абдуқаюмзода ба сардори Калининободии ШКД-и ноҳия ва сардори КҶ ШКД-и ноҳия супориш дод, ки Ҷавоҳирро ба пурсиш оваранд. Вале ин супориш иҷро нашуду тафтишгар Абдуқаюмзода аз вазифа ва Ҷавоҳиру падараш аз деҳа якбора ғайб заданд.
30-юми апрели соли 2024 ба номи Прокурори ноҳияи Деваштич Мелибоев Ҷ.Ю бо аризаи шикоятӣ боз муроҷиат кардам. Прокурори ноҳия кормандонашро ба утоқи кориаш даъват намуда, парвандаро ба муфаттиши дигар Раҷабализода М.М супорида, чунин супориш дод: “Ба тезӣ парвандаро хонда, хулосаатро ба ман расон.”
7-уми майи соли 2024 ба Прокуратура омада касеро наёфтам. 14-уми май боз ба муфаттиш муроҷиат намудам, вале гуфт, ки ҳоло нахондааст. Ҳафтае пас 21.05.2024 боз ба даъво назди прокурор омадам. Прокурор дар сафар гуфтанд ва ба муфаттиш муроҷиат намудам. Чунон қабулам намуд, ки аз даъво пушаймон шудам.
- Муфаттиш таҷрибаи корӣ надорад, забони адабиро намедонад, бо лаҳҷа гап мезанад.
- Маро, ки омӯзгори собиқадорам ва сазовори мукофотҳои соҳавӣ гардидаам, “аз назорати духтур гузашта, баъд пеши ман биё” мегӯяд.
Мо барои таҳқир ва таъқиби фарзандон аз мақомоти Русия норозигӣ мекунем. Ҳол он ки дар дохили кишвар чунин аст. Ман, ки собиқаи 45-солаи омӯзгорӣ дошта, шогирдони зиёдам хизматчии давлатианд, то кай аз мақомотҳои қудратии ватанам таҳдид ва таҳқир мешавам?! То се сол пеш ба кормандони мақомоти қудратӣ корам наафтода буд. Ман фақат ба шогирдон баҳо медодам, вале ба ин кормандоне, ки мансабро ишғол намудаанд, чӣ гуна баҳо диҳам, ақлам намегирад.
Ҳангоме ки муфаттиш Абдуқаюмзода маро қабул мекард, чӣ тавр ваъдаҳои зиёде дода, дар соҳили “Баҳри тоҷик” зиёфат оростани падари Ҷавоҳирро таъриф мекард.
Дар зарфи се сол маълумам гашт, ки дар ноҳияҳо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намешаванд. Онҳо ҳисобот навишта ҳуҷҷат тартиб дода, аз паси пур кардани кисаи худанд. Қаллобон, ки дар атрофи онҳо пуранд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳукуматӣ машғули ғорати корафтодагонанд. Дар зарфи се сол Прокуратураи ноҳияи Деваштич набераи муллои деҳаро, ки “педофил” буда, боиси марги ду духтари хеш ва ҳамсоя дар 12 ва 13-солагӣ гашта, ахиран ин фоҷиаи дигари нобахшиданиро ба сари оилаи мо овард, барои пурсиш оварда наметавонад. Барои тафтишгар аз ҳаёти одамӣ дида, зиёфат ва пул болотар аст.
Ҷинояти Ҷавоҳирро чунин далелҳо тасдиқ мекунанд:
- Худи Ҷавоҳир дар назди хешовандон ва ҳамсояҳо ба гуноҳаш иқрор шуд
- Набераамро “зани дуюм мекунам” гуфта, ба хонааш бурд.
Дар ҳар ду ҳолат низ шоҳидон ҳозир буданд ва амали Ҷавоҳир бахшиданашаванда аст. Ӯ сабабгори вайрон шудани оилаи писарам шуд. Аз рӯзи воқеа писарам Азмитдин бедарак аст ва ҳеҷ хабаре аз ӯ нест. Келинам бошад, худро оташ зада, ярадор шуд, вале тафтишгар аз инҳо чашм мепӯшад.
Бинобар он аз Шумо, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоям:
- Парвандаи ҷиноятии №24089 оиди ҳодисаи ба худкушӣ расонидани Азмитдин Садбарг бо аломатҳои қисми 1-и моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, ки Прокуратураи генералӣ дар ноҳияи Деваштич оғоз намудааст, ҷамъбаст карда шавад.
- Муффатиш Абдуқаюмзода, ки се сол инҷониб маро масхара карда, боиси сарсонӣ ва ба таҳдид ва таъқиб гирифтор шуданам шуд, мувофиқи қонун ҷазо дода шавад.
Ниёзов Эрмат ЭРГАШОВИЧ,
сокини деҳаи Хишекати н.Деваштич