Ба таваҷҷуҳи раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён!
Ба таваҷҷуҳи Шумо мерасонам, ки бо ҳалномаи Суди ноҳияи Б. Ғафуров аз санаи 24 июли соли 2018 аризаи даъвогии Абдуллоев Абдуазиз Турсунбоевич бо ҷавобгарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б. Ғафуров, Абдуллоев Абдушукур Турсунбоевич ва Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Б. Ғафуров бо талабот дар бораи бе эътибор донистани қисми қарори раиси ноҳияи Б. Ғафуров таҳти №304 аз 24 октябри соли 2007 ва бе эътибор донистани қисми шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи васиятнома аз 07 июни соли 2017 таҳти феҳристи 6м-43 қонеъ карда шудааст.
Қисми қарори раиси ноҳияи Б. Ғафуров таҳти №304 аз 24 октябри соли 2007 ва қисми шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи васиятнома аз 07 июни соли 2017 таҳти феҳрасти 6м-43 бе эътибор дониста шудааст.
Бо қарори марҳилаи кассатсионӣ Суди вилояти Суғд аз санаи 16 октябри соли 2018 шикояти кассатсионии ман беқаноат ва Ҳалномаи суди марҳилаи якум бе тағйир мононида шудааст. Ман бо санадҳои судӣ розӣ нестам ва бо асосҳои зерин хоҳиш мекунам бекор карда шавад:
Аз қисми асосноккунии ҳалномаи судӣ бармеояд, ки суд яке аз асосҳои бе эътибор донистани Қарори раиси ноҳияи Б. Ғафуров таҳти №304 аз 24 октябри соли 2007 ва беэътибор донистани қисми Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи васиятнома аз 07 июни соли 2017 таҳти феҳрасти 6м-43 ин маълумотномаи раиси ҶСШК ба номи А. Ҷумъаев аз 15 январи соли 2015 №6 будааст, ки бо қарори Маҷлиси умумии вакилони ҶСШК ба номи А. Ҷумъаев аз 28 январи соли 1989 №1 ба аъзои фермаи молҳои калони шохдори ҷамъият Абдуллоев Абдулазиз ҷудо гардида, даъвогар дар ин қитъаи замин ҳанӯз дар соли 1987 сохтмон кардааст.
Суди марҳилаи кассатсионии вилояи Суғд низ дар санади судии худ қайд намуда истодааст, ки гӯё суди марҳилаи якум муайян карда бошад, ки манзили истиқоматии воқеъ дар суроғаи ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Исфисор, кӯчаи Б. Ғафуров, ҳавлии №131 дар қисмати манзили истиқоматӣ ва иншоотҳои ёрирасони бевосита аз тарафи даъвогар сохта шудааст, ки қитъаи замин низ ба номи даъвогар ҷудо гардидааст.
Яъне даъвогар Абдуллоев Абдулазиз судро ба гумроҳӣ бурда, ваҷҳҳои сохта пешниҳод намудааст, ки бо далелҳои зерин ҳолати воқеӣ исбот мегардад. Зеро бо дархости ман аз ҷониби мутахассисон вобаста ба манзили баҳсӣ ташхис-экспертиза гузаронида шуд. Тибқи хулосаи мутахасис таҳти 320/1638/2020 чунин хулоса дода шудааст:
- Қитъаи замини аҳолинишин воқеъ дар ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Исфисор, кӯчаи Б. ҒАфуров, хонаи №131, ки ба шаҳрванд Абдуллоев Абдушукур Турсунбоевич тааллуқ дорад, дар тарҳи 485 ҷойгир буда, мувофиқи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳои соли 2005 ҳамчун заминҳои аҳолинишин ба ҳисоб гирифта шудааст. Ва масоҳати он 0,09 га ташкил медиҳад.
- Қитъаи замини аҳолинишин, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Исфисор, маҳаллаи 7-ум, кӯчаи А. Ӯзбеков, хонаи №б/р, аз рӯи маълумотҳои бойгонии заминсозӣ ба шаҳрванд Абдуллоев Абдулазиз таалуқ дорад ва айни ҳол, мувофиқи забонхати ғайрирасмӣ ба шаҳрванд Абдуазизов Пӯлод супорида шудааст, дар тарҳи 231 ҷойгир буда, мувофиқи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳои соли 2005 ҳамчун заминҳои маҳаллаи аҳолинишин ба ҳисоб гирифта шудааст ва масоҳати он 0,10 га ташкил медиҳад.
- Муайян карда шуд, ки қитъаи 0, 09 га замини наздиҳавлигии воқеъ дар ҷамоати деҳоти Исфисор, кӯчаи Б. Ғафуров хонаи №131, ки ба Абдуллоев Абдушукур Турсунбоевич тааллуқ дорад ва қитъаи замин 0,10 га, воқеъ дар маҳаллаи 7-ум ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б. Ғафуров, ки ба шаҳрванд Абдуллоев Абдулаазиз ҷудо шудааст, воқеан суроғаи ҷойгиршавиашон гуногун буда, ба ҳамдигар ягон муносибат надоранд.
Аз маводҳои пешниҳодгардида маълум гардид, ки қитъаи замине, ки ба шаҳрванд Абдуллоев Абдулазиз дар асоси замима ба қарори вакилони хоҷагии ба номи Ленин аз 28.01.1989 сол, №1 ба даъвогар Абдуллоев Абдулазиз ҷудо карда шудааст, ба манзили баҳсии воқеъ дар суроғаи ҷамоати деҳоти Исфисор, кӯчаи Б. Ғафуров №131 ягон алоқамандӣ надорад.
Ташхиси хулосаи мутахассис таҳти №20/1638/2020 бори дигар тасдиқи худро дар соли 2021 ёфт.
Шиносомаи техникии манзили истиқоматӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Исфисор, шаҳраки Ҳафтганҷ (7-ум) кӯчаи А. Ӯзбеков №38 дар маълумоти 2-юмин омадааст, ки истифодабаранда Абдуллоев Абдулазиз Турсунбоевич бо ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда иқтибоси бойгонии давлатии вилояти Суғд аз 03.08.2021 сол №А-1434 оиди бо қарори вакилони хоҷагии ба номи Ленин аз 28.01.1989 сол ба Абдуллоев Абдуазиз 0,10 га қатъаи замин ҷудо гардидааст, тасдиқи худро ёфтааст.
Суди зинаи аввал ва суди марҳилаи кассатсионӣ ба далелҳои пешниҳод намудаи ман баҳои ҳуқуқӣ надода, бармаҳал даъвои даъвогарро қонеъ намудааст.
Суди марҳилаи аввал ва марҳилаи кассатсионӣ баҳои ҳуқуқӣ надодааст, ки қитъаи замин ба даъвогар Абдуллоев Абдуазиз соли 1989 ҷудо карда шуда бошад, пас хонаҳои истиқоматие, ки соли сохтмонашон 1962, 1987 аст, аз куҷо пайдо шудаанд.
Гузашта аз ин, суди зинаи аввал баҳри ҳаматарафа баррасӣ намудани парвандаи гражданӣ доир ба он экспертиза таъин накардааст, Далелҳое, ки аз ҷониби ман дар мудофиаи судӣ пешниҳод карда шуд, мавриди муҳокимаи судӣ қарор дода шудааст.
Бинобар бо хулосаи ташхис ва шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Исфисор, шаҳраки Ҳафтганҷ (7-ум), кӯчаи А. Ӯзбеков, №38 тасдиқ шудани ваҷҳҳои бардурӯғи даъвогар Абдуллоев Абдулазиз, ки дар асоси он ҳалнома қабул шудааст, бояд бекор карда шавад.
Инчунин, оиди он ки дар манзили истиқоматии баҳсӣ, яъне кӯчаи Б. Ғафуров маҳз аз ҷониби марҳум падарам Абдуллоев Турсунбой, ки иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ мебошад, сохтмонҳо бунёд карда шудааст, далелҳои зерин исбот мекунад:
Чунончи тибқи маълумотномаи таҳти №468 аз 3.10.1988 сол бармеояд, ки Комиҷроияи шӯрои депутатҳои халқии ноҳияии Хуҷанд аз ГорПо -и Ғафуров хоҳиш намудааст, ки ба Иштирокчии Ҷанги бузурги Ватанӣ, маъюби гуруҳи дуюм, сокини ҷамоати деҳоти Исфисор Абдуллоев Турсунбой барои сохтмони манзили истиқоматие, ки дар натиҷаи заминларза осеб дидааст, 80 дона шифер, круглий лес як куб ҷудо карда шавад.
Аз ин рӯ, марҳум падарам дар қитъаи замине, ки ҳанӯз солҳои 1964-1966 ба бобокалонамон Худоёров Абдулло ҷудо карда шудааст, хонаҳои истиқоматӣ бунёд намуда, ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон амволи ғайриманқули худро тибқи қонун ҳуҷҷатгузорӣ намуда, ба ман васият карда будаанд.
Мувофиқи маълумотномаи бойгонии ноҳияи Б. Ғафуров аз санаи 27.12.2019 сол таҳти №2755 аз рӯи дида баромадани китоби хоҷагии ҷамоати деҳоти Исфисор, ноҳияи Б. Ғафуров дар солҳои 1964-1966 хоҷагии №30/1742, Чормаҳалла сардори хоҷагӣ бобоям Худоёров Абдулло буда, дар истифодабарии шахсӣ 0,13 га замини наздиҳавлигӣ дорад.
Мувофиқи маълумотномаи бойгонии ноҳияи Б. Ғафуров таҳти №2753 аз 27.12.2019 сол аз рӯи дида баромадани китоби хоҷагии ҷамоати деҳоти Исфисор, ноҳияи Б. Ғафуров дар солҳои 1986-1990 хоҷагии №55/268, шнур №1869, кӯчаи Ленин №131 (ҳозира Б. Ғафуров 131) сардори хоҷагӣ Абдуллоев Турсунбой буда, дар истифодабарии шахсӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,09 га дорад. Абдуллоев Абдуазиз бо ҳамсараш Абдуллоева Ашӯрҷон аз сабаби хоҷагиашон ҷудо шудан аз рӯйхат бароварда шудаанд.
Яъне бо сабаби он ки ба номи Абдуллоев Абдуазиз аз ҳудуди шаҳраки 7-уми ҷамоати деҳоти Исфисор қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад, ӯ дар ин замини худ сохтмон карда, бо оилааш аз хонаи истиқоматии марҳум падарам кӯчида рафта, аз қайди хоҷагидории манзили истиқоматии марҳум падарам бароварда шудааст.
Тибқи талаботи моддаи 7-и Қарори Пленуми Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №13, аз 23.06.2010 сол “Дар бораи ҳалномаи судӣ” талаботи арзкардашуда бо асосҳои нишондодаи даъвогар бо риояи меъёрҳои муқарраранамудаи моддаи 58 Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ӯҳдадории исбот баррасӣ ва ҳал карда мешавад.
Даъвогар бар хилофи меъёрҳои талаботҳои болоӣ амал намудааст ва ба суд ягон ваҷҳ ё бо далел исбот накардааст, ки сохтмонҳо аз ҷонииби ӯ бунёд карда шуда бошанд. Бинобар ҳамин ваҷҳу далелҳо:
ХОҲИШ МЕКУНАМ:
Ба Раёсати Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз нав дида баромадани ҳалномаи Суди ноҳияи Б. Ғафуров аз 24 июли соли 2018, Қарори Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғд аз санаи 16 октябри соли 2018 бо тартиби назоратӣ эътироз ирсол карда шавад.
Ҳалномаи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 24 июли соли 2018 аз Қарори Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғд аз санаи 16 октябри соли 2018 бекор карда шуда, санади судии нав қабул карда шавад.
Бо эҳтиром, Абдуллоев Абдушукур Турсунбоевич, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Исфисор, кӯчаи Б. Ғафуров, хонаи 131.