Ба таваҷҷуҳи Филиали ШС
“Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боиси хурсанди аст, ки аз соли 2009 инҷониб дар Ҷумҳурии азизи мо, филиали Ширкати саҳҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” фаъолият менамояд. Анқариб 15 сол мешавад, ки ширкати номбурда, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд–Чаноқро ба тобеияти худ гирифта, дар як вақт тамоми он мушкилотҳое, ки дар ин масир то соли 2009 ҷой доштанд, ба пуррагӣ бартараф намуд. Дарвоқеъ, оиди хизматрасониҳои бесобиқа ва нигаҳдории босифати роҳҳои ин хатсайр, дар матбуоти даври бисёр навиштаанду ва боз ҳам менависанд. Пас модоме, ки чунин аст, мо танҳо ба як нуқта такя намуда, гуфтанием, ки кормандони ин ширкат ба ҳама гуна таърифу тавсиф ва васфу ситоиш арзанда ҳастанду арзанда низ мебошад.
Чанде қабл барои дидорбинии наздикону пайвандонам ба ноҳияи Ҳисори шодмон рафта будам. Дар таваққуфгоҳи берун аз шаҳрӣ, воқеъ дар маҳаллаи Чоряккорон интизори нақлиёти мусофиркаши байнишаҳри шуда, ҳамзамон шоҳиди гуфтугӯи сарироҳию ду ронанда шудам… Ронандаи аввалӣ, ки ба самти Ҳисор ҳаракат мекард, пас аз пур кардани ҷойҳои холӣ хост, ки ба шоҳроҳи асосӣ барояд. Дар ҳамин асно, аз ҷониби пойтахти кишвар нақлиёти мусофиркаши дигаре бо овезаи “Душанбе-Турсунзода” омада, дар шафати мусофиркаши мо қарор гирифт. Баъдан ба ронандаи мо рӯ оварда бо овози хеле баланду пур аз эҳсосот изҳор намуд, ки гӯиё ронандаи мусофиркаши аввалӣ аз нуқтаи маъмулии дохили таваққуфгоҳ хеле пеш баромада, ба ҳаракати бесобиқаю мунтазами нақлиётҳо монеа эҷод кардааст. Гузашта аз ин, ронандаи шаҳрӣ бо таассуф ишора намуд, ки аз беаҳмиятию қоидавайронкунии ронандаи аввалӣ хати буриши мобайни роҳро саросемавор пахш намуда, бо иҷроиши чунин қонунвайронкуниаш дар камераи назорати аксбардорӣ (сабт) шудааст.
Ба ростӣ, пас аз шунидани гуфтугузорҳои гилаомезонаю сарироҳии ин ду ронанда, лаҳзае ба андеша фурӯ рафта, баъдан тахмин намудам, ки дар ҳақиқат ҳам, ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятию хусусӣ, баъд аз насб намудани камераҳои назоратӣ (радар) ва суръатсанҷҳо, то андозае ҳисси дарки масъулиятшиносиашон бештар ба назар мерасад.
Дарвоқеъ, баъд аз мушоҳидаҳои мӯшикофона дар рафторҳои эҳтиёткоронаи ронандагон, кас ба хулосае меояд, ки насби камераҳои назоратӣ ва таҷҳизотҳои замони муосири суръатсанҷ дар ҳоли ҳозир талаботи саривақтии давру замон буда, ҳамвора дар фаъолияти касбияти ҳамарӯзаи ронандагон як такони ҷиддиеро ба бор оварда, ҳамзамон то андозае воқеаҳои мудҳишу фоҷиаборе, ки дар роҳҳо сурат мегирад, пешгирӣ ва пайгирӣ менамояд.
Ба назар чунин мерасад, ки дар аксарияти ҳолатҳо ронандагони касбие, ки таҷрибаи бойю собиқаи зиёди корӣ доранд, аҳёнан ва ё камтар ба қоидавайронкуни роҳ медиҳанд Тоифаи дигари ронандагон, ки бештарашон ҷавонон мебошанд, бархилофи қоидаҳои роҳ рафтор намуда, аксуламалеро иҷро менамоянд, ки дар ниҳояти кор бо таъбири “дар роҳ будам аҷал омад ба ситез, не дасти задан доштаму не пойи гурез” мувоҷеҳ мешаванд.
Барои мисол, санаи 8-уми майи соли равон тахминан соати 11:00- рӯз (чоршанбе) нақлиёти сабукравӣ мусофиркаши тамғаи “ZEFIRA” дар шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд-Чаноқ дар километри 123-юми роҳ бо ҳашт нафар мусофир сарозер ба дарёи Фон шуд. Худи ҳамон лаҳза, баробари ба ҷарӣ афтодани сабукрав ҳашт нафар мусофирон дар ҷойи воқеъа ба ҳалокат расиданд. Ҳамон рӯз ҷасади се нафар, рӯзи дигар бошад боз ҷасади як тани дигарро аз дохили дарё берун гирифта, ба хок супориданд. Азбаски он вақт сатҳи оби дарё нисбатан баланд буд, кофтукову ҷустуҷӯҳои шабонарӯзии одамон барои пайдо намудани чор нафари дигар, ки ба коми дарё рафта буданд, барабас ва бенатиҷа шуд.
Пас аз ду-се рӯзи воқеъа соҳибони фавтида аз шаҳри Душанбе, ғаввоси (обдон) касбиеро даъват намуданд, то дар пайдо намудани ҷасадҳои гумшудагон кӯмак намояд.
Вале мутаасифона, ба хилофи ҳамагуна умедвориҳо, пас аз афту дарафтҳои чандсоатина дар зери об ғаввос худро хеле хаставу бемадор ҳис намуда, аз об омаду сипас изҳор кард, ки дар қаъри дарё “морг”-и мошинҳо ҷойгир шуда, манзараи хеле фоҷиабору даҳшатнокеро рӯнамо (муаррифӣ) менамояд. ки дар тасвирашон забон кароҳат бардошта, лол мемонад.
Дар маҷмӯъ, гарчанде, ки аз рух додани ин ҳодисаи даҳшатбор анқариб 6 моҳ сипарӣ мешавад, вале то кунун ҷасадҳои ду нафари нобудшударо, ки яке сарбози низомию дигаре хизматчии давлатӣ буданд, пайдо накардаанд, ки дар умум, ин муаммоест хеле риққатовар ва нигаронкунанда.
Илова бар ин, ногуфта намонад, ки оиди дар қаъри дарё мавҷуд будани “морг”-и мошинҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки оғоз аз километри 107-ум то километри 124-танҳо дар дусоли охир, садҳо мусофирон дар ин масир аз шитобкорию беэҳтиётӣ ҷони азизашонро аз даст доданд. Дар ин ҷода ба пиндори мо, насб намудани камераҳои назоратӣ (радар) ва суръатсанҷ, ки аз рӯӣи баъзе маълумотҳо то 19 намуди қоидавайронкуниҳоро сабт менамояд, хеле ба мақсад мувофиқ буда, иҷроиши ин пешниҳод бозгӯи рафъ намудани талаботи бехатарӣ ва коҳиш ёфтани ҳамагуна намудҳои қоидавайронкунӣ ва садамаҳои нақлиётӣ хоҳад буд.
Ёдрас мешавам, киматлаби пешгирифтаи мо танҳо барои насб намудани таҷҳизотҳои муосири болозикр аз километри 107 сар карда то километри 124-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки дарозии умумии роҳ 354,1 километр буда, ин хатсайр) аз шаҳри Душанбе оғоз шуда, то мавзеи Чаноқ (сарҳади Ӯзбекистон) марасад, рабт дорад.
Агар нафаре боре ҳам аз ин минтақаҳои осебпазир сафар карда бошад, ҳатман аз мушкилотҳои ҷойдоштаи ин нуқтаҳои болозикр огоҳии бештаре дорад. Дар минтақаҳое, ки дар ҳақиқат ҳам хавфнок ва осебпазир маҳсуб шудаанд, эҳтимолияти бештари хатару таҳдидҳои нобудшавӣ ба назар мерасад. Аниқтараш, ҳангоми ҳаракат намудан аз шаҳраки Зарфшон тавассути пули Чоре то гардиши намоёнгоҳи купруки болообӣ дарёи Зарафшон, воқеъ дар ноҳияи Аӣнӣ роҳҳои пурпечутобу морпеч, гардишҳои барҷасатаю ноаён хеле зиёд буда, ба таъбири ронандагон “видимостъ” надоранд. Барзами ин, дар ҳамин минтақаҳои хафноки болозикр воситаҳои нақлиёти сабукраву гаронвазн ончунон бо суръати баланд ҳаракат мекунад, ки қалам дар тасвирашон оҷизӣ мекашад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, тавассути ҳамин рӯзнома аз роҳбарияти филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки баҳри пешгирии оқибатҳои фоҷиабор, аз километри 107 сар карда, то километри 124-уми роҳ дар чанд нуқтаи осебпазири ин шоҳроҳи бузург насби камераҳои назоратӣ (радар) ва суратсанҷро ба тариқи мукаммал таҳти назорати қатъӣ қарор дода, ҳамзамон барои бартарафсозии хатарҳои таҳдидомез дар минтақаҳои номбаршуда чораҳои мушаххасу саривақтиро роҳандозӣ намоянд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумотҳои сарчашмаҳои муътамади даврӣ, дар соли 2023 дар роҳҳои автомабилгарди кишвар 94 садама ба қайд гирифта шудааст, ки дар он 296 нафар маҷрӯҳ ва 223 нафар ба ҳалокат рсиданд, ки дар муқоиса ба соли 2022 сатҳи садамавӣ 18% шумораи фавтидагон 45% ва ҷароҳатбардоштагон 23% зиёд шудааст. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамарӯза беш аз 3500 ҳазор нафар дар роҳҳо ба ҳалокат мерасанд. Ҳамзамон тақрибан 50 млн нафар ҷароҳат мебардоранд…
Орифҷон ТОҶИЕВ,
ноҳияи Айнӣ