Ба таваҷҷӯҳи Прокурори генералии ҶТ, мӯҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод
Ба таваҷҷӯҳи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, мӯҳтарам Султонзода Сулаймон Саид
Идома
Инак, ҳафтаи панҷум аст, ки перомуни тақсимоти нодурусти замин дар “Чоркуҳи бекуҳ” ба таваҷҷуҳи мақомоти лозима мавод ироа мешавад. Дар мафҳуми ҳуқуқшиносӣ ҷумлае ҳаст: “Маводро пешниҳод кун, вале санҷиши он вазифаи дигарон аст”. Бо ошно шудан бо далелу арқоми пешниҳодшуда дар ин панҷ ҳафта, ҳайрон мемонӣ, ки агар дар як деҳа ба ин ҳад қонуншиканию поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон, ҷудо кардан ба табақаи бою камбағал, ришвахорӣ бошад, мақомот дар ин вилоят ба куҷо менигаранд? Магар ин далели ба раисони одии ҷамоат пойбанд шудани мақомоти шаҳрию ноҳиявию вилоятӣ нест? Мо ба куҷо равонаем? Оқибати ин чанд ҳукуматӣ ба куҷо мебарад?
Воқеан, чаро “Чоркуҳи бекуҳ”? Чунки дигар дар Чоркуҳ дар ҳудуди Тоҷикистон куҳ нест! Ҳарчӣ ҳаст, бинобар бепарвофалакию тарсуию фориғболии мардум ва пеш аз ҳама мақомоти ҳукумати маҳаллию ҷамоат ба дасти қирғизон гузаштааст. Қирғиз аз куҳе, ки ба мардуми деҳа тааллуқ дошт, ҳоло поён фаромада, гирдогирди деҳаро печонида гирифтааст. Имрӯз деҳа як деги калони дар ҳалқаи оташ қарордоштаро мемонад, ки дар моваро мондааст. Калонсолони деҳа ба куҳҳое, ки имрӯз ба қирғиз тааллуқ доранд, ишора карда, аз кӯдакиҳояшон нақл мекунанд, ки чӣ гуна дар он куҳҳо мол мечарониданду истироҳат мекарданд. Имрӯз аз он айёми ширин дигар хаёлоти ширин мондаасту бас! Зеро аз фориғболии раисони ҷамоату ноҳия ин ҳама ба осонӣ ба дасти қирғиз гузашт ва ӯ хона сохту заминҳои тоҷиконро соҳиб шуд. Акнун аз тарси марзбони қирғиз касе аз аҳолии маҳаллӣ намехоҳад ва наметавонад ба заминҳои қонунан ба онҳо тааллуқдошта раваду хона созаду киштукор кунад.
Магар вақти он нест, ки мақомоти маҳаллии хоки Ватанро ба осонӣ ба қирғиз раҳокарда барои хиёнат ба Ватан ба сангинтарин ҷазо лоиқ дониста шаванд? Воқеан, ҷои сухан омад, ин қадар кумак ба зарардидагони минтақаҳои наздисарҳадӣ куҷо шуд?
Чанд нафар аз зарардидагони муноқишаҳои наздисарҳадӣ гуфтанд, ки онҳо аз кумакҳо шуниданду фаҳмиданд, ки ба зарардидагон, тирхӯрдагон кумак карданд, вале шуниданду надидаанд. Фикр мекунам ин сангинтарин хиёнате аст, ки мақомоти маҳаллию ноҳиявӣ ба Тоҷикистон карданд.
Аз ин рӯ, мебояд мақомоти лозима гунаҳкоронро кобанду ёбанд, ки чаро Чоркуҳ бе куҳ шуд? Кӣ фурӯхт? Ба кӣ ва чӣ гунаю кай фурӯхт?
Як нафар аз собиқ раисони ноҳия дар ҳузури ом гуфтааст, ки “Чоркуҳро ба ғайр аз Бадриддин Шаропов касе наметавонад идора кунад”. Ин суханҳоро мефаҳмаму ҳайратзада мешавам, ки чӣ гуна як нафаре, ки аз рӯйи маълумоти пешниҳодкардаи мо ба сад айбу гуноҳу тақаллуб гумонбар аст, чанд нафарро бо ваъдаҳою фиреб гирифтор ба инсулт кардааст, ҳатто мӯйсафедонро бо фиреб заминашонро гирифта, ба хешовандони хеш медиҳад, метавонад лоиқ ба ситоиши як нафар аз собиқ раисони ноҳия шавад? Ё “таги коса нимкоса аст”-у мо намедонем? Мисол мехоҳед? Ҳарчанд дигар аз пешниҳоди далел ба гӯшҳои фарёдношунав хаста шудаам, боз далел меорам:
Шаҳрванд ин деҳа Амаков Бӯрихӯҷаи 70-сола 7-8 сол пеш ба доми Бадриддин Шаропов афтод. Мӯйсафеди бечора, ки соҳиби се писар аст, дар маҳаллаи “Масҷиди миёна” ҳамагӣ се сотих замин дошт. Замин дар ин мавзеъ ниҳоят гарон аст ва ҳар сотихи он то даҳ ҳазор доллар нарх дорад. Шаропов тавонист мӯйсафедро фиреб кунаду бо ваъдаи он ки “ба ту аз мавзеи “Таги бора” шаш сотих замин медиҳам”, се сотих замини вайро гирифта, ба домодаш Абдувакил, ки дар хориҷа асту ниёзманди замин нест, диҳад. Имрӯз мӯйсафеди бечора муддати 8 сол аст, ки интизори замин асту Шароповро мекобад. То ба ҳоло Амаков овораю сарсон асту дар ягон мақомот гӯши фарёдшунаве нест, ки ба додаш расад.
Тибқи фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9-уми сентябри соли 1995, №342 «Дар бораи ҷудо кардани 50 ҳазор га замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон» ва аз 1-уми декабри соли 1997, №874 «Дар бораи ҷудо намудани 25 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон» ба сокинони ҷамоати деҳоти Чоркуҳ низ бояд ба масоҳати 98 гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ба андозаи 0,05 га ба ҳар як оила ҷудо карда дода мешуд. Дар асл аз ҷониби раиси ҷамоати деҳоти Чоркуҳ Шаропов Бадриддин ба аксарияти шаҳрвандон ба ҷои 0,05 га аз 0,02 то 0,03 га замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ҷудо карда шудааст.
Аз рӯи маълумотҳои мавҷудбуда, дар натиҷаи бо андозаи аз будаш камтар (ба ҷои 0,05 га аз 0,02-0,03 га) тақсим намудани замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, Шаропов Б. бо ҳаммаслаконаш зиёда аз 30,0 га замини президентиро захира (эконом) намуда, сипас дар давраи фаъолияташ ба ҳайси раиси ҷамоати деҳоти Чоркуҳ ин замини эконом намудаашро ҳамчун қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон бо маблағҳои бузург ба расмият дароварда додааст. Дар сурати гузаронидани санҷиш тибқи рӯйхати шаҳрвандони ба номашон замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ тақсимнамуда, бараъло маълум мегардад, ки қитъаи замини барои хоҷагиҳои ёрирасон ҷудонамуда дар асл 98,0 га набуда, баръакс 50-60 гектарро ташкил медиҳад.
Хонандаи ҳушманди ман, барои ту аҷиб нест, ки дар як маҳаллаи Шаропов се масҷид фаъолият доранд, байни ҳар як масҷид ҳамагӣ 150 метр аст? Дар ҳамин ҳол, масҷиди чорум, масҷиди таърихии Мирзоиён, ки соҳиби сертификат асту тақрибан панҷсад метр пойинтар, баста шудааст? Аммо медонед, кӣ ин масҷид то ҳол андоз месупорад? Медонед, ки ин андозсупорӣ ҳикмату асрорҳои худро дорад? Медонед, ки мардуми босавод гоҳо пештар аз Бадриддин Шаропову ҳоло аз Шукрулло Насриев “квитансия” мепурсанд? Ҷавоби онҳо ин аст, ки “ҳоло аз Исфара квитансия наомадааст, агар омад, медиҳем”. Ҳамин тавр, даҳҳо ҳазор сомонии мардум, ки барои андози назди ҳавлӣ месупоранд, беҳуҷҷат аст.
Як нуктаи дигар, ки метавонад таваҷҷуҳи мақомоти андозро ҷалб кунад:
Вақте бо суроғаи маълум аз мақомоти андоз мактуб меояд, ки андози замини назди ҳавлиро супоред (дар ҳоле камбағал намедонад, ки дар куҷо замин дорад), ба назди раиси ҷамоат меояд. Раис мегӯяд, ки “ин огоҳиномаи солҳои пеш, ман ба шумо аз дигар ҷой замин медиҳам”. Камбағали бечора чандин солҳои дигар интизори замин мемонад. Агар масъулине, бо дили пок ҳуҷҷатҳои андоз, хоҷагиро муқоиса кунанду бо соҳибони он рӯ ба рӯ суҳбат кунанд, шояд даҳҳо, садҳо гектари заминҳои гумшударо пайдо кунанд.
Имрӯз бошад, ҷамоат ҳама вазни корҳои маблағталабро ба дӯши масҷиду мактаб партофтаасту чун “гови ҷӯшоӣ” истифода мебарад. Ҳатто кор то ҷое расида, ки касе намехоҳад имомхатибу директори мактаб шавад.
Лайсиддин Юсуфови “рекет” (сабти таҳдиду воҳимаҳои ин “бузургвор” дар суҳбатҳои хоса маҳфуз аст) ба замми он чӣ мо пешниҳод карда будем, дар шаҳри Исфара, дар мавзеи 7, таҳти рақами 54, бенавбат, панҷ сотих заминро дар ҳоле ниёзе ба замини назди ҳавлӣ надорад, гирифта ба Ҳоҷӣ Насим ном шаҳрванд фурӯхт. (Ин ҳоҷӣ ҳамон нафаре мебошад, ки ҳоҷатхонаи Чоркуҳро харида, мағоза сохтааст). Вале бо вуҷуди ин қадар боигарӣ тарсе надораду аслан касе намедонад манбаи даромади вай чисту аз куҷост?
Ин далели ягона нест. Дар мавзеи “Баҳор”-и шаҳри Исфара бошад, дар наздикии мактаби рақами 52, таъмиргоҳи мошине, ки ба Зафар Набиев тааллуқ дошт, бо шиносбозӣ ба номи ҷияни ин авлод Ҳомидов Абду гузашту бо маблағи калон фурӯхта шуд.
Дубора баргардем ба масъалаи тақсимоти замин дар мавзеи “Гардан”. Раиси ҳозираи ҷамоат Шукрулло Насриев миёни 13 нафар ин заминҳоро тақсим кард. Дар ҳоле мувофиқи маълумоти мо, ягон нафар аз онҳо ниёзманди замин нест. Ҳатто Прокуратураи шаҳри Исфара қарори заминро ба номи шаҳрванд Раҳимов Ислом бекор кард, вале Насриев ба ӯ чунин маслиҳат додааст: “Ба касе гап назан ва рафта хона сохтан гир”. Магар ин далели дигари ба тини сиёҳ нагирифтани қарори баровардаи мақомот нест?
Тавре дар шумораи гузашта ёдовар шудем, сайти интернетии “Ҳомиёни сарҳад” (ҳайронам, ки ҳифзи марз ба заминфурӯшиҳо дар Чоркуҳ чӣ алоқамандӣ дорад) маводеро дар чорчӯби таҳқиру дашном ба пуштибонии Насриев навишта буд. Минҷумла зикр мешуд, ки гӯиё аз даромадгоҳи Чоркуҳ то маркази он бо ташаббуси раиси ҷамоат чароғон шудааст. Аммо санҷиши мо нишон дод, ки ин гуфта беасос мебошад. Аввалан симчӯбҳо бо ташаббуси соҳибкор Азизов Нуриддин шинонида шудааст. Аз сӣ симчӯбе, ки шинонидаанд, чароғаки ягонтои он рӯшан нест (нигаред ба акс). Шояд раиси ҷамоат ҳатто ҳавсалаи шинонидани чароғакҳо ва рӯшан кардани онро надорад?
Шояд якбора “гум” шудани сайти “Ҳомиёни сарҳад” маҳз пешниҳоди далелҳои бебунёд бошад? Магар ин хок пошидан ба чашми хонандаю бинанда нест? Чунки одат шудааст то зикри он ки сӣ симчӯб шинонида шуд, аз даромадгоҳи Чоркуҳ то маркази он рӯшан шуд, аз ҳисобот ба ҳисобот раваду рӯзҳою ҳафтаҳо аз он ёдоварӣ шавад. Ҳол он ки дар асл чунин аст вазъи ҳол.
Бо ҳамин, айни замон лаҷомро ба дасти мақомоти тафтишотӣ – Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Оҷонсии зидди коррупсия ва МИҲД-и вилояти Суғд дода, бовар дорем ҳақро ба ҳақдор мерасонанд. Вале мо дар ҳолати ҳал нашудани масъала, дубора ба ин мавзуъ бармегардем. Аз мақомот фақат хоҳиш дорем, ки баррасии маводи пешниҳодшударо ба зинаҳои ноҳияю вилоят ҳавола накунанд. Зеро вақт нишон дод, ки чандин маротиба мақомоти тафтишотӣ кори худро аз дари раиси ҷамоат набаромада, ҷамъбаст мекунанд.
Фақат дар ин моҷаро як роҳи ҳалро мебинем:
Магар намешавад Бадриддин Шаропов, Шукрулло Насриев, Лайсиддин Юсупов бо маслиҳат аз заминҳои соҳибӣ кардаашон (ки табиист бисёрашро ба номи ину он кардаанд, вале аҳли деҳа воқеиятро медонанд) ҳамагӣ як гектарашро ҷудо карда, занони сарсону ниёзмандони замину омӯзгорону табибонро соҳибзамин кунанд? Яке виҷдонашон бедор мешавад? Ҳарчанд ба ин ман бовар надорам.
Пас аз анҷоми тафтишот моро интизор бошед!
Хуршед АТОВУЛЛО,
Душанбе – Чоркуҳ – Душанбе