Ба таваҷҷуҳи раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода

Зимни сафари корӣ ба маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд аз фаъолияти Хона-осорхонаи шахсиятҳои шинохтаи кишвар-Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва шоири маъруф устод Муҳиддин Аминзода боздид намудем.

Айни замон ин ду боргоҳи таърихӣ байни биноҳои баландошёна боқӣ монда, аз назарҳо нопадид шудаанд. Аз ин рӯ, шояд таваҷҷуҳи масъулон низ нисбаташон камтар гаштааст, ки дар вазъи ногувор қарор доранду таъмирталаб гардидаанд.

 Қадри неъмат-баъди неъмат

Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода давоми солҳои гуногун дар вазифаи роҳбари бадеии Театри давлатии ба номи Александр Сергеевич Пушкин дар шаҳри Хуҷанд, мудири шуъбаи драматургияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, раисии ИНТ, сардори Главлит, сардори раёсати санъати ҷумҳуриро ба уҳда дошта, барои халқу Ватан хидмати бузург анҷом додааст.

Ходими хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, шоир ва мутарҷими номвар Муҳиддин Аминзода низ дар рушди фаъолияти Театри давлатии ба номи Александр Сергеевич Пушкин дар шаҳри Хуҷанд, Театри давлатии опера ва  балети ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе, Омӯзишгоҳи мусиқӣ саҳми калон гузошта, ҳамчунин, барои адабиёти тоҷик хидмати шоён намудааст.

Дар чунин ҳолат қарор доштани қадамҷои ин шахсиятҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мо ба қадри меҳнату заҳмати онҳо намерасем. Бо вуҷуди он ки осорхонаи устод Мирзо Турсунзода дар шаҳри Душанбе ва инчунин дар ноҳияи Турсунзода воқеъ аст, аммо бахши дар шаҳри Хуҷанд қарор доштааш низ аз аҳамият холӣ нест.

Оинаи таърих хира мешавад

Хона-осорхонаи вассофи сулҳу ваҳдат, Мирзо Турсунзода соли 1979 бо дастгирии Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Раҳим Ҷалил дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Осорхона дар собиқ хонаи истиқоматии шоир ҷойгир буда, аз се ҳуҷраи барҳаво иборат мебошад. Дар осорхона беш аз 500 экспонат, аз қабили акс, китоб, дастхат, ашёи рӯзгор, ки Мирзо Турсунзода ҳангоми дар қайди ҳаёт будан истифода бурдаанд, ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Ҳамчунин кӯза, қолин, кулоҳ ва дигар ҷиҳозе, ки аз ҷониби мухлисону ҳаводорон ва дӯстону пайвандон ба устод тақдим гардидааст, дар осорхона пешкаши тамошобинон гузошта шудааст.

Айни ҳол сарварии ин боргоҳро Муаттара Ғаниева ба уҳда дорад.

Хона-осорхонаи шоир ва драматург Муҳиддин Аминзода соли 1974 таъсис ёфта, 9-уми  сентябри 1978 ба истифода дода шудааст. Дар расми ифтитоҳи он адибону адабиётшиносон, ба мононди Фотеҳ Ниёзӣ ва Хуршеда Отахоно иштирок кардаанд.

Осорхона дар собиқ хонаи истиқоматии шоир ҷойгир буда, аз ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраи хоб ва меҳмонхона иборат мебошад. Дар осорхона 600 нигора, аксу китоб, дастхатҳо, колои эҷодӣ, ашёи рӯзгор, ки Муҳиддин Аминзода ҳангоми дар қайди ҳаёт будан истифода кардааст, ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ҳамчунин, дар як гӯша нимпайкараи шоир, ки рамзи эҳтиром ва қадрдонӣ аст, қомат афрохтааст.

Ин хона-осорхонаҳо дар тобеияти Академияи миллии илмҳо қарор доранд. Аммо дар асл, ба ҷуз аз пардохти маош, дигар хароҷотҳо ба дӯши академия нест. Раёсати фарҳанг ва мақомоти шаҳру вилоят низ ин масъулиятро ба уҳда надоранд. Пас, ҷавобгарии ҳифзу нигаҳдории ин хона-осорхонаҳо ба зиммаи кист, номаълум аст.

Чароғи бузургон хомӯш шуданист

Аз овезаи расмии хона-осорхона бармеояд, ки он бозмондаи замони шӯравӣ буда, фарсудаву нозебо шудааст. Тобеи “Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АФ ҶШС Тоҷикистон” навиштан худ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки овеза хеле “солдида” аст. Зеро имрӯз “Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ” унвон дорад.

Бо сабаби дар байни биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҷойгир будан, осорхона даромадгоҳи мустақил надорад. Аз ин рӯ, зимни ташрифи мо он ҷо партовҳои дағал, аз қабили носу сигору писта ба назар мерасид. Чор тарафи айвони осорхонаро либосҳои рангоранги ҳамсояҳои “бофарҳанг” оро медод, ки барои хушконидан гузошта буданд.

Дохили бинои осорхона бо вуҷуди тозаву озода будан, муҳити дилгиркунандаеро мемонад. Зеро бештари шиору овезаҳо зарду рангпарида шуда, сифати аслиашонро гум кардаанд. Аз шифти бино (дар Хона-осорхонаи Мирзо Турсунзода) об фаромада, деворро “гулкорӣ” кардааст. Бо сабаби мавҷуд набудани маркази ягонаи гармидиҳӣ, бино бо таҷҳизотҳои электрикӣ гарм карда мешавад.

Аз мушоҳидаи дафтари қайдҳо равшан гашт, ки ба ин наздикӣ ягон адиб, муҳаққиқ, донишманд, донишҷӯ, корманд ё сайёҳ ба осорхона ташриф наовардааст. Танҳо чанд имзои омӯзгорон дида мешуд, ки ҳамроҳи хонандаҳояшон омадаву аз тамошои ин боргоҳи таърихӣ ва қадамҷои бузургон воқеан ҳам “таассуроти амиқ” бардоштаанд.

Экспонатҳои ба қарибӣ дарёфтшуда, ё овезаи нав таҳияшуда дар осорхона ба назар намерасид. Бештари нигораҳо ашёҳои ҳаррӯзаи рӯзгор буда, таваҷҷуҳи тамошобинонро камтар ҷалб мекунанд. Қисми зиёди экспонатҳоро аксҳо ва китобҳо ташкил медиҳанд.

Самти тарғибу ташвиқ қариб, ки роҳандозӣ нашудааст. Аз ин рӯ, аксарият аз мавҷудияти чунин Хона-осорхонаҳо дар шаҳри Хуҷанд ҳатто огаҳӣ надоранд. Бо вуҷуди ковишҳои зиёд, ягон лавҳа ё хитобаи марбут ба ин макон ба назар нарасид. Танҳо овезаҳои расмии даромадгоҳи биноҳо аз мавҷудияти осорхона дарак медоданд.

Дар маҷмӯъ, ҳар ду хона-осорхона ба таваҷҷуҳи хоси дастандаркорон ниёз дорад. Умед мебандем, ки бахшида ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  ин маконҳои воқеан ҳам таърихӣ ободу зебо гашта, пешкаши сокинон ва фарҳангдӯстон мешавад.

Амони Муҳаммад,

ДушанбеХуҷандДушанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь