Ё Суди олии иқтисодӣ қарзи Раҷабовро аз ҳисоби ман пардохт карданист?

Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Ба таваҷҷуҳи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ,

Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Юсуф Раҳмон Аҳмадзод

Бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат, осоиштагӣ ва истиқлолияти комили Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузорам, ки маҳз дар партави сиёсати дурнамо ва хирадмандонаи Шумо – Ҷаноби олӣ ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандӣ ва молу мулкиам, ки тӯли 16 сол аз тарафи собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардон ва ҷиянаш Раҷабов И. С. поймол гардида буд ва онҳо бо қарори ғайриқонунии Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15. 06. 2007 молу мулкамро тасарруф карда, бо роҳи ғайриқонунӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон фурӯхта буданд, барқарор гардида, молу мулкамро  бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 16.04. 2014, Қарори марҳилаи кассатсионии Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.10.2014, таъиноти Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.11.2014, санади санҷишии Палатаи ҳисоби  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2015, Қарори Раёсати Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.04.2015, Қарори назоратии Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.06.2016, Қарори Раёсати Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.07.2017, Таъиноти Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.2018,  Ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25.02.2019, Таъиноти Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 03.03.2020, қарори Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.10.2020 дар бораи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Раҷабов И.С., Қарори Коллегияи назоратии Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.2020, таъиноти Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 01.03.2021, Ҳалномаи Суди шаҳри Ҳисор аз 09.03.2021, таъиноти Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.06.2021 ва ҳалномаи қувваи қонунӣ доштаи Суди ноҳияи Фирдавсӣ аз 04.11.2021, баъди 16 сол, валангор ва таллаю тороҷгардида, ба даст овардам.

Дар асоси ҳукми суд ва санадҳои судии зикргардида, қарори ғайриқонунии Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.06.2007 ва зиёда аз 100 санади ғайриқонунии судҳои иқтисодӣ, умумӣ ва қарорҳои ғайриқонунии мақомотҳо, ки ба манфиати Раҷабов И.С. қабул ва иҷро гардида буданд, бекор ва иҷрои онҳо баргардонида шуда, даст ба ҷиноятҳои коррупсионӣ задани Раҷабов И. С., ва тарафдорони ӯ тасдиқи худро ёфт. Собит гардид, ки  Раҷабов И. С. дар натиҷаи ғайриқонунӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон фурӯхтани молу мулки баҳсӣ, аз санаи 04.05.2009 ва ба ивази вексели қалбакӣ аз Бонки миллии Тоҷикистон тасарруф кардани 2 500 000 сомонӣ қарзи бонкӣ аз санаи 26.09.2009 ба давлат – Бонки миллии Тоҷикистон ба миқдори 8 760 000 сомонӣ зарари молиявӣ расондааст, ки ин ҷиноятҳо имрӯз зарурати дар назди қонун ҷавоб гуфтани Раҷабов И. С. ва тарафдорони ӯро дар шуъбаи ҳуқуқи Бонки миллии Тоҷикистон ба миён овардааст.

Бинобар ин, Раҷабов И.С. барои гурехтан аз ҷавобгарӣ ба воситаи тарафдоронаш дар шуъбаи ҳуқуқи Бонки миллии Тоҷикистон  қарорҳои судии Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15. 10. 2020 ва  аз 06.03.2018, ки дар онҳо даст ба ҷиноятҳои коррупсионӣ задани М. Алимардон ва ҷияни ӯ Раҷабов И. С. тасдиқ гардидааст, бо супориши қатъии раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи судяҳо Азизӣ Ҷ, Камолзода Р. ва Саид С. пинҳонӣ бе иштироки ман ҳамчун тараф, бекор карда шуданд.

Боиси нигаронист, ки қарорҳои судии  бекоркардаи мазкур, дар асоси ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 16. 04. 2014 сол, эътирози худи раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М., қарорҳои Раёсати Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.07.2017 ва аз 15.03.2015 қабул ва иҷро гардида, барои бекор кардани онҳо ягон асоси қонунӣ вуҷуд надошт ва қонунгузор бекор кардани онҳоро иҷозат надода, барои инкор кардани онҳо ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ кардааст.

Чунин беадолатӣ ва қонуншикании раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолест, ки:

а) Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 03.10.2020 дар асоси Санади санҷишии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2015, нисбати Раҷабов И. С. барои тасарруф кардани 2 500 000 сомонӣ маблағҳои давлат-Бонки миллии Тоҷикистон, бо моддаи 246 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст, лекин 2 сол мешавад, ин парвандаи ҷиноятӣ бо дахолати бевоситаи М. Алимардон ва сардори шуъбаи ҳуқуқи Бонки миллии Тоҷикистон Расулов Беҳзод беҳаракат монда, нисбати Раҷабов И. С. чораҳои қонунӣ андешида нашуда, маблағи мазкур ба Бонки миллии Тоҷикистон баргардонида нашудааст.

б) Бо ҳалномаи суди шаҳри Ҳисор аз 09.03.2021 сол, ки дар асоси аризаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудааст,  зарари ба давлат-Бонки миллии Тоҷикистон расонидаи Раҷабов И. С ба миқдори 4 395 000 сомонӣ аз ҳисоби Раҷабов И. С рӯёнида шуда, ин санади судӣ ҳам бо дахолати бевоситаи М.Алимардон ва сардори шуъбаи ҳуқуқи Бонки миллии Тоҷикистон Расулов Беҳзод иҷро нагардида истода, баръакс номбурда бо сӯиистифода аз ном ва эътибори давлат-Бонки миллии Тоҷикистон ҷиноятҳои коррупсионии Раҷабов И. С-ро таҳти ҳимояи давлат-Бонки миллии Тоҷикистон қарор дода истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки барои қабул ва иҷро гардидани санадҳои судии дар боло зикргардида ман 16 соли умри худро дар пӯшти дару толорҳои судии Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон паси сар карда, дар ин муддат аз ҳамқадам будан бо ҷомеъа дар канор мондам. Дар баробари ин, М. Алимардон барои даст кашидан аз даъвои молу мулкам ва ошкор нагардидани ҷиноятҳои коррупсионии худ ва ҷиянаш Раҷабов И. С. 4 маротиба кӯшиши бо туҳмат ба ҳабс гирифтани маро карда, бо ин роҳу восита мехостанд, ки ман ва аҳли оилаам ҷумҳуриро тарк карда равам, то ин ки сирри ҷинояткории онҳо ва тарафдорони онҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон  ва Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор нагардад. Ман ва аҳли оилаамро аз зиндагии орому осоиштаи дар Конститутсияи мамлакат кафолатдодашуда ва дар қонун ҳифзгардида маҳрум сохта, дар натиҷа фаъолияти кориам дар самти истеҳсоли мошинҳои хурди кишоварзӣ, ки то имрӯз ҳазорҳо ҷои кори доимиро барои шаҳрвандон таъмин мекард, фалаҷ гардид. Фарзандонам орзую ормонҳои ширини айёми кӯдакӣ ва наврасиашонро надидаю начашида ба камол расида, 12 сол мешавад бо  фарзандон ва набераҳоям дар хонаҳои иҷора, бо шароити пасти иҷтимоӣ умр ба сар бурда истода, акнун ба остонаи зиндагии осоишта қадам монда истода будем.

Агар далелҳои овардаам заррае замина ва асосҳои ҳуқуқӣ намедоштанд, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардон ва ҷияни ӯ Раҷабов И. С. ба мақолаҳои танқидии дар воситаҳои ахбори омма (ВАО) ба чоп расонидаам, зери унвони “Бонки миллиро кӣ фиреб дода буд?”  аз 28.10.2015, “Ба ҷияни Алимардон зӯри кӣ мерасад?” аз 28.10.2016 ва “Чаро судяҳо аз сарватмандии Алимардон метарсанд?” аз 19.01.2017  вокуниш нишон дода, аққалан Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, таҳти № 622 аз 07.02.2009, иҷро карда, барои ба ҷавобгарӣ кашидани ман ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекарданд. Аммо ин корро накарданд, чунки ман ҳақ ҳастам ва Худованд ҳақ ва ҳақиқатгӯро дӯст медорад.

Бояд қайд кунам, ки ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи ҳуқуқи молу мулкам, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт-46, ки онро Раҷабов И. С. бо роҳи ғайриқонунӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон сабт карда буд, аллакай санаи 15.05.2012 дар рафти тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Замонов Н. Д., Абдуллоев Х.Н. ва дигарон, бо протоколи дарёфт карда гирифтани Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки миллии Тоҷикистон дарёфт карда гирифта шуданд ва бо ҳукми суди ноҳияи Сино шаҳри Душанбе аз 16.04.2014 ҳамчун далели шайъӣ ва исботкунандаи гуноҳи судшавандагон дар қабати парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ дошта шудааст. Ёдовар бояд шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ягон сурат даъвогари молу мулки хусусии ман, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт-46 шуда наметавонад, зеро ба молу мулки хусусии зикргардидаи ман ягон ҳуҷҷати ҳуқуқдиҳанда надорад ва ин молу мулк дар асоси санадҳои судии ба қувваи қонунӣ даромада ва иҷрогардида ба ман тааллуқ дошта, бар замми ин, зарари ба Бонки миллии Тоҷикистон расонидаи Раҷабов И. С. аз ҳисоби ҳамин молу мулк, бо ҳалномаи суди шаҳри Ҳисор аз 09.03.2021 барқарор карда шудааст.

Раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори шуъбаи ҳуқуқи Бонки миллии Тоҷикистон   барои ҳимоя аз ҷиноятҳои коррупсионии Раҷабов И. С. мафҳум, маъно ва моҳияти ҳуқуқии санадҳои судии ба қувваи қонунӣ даромада ва иҷрошударо нодуруст маънидод карда истода, бо ин амалашон нуфӯз ва эътибори Бонки миллии Тоҷикистонро дар гирдоби ҷиноятҳои коррупсионии М. Алимардон ва ҷияни ӯ Раҷабов И. С. печониданд.  Махсус қайд карданиам, ки бо ҳукми суди ноҳияи Сино шаҳри Душанбе аз 16.04.2014 тасдиқ ва муқарар гардидааст, ки гуруҳи ҷинояткорон Замонов  Н.Д., Абдуллоев Х.Н. ва дигарон, таҳти роҳбарӣ ва маблағгузории бевоситаи Раҷабов И. С., бо роҳи сохтакорӣ кардани ҳуҷҷатҳои давлатӣ аз Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15. 06. 2007 сол  қарори ғайриқонунии судӣ ба даст оварда, бо он молу мулки маро, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардӯшт-46 тасарруф ва ба номи Раҷабов И. С. сабт карда, Раҷабов И.С бошад, онро бо супориши М. Алимардон ғайриқонунӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ба миқдори 4 500 000 сомонӣ фурӯхтааст. Сабаби ба Бонки миллии Тоҷикистон бегона кардани молу мулки баҳсӣ дар он буд, ки санаҳои 23.04.2009 ва 30.04.2009 дар воситаҳои ахбори омма нисбати Раҷабов И. С. ва гуруҳи ҷинояткори ӯ Замонов Н.Д. ва Абдуллоев Х.Н.  мақолаҳои танқидӣ зери унвони ”Қонуншиканӣ дар ҳимояи қонун” ба чоп расид. Баъди ба чоп расидани мақолаҳо М. Алимардон хавфи ошкор гардидани ҷиноятҳои содирнамудаи ҷиянашро ҳис карда, бо истифода аз мавқеи афзалиятнокаш дар ҷомеъа Бонки миллии Тоҷикистонро маҷбур кард, ки молу мулки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаи Раҷабовро фавран харидорӣ намояд. Бинобар ин, баъди 4 рӯзи ба чоп расидани мақолаҳои танқидӣ, санаи 04.05.2009 Бонки миллии Тоҷикистон бе ягон зарурият ва бо зарари Бонки миллии Тоҷикистон молу мулки баҳсиро ғайриқонунӣ аз Раҷабов И. С. ба маблағи 4 500 000 сомонӣ харидааст.

Бо ҳамин асосҳо судшавандагон Замонов Н.Д. ва Абдуллоев Х.Н. гунаҳгор дониста шуда, бо ҷурмҳои қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳои давлатӣ ва соҳибкории сохта, ба муҳлатҳои 11,6 ва 8,6 солӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд. Ҳаммаслакони онҳо Баротов Р.Ҳ. ва Амзаев Н.Б. ба гуноҳашон иқрор ва аз карда сидқан пӯшаймонӣ изҳор намуда, суд нисбати онҳо қонуни авфро татбиқ кард. Аммо Раҷабов И. С., ки ҷияни М. Алимардон буд, аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, 9 сол боз озодона ҷиноятҳои коррупсионии худро идома дода истода, бо тарафдорони мансабдораш дар Бонки миллии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти зиндагии аҳли оилаамро зери хатари ҷиддӣ қарор дода, садди роҳи зиндагии осоиштаи ман гардидааст.

Муҳтарам Пешвои миллат, ман бо аҳли оила ва фарзандонам бо ақидаи устувор дар 30 соли истиқлолияти ватани маҳбубамон, аз сиёсати дурнамо ва хирадмандонаи Шумо сидқан ҷонибдорӣ карда, боварии комил доштем, ки албатта адолати судӣ баргузор мегардад ва ҷинояткорон дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт. Аз ин рӯ, ман ва аҳли оилаам тӯли 16 сол бадбахтиҳои ба сарамон овардаи собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардон ва ҷияни ӯ Раҷабов И. С.-ро тоқат кардем ва пас аз интизорию саргадониҳои зиёд номи нек ва ҳуқуқу манфиатҳои поймолгардидаам, бо ҳукми суд ва як силсила санадҳои судии Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Санади Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барқарор гардида,  молу мулки хусусиамро, ки М. Алимардон онро, барои гурехтан аз ҷавобгарӣ дар назди қонун, ғайриқонунӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон фурӯхта буд, бозпас гирифта, акнун баъди 16 сол ба остонаи зиндагии осоишта қадам монда истода будам.

Имрӯз бошад, бо супориши қатъии раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М. С, қарорҳои қонунии Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.2020 ва аз 06.03.2018, ки дар онҳо даст ба ҷиноятҳои коррупсионӣ задани М. Алимардон, ҷияни ӯ Раҷабов И. С. ва тарафдорони онҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон исбот гардидааст, бекор карда, мақсад доранд, миллионҳо қарзи М. Алимардон ва ҷияни ӯ Раҷабов И.С-ро аз ҳисоби  молу мулки хусусии ман, пардохт намоянд.

Тазаккур бояд дод, ки ман аз соли 2007 сар карда, тариқи воситаҳои ахбори омма як силсила мақолаҳои танқидиро зери унвонҳои “Қонуншиканӣ дар ҳимояи қонун”(23.04.2009), “Қонуншиканӣ дар ҳимояи қонун-2” (30.04.2009)  “Родственники уважаемих людей” (15.12.2010), “Родственники уважаемых людей”-2 (22.04.2012), “Гар нарасад зури мо, зури Худо мерасад” (23.04.2012),

“Нописандиро нисбат ба қонун Замонов Н.Д. кард на ман” (26.07.2012), “Ҷияни М. Алимардон, Раҷабов И. С. пули мардумро  хӯрд” (06.03.2013),

“Хонандаро гумроҳ карданиянд” (20.03.2014), “Замонов Н. Д. ва дурӯғҳои “қонунӣ”-и суд” (28.03.2014), “Родственники уважаемых людей” (03.08.2015), “Родственники уважаемых людей” (23.08.2015), “Бонки миллиро кӣ фиреб дода буд?” (28.10.2015), “Ба ҷияни Алимардон зӯри кӣ мерасад?” (28.10.2016), “Чаро судяҳо аз сарватмандии Алимардон метарсанд?” (19.01.2017) ба чоп расонида, ба ин восита қарзи шаҳрвандии худро дар муқовимат бо коррупсия иҷро карда маълумот дода будам, ки собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардон тасодуфан дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ ёфта, ӯ дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ дасту дили пок надорад ва сазовори боварии Шумо нест.

Бо ҳамин мазмун бо зиёда аз 200 адад арзу шикоятҳо ба унвонии Шумо, Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда будам.

Сабаби ба чунин беадолатӣ ва қонуншиканӣ даст задани раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М.С. ва сардори шуъбаи ҳуқуқи Бонки миллии Тоҷикистон Расулов Б. дар он аст, ки онҳо аз миллионҳо маблағҳои аз Бонки миллии Тоҷикистон тасарруфкардаи М. Алимардон ва ҷияни ӯ Раҷабов И. С. шояд бенасиб намонда бошанд.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, имрӯз зарурати ба унвони Шумо муроҷиат карданам дар он аст, ки арзу шикоятҳои дар 9 соли охир ба унвони раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон ирсол намудаам, бо ташаббуси бевоситаи тарафдорони М. Алимардон ва ҷияни ӯ дар шуъбаи ҳуқуқи Бонки миллии Тоҷикистон, ба роҳбарият дастрас нагардида, умуман мавриди баррасӣ қарор нагирифтаанд. Вагарна раиси  Бонки миллии Тоҷикистон аз номи Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳимояи Раҷабов И. С дар зиёда аз 100 адад арзу шикоятҳои беасос имзо нагузошта, аз номи Бонки миллии Тоҷикистон ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намекарданд.

Ҷаноби Олӣ, итминони комил дорам, ки ин ҳолатҳои нангини ба сари ман ва оилаи мо овардаи М. Алимардон, ҷиянаш Раҷабов И. С. ва раиси Суди олии иқтисодӣ Қаландарзода М. Ҷ. Шумо – Пешвои муаззами миллатро бетараф намегузорад ва дастур медиҳед, ки мақомотҳои дахлдор барои пешгирӣ кардани ин амалҳои коррупсионӣ, қонуншиканиҳо ва оқибатҳои бади оилавии мо чораҳои қонунӣ меандешанд.

Барои далелҳои овардаам дар назди қонун ҷавоб мегӯям.

Бо эҳтиром, Ҳусайнов Хайрулло Фармонович,

сокини  шаҳри Душанбе,  кӯчаи  Ҳисор 40/А,

ҳуҷраи 23 (иҷорашин) Тел: 918 81 15 77.

Блоки рекламавӣ

3 ШАРҲҲОИ

  1. Хамаш дуруг аст! Бовари комил дорам хамаи Хучатхои Хусейнов карда истодааст калбаки аст Мухтарам Чаноби Оли бовар накунед.

  2. Оооо!!! Хусейнов як балои фиреб гарди ту азоени «Бахтиер компания-РО» хамашро ба корхои калбаки турма кади хамаш саволу чавоб доран

  3. Салом дустон.
    То кай Хусейнов Х макомотхои хифзи хукукро ба гумрохи бурда амалхои калобонаи худро идома медихад!!!
    Хато тавониста аст, ки рузномаи «Фараж» бе тахлилу далел мурочиати бар дуруги Хусейнов-ро ба чоп дихад?!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь