Ё “Ҳамааш айби гӯсфандон аст! Гӯсфандон одамонро мехӯранд!

 

Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба Раиси Суди Олии ҶТ, муҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён

Ба Прокурори генералии ҶТ, муҳтарам Юсуф Раҳмон

 

Муҳтарам ҷанобон!

Сабаби мустақим ба шумо муроҷиат карданам ин аст, ки зинаҳои судии Тоҷикистон аз поён ба боло ду аризаи шикоятии соҳибкор Фахриддин Қодиров нисбати банда – соҳибкори инфиродӣ Юнусов Икром бо ҳамҷавобгарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Хуҷандро бо нодида гирифтан ва пурра ноодилона татбиқ кардани қонунҳои Тоҷикистон баррасӣ намуда, ҳалнома бароварданд.

Ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд аз 1-уми октябри соли 2018 (парвандаи граждании №3-484/2018), қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғд аз 11-уми декабри соли 2018 (парвандаи №33-373), таъиноти судяи Суди вилояти Суғд Х. Назарзода аз 29-уми январи соли 2019 ва таъиноти судяи Суди Олӣ А. Хушмаҳмадзода аз 11-уми апрели соли 2019 оид ба рад намудани ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ ҳамагӣ ноодилона ва ғайриқонунӣ таҳия ва тасвиб шудаанд. Ин марҳилаҳои судӣ қарори Суди шаҳри Хуҷандро татбиқ намуда, қарори раиси шаҳри Хуҷандро беэътибор медонанд.

 

Баҳси судӣ чи гуна ва бар сари чӣ аст?

Фахриддин Қодиров соҳибмулки бозори “Неъматуллоҳ”, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Шарқ, №18 буда, расман истифодабарандаи замини бозор ҳам будааст. Ӯ ба суд даъво кардааст, ки ман – Икром Юнусов ҳамчун ҷавобгар 5,35 метри мураббаъ замини бозорро худсарона забт намуда, дар он ғайриқонунӣ нуқтаҳои савдо ва иншооти ёрирасон бунёд намудаам ва ба фаъолияташ халал мерасонидаам.

Ин қитъаи замин, ки Қодиров даъво дорад, аз 17-уми июли соли 2007 “Дар бораи тасдиқ намудани қарори комиссияи бақайдгирӣ ба истифодабарии замин ва биноҳо” бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд (№377) расман ба раҳматии модарам Муллобоева Мӯнусой тааллуқ дорад. Қодиров аз суд талаб кард, ки ин қарорро беэътибор донад ва қитъаи заминро ба ӯ баргардонад. Суди шаҳри Хуҷанд ба ин аризаи ӯ расидагӣ ва талаботи ӯро қонеъ кард. Қарори раиси шаҳри Хуҷанд, ҳуҷҷатҳои расмии Кумитаи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-ро беэътибор донист. Аммо бар асоси санадҳои сохтаву нақзи қонунҳои ҷории Тоҷикистон. Судҳои шаҳриву вилоятиву олӣ ҳам амалан дар ин кор шарик буданд.

 

Беадолатӣ дар чӣ зоҳир шуд?

5,35 метри мураббаъ замин як қисмати ҳавлии модарам буда, ба бозори “Неъматуллоҳ” девор ба девор аст. Ҳавлие, ки ман зиндагӣ мекунам (шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ленин, 79/3), расман ба номи модари марҳумам Мунусой Муллобоева, ки соли 1990 вафот карда буданд, сабт шудааст. Мо пушт ба пушт садсолаҳо ба ин сӯ дар ин хона ва ин маҳал зиндагӣ мекунем. Худораҳматии падарам соли 1900 дар ин хона таваллуд шудаанд.

Аммо суд ба ин далел, ки модари ман соли 1990 фавтидаанд, вале хона ба номашон соли 2007 сабт шудааст, ҳамон қисмати 5,35 метри мураббаъро ба Қодиров марбут донист. Чаро маҳз ин қисмат? Гап сари ин, ки дар ҷои бозори “Неъматуллоҳ”-и ҳозира дар замони шӯравӣ як маркази гармидиҳӣ фаъол буд. Охири солҳои 80 ва аввали 90 ин марказ тамоман аз кор баромад ва масъалаи фурӯшаш пеш омад. Ман аз раиси идораи гармидиҳии ҳамонвақта хоҳиш намудам, ки аз сабаби зиён расонидани ҳавзҳои оби гармхона, ин қитъаи заминро ба ман  диҳанд. Масъули идораи гармидиҳӣ маро вазифадор намуданд, ки байни гармхона ва ҳавлиамонро девори бетонӣ кунам. Ман ин шартро иҷро кардам. Соли 2007 МИҲД-и шаҳри Хуҷанд вақте расмикунонии манзилҳоро мегузаронд, аз ман талаб кард, ки онро ба расмият дарорам. Ман ин корро кардам.

Ин маркази гармидиҳиро касе харидорӣ кард, ки ба ман маълум нест. Баъдтар фаҳмидем, ки бозори “Неъматуллоҳ” ташкил шуда, ба фаъолият шуруъ кардааст. Қодиров онро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ 15-уми феврали соли 2013 ва 6-уми июли соли 2015 дар асоси шартнома харида, соҳибмулк шудааст. Дар ин вақт масъалаи ба ҳудуди бозор ҳамроҳ кардани 15 метр кӯчаи оммагард вуҷуд надошт, аммо соли 2019 он ғайриқонунӣ ба қисми бозор дароварда шуд.

 

Ҷанобони муҳтарам!

Санадҳои фавқуззикри судӣ ғайриқонунӣ мебошанд ва аз шумо хоҳиш мекунам, ки онҳоро дар марҳилаи назоратии Суди Олии Тоҷикистон бекор кунед. Чаро? Суди шаҳри Хуҷанд ҳангоми баррасӣ ва қабули санади судӣ ба хатоҳои ҷиддии ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ роҳ додааст.

Аввал, баррасии баҳси иқтисодӣ миёни ману Қодиров, бино ба моддаҳои 1 ва 2-и Кодекси мурофиавии граждании Тоҷикистон (КМГ ҶТ), салоҳияти суди иқтисодӣ аст. Ману Қодиров соҳибкор ҳастем ва баҳси мо иқтисодӣ аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Хуҷанд ҳамчун субъекти баамалбароварандаи фаъолияти оммавӣ-ҳуқуқӣ ба парванда ба сифати ҳамҷавобгар ҷалб шудаанд.

Дуюм, дар парванда як санад аз 5-уми январи соли 2018 дӯхта шудааст ва суд онро асоси ҳалномааш кардааст. Ин санадро суди марҳилаи аввал ҳамчун далел истифода кардааст, ки дар асл далел буда наметавонад. Дар он имзои ҳамаи таҳиягаронаш дида намешавад. Ба он шахси номаълуме ба номи “Мададаминов” (ин шахсро суд ҳам маълум накард) имзо гузоштааст ва ин ба он маъност, ки тибқи талаботи қисми 2, моддаи 74-и КМГ ҶТ нусхаи санад ба таври зарурӣ ва қонунӣ тасдиқ нашудааст, аммо онро суд қабул намудааст.

Сеюм, дар ҳамин санад ишора мешавад, ки шартномаи хариду фурӯши бино дар идораи нотариалии давлатии вилояти Суғд (аз 9-уми июни соли 2017) ба қайд гирифта шудааст ва Фахриддин Қодиров иншооти мазкурро аз ҶСП “Неъматуллохон” харидааст. Ин ба он маъно аст, ки мантиқан баҳс байни ман ва ҶСП “Неъматуллоҳ” бояд дар суди иқтисодӣ баррасӣ шавад. Нозироти андози шаҳри Хуҷанд ҶСП “Неъматуллоҳ”-ро ҳамчун шахси ҳуқуқие, ки бо фаъолияти иқтисодӣ машғул аст, ба қайд гирифтааст. Даъвогар Қодиров ин ҳолатро аз суд пинҳон медорад, вале суд дар ҳалномааш ба ин ҳолат баҳои қонунӣ надода, навиштааст, ки гӯё ман – Икром Юнусов қитъаи замини ҶДММ “Неъматуллоҳ”-ро худсарона забт намудаам. Инро намегӯяд, ки чаро ҶДММ “Неъматуллоҳ” дар вақташ аз ман ба суд шикоят набурду Қодиров ин корро мекунад?

Чорум, Фахриддин Қодиров баъди хариду фурӯши бозор (5-уми феврали соли 2013 ва 11-уми марти соли 2015) соҳибмулк шуда, 3-юми августи соли 2015 шаҳодатномаи давлатӣ ва ҳуқуқи соҳибмулкиро соҳиб шудааст. Тибқи моддаҳои 254, 256 КМГ ҶТ, ӯ барои мавриди баҳс қарор додани қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар муҳлати 3 моҳ ҳуқуқ дошт ба суд муроҷиат кунад. Аммо ӯ ин муҳлатро гузаронд. Тибқи моддаи 111-и ҳамин Кодекс, бо гузаштани муҳлати 3-моҳа амалҳои мурофиавӣ қатъ мегардад, вале тибқи моддаи 114, суд метавонад дар асоси ариза ин муҳлатро барқарор намояд. Қодиров ин корро ҳам накардааст. Судҳои поёниву болоӣ ҳам ба ин чашм пӯшиданд ва талаботи қонунгузории мурофиавии гражданиро риоя накарданд.

Панҷум, судҳо тахминро асос гирифтанд, на далелро. Аз хулосаи Суди шаҳри Хуҷанд (1-уми октябри соли 2018) дида мешавад, ки суд ман – Юнусов Икромро бо сабаби он, ки дар ҳамин суроға зиндагӣ мекунам, “ҷавобгари муносиб” эътироф кардааст. Аммо дар асл чунин нест.

Ин манзили истиқоматӣ на ба ман, балки аз 11-уми майи соли 1982 ба номи модарам Мунусой Муллобоева дар идораи 1-уми нотариати давлатии шаҳри Ленинобод ба расмият дароварда шуда буд ва ин санадро комиссияи шаҳри Хуҷанд ҳамчун асоси қарораш аз 11-уми июли соли 2007 (№4) истифода кардааст. Дар ин манзил ба ҷуз ману аҳли оилаам, аъзои хонаводаи бародари марҳумам Раҳим Муллобоев ва Иброҳим Муллобоев, ҷамъ 18 нафар зиндагӣ мекунем. Ҳаққу ҳуқуқи онҳо чӣ мешавад? Тибқи қисми 3, моддаи 57-и КМГ ҶТ маълумоте, ки бо вайрон кардани қонун дастрас шудааст, далел ба ҳисоб намеравад ва наметавонад асоси ҳалномаи судӣ бошад.

Шашум, дар оғоз гуфтам, ки суд бар асоси ду аризаи Фахриддин Қодиров ҳалнома баровард. Аввалӣ “Оиди беэътибор эътироф намудани қарори раиси шаҳри Хуҷанд рақами 377 аз 17-уми июли соли 2007 ва ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаи замин” ба ҷавобгарии Юнусов Икром, ҳамҷавобгарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд буд ва дуввумӣ ҳам ба ҳамин мазмуну ба ҳамин ҷавобгару ҳамҷавобгарҳо, аммо бо иловаи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ҳалнома зикр мешавад ва аз он “аризаи иловагӣ” ном бурда шудааст. Аммо ин “аризаи иловагӣ” дар парванда нест. Тибқи моддаи 134-и КМГ ҶТ, тартиби пешниҳоди аризаи иловагӣ ба аризаи даъвогии қаблан ба суд воридшуда пешбинӣ нашудааст!

Ҳафтум, экспертизае, ки суд онро ба асос гирифт, шубҳанок ва гузашта аз он, сохтакорона аст. Экспертизаи судии сохтмонӣ-заминсозӣ бе азназаргузаронӣ ва чен кардани ҳудуди қитъаи заминҳои бозор ва ҳавлии мо анҷом шуд. Дар мурофиаи судӣ ба сифати шоҳид – экспертони пурсидашуда эътироф карданд, ки дар асл қитъаи заминро чен накарда, бе иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Икром Юнусов ташхиси судӣ гузаронидаанд ва ҳар кадоме дар алоҳидагӣ аз рӯи ҳуҷҷатҳое, ки дар ихтиёрашон будааст, хулоса додаанд! Ҳол он ки, судя Маъруфзода Н. экспертонро вазифадор намуда буд, ки ҳатман замини бозор ва замини ҳавлии моро чен кунанд.

Ҳаштум, пас аз баромадани ҳалномаи судӣ ман ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон муроҷиат намудам. Прокуратураи шаҳри Хуҷанд бо ҷалби мутахассисони соҳаҳои мухталиф ҳудуди қитъаҳои замини бозор ва манзили истиқоматиамонро ташхис карда, муайян намуд, ки мутахассисони Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд ба суд санади таҳрифкоронаро бо хулосаю маълумотҳои бардурӯғ пешниҳод карда, судро ба иштибоҳ андохтаанд, ҳамон ташхисе, ки боиси қабули ҳалномаи судӣ аз 1-уми октябри соли 2018 шуд. Комиссияи таъсисдодаи прокуратура санаи 6-уми феврали соли 2019 санади наверо тартиб дод, ки ҳолати ҷой надоштани худсарона азонихудкунии қитъаи замин аз ҷониби моро тасдиқ мекунад. Аммо  дар ин радиф Прокуратураи шаҳри Хуҷанд бояд маълум менамуд, ки Сертификати бозори “Неъматуллоҳ” чӣ тавр ва бе розигии ҳавлиҳои ҳамҳудуди бозор ба даст оварда шудааст, ки аз рӯи он 15 метр кӯчаи умумигардро ба ҳудуди бозор даровардааст?  Дар ҳоле, ки сарчашмаи ҳамаи баҳсҳои бархеста аз ҳисоби бе розигии ҳамсояҳо забт кардани кӯча аз ҷониби раиси бозор мебошад.

Нуҳум, прокуратура маълум намуд, ки корманди Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд Баҳром Қодиров худсарона ва бо сохтакории далелҳо 5-уми январи соли 2018 санади ченкунии қитъаи замини бозорро дар утоқи кориаш таҳия намуда, имзои дигар шахсонро гирифта будааст. Баҳром Қодиров дар як маҳалла бо Фахриддин Қодиров ҳамсоя асту 10-уми ноябри соли 2017 аризаи Қодиров Фахриддинро, ки ба Кумитаи идораи замин 24-уми октябри соли 2017 таҳти №998 ворид шуда будааст, бе ягон ҳуҷҷату далел баррасӣ кардааст. Роҳбарияти ҳамонвақтаи Кумитаи заминсозӣ Ёрматов А. баррасии аризаро ба Абдуллоев С. вобаста намудааст, аммо Қодиров Баҳром, ки дар ҳамсоягӣ бо раиси бозор Қодиров Фахриддин зиндагӣ мекунад, ин корро ба зиммаи худ гирифта, бо сохтакориҳои зиёд, санаи 5-уми январи соли 2018 санад тартиб дода, ба дасти соҳибмулки бозор додааст. Баътар соҳибмулки бозор онро ҳамчун далел дар суд истифода бурдааст.

Дар суд раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд Т. Толибзода бо далелҳои мушаххас исбот кард, ки ин санадро надидааст. Баҳром Қодиров худ ин санадро омода карда, ба суд пешниҳод кардааст.

 

Ҷанобони муҳтарам!

Ман метавонам боз чандин далели ғайриқонунӣ будани ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷандро ба Шумо пешниҳод кунам. Аламовар ин аст, ки ин ҳамаро дида, ҳеҷ як марҳилаи судӣ ба амалҳои ғайриқонунии суди марҳилаи аввал эътибор надоданд.

Мо аз ҳалномаи Суди шаҳри Хуҷанд шикояти кассатсионӣ бурдем, вале коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғд аз 11-уми декабри соли 2018 (судяҳо М. Латифзода, Ф. Аҳмадзода ва С. Нурализода) бо раҳбарии Н. Назарзода онро бетағйиру шикояти кассатсиониро беқаноат мононд ва ирсоли парвандаи гражданӣ ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба суди марҳилаи назоратӣ рад карда шуд. Дар ин мурофиаи судӣ бо баҳонаҳои зиёд нагузоштанд, ки ман иштирок намоям. Судяи Суди Олии Тоҷикистон А. Хушмаҳмадзода ҳам ваҷҳу далелҳои шикояти назоратиамро, ки 12-уми феврали соли 2019 ба Суди Олӣ ирсол шуда буд, моҳиятан насанҷид ва 11-уми апрели соли 2019 таъинот қабул кард, ки ирсоли парванда барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ рад шавад.

Акнун ман ба худ меандешам, ки ин ҳама чӣ маъно дорад? Фахриддин Қодиров чӣ дорад, ки мо надорем? Бале, пули зиёд. Вазъияти мо вазъи деҳқонони англиси замони саршавии капитализмро ба ёд меорад, ки буржуазия барои таъмини мануфактураву заводҳои пашм теъдоди гӯсфандонро зиёд карданд ва барои ин заминҳои деҳқононро харида гирифтанд. Он замон ҳамон гуфтаи таърихӣ ба вуҷуд омад: “Ҳамааш айби гӯсфандон аст! Гӯсфандон одамонро мехӯранд!”. Ман ҳам фикр мекунам, ки Фахриддин Қодиров мехоҳад бозорашро кушод кунад, то дӯконҳояшро афзоиш диҳад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ба ин мушкили банда расидагӣ кунед.

 

Бо эҳтиром, Юнусов Икром, сокини шаҳри Хуҷанд

 

АЗ ИДОРА:

Шикояти такрории назоратии шаҳрванд Икром Юнусов 24-уми августи соли 2019 ба Суди Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст. Умедворем, ки он моҳиятан баррасӣ гардида, адолати судӣ таъмин карда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь