Ба таваҷҷуҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ба таваҷҷуҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сухан дар хусуси як гуруҳе меравад, ки бо ғаразҳои манфиатхоҳӣ тавассути истифода аз дастгоҳи нусхабардории сканер ҳуҷҷатҳои қалбакӣ – шартнома ва санадҳои муқоисавӣ тартиб дода, ин ҳуҷҷатҳоро бо аризаи даъвогӣ ба мақомоти судии суди иқтисодӣ пешниҳод намудаанд. Онҳоро номбар мекунем: шахсони ҳуқуқиву воқеӣ – Муродзода Миралӣ, Иброҳим Хӯҷаёров, М. Достиев – сардори ҶДММ «Тавонбахш»-и ноҳияи Вахш, Холбердӣ Гулов ва Маҳмадшариф Абдулаҳадов – сармуҳосибони ҶДММ «Сафарӣ-Котон-Инвест» ва ҶДММ «Тавонбахш»-и вилояти Хатлон. Боиси таассуф аст, ки ашхоси номбурда барои амалӣ гаштани мақсадҳои ғаразнокашон бо намояндагони мақомоти суди иқтисодӣ забон як кардаанд.
Дар аризаи даъвогӣ, ки ба он М. Достиев аз номи ҶДММ «Тавонбахш» имзо гузоштааст, зикр гардидааст, ки гӯё дар санаи 25.10.2005 байни ҶДММ «Тавонбахш» ва ҶДММ «Сафарӣ-Котон-Инвест» оид ба қабул, нигаҳдорӣ ва маблағгузории пахта шартномаи ҳамкорӣ (маҳсулотсупорӣ) баста шудааст. Асли гап дар он аст, ки тибқи хулосаи экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2015, ҶДММ «Тавонбахш» аз ҶДММ «Сафарӣ-Котон-Инвест» ба маблағи 575725, 888 сомонӣ қарздор буда, санади муқоисавии тартибдодаи санҷишгаронро сармуҳосиби ҶДММ «Тавонбахш» Холбердӣ Гулов бо имзои худ тасдиқ кардааст.
Пас, ҳар як таҳлилгари одӣ ҳам ба зудӣ пай мебарад, ки қарздор киву ҳақдор кист. Яъне, маҳз ҳамин қарздорӣ роҳбари ҶДММ «Тавонбахш» ва шарикони ӯро ба қонуншиканӣ тела додааст. Онҳо бо нусхабардории сканерӣ ба сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ даст зада, бо далелҳои беасос кӯшиш ба харҷ додаанд, ки ҳамаи бори айбро бар дӯши ҶДММ «Сафарӣ-Котон-Инвест» афкананд. Тааҷҷубовар он аст, ки шартномаи қалбакӣ 25.10.2005 тартиб дода шудааст, аммо ҶДММ «Сафарӣ-Котон-Инвест» бошад, тибқи қарори муассиси он расо як моҳ пас – 25.11.2005 таъсис дода ёфта, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст. Пас, куҷост мантиқ, модоме ки шартномаи пахтасупорӣ бо корхонаи ҳанӯз таъсиснаёфтаи маҳсулотқабулкунанда баста шуда бошад?! Аммо афсӯс! Ин ҳама сохтакориҳои ҳуҷҷатӣ ва санадҳои қалбакиро бархе аз намояндагони мақомоти суди иқтисодӣ нодида гирифта, баръакс, аризаи шикоятии сохтакоронро Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти А. С. Қодирзода, Х. Н. Назарзода ва П. Т. Мирзозода қонеъ кунонидааст. Дар натиҷа ҶДММ «Сафарӣ-Котон-Инвест» аз фаъолият бозмонда, 76 нафар аз ҷойи кор маҳрум гаштанд. Дидаву дониста ба чунин амалҳои ғайриқонунӣ даст задани сохтакорон ва судяҳо беасос набуд. Онҳо ба хубӣ медонистанд, ки камина, яъне муассиси ҶДММ «Сафарӣ-Котон-Инвест» қонунан боз як корхонаи истеҳсолии сангу шағал дар шаҳри Сарбанд (директораш Н. Ҷалолов) дар ихтиёр дорам, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Аз ин рӯ, гарчанде корхонаи сангу шағали шаҳри Сарбанд ба баҳси додугирифти маҳсулоти пахта ягон дахл надорад, забоняккардагон барқасдона ва бо талоши манфиатхоҳиҳояшон ин корхонаро низ ба масъалаи даъвогӣ ҳамроҳ карданд.
Дар рафти экспертизаи такрории Суди криминалӣ муайян гардид, ки ҶДММ «Сафарӣ»-и шаҳри Сарбанд ва ҶДММ «Сафарӣ-Котон-Инвест»-и ноҳияи Вахш мутаносибан 204077 сомонӣ ва 591177, 56 сомонӣ ҳақдор шуморида, ҶДММ «Тавонбахш» бошад, дар назди ин ду ширкат қарздор ҳисобида шуд. Бо ҳамин акнун мебоист нафаси даъвогарон ба дарун меафтид. Аммо… Ҳанӯз бо нихтаи даъвогарони сохтакор нахи тору пуди баррасии парвандаҳо канда нашуд. Додхоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон З. Саидзода, ҳамчун ҳомии ҳуқуқ, аз ҳақдории он ду ширкат хурсанд нашуда, баръакс, бо нияти «мағзобаи корро баровардан» бори дигар экспертиза таъин намуд. Ин дафъа ҳалнома на ба манфиат, балки бар зиёни ҶДММ «Сафарӣ»-и шаҳри Сарбанд ва ҶДММ «Сафарӣ-Котон-Инвест»-и ноҳияи Вахш қабул гардид. Яъне, акнун ҳақдорон ба қарздорон табдил ёфтанд: ҶДММ «Сафарӣ»-и шаҳри Сарбанд 1721378 сомонӣ ва ҶДММ «Сафарӣ-Котон-Инвест»-и ноҳияи Вахш 303 860 сомонӣ. Ҳамин тариқ, додхоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон ҳалномаи ғайриқонунии худро бо овардани далелҳои беасос ва сохтакорона қабул кард.
Бояд гуфт, ки ҶДММ «Тавонбахш» аз соли 2002 то соли 2007 нисбат ба ҶДММ «Сафарӣ»-и шаҳри Сарбанд даъвогар мебошад, аммо даъвогарон ягон санади аслиро дар рафти мурофиаи судӣ пешниҳод карда натавонистанд. Мо маҷбур шудем, ки ҳуҷҷатҳои расмии ташкилёбии ширкати хусусии тиҷоратии «Сафарӣ»-ро дастрас намоем. Аз гувоҳномаи таҳти рақами 2801823708 соли 1999 бармеояд, ки ному насаби ширкати мазкур ШХТ «Сафарӣ» то соли 2004-ум амал мекард. Аз соли 2004-ум ширкат ҳангоми азнавбақайдгирӣ таҳти унвони ШММ «Сафарӣ» ба қайд гирифта шуд ва яке аз андозсупорандагони шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳисоб мерафт. Аммо аз рӯи санадҳои сохтакоронаи муҳосибон чунин бармеояд, ки ин корхона гӯё ҳамон корхонаи мо, яъне ҶДММ «Сафарӣ»-и шаҳри Сарбанд (солҳои 2002, 2003, 2004) мебошад. Ва дар санадҳои муқоисавии сохтакорон суроғаи корхонаи мо бо имзои яке аз онҳо – сармуҳосиб С. Сафаров ба ҷойи шаҳри Қӯрғонтеппа ООО «Сафарӣ»-и шаҳри Сарбанд навишта шудааст.
Хуллас, баррасии парвандаҳо тайи 14 сол кашол ёфт, ки шарҳи муфассали онҳоро дар ду-се варақ гунҷонидан имконнопазир аст. Мегӯянд, ки «забони мурғонро мурғон медонанд». Аммо ҳар дафъа ба амалҳои ноҷавонмардонаи аризабозону мақомоти судӣ нигариста, пай мебурдам, ки «забони гургонро гургон медонистаанд». Ва ҳар дафъа мурофиаҳои судӣ ба нафъи гуруҳи сохтакорон анҷом мепазируфт. Чунончи, додхоҳони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Азизӣ, Қ. Муъминзода ва Х. А. Раҳимзода бар хилофи моддаи 70-74 КМИ ҶТ шикояти кассатсионии моро рад карда, дар санаи 10. 04. 2019 ҳалномаи ғайриқонунӣ қабул карданд. Дар марҳилаи якуми баррасии парванда додхоҳ Б. Р. Наимзода раисӣ мекард. Вай бе иштироки камина, яъне роҳбари ҶДММ «Сафарӣ-Котон-Инвест»-и ноҳияи Вахш, бидуни он, ки моро ё тариқи почта ё даъватнома огоҳ намояд, ҳалнома қабул кард ва аҷиб он аст, ки дар ин ҳалнома аз маблағи қарзии талабдоштаи сохтакорон барзиёд маблағ нишон додааст. Ва ин маблағро Наимзода на бо пули миллӣ, балки бо асъори хориҷӣ – доллари амрикоӣ ҳисоб кардааст, ки ин амали ӯ бешак, пой ниҳодан бар волоияти қонун мебошад. Бар замми ин, дар парванда бидуни талаботи қонун ба ҷойи директори ҶДММ «Сафарӣ-Котон-Инвест»-и ноҳияи Вахш (С. Саидов) номи сармуҳосиби ин корхона дарҷ гардидааст, аммо судя боре ҳам ба чунин қонунвайрокунӣ назар наафкандаву эътиборе ҳам надодааст. Агар ҷиддан эътибор медод, ошкор мекард, ки муассиси ду ширкати мустақил шахси ҳуқуқӣ – С. Саидов буда, ҳар як ширкат мувофиқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ҳуқуқи аз номи худ дар мурофиаҳои судӣ Ҷавобгар ва ҳам Даъвогар буданро доро мебошанд. Маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки ҶДММ «Тавонбахш»-и ноҳияи Вахш дар соли 2002 ягон грамм пахта истеҳсол накардааст, аммо Наимзода чунин натиҷагирӣ намудааст, ки гӯё ширкати номбурда дар соли 2002 дар пахтасупорӣ ҳақдор буда, ҶДММ «Сафарӣ» қарздор ва фоизи маблағи ҳисобкардашударо бояд ҶДММ «Сафарӣ-Котон-Инвест» супорад. Муаммо дар он аст, ки ҶДММ «Тавонбахш» дар соли 2002 ҳатто соҳиби як порча замин набуд. Пас, суоле ба миён меояд, ки ширкати мазкур чӣ гуна дар ин сол пахта коштаву ҳосил ба даст овардааст? Дар ин сол пахта истеҳсол накардани ҶДММ «Тавонбахш»-ро маълумотномаи кумитаи омори ноҳияи Вахш низ тасдиқ мекунад.
Ҳамин тавр, дар ҳамаи маълумотномаҳо сохтакориҳои даъвогарон фош карда шудааст, яъне – қалбакӣ, нусхабардории сканерӣ будани навиштаҷот, факту рақам, муҳрҳои ҷамъиятҳои доираи масъулияташон маҳдуди «Сафарӣ»-ҳои шаҳри Сарбанду ноҳияи Вахш, ки дар санадҳои сохтакорона тартибдодаи қонуншиканҳо оварда шудаанд, тасдиқи худро ёфтаанд. Аммо то ҳанӯз ҳақ ба ҳақдор нарасидааст.
Аз ин рӯ, аз рӯзномаи боэътимодамон – «Фараж» хоҳишмандем, ки ба хотири барқарор намудани адолати иҷтимоӣ дар кушодани гиреҳи саргуми ин қазия мусоидат намояд.
С. САИДОВ, директори ҶДММ «Сафарӣ-Котон-Инвест»,
Файзи Олии ЗАБАРДАСТ, ваколатдор