Ба таваҷҷуҳи Суди Олии ҶТ
Ба таваҷҷуҳи Прокуратураи генералии ҶТ
Ба таваҷҷуҳи Вазорати адлияи ҶТ
Оё як нафари дигар метавонад вазифаи муфаттишро иҷро кунад?
Рӯзи 16.10.2016 сол соати 15:30 дақиқа пиёдагард Муҳаммаднасими 3-сола дар рӯ ба рӯи хонаи 20, кӯчаи Дӯстии халқҳои шаҳри Душабе аз пушти автомашинаи «Старекс» давида баромада, ба қаноти қафои тарафи рости автомашинаи «ДЭУ Нексия», рақами давлатиаш 7037 АЕ 08, ки онро Ильёсзода Шаҳбоз Ильёс идора мекард, бархӯрда, ҷароҳати ҷисмонӣ мебардорад.
Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ҳукми худ аз 24.01.2017 сол Ильёсзода Шаҳбоз Ильёсро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 212 қисми 2 КҶ ҶТ гунаҳгор дониста, ба ӯ ба муҳлати се сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати ду сол, бо адо намудани ҷазо дар коллонияи ислоҳии сукунат ҷазо таъин кард.
Он чӣ, ки дар мурофиа ва ҳукми суд дидам, ба гуфта ва нишондодҳои писарам мувофиқат намекард. Барои ҳамин, ба хулоса омадам, ки адвокат гирифта, бегуноҳии писарамро исбот кунам. Вақте адвокат бо маводҳои парванда шинос шуд, маълум гардид, ки муфаттиши ШТ РВКД дар шаҳри Душанбе Раҷабов Асадулло Файзуллоевич ҷойи ҳодисаро нодуруст, мавҷуд будан ё набудани пайҳо дар қисми берунаи автомашина ва механизми пайдошавии онҳоро муайян накардааст. Ӯ тафтишотро яктарафа, ғайри объективона ва бо равияи айбдоркунӣ бурдааст.
1). Барои зиёд кардани масофаи дури автомашина аз ҷои бархӯрӣ:
а) автомашинаи «Старекс»-и пиёдагард аз пушташ давида баромадаро дар тафтишот нишон надода, саршави ҳаракати пиёдагардро аз канори роҳ гирифта, масофаи тайкардаи пиёдагардро зиёд кардааст;
б) тарзи давидани оҳиста, миёна ё бо суръати пиёдагард ва ҷойи бархӯрии пиёдагард дар қаноти пеши паҳлуи рост, қисми паҳлуи ақиб, қаноти ақиби автомашинаро муайян накарда, суръати ҳаракати пиёдагардро кам кардааст.
2). Барои кам кардани масофаи боздории автомашина бошад, се мусофири дар дохили автомашина бударо ҳангоми таъин намудани таҳқиқи автотехникӣ нишон надода, ҳангоми таъин намудани ташхиси автотехникӣ нишон дода, судро ба гумроҳӣ бурдааст.
Мутахассис Раҷабов А. Н. суръати ҳаракати пиёдагард ва қимати сустшавии ба амал омадаи автомашинаро хато гирифта, хулосаи нодуруст додааст.
Муфаттиш Раҷабов А. Ф. озмоиши тафтишотӣ нагузаронида, протоколи ҳаракати тафтишотиро, ки танҳо шахси ба он салоҳиятдошта – муфаттиш тартиб дода метавонад, шахси дигар бо номи “Шодӣ”, ки кор намекунад, тартиб дода, ба ҷои Ильёсзода Ш. И. имзо гузоштааст. Маълумотҳои дар таҳқиқи автотехникӣ пешниҳодшударо дарҷ карда, ташхиси автотехникӣ таъин намудааст.
Эксперт Усмонов Аҳадҷон маълумотҳои пешниҳодшудаи муфаттишро ба эътибор нагирифта, фомулаҳои: 1) масофаи дури автомашина аз ҷои бархӯрӣ; ва 2) масофаи боздории автомашинаро аз хулосаи нодурусти мутахассис Раҷабов А. Н., – «автомашинаи бемусофир пиёдагардро бо қаноти пеши тарафи рост зада» рӯйнавис карда, хулосаи бардурӯғ додааст. Дар ҳоле, ки барои ташхис «автомашина бо се мусофир пиёдагардро бо қисми паҳлуи ақиби тарафи росташ задааст» дода шудааст.
Бояд гуфт, барои хулосаи дуруст додан Усмоновро лозим буд, ки: а) тарзи давидани пиёдагард; б) ҷойи бархӯрии пиёдагард ба автомашина; ва в) нуқтаи саршавии ҳаракати пиёдагардро, ки муфаттиш муайян ва пешниҳод накарда буд, бо дархост аз муфаттиш муайян карда, суръати ҳаракати пиёдагардро аз ҷадвали ҳисобҳо дуруст гирифта, аз рӯи формулаи 1) масофаи дури автомашина аз ҷойи бархӯрӣ; 2) масофаи боздории автомашина ҳангоми бо мусофир муҷаҳҳаз будани онро гирифта, сипас хулоса медод. Зеро, мувофиқи мушоҳидаҳои Лабораторияи маркази криминалистикӣ (Москва, с. 1960) суръати ҳаракати кӯдакони 3-4-сола бо давидан 6,5-10 км/с, миёна 8,2 км/с ташкил медиҳад ва экспертро лозим буд, ки бинобар пешниҳод нашудани тарзи давидани пиёдагард, суръати ҳаракатро барои ҳар се ҳолат гирифта ҳисоб мекард.
Дар сурате, ки: а) протокол ва нақшаи ҷойи ҳодиса бе гузаронидани озмоиши тафтишоти нодуруст ва бархилофи қонун тартиб додашуда, в) тарзи давидани пиёдагард, ҷойи бархӯрии ӯ ба автомашина ва суръати ҳаракаташ дуруст муайян карда нашуда, г) қимати сустшавии ба амал омадаи автомашина нодуруст гирифта, д) масофа аз ҷойи бархӯрӣ то қисми пеши автомашинаро ба ҳисоб нагирифта, е) формулаҳо нодуруст гирифта шуда бошанд, пас чи тавр дурустии хулосаи эксперт зери шубҳа қарор намегирад?
Бинобар ин, экспертизаи гузаронидашуда беасос ва ғайриқонунӣ буда, парвандаи ҷиноятӣ дар асоси маводҳои ҷамъовардашуда ва хулосаи экспертиза оғоз карда шуда, беасос ва ғайриқонунӣ мебошад. Вайронкунии бандҳои 10.1 ва 14.5 ҚҲР овардашуда боиси фарорасии оқибатҳои дар моддаи 212 КҶ ҶТ қайдгардида шуда наметавонанд.
Бо вуҷуди дар парванда ҷой доштани мухолифатҳои зикршуда суд маводҳои нодуруст ҷамъовардашуда: маълумотнома, нақша ва протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, нақша ва протоколи озмоиши тафтишоти ғайриқонунӣ тартибдодашуда ва хулосаи ташхиси автотехникии нодуруст ва зери шубҳа қарор доштаро асос намуда, ҳукми ғайриқонунӣ баровардааст.
Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тафтишоти пешакӣ яктарафа ва бо равияи айбдоркунӣ бурда шуда, далелҳои ғайриқонунӣ бадастовардашуда барои айбдоркунӣ асос ва барои исботи ҳолатҳои ба парванда исботшаванда татбиқ намешаванд.
Инчунин, худиқроршавӣ барои гунаҳгор эътироф намудан асос нашуда, айбдоршаванда вазифадор нест, ки бегуноҳии худро исбот кунад. Дар ҳамин ҳол, ариза оид ба даст кашидан аз адвокат ва худиқроршавии Ильёсзода Ш.И.-ро гирифта, ӯро бо адвокат таъмин накардаанд.
Тафтишот ва прокурор маводҳои парвандаро омӯхта, бе муайянкунии камбудиҳои ҷойдошта фикри айбдориро тасдиқ намуда, суд бошад, хулосаи бардурӯғ ва далелҳои сохтакорона ба даст овардашударо асос намуда, нисбати Ильёсзода Ш. И. ғайриқонунӣ ҷазо таъин намудааст.
Тибқи талаботи м. 342 КМҶ, дар қисми муқаддимавии ҳукм инҳо инъикос мегарданд: номи суде, ки ҳукмро баровардааст, ҳайати суд, котиби маҷлиси суд, айбдоркунанда, ҳимоягар.
Ҳангоми нишон додани ҳайати суд дар ҳайати раисикунанда Саидозода Г. И. нишон дода шуда, дар қисми баёниву асосноккунӣ ва эълон намудани ҳукм ному насаби судя Саидзода Г. И. нишон дода шудааст. Пас, чӣ тавр ду нафар судя вобаста ба ҳукм қарор қабул менамоянд!?
Ҳангоми баррасии шикояти назоратӣ аз тарафи судяи Суди Олӣ Самадзода Т. дар қисмати муқаддимавӣ ва хулосавӣ нишон дода шудааст, ки таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ нисбати ҷинояти содирнамудаи Ильёсзода Ш. И. бе қаноат мононда шавад. Ҳол он ки, Ильёсзода Ш. И. 22.02.2017 сол ба Коллегияи судии Суди Олӣ оид ба парвандаҳои гаражданӣ бо шикоят муроҷиат накарда, бо шикояти кассатсионӣ ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе муроҷиат намуда буд. Дар шикояти назоратӣ ба Суди Олӣ бошад, оид ба бекор намудани ҳукми Суди шаҳри Душанбе аз 24.01.2017 сол, таъиноти кассатсионии Суди шаҳри Душанбе аз 22.02.2017 сол ва қарори назоратии Суди шаҳри Душанбе аз 29.03.2017 сол оварда шуда буд.
Инчунин, ҳангоми қабули қарор аз тарафи судяи Суди Олӣ Самадзода Т. дар қарор оид ба бекор намудани таъиноти коллегияи Суди шаҳри Душанбе ва қарори назоратии Суди шаҳри Душанбе ягон чиз дарҷ накардааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки раисикунандаи кор шикояти назоратӣ ва парвандаи ҷиноятиро мавриди омӯзиш қарор надода, рӯякӣ қарор қабул намудааст.
Оид ба норозӣ будан ба ҳукми судӣ ва нодуруст бурда шудани тафтишоти пешакӣ зиёда аз 10 маротиба ба мақомот арзу шикоят намудам, аммо касе ба додам нарасид. Прокуратураи генералӣ шикоятро ба Прокуратураи шаҳри Душанбе, Прокуратураи шаҳри Душанбе ба РВКД дар шаҳри Душанбе фиристодаанд. Ниҳоят, таҳти рақами содиротии 36/155 Х-91, аз 05.07.2017 аз ҷониби РВКД дар шаҳри Душанбе посух омад, ки айнан чунин аст: «Ба самъи Шумо мерасонем, ки аризаи Шумо, ки санаи 30.06.2017 сол ба РВКД дар шаҳри Душанбе ворид шудааст, аз ҷониби мо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, муайян шуд, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати писари Шумо санаи 15.12.2016 сол ба итмом расонида шуда ва он бо фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст. Аз ин лиҳоз, ба Шумо зарур аст, ки ваҷҳҳои дар аризаи худ овардаро дар вақти баррасии парвандаи ҷиноятии мазкур дар суд пешниҳод намоед».
Ин ҳам дар ҳоле, ки вобаста ба парвандаи ҷиноятии мазкур аллакай ҳукми суд, таъиноти зинаи кассатсионӣ ва қарори зинаи назоратӣ бароварда шудааст.
Ҳамзамон, чанд маротиба ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардем.
Дар ду посух – аз 5-уми июни соли 2017 ва аз 12-уми июни соли 2017 Сардори Марказ Қодирӣ Н. Т. аз ҷумла чунин ҷавоб гуфтааст, ки «…экспертони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаро дар асоси маълумотҳои пешниҳоднамудаи тафтишот иҷро намудаанд».
Модоме, ки мутахассисон дар асоси маълумотҳои пешниҳоднамудаи тафтишот хулоса бароварда бошанд, пас чаро маълумоти пешниҳоднамудаи муфаттиш – «автомашина бо се нафар мусофир пиёдагардро бо қисми паҳлуи ақиби тарафи росташ задааст» ба эътибор гирифта нашудааст? Барои муайян кардани масофаи дурии автомашина аз ҷои пахши пиёдагард формулаи марбут ба пахши пиёдагард бо қисми пеши воситаи нақлиёт ва формулаи муайян намудани масофаи боздории воситаи нақлиёт барои автомашинаи бебор ва бемусофир гирифта шудааст.
Дар посухи дигар – №483, аз июли соли 2017 сардори Марказ Қодирӣ Н. Т. иттилоъ медиҳад, ки мутахассисон хулосаро дар асоси маълумотҳои пешниҳоднамудаи тафтишот иҷро намудаанд ва ба мо тавсия дода мешавад, ки дар сурати норозӣ будан бо хулосаи пешниҳодшуда ҳуқуқ дорем тибқи қонунгузории амалкунандаи ҶТ қарори қабулнамудаи суди зинаи аввалро ба тариқи муроҷиат намудан ба суди болоӣ бекор намуда, гузаронидани экспертизаи такрориро аз ҷониби дигар муассисаи экспертӣ талаб намоем. «Дар ҳолати тасдиқ нагаштани хулосаи коршиносон ва мутахассисон роҳбарияти Марказ нисбати онҳо дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ чораҳои қатъӣ андешида, маводҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол менамояд»,- оварда шудааст дар посух.
Аҷоибаш дар он аст, ки аз тарафи мо барои дидани чораҳои қонунӣ нисбати мутахассисони автотехникӣ нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳо оид ба нодуруст будани хулосаи онҳо аз маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нусхабардорӣ ва ба шикояти ирсолнамудаамон замима карда шуда бошад ҳам, аммо аз тарафи роҳбарияти Марказ ягон чорабинии назаррас дида нашуда, айнан ҳамон як посухро тақрибан нусхабардорӣ намудаву такрор ба такрор ирсол медоранд.
Ба ҳамин хотир, аз мақомоти масъул хоҳиш дорам, ки барои холисона баррасӣ кардани далелҳое, ки вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ дар боло овардем, мусоидат намоянд ва вокуниши расмӣ диҳанду адолат барқарор шавад. Аммо на мисли посухҳои такрори дигар вокунишҳо! Зеро, ин қазияест, ки тақдири як нафар инсони соҳибҳуқуқро ҳал мекунад ва набояд бо гуноҳи ин ё он нафар одами бегуноҳ паси панҷара равад!
И. Г. ҲАЛИМОВ,
падари маҳкумшуда Ильёсзода Шаҳбоз Ильёс, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Симиганҷ, деҳаи Диамон