Ба таваҷҷӯҳи Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод,
Ба таваҷҷӯҳи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Султонзода Сулаймон Саид
Банда дар орзуи соҳиби хона шудан ва минбаъд бо се фарзанди ноболиғ зиндагии хуб кардан, чанд сол ба Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштам. Худатон хуб медонед, ҳолати шахсеро, ки дар мусофират, берун аз ватанаш аст ва чӣ савдоҳоеро, ки маҷбуран паси сар мекунад. Ба чунин азобҳо аз барои хона шуда, тоқат кардам ва музди ба душворӣ ҷамъкардаамро ба ҳамсарам Нурова Садоқат Куговна фиристодам, то ки хона харад.
Баъди аз муҳоҷират баргаштанам фаҳмидам, ки аз таги борон ба новадон гузаштаам. “Яъне ҳамсарам барои харидани манзили истиқоматӣ бо директори ҶДММ “Афлесун” дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Тоҷибоев Шуҳрат ном корчаллон аз 26 – уми сентябри соли 2018 шартнома ба имзо расонидааст. Дар асоси шартномаи шарикии сохтмони хона давра ба давра ҳамсарам 102 ҳазор сомониро ба хазинаи ширкати “Афлесун” пардохт намудааст. Тоҷибоев Ш. ваъда додааст, ки хона дар давоми як сол супорида мешавад.
Тааҷҷубовар он аст, ки Тоҷибоев Ш. дар банди 1.1.3 муҳлати қабули хона аз ҷониби комиссияи давлатӣ ва дар банди 1.1.4 таърихи супоридани хона ба “мизоҷ” – ро дидаву дониста бо мақсади фиреби харидори хона нишон надодааст, ки чунин барқасдкориҳои ин қаллобро баъди “қайла аз мазза гузаштан” фаҳмидам, ки аллакай ман дар “шаст” – и ин фиребгар афтодаам. Ҳар вақте аз Тоҷибоев дар мавриди хона пурсон шавем, дар ҷавоб сохтмонро қабул накардани Ҳукумати шаҳри Бӯстонро ҳамчун баҳона пеш меорад, ки дурӯғи маҳз аст. Ҳамин тариқ бо ин ҳаракатҳои ҷиноятпешааш вай маблағи болозикрро аз соли 2018 то имрӯз ба гардиш гузошта, фоидаи соф ба даст овардааст.
Номбурда ин хонаро ҳоло насупорида, боз ба сохтмони нав шуруъ карда истодааст. Оё нафаре ёфт мешавад, ки номаи аъмоли ин маккорро варақ гардонад?
Аз мақомоти танобкаш хоҳиш мекунам, ки маблағи супоридаи маро бо индексатсияаш дар давоми 5 сол баргардонад.
Агар тамоми шартномаҳои бастаи Тоҷибоев Ш. -ро дар давоми 5 сол бардоред, худи варақҳо аз кӣ будани ӯ ҳарф мезананд.
Боз иловатан, агар ҳисоботҳои номбурда ба Кумитаи андоз, инчунин маблағҳои масрафкардаи ӯ дар хариди масолеҳи бинокорӣ бо нархҳои мондааш дар ҳисоботҳо бо маҳсулоти дар асл истифодашуда тақозо карда шаванд, ҳамааш равшан мегардад, ки Тоҷибоев Ш. кист ва ба чӣ корҳо машғул аст.
Магар дунё бесоҳиб аст? Пас аз гузаронидани ташхиса тамоми муаммоҳои маккоронаи Тоҷибоев Ш. равшан мегарданд.
Тоҷибоев Ш. нисбати Шомаҳмадов Муродулло Нуруллоевич сокини шаҳри Панҷакент, деҳаи Рукнобод низ айнан чунин рафтор намуда, аз мавсуф соли 2017 -ум 16 ҳазор доллари ИМА – ро гирифта, то ба имрӯз бо найрангбозӣ барнагардонидааст.
Чашми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Суғд чаро ин ҳамаро намебинад? – суолест, ки посух мехоҳад.
Одинабой Шомаҳмадов,
деҳаи Рукнобод,
шаҳри Панҷакент.