Ба раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён

Муҳтарам Раиси Суди олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён! Ин нома ба он хотир ба унвони шумо ирсол мегардад, ки адолатпарварию ҷонибдори ҳақиқат будани шумо тӯли чанд соли ифои вазифа намуданатон исбот гардидааст.

Олимони варзида, аъзоёни Раёсати Суди Олӣ солҳои 2020 ва 2022 дар 2 рӯзи қабул давоми як ҳафта зиёда аз 100 нафар шаҳрвандони мушкилдоштаро қабул мекарданд ва ба мушкили онҳо расидагӣ карда, ҳатто ҷавобан ба онҳо ташаккур мегуфтанд. Аз чандин нафар шунидам, ки Шавкат Лутфуллозода, Амирхони Исҳоқӣ барин соҳибкасбон мушкилоташонро ҳал намуда, хонаҳояшонро ба онҳо баргардонидаанд.

Аъзоёни Раёсат таҳти роҳбарии шумо муҳтарам Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён фаъолият намуда, вазифаашонро сарбаландона, беғаразона ва софдилона иҷро карда истодаанд.

Ба мо маълум аст, ки Шумо Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён эътирози қонунӣ, поквиҷдодона, орифона, оқилона ва бошууронаро қабул карда, ҳалномаи аз 09.11.2020 сол қабулгардида, таъиноти Суди шаҳри Душанбе оид ба парвандаҳои гражданӣ аз 17.02.2021, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуаяйнкунандаи зархариди Убайдоваро ба номи Раҷабов Ф.Н., Ваколатномаи додаи роҳбари ҶСП “Ҳамров” Абдураҳмонов О.С.-ро ба Убайдова Б.Р. бекор кардед. Мо иқрор ҳастем, ки Шумо ҳамеша вазифаи худро софдилона иҷро намуда, тарафдори адолат ва ҷонибдори ҳақиқат ҳастед. Ин аст, ки аксарият аз вилоятҳои Хатлону Бадахшон, Суғду Зарафшон, шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Ҳисору Раштонзамин дар рӯзи қабул ҷамъ меоянд ва аз Шумо пурсон мешаванд, то арзашонро ба самъи шумо расонанду мушкилашон боадолатона ва аз рӯйи қонун ҳалли худро ёбад. Вале баъзе нафарон аз вазифаи худ сӯистифода карда, фармонҳои аз Суди олӣ баровардашударо иҷро намекунанд.

Дар раванди ҳалли мушкилоте, ки доштам, мушоҳида намудам, ки судяҳои Суди ноҳияи Шоҳмансур баъзе парвандаҳоро баррасӣ накарда, муҳлати баррасиро тӯлонӣ мекунанд. Ман баъди муроҷиатам як соли пурра интизорӣ кашидам ва дидам, ки илоҷи дигаре нест, 29-уми апрели соли 2004 ба номи Шумо Раиси Суди Олӣ муҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён оид ба баррасӣ накардани парванда аризаи шикоятӣ ирсол намудам. Дар давоми як моҳ суди сайёр ташкил гардид. Бо нақлиёти адвокат Мирзовалиён Ҳамзабек Ҳакимзода ҳамчунин судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур Исозода Баҳодур Чилахон ва котибаш Сафархон ба хонаи ман омаданд, ки ман низ ҳамроҳашон будам. Мутаассифона, хостам нақлиётро назди дарвозаи иморатҳои ба ман тааллуқдошта манъ кунем. Исозода Б.Ч. аз ман пурсид, ки ин дарвозаи кист? Гуфтам, ки дарвозаи ман аст, вале Барфиев А.Х. истиқомат мекунад. Дарвозаи дигареро дар паҳлӯи он нишон дода аз соҳибаш пурсид. Гуфтам, ки ин хонаи Шарипов Сафар аст, вале Маҳмадова Х.Ҳ. истиқомат дорад. Вақте дар мавриди дарвозаи сеюм пурсид, ҷавоб додам, ки он ба Раҷабов Ф.Н тааллуқ дорад ва дар ҳамон ҷо мошинро манъ кунед. Гуфтанд, пас маълум мешавад, ки кор ба фоидаи Раҷабов Ф.Н. ҳал мешавад.

Исозода Б.Ч. аз ҷониби баъзе афроди сиёҳкор вазифадор мешудааст, ки дар рафти санҷиш ин ба ман маълум гардид. Котибаш Сафархон он ҷо бо зане мисли шиноси пешина суҳбат карду аз ӯ телефон пурсид. Маълум шуд, ки ин зан ҳамсари Раҷабов Ф.Н. будааст. Вақте зан телефонро овард, котиб Сафархон бо Раҷабов Ф.Н суҳбат кард. Баъдан котиб гӯширо ба судя Исозода Б.Ч дод ва онҳо тақрибан 5 дақиқа суҳбат карданд.

Суди сайёр ин ҷо бояд ҳар чор қисмати ҳавлиро аз назар мегузаронид, вале танҳо қисмати ҳавлии Шарипов С.-ро, ки Раҷабов Н.Х. истиқомат дорад, аз назар гузаронданду се қисмати дигарро аз назар нагузарониданд. Исозода Баҳодур Чилахон қарори Раёсати Суди Олиро ба назар нагирифт. Роҳбари ҶСП “Ҳамров” Абдураҳмонов О.С. бо кормандонаш ҳавлии дар баҳсбударо давоми панҷ сол ба воситаи биржа ва харидорон бе ягон ҳуҷҷати қонунӣ фурӯхта натавонистанд. Аз куҷое як занеро бо номи Убайдова Бастагул Раҳимбобоева пайдо намуда,  6 сотиқ замин ва 5 ҳуҷра дар асоси ҳуҷҷатҳои қонунӣ ба гарав монда шудааст.

Исозода Баҳодур Чилахон судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур дар асоси қарори қонунии Раёсати суди Олӣ ба экспертизаи заминсозии шаҳри Душанбе мактуб равон карданд ва кормандони ботаҷрибаи Кумитаи замин Юсуфзода Мансуралӣ ва М.Раҷабализод маротибаи чорум ҷавоби мушаххасан дақиқ, яъне мувофиқи қарор ба Шарипов С тааллуқ доштани 19 сотиқ заминро эътироф карданд. Убайдова Б.Р. ҳавлии дар баҳсбударо бе ягон ҳуҷҷати қонунӣ ба 4 тақсим карда, бо кӯмаки собиқ судяҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қисми ба ман тааллуқдоштаро ба Барфиев Х фурӯхт. Қисми ҳавлии иморати Шарипов С-ро бо 3 сотиқ заминаш ба Маҳмадова Х.Ҳ. ва 5 сотиқ замини соҳибмулкро ба Раҷабов Н.Х. ба 9000 доллар фурӯхт ва Убайдова Б.Р. маблағи Раҷабов Н.Х.-ро ҳамчун ҳаққи хизматҳояш ба Абдураҳмонов С. ва худ рӯёнид. Ҳол он ки Раҷабов Н.Х ягон ҳуҷҷати қонунӣ надорад ва ғасбгар ба шумор меравад.

Исозода Б.Ч. ба мисли собиқ судяҳои суди ноҳияи Шоҳмансур қарори ғайриқонунии аз ҳавлии Шарипов С. кӯчонидани маро қабул карданд. Ва қарори Раёсати суди Олӣ, моддаҳои кодекси ҷиноятӣ, кодекси замин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳукумати Шоҳмансур, қарори суди ноҳияи Шоҳмансурро поймол намуда, маро аз сарой (ин оғил аст) ва ошхона кӯчониданд. Ҳол он ки дар қарори Раёсати Суди Олӣ қайд карда шудааст, ки Маҳмадова А.Х. ва Барфиев А.Х. 9 сотиқ заминро ишғол намуда, дар ҳуҷҷатҳо танҳо 3 сотиқӣ замин нишон додаанд. Ҳуҷҷатҳои қалбакии Раҷабов Ф.Н. ва Ваколатномаи Убайдова Б.Р. бо қарори Раёсати Суди олӣ бекор карда шуд. Ӯҳдадории қарз байни ман ва ҶСП “Ҳамров” низ соли 2010 пардохт шудааст. Дар асоси кодекси граждании Тоҷикистон судя ҳуқуқи соҳибмулк интихоб кардани ҶСП “Ҳамров”-ро надорад. Судя бояд қарзи боқимонда – 115000 сомониро дар асоси варақаи пардохт қабул кунад. Дар суди ҷаҳон ин аввалин воқеаест, ки ба ивази 100 000 сомонии қарзи қарзгиранда ҳам хонаи қарзгиранда ва ҳам хонаи ҳамсояи қарзгирандаро мегиранд. Собиқ судяҳои суди ноҳияи Шоҳмансур, ҳозира судяҳо Қурбонзода К.Р. ва Исозода Б.Ч. ба хатогӣ роҳ дода, хонаи Шарипов С.-ро, ки аз 4 ҳуҷра ва 2 таҳхона ва 13 га (сотиқ) замин иборат мебошад, кашида гирифта ба ҷинояткорҳо доданд. Оё ин адолати судӣ аст? Раиси суд аз фаъолияти кории судяҳо бехабар мондааст. Исозода К.Ч. қарори Раёсати Суди Олиро ба назар нагирифта ва онро поймол намуда, аз ҳавлии Шарипов С. на Раҷабов Ф.Н.-ро, балки маро кӯчонид. Ин аз бераҳмона ва беинсофона қабул гардидани қарор шаҳодат медиҳад. Суд бояд чун оинаи шаффоф бошад. Сафедро сафед, сиёҳро сиёҳ бояд нишон диҳад.

Шарифзода С.Ш.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь