Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 Ҳунарманди маъруфи синамои тоҷик Беҳрӯз Қодировро 8 миллион аҳолии Тоҷикистони азиз, миллионҳо аҳолии Афғонистон, садҳо ҳазор сокинони тоҷикзабони шаҳрҳои Ӯзбекистон, ҳазорон нафар пиру барнои тоҷикони муқимие, ки дар шаҳрҳои Федератсияи Русия кору фаъолият менамоянд, мешиносанду нури дидаи хонадони хеш мешуморанд.

Образҳои офаридаи ӯ дар филмҳои ҳунарии “Дар орзуи падар” (Меҳрубон), “Шоҳин” (Шамсиддини Шоҳин), “Маҳдӣ” (Маҳдӣ), “Нишони зиндагӣ” (Субҳон), “Пуштаи хандақпеч” (Манучеҳр), “Захми носур” (Ҷамол), “Асрори хуфта” (Беҳрӯз) писанди мардум гардидаанд. Ва аксари филмҳо бо мақсади тарбияи насли наврас ва ҷавонон, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги тамаддунофари халқи тоҷик таҳия карда шудаанд. Беҳрӯзҷон дар якчанд кинофестивалҳои байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби диплому ҷоизаҳои бешумор аст. Ӯ бо беҳтарин Ҳунармандони синамои ҷаҳонӣ аз қабили Арманд Асанте, Марк Дакаскас, Кени Тагава ва дигар чеҳраҳои шинохта ошноӣ пайдо намудааст. Ӯ ифтихори натанҳо оилаи мо, балки ифтихори санъати кинои тоҷик аст. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳматҳои ин ҳунарманди ҷавонро ба назар гирифта, ӯро бо нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр намуд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад барои дастовардҳояш дар соҳаи санъат бо ҷоизаи махсус қадрдонӣ кард. Беҳрӯз Қодиров баробари ҳунарманд буданаш, чун кадри ҷавон дар вазифаи сардори Ассотсиатсияи ҳамкорӣ ба рушди Тоҷикистон ва роҳбари гурӯҳи эҷодии синамо то дастгир шуданаш кору фаъолият намудааст.

Сарчашмаи корҳои хайриявии гурӯҳи эҷодии силсилафилми “Дар орзуи падар” бо сарварии Қодиров Беҳрӯз Саидович бештар тариқи вохӯриву намоишҳои филмҳои ба тоза эҷодгаштаи шахсӣ, ташкили консертҳои хайриявӣ сурат мегирад. Тариқи ройгон чун тӯҳфаҳои хотиравӣ ба садҳо нафар наврасону кӯдакони ятим, маюбон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар кохҳои синамои шаҳру навоҳии ҷумҳуриамон аз ҷониби ин гурӯҳ пас аз вохӯриҳо тамошои филм ба таври хайриявӣ баргузор мешаванд.

“Бо боварӣ гуфта метавонам, ки солҳои минбаъда адади чорабиниҳои мазкур зиёдтар хоҳанд гашт. Хоксориву накӯкорӣ, назари нек ва ёрӣ ба ниёзмандон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳи эҳтиром ба Ватани азизи худ, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ аз амалҳои муҳими ҳар фарди бо нангу номуси ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад» – мегӯяд Қодиров Беҳрӯз Саидович.

Инак 33 сол боз соҳибдавлату соҳибистиқлолем ва бо таввасути кордонию роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои Тоҷикистони азизамонро сулҳу оромӣ фаро гирифтааст. Мо волидони Беҳрӯз Қодиров – ҳунарманди шинохтаи кинои тоҷик, ки бо амри тақдир ва иштибоҳи одии ҷавонӣ чор солу шаш моҳ боз пушти панҷараи маҳбас аст, якчанд маротиба оиди бахшиши ҷазои фарзандамон, ки ягон зарари моддию маънавӣ ба касе нарасонидааст, ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва ба Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод намудем.

Тамоми маводҳо ва дархости писарамон Қодиров Беҳрӯз Саидович оиди бахшиши ҷазо 29-уми ноябри соли 2022 таҳти № 5\10-3136 аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ дар Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст. Аммо хомӯшии тӯлонӣ дар байн ҳукмфармо шудааст. Бинобар ин, бори дигар такя ба хиради азаливу бахшоиши Шумо Президенти кишвар карда, аз Шумо эҳтиромона ҳамчун волидайн хоҳиш мекунем, ки барои ҷигарбандамон Қодиров Беҳрӯз Саидович бахшиши “ҷазо”-ро татбиқ намоед. Дар тамоми осори адабии гузаштаи мо тоҷикон навишта шудааст, ки амали нек бузургтарин хайрот дар дафтари аъмоли зиндагиномаи инсонӣ аст. Ҳузури зиндагӣ насибатон гардад ва Офаридгор ба Шумою фарзандон ва миллати сарбаландамон тансиҳатӣ, хушбахтию умри бобаракати тӯлонӣ ато намояд.

(Бояд зикр намуд, ки шодравон падари ман иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, пас аз ҷанг тамоми ҳаёти минбаъдаашро барои ободонии шаҳри Душанбеи куҳан бахшидааст. Ман зодаи ана ҳамин шаҳри зебоям ва заҳматҳои ман бо нишонҳои «Аълочии маориф ва илми ҶТ», «Аълочии фарҳанги ҶТ», «Аълочии телевизион ва радиои ҶТ» ва Ҷоизаҳои синамобазми байналмилалӣ қадр карда шудаанд).

Бо эҳтиром ва самимияти беандоза,

Қодиров С. Б. ва Наҷмиддинова Т. Ҳ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь