Барои огоҳи пайдо кардан аз фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Бохтар хабарнигори Маркази тадқиқоти журанлистии Тоҷикистон бо роҳбари корхонаи мазкур Хуршед Ватанзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат қайд намуд, ки кормандони Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармонҳои ҳукумати кишвар,  мақомоти болоияшон фаъолияташонро ба роҳ монда, масқади ягона хизмати содиқона ба халқу ватани азизамон Тоҷикистон мебошад.

 Нақшаҳо 15 дарсад иҷро шудуданд

Номбурда дар идома афзуд, ки корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Бохтар, дар панҷ  моҳи соли 2023 барои иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳое, ки аз Оинномаи корхона, Қарору амрҳои раиси шаҳри Бохтар ва Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” бармеояд, кӯшиш ба харҷ дода, ба чунин нишондодҳои баланди истеҳсолию-молиявӣ муваффақ гашт:

Нақшаи иҷроиш 624650 сомонӣ, иҷро шуд 719788 сомонӣ, яъне ба андозаи 115%.

Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Бохтар дар давоми се моҳи соли равон ба миқдори 206289 сомонӣ ба буҷаи давлат андози буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ гузаронидааст, ки аз ягон намуди пардохтҳо қарздор намебошад,-илвоа кард ӯ ва гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби КДФ “БММҒ” дар шаҳри Бохтар чунин амалиётҳо ба иҷро расонида шуданд:

Амалиётҳо

Тартиб додани шиносномаи техникии асосӣ-190 адад;

Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии қитъаҳои замин-85

Таҳияи парвандаҳои заминсозӣ-210

Бақайдгирии биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ–884 адад;

Гузаронидани тағйироти ҷорӣ–393 адад;

Ба гарав мондани молу мулки ғайриманқул–98 адад;

Иҷрои дастуру супоршҳои Паёми Пешвои миллат

Ӯ афзуд, ки бо мақсади таъмин намудани дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 23-уми декабри соли 2022  ироа гаштаанд ва бо фармони Директори КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” аз 23.01.2023 сол таҳти №19 тасдиқ шудааст, Корхона нақша-чорабинии худро таҳия ва қабул намуда, баҳри амалӣ намудани он кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳои КВД “БММҒ” оид ба баргузории вохӯриҳо бо кормандони корхонаҳои минтақавӣ ҷиҳати омӯзиш ва амалисозии дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23-уми декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гаштаанд, санаи 30.01.2023 маҷлиси умумии кормандони Корхона доир ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки ҳуқуқшиноси шӯъбаи ҳуқуқи КВД “БММҒ” Гиёев И. ва директори намояндагии КВД “БММҒ” дар вилояти Хатлон Зоиров Р. гузаронида шуд. Қайд карда шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 23-уми декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” диққати махсус ба рушди объектхои саноат, таъмин ва беҳтар намудани шароити зисти мардум, додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандон, рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истиқлолияти энергетикӣ, таҷдиди роҳҳои мошингарди дохилии мамлакат, таъмин намудани мардуми кишвар ба ҷойи кор, тадриҷан баланд бардоштани даромадҳои пулӣ, беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум, баланд бардоштани музди меҳнат, давра ба давра беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, афзоиши нафақапулӣ ва кӯмакҳои молиявӣ ба эҳтиёҷмандони кишвар алалхусус ба гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, дода шудааст.

Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакатамон Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид 21 марти соли 2025-ум ва ҳар соли минбаъди онро ”Рузи ҷаҳонии пиряхҳо” эълон кард, ки ин боиси ифтихори ҳар як мардуми кишварамон аст.

Корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ пурзур карда шуд

Таъкид карда шуд, ки иҷрои Паёми имсоларо танҳо бо роҳи пурзур намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, фаҳмондадиҳӣ, гирифтани пеши роҳи қонунвайронкуниҳо метавон ба ҳадафҳое, ки Сарвари давлат дар назди мо гузоштааст бо сарбаландӣ бароем.

Ҳамзамон тибқи нақша-чорабиниҳои комиссияи муштараки таблиғотии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” кормандони Корхона рузи 16 январи соли 2023 дар толори бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар вохурӣ ва суҳбат бо гурӯҳи кории комиссияи мазкур гузаронида шуда буд.

Иҷрои қонунҳо дар амал

Дар доираи иҷрои нақша-чорабиниҳо барои соли 2023 оид ба таъмини иҷроиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” нақшаи чорабиниҳо таҳия ва қабул карда шуд, ки он аз 13 банд иборат буда, иҷроиши он мутобиқи номгӯи чорабиниҳо ва вақти баргузорӣ иҷро гашта истодаанд. Дар тақвияти дастурҳои Ҷаноби Олӣ оиди муборизаи оштинопазир бар зидди коррупсия ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки бо кормандони Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон вохӯрӣ гузаронад.

Дар нақшаи чорабиниҳо масъалаи мавриди таваҷҷуҳи  доимӣ қарор додани пешгирии омилҳои коррупсионӣ, сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ҷои намоёнро ишғол менамояд ва аз ин хотир, санаи 20.02.2023 як маҷлиси умумӣ доир ба ин масъала гузаронида шуд. Ба хотири аз байн бурдани ҳама гуна шубҳаҳо, нофаҳмоиҳо ва нобовариҳо дар саҳни ҳавлии корхона нархномаҳо оиди хизматрасонӣ овезон карда шудааст. Доиман ба шаҳрвандон дастур дода мешавад, ки пардохти маблағҳои хизматрасониро қатъиян тариқи бонкӣ амалӣ намоянд.

Омодаги ба ҷашни 35-солагии Истиқлолият

КДФ ”Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Бохтар бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳуҷҷатгузории объектҳои ҷашниро сари вақт ва бо сифати баланд таҳия ва тартиб диҳад. Айни ҳол ҳуҷҷатгузории як бинои истиқоматии баландошёна бо суроғаи кӯчаи Кайҳонавардон-20а, ки аз ҷониби ҶДММ “Додгоҳ” сохта шудааст, пурра ба иҷро расонида шуда, ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Дар Корхона комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим амал менамояд, ки кори худро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ мондааст. Дар маҷлисҳо ва ҷамъомадҳои кормандони корхона доимо таъкид шуда, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ мунтазам гузаронида мешаванд. Дар корхона гӯшаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил карда шудааст.

Муроҷиати шаҳрванон

Масъалаи баррасии ҳуҷҷатҳои воридотӣ, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва кор бо ҳуҷҷатҳо дар Корхона тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ба роҳ монда шуда, доимо дар назорати қатъии роҳбарияти корхона қарор дорад. Дар давраи ҳисоботӣ ба шӯъбаи бақайдгирӣ 1800 адад ариза, ки ҳамаи он тавассути барномаи СХБТ ворид шудааст, ба шӯъбаи заминсозӣ 241 адад, ба маъмурияти корхона 329 адад дархостҳо ворид шудаанд. Баррасии ин аризаҳо дар мӯҳлатҳои муқарраршудаи қонуни мазкур ба иҷро расонида шуд.

Барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши худ ва баҳри баланд бардоштани сатҳи кордонӣ, дар корхона ҳар моҳ ду маротиба дарсҳои худомӯзӣ доир ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳа гузаронида мешаванд. Дарсҳо аз рӯи барнома ва мавзӯҳои тасдиқшуда дар ҳамаи шӯъбаҳо мунтазам гузаронида мешаванд.

Корҳои ободонӣ

Кормандони корхона ташаббус ва иқдоми неки раиси шаҳри Бохтар мӯҳтарам Баротзода Файзулло ҷиҳати гузаронидани корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва зебогардонии маҷмааи “Ваҳдат”, гулгашти кӯчаи ба номи Борбад ва мавзеи назди бозори Ҳоҷӣ Шариф, воқеъ дар кӯчаи ба номи С. Айнӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намуда,  бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи оламафрӯз-2023 корҳои ободониро дар ин мавзеҳо бо ҷидду ҷаҳд ва талошҳои созандагӣ оғоз намуда, ба анҷом расониданд. Корхона дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин корҳои вобаста ба ниҳолшинонӣ, гулшинонӣ ва сафед кардани дарахтонро ба анҷом расониданд. Барои корҳои ободонӣ 1400 сомонӣ маблағ сарф карда шуд.

Кумак ба ниёзмандон

Корхонаи давлатии фаръии ”Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Бохтар ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.02.2014 таҳти №АП-1597 оид ба расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат, инчунин ташкилотҳои хайриявӣ бахшида ба иди Наврӯз ба ташкилоти ҷамъиятии “Маъюбон” 600 сомонӣ кӯмакҳои молиявӣ расонид. Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Бохтар, дар ҳошия ва пайравӣ аз иқдомҳои наҷибу башардӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Раиси шаҳри Бохтар мӯҳтарам Баротзода Ф. оиди дар арафаи иди Саиди Фитр расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ба нафарони ниёзманд ва оилаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир, тасмим гирифт, ки ба 20 адад оилаҳои камбизоат ва ниёзманди шаҳри Бохтар дар намуди маводи хурока, аз қабили як халтаи орд, 10 киллограмми биринҷ, 10 киллограмми макарон, 10 киллограмми намак ва 4 киллограмми чой кӯмакҳои хайриявӣ расонад.

Супориши Раиси шаҳри Бохтар мӯҳтарам Баротзода Ф. таҳти корбарӣ ва иҷрои ҳатмӣ қарор дода шуда, санаи 06.04.2023 аз тарафи Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Бохтар ба иҷро расонида шуд. Ба 20 адад оилаҳои камбизоат ва ниёзманди шаҳри Бохтар (руйхат замима мегардад) кӯмакҳои зикршуда расонида шуданд.

Оилаҳои номбурда аз ин ғамхорӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Бохтар мӯҳтарам Баротзода Ф. изҳори қаноатмандӣ намуда, миннатдории хешро баён доштанд ва ҷиҳати ободии Ватан ва пешрафту тараққиёти шаҳри Бохтар дуои нек карданд.

 Нақшаҳо неканд

Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Бохтар, дар соли 2023 тамоми кӯшишу ғайрати худро барои боз ҳам баланд бардоштани нишондиҳандаҳои меҳнатӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву давлатӣ,  баҳри сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар хоҳад кард.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь