Таърихи гузаштаю ҳозираи ҷомеаи башар шаҳодат медиҳад, ки дар ҳама давру замон, новобаста аз сохтори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва шакли давлатдорӣ мактаб мавқеи асосӣ ва ҳалкунанда мебозад. Чавҳари мактаб омӯзгор буда, дар ҷомеа мақому ҷойгоҳи мӯътабарро соҳиб аст. Хақ бар ҷониби Мавлоно Абдураҳмони Ҷомист, ки фармудаанд:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Оид ба масъулиятшиносӣ ва вазифаи муаллим дар яке аз баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд: “Муаллим вазифаи муқаддас мебошад ва масъулиятшиносиро талаб мекунад ва муаллим дар касби худ ҳуқуқи хато карданро надорад”. Сарвари давлат соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати давлат медонанд, зеро ҷомеаи пойдору устувор танҳо дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ба вуҷуд меояд.
Маҳз хулқу атвори накӯ, фаросату заковат ва фазилатҳои ҳамидаи устод Ҳ. Содиқов боис мешавад, ки шогирд дар пайравии он ба камол расида, ба ин васила қадру манзалати устодро дарк намояду бипазирад.
Дар ҳар давру макон одамоне зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, ки ифтихори халқу миллат ва диёри худ мешаванд. Ин зумра ашхос ҳамчун пайвандгари наслҳо хизмат ба халқу Ватанро аз ҳама чиз боло гузошта, дар ин роҳи пуршараф тамоми нерӯи ақлию ҷисмонии хешро сарф менамоянд.
Барои одамият се нишона-
Нахуст фарзанду баъд бунёди хона.
Ниҳолеро ба ҳосил парваридан,
Бувад ин се нишона ҷовидона.
Устод Ҳ.Содиқов воқеан, ин се нишонаро доранд боз таълифоти фаровоне дар боби илми набототшиносӣ шогирдони зиёдеро ба камол расонидаанд.
Устод Ҳ.Содиқов тавъам бо пажуҳишу таҳқиқ, ба ҳирфаи омӯзгорӣ-устодӣ низ умре фаъолият дорад. Зеро муаллимӣ дар олами башарӣ яке аз муътабартарин, пурмасъулияттарин ва шарифтарин пешаҳо маҳсуб мешавад. Барҳақ Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар қасидаи “Ҷилоу-р-руҳ”-и худ дар ҳамин маънӣ фармудааст, ки ба фаъолияти сипарикардаи устод дар ин пеша комилан мувофиқ меояд:
Муаллим кист? – Ишқу кунҷи хомӯшӣ дабистонаш,
Сабақро нодониву доно дилам тифли сабақхонаш.
Зи ҳар кас н-ояд ин устод-шогирдӣ, на ҳар кӯҳе,
Бадахшон бошаду ҳар сангпора лаъли рахшонаш.
Забон ҷуз безабонӣ нест ин нодир муаллимро,
Дареғо, дар ҳама олам надонам кас забондонаш.
Банда устодро понздаҳ сол боз, аввал ба сифати ҳамчун ҳамкасбу ҳамкор мешиносам. Дар ин муддат дар иҷрои корҳои гуногуни таълимӣ, илмӣ, фарҳангӣ, маишӣ бо ҳам будем ва ман барои худам чандин хислати наҷиби ин олими муаддабро кашф кардаам.
Хислати наҷиби устодро ман дар риояи одобу интизоми хизматӣ мушоҳида кардаам. Инсон ҳамчун падидаи бошуури физиологӣ ҳамеша яксон нест, дарду ғам дорад, оилаву дӯст дорад, кори зарураш пайдо мешавад. Бинобар ин, гоҳе иттифоқ меафтад, ки ба кори хизмати сари вақт омада наметавонад ё намеояд. Вале гӯё ба устод Ҳ.Содиқов ин омилҳо асар надоранд, дар тӯли 15- соли ҳамкорӣ ба мушоҳидаи банда нарасидааст, ки он кас дар вақти муқарраршуда ба дарс, маҷлис, ҷашн ё нишасте ҳозир шуда бошанд.
Ниҳоят хислати ҳамидаи дигари устод Ҳ. Содиқов одоби сухан гуфтани ӯст. Ҳусейн Воизи Кошифӣ дар “Футувватномаи султонӣ”-и худ ҳашт одоби сухан гуфтанро ба таври зерин зикр кардааст. “Аввал, то аз вай сухан напурсанд, нагӯяд. Дуввум, дар вақти сухан гуфтан овоз баланд накунад. Сеюм, дар вақти сухан гуфтан ба чапу рост нангарад. Чаҳорум, ғаразомез ва киноят нагӯяд. Панҷум, дар рӯи шунаванда наҷаҳад ва сухани сахт нагӯяд. Шашшум, то фикр накунад, сухан нагӯяд, то ки пушаймон нашавад. Хафтум, дар миёни сухани мардум сухан дарнаёрад ва сухани гӯяндаро беандеша нагардонад. Ҳаштум, бисёр нагӯяд, ки бисёр гуфтан нишонаи камақлист, чунон ки бузурге фармудааст:
Сухан дониста гӯй то дӯстро душман нагардонӣ,
Зи ҳарфи бемурувват ошно бегона мегардад.
Алҳақ, устод Ҳ.Содиқов ҳамеша дар сухани худ ин одобро риоя мекунад ва ҳатто ҳангоми қаҳру ғазаб ҳам суръати нутқ ва овозаш баланд намешавад.
Соҳаи дигари фаъолияти меҳнатии устод Ҳ.Содиқов кори таълиму тадрис мебошад. Ӯ ба ин пеша аз сидқи дил машғул аст. Ҳамин аст, ки лексияю дарсҳои амалии ӯро донишҷӯён бо шавқу рағбати калон гӯш мекунанд. Устод дар факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, дорусозӣ, кори табобатӣ ва биология дарс мегӯяд ва корҳои курсӣ ва рисолаҳои дипломие, ки дар зери роҳбарии устод Ҳ. Содиқов ҳимоя кардаанд, аз сӣ зиёд аст.
Устод Ҳ.Содиқов ба корҳои тарбиявӣ ҳам ҷиддан машғул буда, чандин сол ба сифати куратори гуруҳҳои академикӣ ва сарвари корҳои тарбиявии кафедра ба уҳда дошта, дар ташаккули шахсияти донишҷӯён ҳамчун фарди нафърасони ҷомеа ҳиссаи арзанда дорад.
Устод Ҳ.Содиқов дар ин бобат намунаест, ки некиҳояш, корҳояш, гуфтораш, рафтораш, ҳалимию хоксориҳояш, меҳмоннавозию ҳиммати баландаш бе ҳеч шакку шубҳа намунаи ибрат аст. Ҳар як инсони солимақл аз ӯ ва чунин мардони соҳибилм, ходимони намоёни фарҳангу маориф бояд ибрат гирад.
Бузургтарин олимони ҷаҳон бар он андешаанд, ки дар зиндагӣ танҳо ба ду кор машғул шудан арзиши олӣ дорад. Яке илм омӯзад ва дигаре дарс мегӯяд. Дар ин бора зиндаёд Саноӣ бузург чунин мегӯяд:
Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб,
Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман.
Умурҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯи табъ,
Шоире гардад накӯ ё олиме дар анҷуман.
Дар “Футувватномаи султонӣ Ҳусайн Воизи Кошифӣ гуфтааст, ки “Бидон ки ҳеҷ коре бе устод муяссар намешавад ва ҳар кӣ бе устод коре кунад бебунёд бошад”.
Устоди раҳнамои Ҳ. Содиқов узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биология- профессор, шодравон М. Исмоилов ва дотсенти зиндаёд М. Дарвозиев буданд, ки дар давоми 4 сол дар зери маслиҳатҳои ин ду абармарди илм устод Ҳ.Содиқов дар мавзӯи “Арчазорҳои ҳавзаи дарёи Искандаркӯл” рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Аз ин лиҳоз, устод Ҳ.Содиқов ҳамеша номи устодони роҳнамояш ва амалҳои неки онҳоро ёддоварӣ менамояд. Зеро бузургон гуфтаанд:
Фаромӯш макун ҳаққи устоди илм,
Ки дар ҳимати ӯст бунёди илм.
Агар дар дилат меҳри устод нест,
Ба дасти умеди ту ҷуз бод нест.
Содиқов Ҳусейн Хидиралиевич 11-уми майи соли 1952 дар Хуросон дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи соли1969 курси ронандагиро хатм намуда, то моҳи августи ҳамон сол ҳамчун навбатдори барқчии нуқтаи стансияи обкашии собиқ совхози “Уялӣ” кор крдааст. Соли1970 ба факултети биологияи ДДТ ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шуда, баъди хатми донишгоҳ соли 1975 ба ҳайси лаборанти калон дар Институти боникаи АИ ҶТ то соли 1977 кор карда, баъдан ҳамчун унвонҷӯй ва ба ҳайси муаллим дар Институти тиббии Абӯалӣ ибни Сино фаъолият намудааст. Ҳамон сол Ҳ.Содиқовро ҳамчун ҷавони лаёқатманд ба Кумитаи бехатарии давлатӣ ( КБД) ба кор қабул намуда, ба мактаби олии КБД ба номи Ф.Э. Дзержинский мефиристанд, ки онро соли 1978 ба итмом мерасонад. Баъди хатми мактаби олии КБД Содиқов Ҳ. ҳамчун лейтинант, корманди оперативӣ ба ноҳияи Рушон фиристода мешавад. Аз ин ҷо соли 1979 Ҳ.Содиқовро ҳамчун корманди ботаҷрибаи соҳаи разведка ба давлати Афғонистон мефиристанд. Баъд аз бозгашт аз Афғонистон Содиқов Ҳ. дар ноҳияҳои Ванҷ, Муъминобод, Роғун ва ноҳияи Файзобод ҳамчун сардори амнияти ин ноҳияҳо фаъолият менамояд. Ҳ.Содиқов аз соли 1991 то соли 1994 ҳамчун сардори шӯъба, муовин ва сардори раёсати Вазорати бехатарии ҶТ ва аз соли 1994 то соли 1996 ҳамчун муовини Сарфармондеҳи қувваҳои сарҳадии Кумитаи бехатарии миллии ҶТ фаъолият карда, аз соли 1996 то моҳи августи соли 2000 ҳамчун сардори раёсати КДБ кор карда, бо рутбаи полковникӣ бознишаст шудааст.
Баъди бознишаст Содиқов Ҳ. аз соли 2000 то соли 2007 Сардори бехатарӣ, мушовир ва корманди шӯъбаи протоколии Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз соли 2008 то соли 2013 ҳамчун Сардори шӯъбаи амният ва муаллими калони ДМТ фаъолият карда, аз моҳи марти соли 2013 инҷониб ҳамчун дотсенти кафедраи экологияи факултети биологияи ДМТ фаъолият дорад. Устод Ҳ.Содиқов ба ғайр аз факултети биологияи ДМТ инчунин КБД (1978), Институти андоз ва ҳуқуқ (1999) ва факултети ҳуқуқшиносии ДМТ-ро соли 2011 хатм намуда, муаллиф ва ҳаммуаллифии 8-китобу дастурҳои таълимӣ ва 20-мақолаҳои илмӣ дар самти экология мебошад. Истеъдоди шеърнависӣ ҳам дорад, шеърҳои алоҳидаи ӯ дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба нашр расидаанд.
Бешак, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳақи ашхосе чун устод Ҳ. Содиқов фармудааст:
Тан-т яку ҷон якеву чандин дониш,
Ай аҷабо, мардумӣ ту ё дарёӣ?
Дар давоми фаъолияти корияш бо Ифтихорномаи фахрии собиқ ИҶШС ва зиёда аз 25 ордену медалҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст.
Имрӯзҳо устод Ҳ.Содиқов ба синни мубораки 70 қадам мениҳанд. Ба ҳамкори азизамон саломатию сарбаландӣ таманно менамоям. Аз забони Ҳофизи Шерозии шакаргуфтор гуфтанием:
Солу фолу молу ҳолу аслу наслу тахту бахт,
Бодат андар ҳар ду гетӣ барқарору бардавом.
Сол хуррам, фол некӯ, мол вофир, ҳол хуш,
Асл собит, насл боқӣ, тахт олӣ, бахт ром.
Саидов