Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад.

Эмомалӣ Раҳмон

Омӯзгор нафарест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист, омӯзгорӣ пешаи хеле пуршараф аст. Хушбахт онест, ки сазовори номи бузурги устодӣ ё омӯзгорӣ гаштааст. Нафароне заҳматҳои муаллимро қадр карда эҳтиром мегузоранд, ки худ қимату дараҷа ва манзалати илмро медонанд. Чунки илм нур аст ва нодонӣ торикист ва илм инсонро аз торикӣ нодонӣ ба рушноӣ мебарорад, ки ба воситаи он шахс зиндагиро мефаҳмад. Маҳз омӯзгор аст он нафаре, ки моро ба он рушноӣ раҳнамоӣ мекунад. Омӯзгорони ноҳияи ба номи Шамсиддин Шоҳин маҳз аз ҷумлаи чунин омӯзгорони раҳнамо ба суи рушноӣ ҳастанд ва ифтихори сокинони ноҳия мебошанд.

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолияти худро дар асоси нақшаи корӣ, талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023 бармеоянд ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар амалисозии сиёсати давлат дар соҳаи маориф, татбиқи консепсияҳои миллии таҳсилот ва тарбия, барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф, мустаҳкамсозии пояи моддӣ- техникиии муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Айни ҳол дар ноҳия 60 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд, ки аз ин теъдод 8- тоаш муассисаи таълимии ибтидоӣ, 8- тоаш муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 44- тоаш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Ҳамчунин, дар ноҳия як муассиса- интернату як кӯдакистон, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази таҳсилоти иловагӣ ва Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 11346 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 5615 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1169 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи шогирдон машғуланд, ки 506 нафарашро занон дар бар мегиранд, ки бо маълумоти олӣ- 903/325 нафар, бо маълумоти олии нопурра- 45/33 нафар ва бо маълумоти миёнаи касбӣ -221/148 нафар фаъолият доранд. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар робита ба татбиқи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12 .2023 дар шӯрои шуъбаи маориф (24.01.2024,№1) бо иштироки васеи сарварони муассисаҳои таълимии ноҳия мавриди омӯзиш қарор дода шуда, нақша- чорабиниҳои шуъбаи маориф дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд. Дар робита ба ин, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия Паёми Пешвои миллат дар шӯроҳои педагогӣ байни кормандон мавриди омӯзиш қарор дода шуда, оид ба корҳои ба анҷомрасида ҷузвдони алоҳида ташкил карда шудааст.

Кампютеркунонӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ

Иҷроиши Барномаҳои давлатӣ, аз қабили муҷаҳҳазгардонии кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои фаннӣ, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табии- риёзӣ ва дақиқ пайваста зери назорати шуъбаи маориф қарор дошта, баҳри амалӣ гардидани онҳо пайваста чораандешӣ карда мешавад.

Шуъбаи маориф бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 муассисаи таълимиро бо озмоишгоҳҳои фанҳои физика ва химия таъмин намуд. Дигар барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ ва омӯзиши фанҳои забони русӣ ва англисӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида иҷро гашта истодаанд.

Инчунин, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи маориф 9 адад компютер ва 17 адад тахтаи электронӣ дастрас карда шуд, ки дар амалишавии барномаҳои соҳавии ба самти маориф нигаронида шуда заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар моҳи феврал мушовараи сайёри назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро бо аҳли кормандони соҳаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони ноҳия дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 гузашт, ки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад кабинети фаннӣ, 3 адад озмоишгоҳ, 1 адад ноутбук ва 10 адад тахтаи синфӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия туҳфа кард ва инчунин аз таъмири капиталӣ баровардани муассисаи таҳсилоти миёнаи умии №3-ро дар нақшаи имсола гузоштанд.

Нақшаи харидории компютер, видеопроектор ва тахтаи электронӣ соли гузашта тибқи нақша 26% иҷро гардид. Имсол бошад дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои таълимии ноҳия бо 28 адад компютер таъмин гардиданд, ки 31 %-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар моҳи январ 28 адад компютерҳои таъмирталаб аз тарафи кормандони Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди шуъбаи маориф таъмир гардида, ба истифода дода шуданд.

Ҳамкории шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо ташкилотҳои байналмилалӣ хуб ба роҳ монда шуда, ёдовар мешавем, ки аз ҳисоби Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ 37 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ асосӣ ва ибтидоии ноҳия бо маводи хӯрока таъмин карда мешаванд. Лозим ба зикр аст, ки бо дастгирии шарикони рушд ба 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 1774 миз ва 3548 курсӣ тақдим карда шуд, ки барои 4484 нафар хонанда фазои омӯзиши мусоидро фароҳам меорад. Бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 деҳаи Мулёби Ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудов 50 миз ва 100 ҷойи нишаст тақдим карда шуд.

Кадрҳои оянда

Баҳри омода намудани хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати интихоби бошууронаи касб ва омодагӣ ба низоми ИМД-2024 шуъбаи маориф фаъолияти хуб дошт. Дар ин раванд ба мақомоти иҷроия, шуъбаи маориф, китобхонаи марказии ноҳия ва ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо маводҳои лозима-Роҳнамои довталаб, маҷмӯаи саволу масъалаҳои тестӣ аз ҳамаи фанҳои таълимӣ ба таври ройгон таъмин карда шуданд. Дар баробари ин, моҳи феврал ва аввали моҳи март намояндагони муваққатии ММТ бо хатмкунандагои ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вохӯрӣ доир намуда, ба саволу дархостҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

Мавриди зикр аст, ки аз теъдоди 729 нафар хатмкунандаи имсола то 30.03.2024, 505 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълими ноҳия аз қайди ММТ-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд, ки дар маҷмуъ 69,2%-и шумораи умумии хонандагонро ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳандаи охирин набуда, аз қайди ММТ гузаштани хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия идома дорад.

Лозим ба зикр аст, ки аз теъдоди 813 нафар хатмкунандагони соли таҳсили 2022-2023, 464 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, 4 нафар донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар, 5 нафар ба омӯзишгоҳҳои касбӣ- техникӣ ва 148 нафар ба коллеҷҳо дохил гардиданд. Ҳамчунин, тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 нафар хатмкунанда сазовори номи пуршарафи донишҷӯ гардид.

Дастовардхои хонандагон

– Ҳамзамон, қайд бояд кард, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия озмунҳои «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм- фурӯғи маърифат» дар сатҳи даркорӣ баргузор гашта истода, ғолибони даври мактабӣ дар даври ҷамоатии озмунҳои болозикр фаъолона ширкат меварзанд. Қобили қайд аст, ки соли сипаригашта хонандаи синфи 11-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 Панҷшери Давлаталӣ дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи эҷодиёти назму наср бо гирифтани ҷойи дуюм дар сатҳи ҷумҳурӣ шарафёб гардид. Қайд кардан бамаврид аст, ки даври якум дуюми Олимпиадаҳои фаннии мактаббачагони ноҳия аз рӯи 11 фанни таълимӣ миёни хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таълимии ноҳия барои соли 2024 баргузор гардид. Дар кори он 1198 нафар хонандагони синфҳои 7-11 аз муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзиданд, ки 143 нафари онҳо сазовори роҳхат ба даври вилоятии Олимпиадаҳои фаннӣ гардиданд. Аз шумораи зикргардида 25 нафар хонандагон дар даври вилоятии Олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона ширкат варзида, 5 нафарашон сазовори ҷойи якум, 5 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 15 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд ва ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ роҳхат гирифтанд. 7 нафар хонандагони муассисҳоаи таълимии ноҳия аз рӯи чор фанни таълимӣ асосҳои давлат ва ҳуқуқ, география, химия ва физика дар Олипиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ду ҷойи сеюм гардиданд. Аз ҷумла, хонандагони синфҳои 11-и муассисаи таълимии №8, 14 Табаров Аҳлиддин ва Маъруфҷони Зайниддин фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷои дуюм ва сеюм гардиданд,- мегӯяд, Баҳодур Давлатзода, мудири шӯъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Назорати ҷараёни таълим

Кабинети методии шуъбаи маориф баҳри баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон тибқи нақшаи корӣ дар шуъбаи маориф миёни омӯзгорони фанҳои физика, математика, забон ва адабиёти тоҷик, синфҳои ибтидоӣ, ОДҲ ва варзиш ,технологияи иттилоотӣ, технология (таълими меҳнат), китобдорони муассисаҳо ва ҷонишинони таълимӣ 15-то семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардонида,онҳоро бо навгониҳои соҳа шинос намуда, оид ба татбиқи низоми босалоҳият дар таълим дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба онҳо дастуру маводҳои лозимаи методӣ пешкаш намуд.

Ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малака ва касбияти муаллимон ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ 62 нафар омӯзгорону ҷонишинҳои таълимӣ ва директорони муассисаҳо тибқи нақшаи ДТИБКСМ дар минтақаи Кӯлоб аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 5 нафар зиёд мебошанд. Ҳамзамон, аз тарафи мудири кабинети методӣ 3 маротиба семинари омӯзишӣ баҳри ҷонишинони таълимии муассисаҳо гузаронида шуд.

Ҷиҳати иҷрои мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2024,№03(25)03-890 оид ба “Дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва №5-и ноҳия миёни омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, математика, забон ва адабиёти тоҷик барои синфи 5-ум семинар гузаронида шуд.

Мусобиқаҳои варзишӣ ва корҳои тарбиявӣ 

Дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳурию минтақавӣ хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла, дар даври ҷумҳуриявӣ аз намуди варзиши “Ушу санда” соҳиби 10 медал- 1 медали тило, 4 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ ва варзиши сабук 6 медал-2 медали тилло, 1- нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд.Инчунин хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмуни вилоятии «Ватанпарвар» фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойи сеюм шуданд.

Корҳои тарбиявӣ дар асоси Консепсияи миллии тарбия ҷоннок карда шуда, дар ҳамоҳангӣ бо иштироки кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар толори муассисаи таълимии № 1, рӯзи 25-01-2024 конференсияи илмӣ баргузор гардида, рафти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии ноҳия, шомил нашудан ба ташкилотҳои террористии диннӣ, даст назадан ба қочоқи маводи мухаддир мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ҳолатҳои истифодаи телефонҳои мобилӣ, оворагардӣ ва истифодаи сатр аз тарафи хонандагон пурра бартараф гардидааст. Хонандагони ноҳия дар муассисаҳои динии хориҷӣ таҳсил накарда, ба масҷидҳо умуман ҷалб карда намешаванд.

Квотаи президентӣ, таъмини либосҳои мактабӣ

Зиёда аз сад нафар хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар муассисаҳоии олии кишвар тариқи квотаи президентӣ паи таҳсиланд. Ҳар сол масъулони МИҲД ноҳия ва шӯъбаи маорифи ноҳия аз аҳволи онҳо хабар гирифта сатҳи донишомӯзии эшонро низ мефаҳманд ва кӯмаки моддиашон мекунанд.

Бо мақсади таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабӣ барои соли таҳсили 2024-2025 то ба давраи 01.04.2024 аз 11346 хонанда 50 %-и хонандагон нақшабандӣ карда шудааст, ки 28067 дона либоси мактабиро дар бар мегирад. Дар ин раванд бо корхонаи дӯзандагии АТМАНҲҶТ ( Агентии таъминоти махсуси амволи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавҷудбуда барои бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намудани хонандагон шартнома баста шудааст.

Бо вуҷуди пешравиҳои назаррас дар фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  камбудию мушкилотҳои мавҷуда ҷой дорад. Ниёз доштани маҳалаҳои навбунёд ба бинои нави таълимӣ, ки сол аз сол аҳолии маркази ноҳия ва деҳаҳо зиёд гардида истодааст, мавҷуд набудани муассисаҳои таълимии типи нав (гимназия, литсей) ҳамагӣ як адад будани муассисаҳои томактабӣ, надоштани толорҳои варзишӣ, ошхонаҳо дар аксарияти муассисаҳои таълимӣ, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набудани майдончаҳои сафороии муассисаҳои таълимии ноҳия, садамавӣ будани муассисаҳои таълимии №№3,4,6, ки солҳои 1974-1976 тариқи финнӣ сохта шудаанд ва хароб гардидани ҳолати физикии биноҳои таълимии №21,26,33 ва 52 аз мушкилотҳои ҳалталаби соҳа боқӣ мемонад.

Рӯзномаи соҳавии «Фурӯғи маърифат»

Б. Давлатзода мегӯяд, нашрияи «Фурӯғи маърифат», ки дар назди шуъбаи маориф амал намуда, масъалаҳои мубрами рӯзро пайваста пайгирӣ менамояд, дар самти таффакури зеҳнии хонандагон, назму наср, китобхонии омӯзгорон ва нафарони касбу кори гуногун саҳм дошта, маводҳои таълимӣ, мақолаҳо, шеъру тарона, ҳикояҳо ва фикру андешаҳоро мавриди нашр қарор додааст, мақолаву дастури онҳо хусусияти тарбиявӣ доранд. Тамоми раванди фаъолияти муассисаҳои таълимию томактабӣ тавассути нашрия нашр мегарданд.

Ғолибони Олимпиада

Шогирди муаллим Машариф Таваров, Аҳлиддин Таваров, хонандаи синфи 11, МТМУ №8, аз фанни география ҷои дуюмро соҳиб гашт. Шогирди муаллим Ҳабибулло Розиқов, Маъруфҷони Зайниддин, хонандаи синфи 11, МТМУ №14, аз фанни география, шогирди муаллим Гадоӣ Латифов, Исмоил Сайфуллоев, хонандаи синфи 10, МТМУ №12, аз фанни химия, шогирди муаллим Машариф Таваров Абдуқаҳори Қадамшо хонандаи синфи 8, МТМУ №8, аз фанни география, ҳамчунин, шогирди устод Шариф Каримов Муҳаммади Собир, хонандаи синфи 8, МТМУ №8, аз фанни алгебра, шогирди муаллим Қадам Қадамов, Хайёми Бахтиёр, хонандаи синфи 8, МТМУ №7, аз фанни алгебра, шогирди устод Карим Ҳайдаров, Шаҳноза Ҳасанова, хонандаи синфи 5, МТМУ №1, аз фанни математика, шогирди муаллима Саодати Мулоҷон, Муслим Давлатов, хонандаи синфи 6, МТМУ №1, аз фанни биология ҳама аз фанҳои номбурда соҳиби ҷойҳои сеюм гардиданд. Дар умум шогирдони мактабҳои ноҳия як ҷои дуюм, ва 7 ҷои сеюм аз фанҳои география, химия, алгебра, математика, биология дар даври чоруми сатҳи ҷумҳуриявӣ гирифтанд. Шӯъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷиҳати пешравии кори соҳаи маориф тамоми имконоти мавҷударо истифода намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия кушиш ба харҷ медиҳад.

Билоли Шамс, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь