Маҳз бо орзуҳои ширин мо умр ба сар мебарем. Дар хурдӣ орзуҳое мекунем, ки ҳатто ба ақл рост намеоянд.
Маънии ҳақиқии ҳаёт руҳи бедору дили зинда аст. Ба ақидаи мутафаккир Алӣ ибни Абӯтолиб, “зиндагӣ роҳи пурпечутобест, ки тай кардани он кори басо мушкил мебошад”. Оқилону хирадмандон ва толибилмон дар ин роҳ устуворона қадам мезананд ва барои мо намуна мебошанд.
Дар зиндагӣ бояд мардона зист. Умед ба ояндаи нек худ мардонагист. Дар зиндагӣ набояд ноумед шуд, ки ноумедӣ танҳо хоси иблис аст. Аз таъриф низ аз худ набояд рафт ва аз танқид руҳафтода набояд шуд. Маҳз орзуву умед ҳар рӯзи моро ширину гуворо ва рангин месозад. Умед ба гулгулшукуфоии ватан, орзуи пайдо кардани рафиқҳои нав, ҳаваси таҳсил намудан дар макотиби олӣ, хоҳиши хидмати волидонро кардан, таманнои комёб гаштан ва комгорӣ дар зиндагӣ вуҷуди моро ҳеҷ гоҳ тарк намекунад.
Бедор шав, дило, ки ҷаҳон ҷойи хоб нест,
Эмин дар ин хароба нишастан савоб нест.
Хусрави Деҳлавӣ
Ҷаҳон барои хуфтухоб офарида нашудааст. Ҳамагонро лозим аст, ки баҳри пешрафти ҷомеа ва ободии диёри хеш кӯшиш ба харҷ диҳанд ва донишу илм омӯзанд. Ашхоси меҳнаткаш ва ҳалолкор умед ба фардои дурахшон доранд ва дар зиндагӣ устуворанду бо кӯшишу талошҳои хеш мехоҳанд комгор гарданд.
Дар ҷаҳон болу пари хеш кӯшодан омӯз,
Ки паридан натавонӣ ту ба боли дигарон.
Муҳаммад Иқбол
Дилгармӣ ба ояндаи нек зиндагиро ширину гуворо месозад, вагарна олам бароямон норӯшан боқӣ мемонад. Ба қавле, орзу кардан хуб аст. Зиндагиро рангин ва гуворо сохтан ба худи шахс вобаста аст. Яъне ҳар як шахс хеш хонаву дар ва ватани худро обод месозад, на ашхоси дигар. Аз ин рӯ, бояд ҳамеша некандеширо пеша намоем ва дар ҳама кор некбин ва фурӯтан бошем. Маҳз ҳамин омил орзуи моро қабои рангин дар бар месозад ва хаёлоти ширин ҳамеша таманнои ба бар кардани онро дорад.Танбалону ҷоҳилон ва бехирадон бошанд, дар ободиву пешрафт саҳми хешро намегузоранд, дар дил таманниёти неке низ парварида наметавонанд. Дар ин маврид гуфтаи мутафаккир Алӣ ибни Абӯтолибро ба хотир меорем: “Аз касоне, ки пеш аз шумо буданд, ибрат бигиред, пеш аз он ки ояндагон аз шумо ибрат гиранд”.
Умед ба фардои нек зиндагии моро ранги тоза мебахшад. Ноумедӣ ва руҳафтодагӣ бошад, қалби одамро мекушад. Ба хотири пешрафту гулгулшукуфоии кишвари азизамон, ба умеди сарҷамъии мардумон, пойдории сулҳу ваҳдат мо бояд устуворона гом ба пеш ниҳем ва перомуни ин орзуҳои нек низ дошта бошем. Ин аст мақсаду мароми ҳар як инсони солимфикр.
Зиндагӣ бар орзу дорад асос,
Хешро аз орзуи худ шинос.
Фаридун САФАРОВ