Портретҳои рӯзгори ман

Аз редаксия супориш гирифтам, ки бо собиқадори матбуот Шоиста Абдуллоева ба баҳонаи 70-солагиаш суҳбат кунам. Мавлудаш наздик буд ва барои омодагӣ як рӯз вақт доштам. Аз тарҷумаи ҳолаш маълумоти аҷибе ёфтам: 38 сол дар як корхона, дар як вазифа кор кардааст. Миёни саволҳо ин мавзӯъро ҳам гузоштам ва ба фикре омадам, ки агар рафти сӯҳбатамон хуб бошад, мепурсам.

Шоиста Абдуллоеваро дар ҳавлиаш андармони тоза кардани алафҳои бегонаи картошкаи ҳанӯз гулнакарда, пайдо кардам. Ҳавлиаш 7 сотих бошад ҳам, боғчае аз дарахтони шафтолу, зардолу, гелос, олуча, себ ва анҷиру ангур бунёд кардааст. Миёни дарахтон картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, каду, тарбуз, харбуза, кабудӣ ва ҷуворимаккаву ҷорӯб парвариш намудааст. Писару келинаш дар Амрико кору зиндагӣ дошта, шавҳараш ҳанӯз 20 сол пеш дар наздикии ҷойи кораш, ки канори шаҳр буд, иҷорашин шудааст ва сари чанд вақт хабаргирӣ меояду халос. Бахти сафед дид, аммо тавре ки мехост не. Ӯ тани танҳо рӯзгорашро пеш бурда, боғу роғашро ҳамсафари худ медонад. Бо онҳо вақт мегузаронад, ҳосилашонро ба атрофиён тақсим мекунад ва ба ин васила даврони пирӣ меронад.

Чун мақсадамро фаҳмид, пурсид:

– Фикр мекунам, дар ин умри начандон кӯтоҳ коре накардам, ба мардум фоидае нарасонидам, мушкилеро осон накардам, ки имрӯз дар бораам нависед. Рӯзгори ман ба кӣ даркор?

– Ман баръакс фикр мекунам, муаллима. Ҳар навиштаи шумо барои мо насли нав омӯзанда аст. Ҳоло ҳам дар редаксияҳо аз шумо ёд мекунанд. Доир ба публитсистикаатон дар факултаи рӯзноманигорӣ кори илмӣ карда истодаанд. Журналистшавандаҳо ба эҷоди шумо завқ доранду журналистони ҷавон кӯшиш мекунанд дар навишт каме ҳам бошад ба шумо тақлид кунанд, – гапамро гузаронданӣ шуда гуфтам.

Мо наздики ду соат аз ину он сӯҳбат кардем. Ҷое хандид, ҷое афсус хӯрд, ҷое гуфтораш оҳанги пушаймонӣ дошт, ҷое худро гунаҳкор ҳисобид, ҷое аз беадолатӣ гуфт, ҷое аз кардаҳояш ифтихор кард.

Чун равиши сӯҳбат бештар оҳанги мусбат дошт, саволи асосиро, ки бисёр фикрашро мекардам, пурсидам:

– Муаллима, шумо 38 сол дар як идора ва дар як вазифа кор кардаед. Чаро ҳадди ақал мудири шӯъба нашудед ё чаро ҷойи коратонро иваз накардед?

Мусоҳиб сукут кард. Ба болои ҷевон нигоҳ карду ба ду ифтихорномаи тӯли 38 соли фаъолияти рӯзноманигорӣ ба даст овардааш зеҳн монд. Сипас, ба даруни ҷевон нигоҳ кард, ки дохилаш ду китоби таҳиякардаашу бастаи рӯзномаҳои кӯҳнаву зардшуда мехобиданд.

– Боигарии ман аз фаъолияти рӯзноманигорӣ ҳамин ифтихорномаҳо, китобҳо ва бойгонии рӯзномаҳо аст, – сукутро шикаста гуфт.

– Агар посух додан мушкил бошад, метавонем суҳбатро ҷамъбаст кунем. Аз сӯҳбате, ки кардем матни мусоҳиба баровардан мумкин аст, – мусоҳибро ором карданӣ шудам.

– Мушкил ҳам бошад, кӯшиш мекунам, ки бигӯям. Аз қисмати дуюми саволатон оғоз мекунам. Падари ман журналист буд ва бо роҳбариву роҳнамоии ӯ дар риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил кардам. Ба хатми донишгоҳ як соли дигар монда буд, ки ӯ ин дунёро тарк кард. Беболу пар мондам, вале пеши касе сир бой надодам, сар хам накардам. Ҷисман аз барам рафта буд, вале рӯҳан не, балки тавре ки роҳнамоӣ менамуд, кор мекардам, бо нашрияҳои фаъол ҳамкориро қатъ накардам. Замони донишҷӯӣ чанд нашрия ба кор даъватам карданд, аммо ҷавоби рад додам. Вақте ки дипломамро гирифтам, ба нашрияе рафтам, ки падарам то нафасҳои охирин фаъолият карда буд. Маро ба ҳайси хабарнигор ба кор қабул карданд. Бо маслиҳатҳои таҷрибадорон матолибам дар жанрҳои гуногун чоп мешуданд. Ҳис мекардам, ки ба хотири падар маро дастгирӣ мекунанд, аммо ростӣ инро қабул надоштам, зеро худам будан мехостам.

Бо гузашти солҳо муносибат дигар шуд. Дигар мавзӯъҳои пешниҳодкардаам қабул намешуданд, дигар ба ҷойи таҳрир бо таҳрифи матолибам рӯ ба рӯ мешудам, дигар навиштаҳоям аз шумора меафтиданд. Худам ҳам кам менавиштагӣ шудам. Ҳатто кор то ҷое расид, ки агар мақола менавиштам қисме аз ҳамкорон фикр мекарданд, ки ба ҷоям каси дигар навиштааст. Рафта-рафта дилам нисбат ба кор сард шуд. Вале ба хотири қадамҷои падарам ҳеҷ гоҳ фикри иваз кардани ҷойи корро накардам, балки ба ҳама ноҳамвориҳо сабр карда, кор мекардам.

Дар мавриди болоравӣ дар вазифа бошад, солҳои мо ин кор бисёр нозук буд. Дар бархе идораҳо на фикри донишро мекарданду на таҷрибаро, балки онро мефурӯхтанд. Нарх мегузоштанд ва бо гузашти вақт он нархро пасту баланд мекарданд. Яъне, медиданд, ки таваҷҷуҳи зиёд мекунӣ, арзиши курсиро боло мебурданд, агар бетаваҷҷуҳӣ мекардӣ, онро поён мефароварданд. Ман ин гуна корҳоро намехостам, аммо як муддат чун дидам вазифадорон зиёд шуданд, бар рағми чанде хостам дар вазифа боло равам, аммо зуд аз фикрам гаштам, зеро яқинан медонистам, ки агар бо воситае вазифа гирам, виҷдон азобам медиҳад. Ҳатто ҳис мекардам, ки дар ҳамон кабинету курсӣ баҳузур нишаста наметавонам, – ба гуфтораш нуқта гузошт, ки як навъ оҳанги ифтихор дошт.

Фаҳмидам, ки муаллима Шоиста Абдуллоева дар ноҳамвориҳои пайраҳаи тайкардааш наафтидааст, нашикастааст ва шоиста зиндагӣ кардааст.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

P.S. Ба гуфтаи устод Хуршед Атовулло “Ному насаб ва сужаи воқеа бофтаи муаллиф буда, дуруст омадани он бо ному насаб ва зиндагиномаи шахсони воқеӣ тасодуфӣ мебошад”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь