Аз замони дар Тоҷикистон расман ба қайд гирифтани коронавирус (охири моҳи апрели соли 2020) як сол сипарӣ мешавад. Ҳарчанд аз авоили соли гузашта овозаҳо дар мавриди пайдоиши коронавирус шунида мешуд ва фавти шаҳрвандон низ зиёд шуда буд, мақомот мавҷудияти COVID-19-ро дар кишвар рад мекарданд. Онро дар Тоҷикистон илтиҳоби  шуш ё пневмония унвон мекарданд. Танҳо бо кӯшишу фошкории расонаҳо ахиран вуҷуди ин вирус дар кишвар эътироф шуд. Мардумро дар оғози эълони коронавирус  таҳлука фаро гирифт ва рӯҳан зери таъсир монданд. Ҳарчанд, табибон барои ба эътидол овардани вазъи саломатит аҳолӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ медоданд, вале табобати рӯҳу равони мардум вазифаи ҷонии рӯзноманигорон гардид. Эшон бо матлабҳои чопӣ, барномаҳои радиоиву телевизионӣ ва мусоҳибаҳо бо мутахассисони соҳа кӯшиш карданд, ки мардумро ором созанд ва ба ҳаёти маъмулӣ баргардонанд. Мутаассифона, дар чунин набард чандин рӯзноманигорон ҳам ба ин беморӣ гирифтор шуданд.

Ин мавзӯъ ҳарчанд зиёд барассӣ шудааст, аммо то ҳанӯз мо дақиқ намедонем, ки рӯзноманигорон дар ин вазъи сангин, дар соли вабои аср чӣ ҳол доштанд? Чӣ қадар рӯзноманигорон гирифтори ин беморӣ гаштанд? Ва чанде аз онҳо ҷон  бохтанд? Созмонҳои журналистӣ ва редаксияи рӯзномаҳою дигар рӯзноманигорон дар ин вазъият чӣ кумакҳо  дастрас карданд ва дар кадом ҳолат буданд? Ин ва дигар саволҳои монанд моро ба сӯи нафароне кашид, ки бевосита дар ин қазия нақш доштанд. Пеш аз ҳама бо сардабири нашрияи СССР Сайёфи Мизроб, ки ҳам худ гирифтори ин беморӣ шуда буд ва ҳам дар ин вазъияти сангин то қадри имкон барои  рӯзноманигорон кумакҳо карда буд сӯҳбате доштем.

– Дар давоми бемории COVID-19 аз нашрияи шумо чанд нафар ба ин беморӣ гирифтор шуданд?

– Дар ин муддат ҳамаи коргарони мо ба ин беморӣ гирифтор шуданд, вале хушбахтона, ягон фавт набуд. Худи ман низ бемор шудам ва давоми 28 рӯз дар хона табобат гирифтам.

– Барои чӣ дар бемористон не?

– Чунки ин бемориест, ки бояд дар хона табобат гирифт. Хатари сироят аз дигар бемориҳо зиёд мегардад. Ба ҳамин хотир, мо дар хона бо тавсияи духтурон табобат гирифтем.

– Чӣ гунае мо огаҳем, газетаи Шумо, дар ин давра ба дигар ҳамкасбон кумакҳо намуд. Оё ба нашрияи Шумо, ки ҳамаи кормандонатон гирифтори ин беморӣ шуданд, аз ҷониби ягон ниҳод ёрӣ шудааст?

– Мо дар ин давра албатта, кумакҳои назаррас доштем ба дигарон. Худо накунад, ки ин рӯзҳои бад баргарданд. Ман ҳамеша мегӯям, ки агар ягон мушкил афтад, доимо  омодаам барои дар бари ҳамкасбону ҳамкорон рост истодан.

Ба мо аз  чанд ниҳод кӯмак расида буд, аз ҷумла, аз МТЖТ маводи антисептикӣ, ниқоб фиристода буданд.

– Вазъи равонии Шумо дар давоми беморӣ ва ҳамчунин, андешаҳоятон ба журналистикаи баъд аз пандемӣ чӣ гуна буд?

– Дар умум ҳолати руҳии ман наонқадар бад буд, чун мегӯянд: “Ҳар ки аз гунҷишк тарсад боядаш арзан накошт”.

Худованд мегӯяд, ман офаридам маргро, баъд офаридам зиндагониро.

Вуҷуди мо зи адам дорад устухонбандӣ,

Хамирмояи ҳастист нестӣ моро.

Одамизод миранда аст. Инсонҳо на танҳо аз ин беморӣ мемиранд.

Ин маънои онро надоранд, ки мо инҳоро андеша кунему фаъолият накунем. Миллати мо генетикаи қадима дорад, миллатҳои қадима пуртоқатанд ва ҳар қадар умри миллат дароз бошад, ҳамон қадар организмаш боқувват мебошад. Бубинед, худи ҳамин беморӣ дар Чин пайдо шуд, вале ҳозир дар худи Чин нест. Худоро шукр, ки имрӯз дар Тоҷикистон низ нест ин беморӣ. Мову шумо айни ҳол бениқоб сӯҳбат дорем ва ин далели он аст, ки дар мо нест ин беморӣ. Албатта, ин маънои онро надорад, ки мо беаҳмият бошем, ҳатман бояд эҳтиёт кард.

– Коронавирус аз журналистикаи мо чиро гирифт ва чӣ дод?

– Ман фикр мекунам ба журналистикаи мо каронавирус ҳеҷ таъсир надошт. Мо мисли пештара кор мекардем. Усулан журналистика касбе аст, ки бояд ҳеҷ чиз ба он таъсиргузор набошад. Хоҳ руҷӯъҳои манфӣ мешавад ё мусбӣ журналистон бояд ҳамеша сари кор бошанд.

Ҷамила Ҳусейноваро ба беморхона фиристода будем.Барои гузориш аз бемористон. Муддати як шабонарӯз бо духтурон фаъолият намуда, гирифтори беморӣ шуданд, аммо  вазифаи ба дӯшаш гузошташударо иҷро кард. Ҳар журналист бояд дар касби худ қаҳрамон бошад.

Дар баробари Сайёфи Мизроб журналисти дигар, профессор, устоди кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ Ҷовид Муқим низ аз гирифторони ин беморӣ буд. Баъди муборизаҳои сангин бо бемории коронавирус Ҷовид Муқим тавонист, ки  аз чанголи ин вабо раҳад. Мавсуф дар сӯҳбат бо мо изҳор дошт, ки ҳамсояи наздику ҳамкораш, устоди факултаи журналистика Дустмурод Бобоевро баъди гирифтор шудан ба ин вирус аз даст додааст. Устод дар бораи ҳолати рӯҳии гирифторони ин беморӣ, вокуниши фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо сӯҳбате доштанд.

Шумо низ аз онҳое будед, ки ба ин беморӣ гирифтор шудед. Ин бемориро чӣ гуна пушти сар кардед?

– Рӯзи сеюми майи соли 2020 ҳис кардам, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаам. Бародарам маро табобат карданд. Баъди 21 рӯз шифо ёфта, рӯзи 26-уми май аз хона берун омадам. Аслан ман сахтии бемориро ҳис накарда будам, дар фикри фавтидан низ набудам. Ҳозир ҳам шукр мекунам, ки ба ягон беморхона муроҷиат накардам. Барои он ки касе дар беморхона нигоҳ намекард. Ҳамон вақт хеле  фавт зиёд буд. Аз таҷрибаҳо медонам, ки агар дар беморхона танҳо бошӣ ё ин ки маблағат нарасад, аниқ табобат нагирифта, мефавтӣ.

– Устод ба фикри Шумо журналистикаи мо дар ҳамин давра дар чӣ вазъ қарор дошт?

– Журналистикаи мо аз соли 2015  ақибравӣ дорад. Ин замон давраи таназзули журналистика аст. Ман  журналистикаи матбуотиро дар назар дорам, радиёю телевизионро ҳам. Вале журналистикаи шаҳрвандӣ фаъол аст.

– Дар давоми бемориатон ба шумо ҳамчун журналист, аз тарафи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Донишгоҳ ва ё Ҳукумат ягон кумак буд?

– Иттифоқи журналистон магар вуҷуд дорад? Ростӣ, аз фаъолияти роҳбараш (манзур раиси Иттифоқи журналистон, Ш.М.) Зинатулло Исмоилзода огоҳ нестам.

– Аз тарафи донишгоҳ чӣ?

– Баъд аз беморӣ кумакпулӣ карданд. Аз ҷумла, раҳбари Шумо Хуршед Атовулло низ дар он замон ёриам карда буд…

Тавре Ҷовид Муқим изҳор дошт, ба ғайр аз чанд журналисти алоҳида, аз ҷомеаи журналистӣ кӯмак дарёфт накардааст. Ҳамаи  ин моро ба пои сӯҳбати раиси  Иттифоқи журналистони вақти  кишвар Зинатулло Исмоилзода кашид. Ӯ ба суолҳои мо чунин посух дод:

– Ҳамчун роҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, вазъият дар соли 2020 барои журналистони Тоҷикистонро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

– Ин сол барои журналистони мо хеле соли душвор буд, бисёр талафот доштем, вале на ҳамаи онҳо аз бемории коронавирус гузаштанд. Ташхисҳои онҳо гуногун буд ва сабаби маргашон низ.

– Дар Шумо рӯйхати фавтидагони аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз коронавирус ҳаст? Чанд кас фавтиданд дар ин муддат?

– Не, мо ин хел маълумот надорем, вале мо дар байни 126 нафар пурсиш гузаронидем, аз инҳо фақат як нафар фавтидааст (Ситам Муҳиддинов-сароператори телевизиони Тоҷикистон). Бисёриҳо бемор шуданд, вале фаъолияти журналистии худро дар ҳамин давра қатъ накарданд.

– Кӯмакҳо ба журналистон чӣ гуна буд?

– Кумакҳо ба журналистон ҳам аз тарафи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ҳам аз тарафи аъзои раёсат буданд. Ду узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Сайёф Мизроб ва Хуршед Атовулло ба гурӯҳи калони журналистон маводи ғизоӣ, маводҳои ҳифзкунанда кумак карданд. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба чил нафар корманди собиқадор, ки синнашон аз 70-сола болотар буд, кӯмакҳои моддӣ намуд.

– Ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз хориҷа ё Ҳукумат кумакҳо барои журналистон буданд?

– Не, ба мо на аз ҷониби мақомоти давлатӣ, на аз хориҷа кумакҳо набуд. Мо бо истифода аз имкониятҳои худамон ин кумакҳоро расонидем.

Хулоса,  вабои аср на танҳо журналистони алоҳидаро гирифтор кард, балки  мавқеъгирии созмонҳои журналистӣ то боварии онҳоро ба ин вабо нишон дод. Албатта гуфтаниҳо дар ин мавзӯъ хеле зиёд ҳастанд, аммо ин маротиба бо ҳамин сӯҳбатҳои боло иктифо мекунем ва умед мекунем, ки журналистикаи тоҷик дигар гирифтор ба ину ҳамина гуна бемориҳо нагардад.

Таҳияи

Шаҳрия МАДГИЁ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь