Журналистика, агарчи чун ҳокимияти чаҳорум қабул нагашта бошад ҳам, вале таъсиргузор аст. Хоҳед-нахоҳед, ба андешаҳо андешаҳои дигаре зам хоҳад кард ва афкорро дигар хоҳад намуд. Ҳолате, ки ахиран ба сари рӯзноманигор ва блогери шинохта, Далери Имомалӣ омад, инро то ҷое собит сохт ва дар баробари ҷомеаи рӯзноманигорӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ҷонибдории ӯро карданд ва маълум сохтанд, ки Далер ба афкори ҷомеа таъсир гузоштааст.

Ҳангоме ки мепурсанд, “дар куҷо таҳсил карда истодаӣ?”, мегӯӣ, саволи баъдӣ ҳатман ин аст, ки “кадом ихтисос ё кадом факулта?”. Вале баъди шунидани факултаи журналистика онҳо ба андеша мераванд…

Ҳангоме ки дар байни гурӯҳе меафтӣ ва мегӯянд, фалонӣ дар ҷодаи рӯзноманигорӣ таҳсил мекунад, мавзӯи сӯҳбат дигар мешавад, мепурсанд, дар олам чӣ мегузарад ва аз андеша андеша мегиранд…

Ҳангоме ки рӯзноманигори ҷавоне аз нигоҳи дурбини як мӯйсафеди деҳаи дурдаст андеша мекобад, андеша меёбад, боз ба ин андеша меравам, ки ман дар куҷоям ва барои чӣ таҳсил дорам ва барои кӣ фаъолият менамоям ва чарову чӣ мақсад дорам?

Ин сухани устодони факултаи журналистика ҳамеша дар сарам чарх мезанад:

– Журналист бояд адолатпарвар ва ҳақиқатнигор бошад, дар ҳар сухану амалаш факту далелҳо оварад, бедалел сухан нагӯяд, зеро таъсири суханҳои ӯ ба мардум бештар аз ҳар чиз аст.

Баҳои манфӣ

Ҷои инкор нест, ки на ҳама вақт мардум ба суханони худ пойбанд мемонанд. Ин то лаҳзае ҳаст, ки мушкилие пеш меояд. Ин ҷо ба баъд:

– Айби кӣ? Журналист!

Нақши ВАО

Ҳамагон медонем, ки нақши журналист ва расонаҳо дар ҷаҳони муосир бағоят бузург аст. Васоити ахбори омма яке аз ниҳодҳои муҳимми ҳаёти инсонӣ буда, аз бисёр ҷузъҳо иборатанд, ки ин ба воситаи аҳолӣ дар бораи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ва ҷаҳон иттилоъ мегиранд. ВАО-ро баъдан дар қатори ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ, ғайрирасман ҳамчун “ҳокимияти чорум” мешуморанд. Мақоми ВАО пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки ба воситаи иттилооти пахш мекарда, афкори умумро ташаккул дода, ба тамоми раванди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таъсир мерасонад. Агар ба таври мушаххастар иброз бидорем, дараҷаи маълумотгирии сиёсии аҳолиро баланд мебардорад.

Ҳуқуқҳои инсон ва журналист

Дар баробари ҳамаи ин журналист ҳам дорои ҳуқуқҳои худ мебошад, агарчи имрӯзҳо нодида мегиранду поймол мекунанд.

Дар модаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст:

“Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

Дар ин баробар, ки дар моддаи 30-и Сарқонуни кишвар “ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад”, дар тақвияти ин боз дар моддаи 162-и Кодекси ҷиноятии кишвар аз монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон ҷиноят ҳисбода мешавад.

Ин гуфтаҳо то чӣ андоза риоя мешаванд? Шумо чӣ фикр Доред?

Худойназар МУСТАФОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь