Хонандаи азиз, матлаби навбатии мо дар бораи ҳаёти як зани тоҷик аст, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Маскави Русия омода, бо машаққати зиёд рӯбарӯ шудааст.

Ранҷи зиндагӣ

Ҳамида – номи шартии ин зан аст, ки бо хоҳиши худи ӯ исмашро иваз кардем. Ӯ гуфт, дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад ва бо се фарзанд – се духтар шавҳараш онҳоро тарк кардааст.

Ҳамида афзуд, мудате дар яке аз ошхонаҳои шаҳри Бохтар пешхизматӣ карда, вале бо сабаби надоштани хонаи алоҳида, дар хонаи падараш ҳамроҳ бо бародарон зиндагӣ мекард.

“Аз ҳавлии падарам ба ман каме замин доданд ва ман бо машаққат ва қарз як кулбаи фақирона бунёд кардам, то ин ки фарзандонам дар кӯча намонанд”, – қисса кард Ҳамида.

Муҳоҷират ба хотири пардохти қарз

Ҳамида гуфт, дар шаҳри Бохтар рӯз аз рӯз нигоҳубини фарзандҳо барояш мушкил шуда, даромаде, ки аз пешхизматӣ ҳосил мешуд, ҳатто барои ғизо намерасид. Аз ин хотир, вай тасмим гирифтааст, ки озими Русия шавад. Вай барои хариди чипта аз бонк қарз гирифта ва ба Масква назди хешовандонаш парвоз кардааст.

“Як корфармо маро ҳамроҳи занҳои дигари тоҷик ба як деҳа ба кор бурд. Мо корро аз чидани мева оғоз кардем ва чор моҳ ба ҷузъ пули ғизо дигар маблағамон намедод. Ин гуна рӯзи сахтро дар 40 соли умрам бори аввал медидам. Чаҳор моҳ заҳмат кашидем, аммо маошамонро надоданд”, – нақл кард Ҳамида.

Вай афзуд, ки бо кӯмаки як блогери тоҷик “аз  зулми он корфармо” наҷот ёфтааст. Блогер ба занҳо гуфтааст, “ҳар касе хоҳиши ба ватан баргаштан дорад, чиптаашро мегирад ва касе кор кардан мехоҳад, барояш кор пайдо мекунад”.

“Ин ҳамватани мо ба чанде аз занон чипта харида онҳоро ба ватан фиристод. Вале мо бо чанд зани дигар, ки қарздор будем, ба хотири пардохти он хостем, кор кунему онро пардохт кунем”, – гуфт Ҳамида.

Ин муҳоҷирзан ҳоло ҳама ҳуҷатҳояшро дуруст карда, дар як мағоза кор мекунад ва моҳона то 45-50 ҳазор рубли русӣ (муодили тақрибан 8 ҳазор сомонӣ) даромад дорад.

Ҳамида ният дорад, ҳамаи қарзҳояшро пардохт ва андаке маблағ захира кардаву ба хона, ба назди духтарҳояш баргардад. Вай ният надорад, дубора ба муҳоҷират ояд.

“Бӯи ватанро ёд кардаам”, – мегӯяд Ҳамида.

Ғарибӣ талх аст

Ин зани муҳоҷир аз мардон ва занон хоҳиш дорад, бо баҳонаҳои ночиз аз ҳам ҷудо нашаванд. Зеро, ба бовари вай, баъди ҷудошавии оилаҳо бештар нигоҳубини фарзандон ба дӯши занҳо бор мешавад. Ин боис мегардад, ки занон ба муҳоҷирати меҳнатӣ оянд, бо азобу машаққатҳои зиёд рӯ ба рӯ шаванд.

Занони муҳоҷир аз Хатлон кам нестанд

Тибқи итиллои Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон, давоми 10 моҳи соли равон 23 ҳазору 585 нафар занон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, махсус барои ҳафтаномаи “Фараж”, аз шаҳри Маскави Федератсияи Русия

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь