Ё чанд андеша перомуни беэҳтиромӣ нисбат ба забон аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ
Бешак, дар ҳар давру замон ва макон забонҳо ба таҳаввулот, бархӯрд, ба беаҳамиятӣ ва беэҳтиромӣ дучор мешаванд. Ин мушкилот бо тақозои замон ва гузариш аз як давра ба давраи дигар сар мезанад. Забони ноби тоҷикӣ ҳам мушкилоти зиёдро аз сар гузаронидааст.
Имрӯзҳо истифода шудани жаргон, лаҳҷа ва калимаву ибораҳои ғайр, ки бисёр мушоҳида мешавад, метавонад бар пояи забон зарбаи ҳангуфт занад. Аммо соҳибони аслии ин забон, яъне ман ва ту ё мо ва шумо дар ин маворид маъмулан бетарафиро ихтиёр намуда, парвое ба косташавии забони миллӣ – модарӣ надорем. Мо намегӯем, ки жаргон ва лаҳҷа истифода нашавад, ин албатта амри табиист, аммо истифодаи бемавриди чунин иборот суоли матраҳи ин матлаб аст.
Маълум аст, ки дар шароити кунунӣ шабакаҳои иҷтимоӣ воситаи маъмулии иртибот ва майдони баҳсу мунозираро мемонад. Мушоҳида мешавад, ки корбарони зиёди интернет нисбат ба забон беэҳтиромӣ зоҳир намуда, меъёрҳои забони тоҷикиро риоя намекунанд.
Имрӯз анқариб нисфи зиёди ҷомеаи кишвар аз торномаҳо истифода мекунанд, ҳар як истифодабаранда ба таври дилхоҳ ва бо забони дилхоҳ мавод нашр мекунад ва онро ба гуруҳҳо таблиғ намуда, ба ин васила метавонад ҳам лаҳҷаи худ ва жаргони хешро оммавӣ гардонад.
Мо ин ҷо перомуни ин мавзуъ андешаҳои як қатор коршиносон ва фаъолони ҷомеаро ҷамъ овардем, ки ҷиҳати пешгирӣ аз олудагӣ ва косташавии забон пешниҳодоти ҷолиб ироа шудаанд.
Илҳом ҲОШИМОВ, рӯзноманигор:
– Ин масъала бисёр масъалаи баҳснок ҳам ҳаст. Шабакаҳои иҷтимоӣ як майдони фарох аст. Онҷо ҳама ҳаст. Донишманд ҳаст, зиёӣ ҳам ҳаст, оммӣ ҳам ҳаст, нодон ҳам ҳаст ва доно ҳам ҳаст. Ҳар кас ба қадри зарфияти худаш онҷо чизе, ки дар андешааш ҳаст, мекорад. Вобаста ба коштанаш забонаш ҳам муайян шудааст, ки чӣ қадар дониш дорад. Имрӯз «Фейсбук» ба воситаи маъмулии муошират ва баҳс мубаддал шудааст. Аз он баҳсҳое, ки аҳли зиё дар гуруҳҳои фейсбукӣ мекунанд, розӣ ҳастам, албатта дар мавриди забон.
Аммо дар мавриди риояи забон куҷое, ки набошад, ҳар як нафаре, ки пеш аз ҳама модари худашро эҳтиром мекунад, фарҳангу тамаддуни худро эҳтиром мекунад, устоди забони модарии хешро эҳтиром мекунад, вай бояд кӯшиш кунад, ки барои тозагии забон кореро анҷом дода бошад. Ин кори мушкил нест!
Мо дар тавсифи худи забон ҳам мегӯем, ки забон – ин воситаест, ки мардум бо ҳамдигар фикри худро баён мекунанд. Дуруст аст. Аммо фикр мекунам баён бояд баёни бошуурона ва босаводона бошад. Мо нигаҳдорандагони забон барои тозагии забон бояд хидмат кунем!
Имрӯз ҳарчӣ мо менависем, ин ҳам як таърих аст ва инро ояндаҳо мехонанд. Мо бояд онро дуруст нависем. Ин омил бисёр муҳим аст.
Истифодаи лаҳҷа дар муносибати ҳаррӯза ҷои баҳс нест. Лаҳҷа набояд дар забони ВАО ҷой дошта бошад. Мардум ВАО-ро манбаи гирифтани иттилоот ва манбаи омӯзиш ҳам қабул кардаанд. Лаҳҷа бояд дар ҷояш бошад, бе лаҳҷа ҳам намешавад. Аммо лаҳҷа ва истифодаи он дар забони ВАО мамнуъ аст.
Ин муаммо пеш ҳам буд, имрӯз низ вуҷуд дорад ва оянда низ давом хоҳад ёфт. Аммо фурсате расидааст, ки мо аз сухан ба амал гузарем! Намуна шуданамон лозим! Бояд ба мардум бисёр гӯем ва таблиғ намоем. Танҳо як фосилаи таърихӣ лозим аст, ки мардум ба риояи қоидаи забон одат кунанд.
Хуршед АТОВУЛЛО, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон:
– Мо забони адабӣ дорем ва бигзор мардум бо он сухан карданро омӯзанд, лаҳҷаи деҳаашонро ба шабакаҳои иҷтимоӣ накашанд.
Раҷаби МИРЗО, журналист, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ:
– Мутаассифона, мо забони меъёр, он тавре, ки бояд бошад, надорем. Мушкилоти забони гуфторамон ҳам дар муоширати оддӣ, ҳам суҳбатҳои расонаӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳамин ҷост. Дуруст аст, ки то пайдоиши шабакаҳои иҷтимоӣ мо мушкили дигаре доштем. Яъне мардум то ин ки фикреро иброз кунанд, бештар сари ин меандешиданд, ки бояд чи гуна чанд ҷумлае гӯянд, ки мавриди тамасхур қарор нагиранд. Ҳоло мебинем, ки мардум бештар ба гуфтани фикр машғуланд ва аз иштибоҳот камтар тарс доранд. Ин хуб аст, ки онҳо дар баёни афкор ҷуръат пайдо кардаанд. Умед дорем, ки барои бе хато гуфтани фикр ҳам талош мекунанд. Гуруҳҳое мисли “Дуруст бинависем” ва “ Вожаҷӯ” барои дурустбаёнии корбарон саҳм доранд ва аз онҳо бояд изҳори сипос намуд. Ҳатто ман корбарони оддиеро медонам, ки дар фурсати кӯтоҳ хубу дуруст навиштанро аз бархе журналистону зиёиён беҳтар омӯхтанд. Дар ин баробар, шахсан барои инҷониб муҳимтар шунидану хондани афкори фикрзост. Он бо чӣ шева гуфта мешавад, албатта муҳим аст, вале дар шароите, ки дорем, барои ман муҳимтар фикру мавқеъгирии одамон ба ҳисоб меравад.
Бобоҷон ШАФЕЪ, собиқадори матбуот:
– Забони баён бояд адабӣ бошад. Адабӣ бошад, ки мардум забони адабӣ омӯзанд, хушгуфтор шаванд, ба забонашон муҳаббат пайдо кунанд. Шеваро, ки на ҳар кас мефаҳмад. Забон меъёр дорад ва набояд аз доираи меъёр берун рафт. Забон моли як маҳал, як гуруҳ нест, забон моли миллат аст ва дар шабакаҳо бояд ҳатман меъёри забони адабӣ риоят шавад. Фаҳш гуфтан, дашном дар баҳсҳо нишони камзарфиятии баҳскунандагон аст. Агар маҷоли баҳс надоранд, пас бояд аслан ҳамроҳ нашаванд. Ва агар ҳамроҳ шуданд, адабро нигоҳ доранд. Ин шабакаҳо ҳазорон ҳазор бинандаву хонанда дорад. Он, ки лайк намемонанд, маънои онро надорад, ки намехонанд. Ҳатман мехонанд. Пас бояд, ки адабӣ, боназокат сухан кунем, то мавриди омӯзишу пайравӣ бошад.
Шарифҷон ТОҶИБОЕВ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, номзади илмҳои филологӣ:
– Забони муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ бояд адабӣ бошад. Ҷои баҳсе надорад. Аммо ин ҷо дар баъзе гуруҳҳо… ҳар нафар ба шеваю лаҳҷаи худ менависанд, ки аз ин розӣ нестам. Баъзан аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дашному фаҳш дар фазои маҷозӣ кошта мешавад, ки хеле бад аст. Шабакаи иҷтимоӣ як навъ расона аст. Ҷои ҷамъиятӣ аст. Бояд кӯшиш кунем бо забони адабӣ матлабамонро баён намоем.
Хилватшоҳи МАҲМУД, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, журналист:
– Акнун, ки унвони шабакаҳо иҷтимоӣ аст ва онҳо дар фазои маҷозии беохир ҷо гирифтаанд, намешавад, ки мутобиқ ба қонуни имло ва забон аз корбарон талаб кард, ки бо забони расмӣ (давлатӣ) радду бадал созанд…
Дар ин моваро корбарон озоданд (ҳам дар ироаи андеша, навиштан ва ибрози ақида).
Чи гуна мешавад аз касе, ки забони модариаш (забони давлатӣ-расмӣ -коргузорӣ аз забони модарӣ фарқ дорад) яғнобӣ, рӯшонӣ, язгуломӣ, шуғнӣ, рънӣ, вахонӣ… ва ғайра тақозо кард, ки бо забони модариат дар ин ё он гуруҳ шарҳ нанавис?!
Манъ кардану қатъи иртиботу масдуд намудани Интернет (аз ҷумла шабакаи facebook) роҳи ҳал нест ва буда наметавонад.
Зимнан, ба унвони як тоҷик ва сокини ин марзу бум, ки ҳуввияту забону дин бароям муқаддас аст, дархост менамоям, ки бештар забони муоширатамон бо забони давлатӣ бошад. Ин андешаи инфиродии ман асту бас.
Забони адабии мо ҳам дар пояи лаҳҷаҳо ва миёнаи тиллоии он бунёд шудааст. Он ҳам аз осмон наомадааст. Ба ҳар сурат, хуб мебуд, ки лаҳҷа аснои муошират камтар корбурд медошт, яъне агар имконият бошад, истифода нашавад.
Мавлуда ГУЛОВА, журналисти ҷавон, корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ:
– Муошират аз сатҳи маърифатнокии ҳар шахс вобаста аст. Ман аз тарзи муоширати дӯстони маҷозӣ дар торнамо розиям, яъне дар доираи риояи забони адабӣ ва гуфтугӯӣ сухан мекунанд.
Дар мавриди баъзе аз нафароне, ки ин марзро чун як воситаи беҳудагӯӣ ва истифодаи алфози қабеҳ истифода мекунанд, ҳаминро мегӯям, ки онҳо ба худ ва тарбияи хеш бетафовутӣ мекунанд. Мо инро мехоҳем ё не, лаҳҷа ҳамеша буду ҳаст ва мемонад. Агар аз лаҳҷа низ ботамкин истифода намоем, метавон фикри худро хубу нишонрас баён кард.
Таҳияи Хушрӯз ҶАМОЛИЁН