Имрӯз нақши ВАО дар ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳиму назаррас буда, мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион ва ба вижа шабакаҳои иҷтимоӣ ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири амиқи худро расонида истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма изҳор доштанд, ки фазои иттилоотии кишвар ҳанӯз осебпазир буда, таъсири шабакаҳои хориҷӣ ба афкори мардум баланд мебошад.
Ин таъкиди Сарвари давлат ҳақиқати рӯз аст, зеро солҳои охир таъсири расонаҳои кишварҳои абарқудрат ба афкори ҷомеаи кишварҳои дигар, аз ҷумла сарзамини мо низ ба мушоҳида мерасад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳеҷ вақт афроди худогоҳу ватандӯст ҷонибдори матлабҳое нестанд, ки миллат ва давлати онҳоро таҳқир намояд.
Воқеан ҳам, солҳои охир таҳлили коршиносон ва натиҷаҳои пурсишҳои афкори омма исбот намудаанд, ки расонаҳои иттилоотии интернетӣ ба мафкураи одамон таъсири манфии худро расонида истодаанд, зеро дар пахши ақидаҳои ифротгароӣ нақши интернет хеле фаъол буда, назорат намудани муҳтавои маводи он душвор гаштааст. Роҳи чора чист? Оё мешавад, ки аз сомонаҳои иҷтимоӣ худро барои ҳамеша дур гирифт? Чунин саволҳо бештар миёни ҷомеа матраҳ мешаванд ва мо дар посух мегӯем, ки роҳи чора ҳаст, аммо аз интернет дур шудан ғайриимкон аст. Бояд ҷавонон қабл аз ҳама ҳушёр бошанду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бештар барои мутолиа намудани иттилооти рӯзмарра аз сомонаҳои боэътимод истифода намоянд, чунки истифодаи ин гуна сомонаҳо ба манфиат буда, онҳоро ба сӯйи худшиносиву меҳанпарастӣ ҳидоят мекунад.
– Барои чӣ нақши қисме аз сомонаҳои хориҷӣ ба тафаккури ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад?,- шояд хонандаи ин сатрҳо чунин саволро аз матлаби мо фаҳмидан мехоҳад. Ҷавоб ин аст:- Имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки барои гирифтани маълумотҳои ғаразнок нақши қисме аз сомонаҳои иттилоотии хориҷӣ ташвишовар гардидааст, чунки дар онҳо на ҳамеша маълумоти холисона ва аз манбаву сарчашмаҳои муътамад пешниҳод мешавад. Аз ин ҷост, ки чанд соли охир таъсири расонаҳо ва технологияҳои иттилоотӣ ба мафкураи одамон хеле калон гардидааст.
Ба такрор зикр мекунем, ки баъзе аз сомонаҳои иттилоотӣ ҷуз «шустани мағзҳо» фоидаи дигаре ба ҷомеа дошта наметавонанд, зеро маҳз ин гуна сомонаҳо дидгоҳи иддае аз ҷавононро тағйир медиҳанд…
Агар жарфтар ва бо диди таҳқиқ назар кунем, шоҳиди он мегардем, ки ҳар матлаби дар расонаҳо нашршуда аҳамияти бузург дошта, метавонад ҷомеаро ба сӯйи созандагӣ ё баръакс сӯзандагӣ роҳнамоӣ кунад.
Имрӯз вазъи сиёсии ҷаҳон аз ҳар як рӯзноманигори асил ва худшинос тақозо мекунад, ки чун сарбози далер дар марзи иттилоотии кишвар арзишҳои миллии худро ҳимоя намуда, дастовардҳои 29 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.
М. БУРҲОНОВА,
мутахассис-коргузори шуъбаи САҲШ-и шаҳри Хуҷанд