Фарҳанги ҳар қавму миллат моҳияти ҳамон қавму миллатро дар замону макони мушаххас таъйин мекунад. Кайфият ва чигунагии фарҳанг дар шароити мушаххаси таърихӣ ва ҷуғрофиёи муайян аз бошандагони минтақаи муайян бастагӣ дорад. Муҳимтар аз ин, фарҳанг равиш ва бавуҷудоварандаи низоми муътадили зиндагӣ дар ҷомеа буда, инзиботу инсиҷоми иҷтимоъ бар мабнои муносиботи фарҳангӣ сурат мегирад. Ҷомеа, ба назари муҳаққиқон, маҷмӯаи афроди созмонёфтаест, ки шеваи зиндагии хос дорад ва фарҳанг ҳамин шеваи зиндагии вижаи инсонҳост (ниг.: Паҳлавон Чингиз. Фарҳанг ва тамаддун. –Теҳрон: Най, 1388. -С.145).
Шеваи зиндагии вижа ё хоси инсонҳо маънии ба марзи иттиҳод ва тафоҳуми миллию мардумӣ расидани ҷомеаро далолат мекунад. Ба сухани дигар, фарҳанг ва тамаддун ибрат аз назми иҷтимоӣ аст(ниг.:Дуронт Вил. Таърихи тамаддун. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1365. –С.13) ва дар асоси муназзамӣ ва эътидолоти муносибатҳо рушду тараққиёт дар ҷомеа имконпазир мегардад. Дар маънии васеъ, ҳар он чи ки аз ҷониби инсон офарида мешавад, фарҳанг унвон мегирад ва он(фарҳанг)-ро ба сифати «табиати дуюм», ки офарандааш худи инсон аст, мешиносанд(см.:Силичев Д.А.Культурология. Конспект лекций. –Москва: «Приор-издат», 2004. -С.3). Аз ин ҷост, ки субъекти ҷараёни фарҳангсозӣ инсон аст, инсони огоҳ, ҷӯё, пӯё, ҳушманд, доно, бофаросат, бомаърифат ва зирак, ки имконоти омӯзишию парвариширо барои ҷомеа тавассути офаридаҳои моддӣ ва маънавиаш муҳайё месозад.
Муносибати муътадил ва ҳасана дар хамаи давру замонҳо бар асари таҳаққуқ пайдо кардани фарҳанг дар умури иҷтимоӣ имконпазир буда, маҳз фароҳам овардани имконоти фарҳангӣ боиси ҳаллу фасли мушкилоту дарҳамбарҳамиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ ва равонӣ гардидааст. Оромиш ва суботи ҷомеа, қабл аз ҳама, ба равиши зиндагии фарҳангӣ ва фаъол будани ҷомеаи маданӣ, ки мунтаҳо, ба ваҳдат сабаб мегардад, марбут аст. Дар навбати худ, ваҳдат риштаест, ки миёни фард ва ҷомеа вуҷуд дошта, онҳоро ба ҳам мепайвандад. Аз ин ҷост, ки ҳар як ҷомеа, табиатан, ниёз ба ягон шакли ҳамбастагӣ ва ваҳдатро дорад (ниг.:Идиев Х. Ваҳдат ва омилҳои иҷтимоии таҳкими он. /Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007. -С.22-23). Ваҳдату ҳамбастагӣ ва раванди ташаккулу инкишофи он ба фазо ва муҳити фарҳангӣ бевосита алоқаманд аст ва дар паҳнои муносибатҳои фарҳангӣ ва маданӣ устувор мешавад.
Аз ваҳдати маъмулию муқаррарӣ то ба масири ваҳдати миллӣ расидан масофаи тӯлонӣ вуҷуд дорад. Ваҳдати миллӣ, ки бар мабнои ваҳдати органикӣ шакл мегирад (ваҳдати механикӣ, ки шакли аввали ваҳдат аст, дар ҷомеаҳои ибтидоӣ ва рӯ ба тараққӣ сурат мегирад), яке аз унсурҳои таркибии раванди ҷомеасозӣ маҳсуб меёбад. Дар ин замина, он ба яке аз масъалаҳои калидӣ дар раванди ҷомеасозӣ бадал шуда, дар ҳама мароҳили таърихӣ барои дилхоҳ ҷомеа мубрам мегардад ва дар бастагӣ бо ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба сифати зарурати таърихӣ рӯйи кор меояд (ниг.: Гиёев Қ. Ташаккули раванди ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон. /Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007.-С. 30).
Мусаллам аст, ки парешонии иҷтимоӣ, аз ҳам дур шудан ва дар муқобили якдигар қарор гирифтани мардум дар охири солҳои ҳаштодум ва аввали солҳои навадуми садаи бист, махсусан баъди пош хӯрдани низоми қудратманди Шӯравӣ ба ҷанги ҳамватанӣ мусоидат кард. Дастгоҳҳои ҳукумати вақт бо аз байн рафтани сиёсати марказӣ ва мунҳал шудани низоми такраҳбарии шӯравӣ дасту по гум карда, ба гирдоби мушкилоти дохилӣ афтиданд. Азбаски элитаи сиёсии замон истиқлолияти роҳбарӣ ва муҳимтар аз ин, савобиқи мудирияти равандҳои сиёсиро надошт ва ҳамвора аз марказ дастуру фармон мегирифт, дар ҳалли мустақилу мустақими мушкилоти дохилӣ бидуни дастуроти болоӣ оҷиз монд. Илова бар ин, дастандаркорони бозиҳои сиёсии ҷаҳонӣ, аллакай даст ба кор буданд ва бо ҳар роҳу васила дар фазои ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, ки бо шикасти империя ҳолати карахтиро аз сар мегузарониданд, сенарияи бесарусомонӣ ва бетартибиҳои оммавӣ(хаос)-ро дар шакли таҷаммуоти муътаризона коргардонӣ мекарданд, то низоми Шӯравӣ комилан аз байн биравад. Дар пайи ин тадбир, нақшаи низоъ ва даргириҳои дохилӣ тарҳрезӣ шуда, тартиби ба ҳам рехтани ақаллиятҳои этникӣ ва мазҳабиёну дунявиён сурат гирифт. Ба ин тариқ, дар манотиқи ҳассоси қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тухми кинаву адоват кошта шуд ва дар ин замина даргириҳо ба вуқӯъ пайваст, ки аз он вазъи мавҷуда торафт мураккабтар гардида, бовару эътиқодоти мардумӣ ба ояндаи неки ҷумҳурӣ тадриҷан аз байн рафта, халои фикрӣ ва фарҳангӣ дар манотиқи даргир ва баъдтар, дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҳукмфармо гардид. Дар ин миён низоми сиёсию идорӣ ва блоки иқтисодии давлатӣ побанди буҳронҳои амиқ гардида, натиҷатан, фалаҷ шуд. Оқибат ҷанги ҳамватанӣ доман зада, мусибатҳои зиёдеро ба бор овард. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, аз 5,5 миллион аҳолии кишвар, тибқи маълумотҳо, то 200 ҳазор нафар ҳалок гардид. Тақрибан ҳафтяки қисми сокинони он иҷборан тарки хонаю ватан намуда, ба мамолики Афғонистон, Покистон, Россия ва дигар кишварҳои ИДМ паноҳанда шуданд (ниг.: Ҳаролд Ҳ. Сандерс. Раванди сулҳи ҷамъиятӣ. –Душанбе, 2002. –С.181).
Маълум аст, ки ваҳдати миллӣ маҳсули марҳилаи навини инкишофи ҷавомеи миллӣ мебошад. Дар ин гуна ҷомеаҳо ваҳдати миллӣ хусусияти рамзӣ-символикӣ пайдо мекунад ва элитаи сиёсӣ аз он барои таъмини устувори низоми иҷтимоию сиёсӣ ҳадафмандона истифода мебарад. Масъалаи ваҳдат ва раванди амалишавии он ба масъалаи созиши миллӣ бастагӣ дорад. Созиши миллӣ ҷараёни иҷтимоӣ-сиёсӣ буда, ҳадафи бартараф намудани низоъҳои дохилимиллӣ, дохилидавлатӣ ва минтақавиро дар ин ё он мамлакат дар назар дорад (ниг.: Салимов Нуриддин. Фалсафаи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ш. Ҷӯраев, 2000. -С.11). Бо таваҷҷуҳ ба ин, ваҳдати миллӣ ба унвони механизми асосии созиши миллӣ дар нимаи дуюми солҳои навадуми садаи бист, аниқтараш, 27 июни соли 1997 ҷанги дохилиро, ки боиси хисороти зиёди ҷонӣ, молӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фикрию фарҳангӣ гардида буд, барҳам зад. Дар марҳилаи ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ ва даргириҳои бемаънии мусаллаҳонаи ибтидои солҳои навадуми асри бист неруи тозаи миллӣ дар симои раиси Шурои Олии вақт Эмомалӣ Раҳмон тавлид ёфт, ки ҳадафи ягона – мунҳал кардани ҷангу даргириҳои дохилӣ, ба вуҷуд овардани фазои ваҳдати миллӣ ва ба оромишу субот расонидани ҷомеаи тоҷикро дунбол карда, ба натиҷаи дилхоҳ ноил гардид. Ба таъкиди донишманд ва муаррихи тоҷик Иброҳим Усмон: «Бузургтарин хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлати Тоҷикистон муайян ва амалӣ кардани роҳи сулҳу халқи тоҷик, наҷоти миллат аз гирдоби фоҷеабори ҷанг, ба ҳам овардани онҳое, ки аз ҳам дур мешуданд, нигоҳ доштани киштии шикастаи ҳукумат аз ғарқу нобудшавӣ аст» (ниг.: Усмон Иброҳим. Савганди сулҳофаринӣ (ба муносибати 20-солагии Сулҳ ва Ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон). –Душанбе: «Бебок», 2017. -С.4). Тибқи қоида ва одоти маъмулии сиёсӣ, сулҳу оштӣ танҳо дар натиҷаи гуфтушуниди тарафҳои даргир сурат мегирад ва бо қарордоди тарафайн ба анҷом мерасад (ниг.: Конфликтология. Учебник. Санкт-Петербург, 2000. -С.285). Охируламр, бо саъю талошҳои фаровони Сарвари давлат сулҳу оштӣ фароҳам омад ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа тадриҷан устувор гардид. Ҳамин тариқ, сулҳу салоҳи мардуми мо тозатарин ва мушаххастарин роҳи ба ҳам расидани тарафҳои даргирро кашф намуд (ниг.:Восеъ Қурбон. Аз қасри Арбоб то кохи Ваҳдат. –Душанбе: «Деваштич», 2004.-С.19).
Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва фурӯ нишондани оташи ҷанги дохилӣ давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар пайи амалӣ намудани барномаҳои фарҳангӣ иқдомоти зарурӣ анҷом дода (ниг.: Раҳмон Эмомалӣ. Забони миллат – ҳастии миллат. –Душанбе: «Эр-граф», 2016. -С.11), тадриҷанд ба фазосозии миллӣ дар умури маданӣ даст ёфт. Шароити бози ваҳдати миллӣ ва тафоҳуми мардумӣ боиси он гардид, ки ҷомеа ба сӯйи шинохти арзишҳои миллӣ, тарғиби мероси гаронмояи фарҳангӣ ва муаррифии осори гузашта дар сатҳи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор бардорад.
Аз нимаи дуюми солҳои навадуми асри гузашта тасмимоти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бештар сари фарҳангикунонии ҷомеа аз тариқи таҷлили солрӯзи бузургтарин чеҳраҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ қарор гирифта, дар заминаи омӯзиш ва таҳқиқи осори гузашта солгардҳои шоирону мутафаккирони бузурги миллӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҳаким Умари Хайём, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ ва дигарон дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангӣ доир шуд. Соли тамаддуни ориёӣ ба унвони тадбири сиёсӣ ва фарҳангӣ (ниг.: Тамаддуни ориёӣ ва худшиносии миллӣ. //Маҷмӯаи мақолаҳо. –Душанбе: «Деваштич», 2008. -С.3), ки таҷлили саросарии он ба соли 2006 иттифоқ афтода буд, гардиши куллиеро дар самти шинохт ва муаррифии мероси арзишманди тамаддуни ориёӣ дар марҳилаи ваҳдатсозии миллӣ ба вуҷуд овард. Илова бар ин, дар замони таҳкими ваҳдати миллӣ ва пойдории суботу амнияти иҷтимоӣ таҷлили вусъатноки ҷашну маросимҳои бостонии миллӣ, назири Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз авлавиятҳои давлатӣ шинохта шуд. Бавижа, таҷлили ҷашни бостонии Наврӯз дар саросари кишвар ва ба ҷашни байналмилалӣ бадал шудани он ҳодисаи нави таърихӣ дар масири фарҳанггустарӣ ва давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Ба дунболи ин, ба таври саросарӣ таҷлил кардани ҷашнҳои дерини аҷдодӣ мисли Меҳргону Ялдо ва Сада роҳро барои тақвият ёфтани хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамвор сохт. Мунтаҳо, ваҳдати миллӣ ба унвони падидаи нодири иҷтимоию сиёсӣ шароити мусоиди рушди фарҳангию маданиро барои миллат фароҳам овард ва дар натиҷа, дидгоҳу мавқеъгирии миллӣ-давлатиро миёни қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ ва институтҳои маданӣ таҳаққуқ бахшид.
Бо ба вуҷуд омадани шароити хуби омӯзишӣ ва таҳқиқӣ масъалаи муаррифӣ ва тарғиби ғояҳо, арзишҳо ва маросимоти милллию мардумӣ дар сатҳи ба талаботи замон ҷавобгӯ ба миён омада, дар ин замина, тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд. Таҷлили ҷашнҳои бостонии Наврӯз Сада, Меҳргон, Тиргон, Ялдо ва амсоли инҳо, ки дар хотираи таърихии миллати мо ҳифз шуда, ба умри миллат ва мардум баробаранд (ниг.: Разӣ Ҳошим. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Ирони бостон. –Теҳрон: Беҳҷат, 1380. -С.17), тақозои замон мебошад ва дар раванди ҷаҳонишавӣ бозсозӣ ва ба сатҳи миллӣ ва фаромиллӣ расонидани иду маросимоти мардумӣ аз авлавиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор меояд. Дар баробари таҷлили саросарии ҷашну маросимоти миллӣ, масъалаи ҳифзи мерос ва арзишҳои фарҳангӣ ба масъалаи умдаи сиёсати давлатӣ табдил ёфта, дар марҳилаи ваҳдатсозӣ ба ин самти муҳим аҳамияти зарурӣ дода шудааст. Ҳанӯз баъд аз он ки соли 2003 Конвенсия (Муоҳада)-и ЮНЕСКО «Дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ(маънавӣ)» қабул гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 ба узвияти ин Муоҳада пазируфта шуд. Бо таваҷҷуҳ ба муҳиммияти масъала, Ҳукумати Тоҷикистон 31 майи соли 2012, таҳти №263 «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020»-ро ба тасвиб расонд, ки дар он мушаххасоти таълиму тадвин, тарғибу ташвиқ, таҳияву интишор ва билохира ҳифзи мероси фарҳангии миллӣ матраҳ гардидааст(ниг.:Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик.-Ҷилди 1.–Душанбе: Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2015. -С.6). Бар мабнои он, таваҷҷуҳ ба мероси гузаштаи фарҳангӣ ва ҷиддитар аз ин, ҳифзу нигаҳдошти он аз газанди рӯзгор рисолати фарҳангиёну зиёиёни кишвар мебошад.
Дар марҳилаи ваҳдатсозӣ ва ваҳдатофаринӣ, ки амнияти миллӣ таъмин аст, имконоти фарҳангӣ бештар мегардад. Ба назар мерасад, ки то соли 2000-ум бар асари ҳаводиси мусибатбори ҷанги дохилӣ доираи имконоти фарҳангӣ маҳдуд шуда, як навъ бетафовутию беҳавсалагиҳо дар кори фарҳангӣ ва фаъолиятҳои густурдаи маданӣ дар манотиқи ҷумҳурӣ дида мешуд. Дар марҳилаи нави баъдиҷангӣ, шурӯъ аз соли 2000-ум рушди инфрасохтори фарҳангӣ, бунёди иншоотҳои замонавӣ, тақвият ёфтани шууру тафаккури миллӣ ҷараёни имконоти фарҳангиро аз ҳар ҷиҳат таҳкиму тақвият бахшид.
Бояд тазаккур дод, ки сулҳ ва ваҳдати миллӣ омили асосии ба вуҷуд омадани фазои оромӣ ва имконоти васеи фарҳангӣ ва маърифатӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки аз қудрати фикрию фарҳангии мардуми тоҷик сарчашма мегирад, тавонист пеши роҳи хунрезӣ, нофаҳмӣ, ҷаҳолат, нафрат, бадбинӣ, кинаву адоват ва душманиро бигирад ва ақли солимро бар ҷаҳли мураккаб пирӯз бигардонад. Ин нуктаро бояд донист, ки сулҳ дар кишвари мо худ аз худ ба даст наомадааст ва он натиҷаи тадбирҳои амалиест, ки Сарвари давлат тайи солҳои 1994-1997 ҳадафмандона андешида(ниг.:Восеъ Қурбон. Сиёсати давлатӣ ва ваҳдати миллӣ. -Душанбе: «Илм», 2012. -С.46), ҷиҳати пойдору устувор гардидани он ҷаҳду талоши фаровон варзидааст. Дар ин марҳила таваҷҷуҳ ба фарҳанг авлавияти сиёсӣ ва давлатӣ маҳсуб ёфта, дар ин замина қувватманд сохтани базаи моддию техникии самти марбута мадди назари бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Таҷдиди инфрасохтор, бунёди иншоотҳои замонавӣ, сохтан ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани муассисаҳои нави фарҳангӣ-фароғатӣ ва маърифатӣ, минҷумла Китобхонаи миллӣ, ки намунаи баланди меъмории башарӣ мебошад, силсилаи иқдомоти давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар марҳилаи ваҳдати миллӣ буда, раванди созандагию бунёдкорӣ дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ҳамчунон идома дорад.
Бар пояи фарҳанги ватандорӣ, ки намунаи олии маданияти тоҷикӣ аст(ниг.:Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007.-С.306), бунёд ёфтани ваҳдати миллӣ маънои ба илму дониш ҳамоҳанг будани зиндагии ҷомеаро далолат мекунад. Ҷомеаи маданӣ, қабл аз ҳама, бо дониш ва фарҳанг сари кор дорад ва ба василаи такмилу тавсеаи илму дониш, ки аз тариқи китобу мутолеа ба даст меояд, ба густариши фарҳанг машғул мешавад. Ин аст, ки ҷалби насли ҷавон ба китобу китобхонӣ аз масоили ҷиддиест, ки пешорӯйи мақомоти марбута ва дастандаркорони соҳа қарор дорад. Китобхонӣ ва китобдӯстӣ аз муқтазиёти муҳимми замонӣ маҳсуб меёбад, зеро ки сатҳи баланди огоҳӣ, шинохт ва арзишгузорӣ, пеш аз ҳама, ба бинишмандии ҷомеа вобастагӣ дорад. Ташаккул ва таҳаввули биниш ва диди хонанда, омӯзанда ва умуман, шаҳрванде, ки дар фазои амну суботи қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сар мебарад, умри ваҳдату ҳамбастагии мардумро дароз менамояд ва ҳусни тафоҳумро дар ҳама сатҳҳои иҷтимоӣ таҳаққуқ мебахшад.
Акнун, ки дар арафаи 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем ва ҳамасола санаи мубораки 27 июнро чун Рӯзи баҳамойӣ, ҳамбастагӣ, ризоиятмандӣ, якпорчагӣ, муттаҳидӣ ва сулҳофаринӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мекунем, бояд назди худ вазифа гузошта, дар самти ҳифзи ин гавҳари ноёби миллӣ ва давлатӣ ҷиддӣ фаъолият намоем. Аммо пурсише ҳамеша мадди назари мост бад-ин мазмун: Оё метавонем ваҳдати миллиро, чунонки боястӣ, ҳифз кунем ва бо истифода аз имконоти фаровони фарҳангӣ иттиҳоди миллию мардумиро дар сатҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ҳамчунон побарҷо дошта, аз баҳри пурталотуми бархӯрдҳои шадиди тамаддунӣ ва геосиёсӣ солим бадар оем? Ин пурсиш аз мо тааммул ва тааммуқи ҷиддиро тақозо менамояд. Аз як тараф, қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва тарроҳони саҳнаҳои геополитикӣ дар қолаби шиорҳои авомфиребонаи «озодӣ, демократия ва либерализм» (ниг.: Раҳмонов Т. Осори мунтахаб. -Душанбе: МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2014. -С.191) низоми зиндагии ҷомеаҳо, махсусан ҷавомеи мусулмониро, ки ғолибан бар мабнои тафаккури динӣ-мазҳабӣ ҳувият месозанд, таҳти назар қарор медиҳад, аз ҷониби дигар, руҳи бегонасолорӣ ва худбохтагӣ зеҳниёти насли ҷавонро мусаллат кардааст. Тақсимоти сиёсии ҷаҳон (см.:Тузиков А.Р.Основы геополитики./Учебное пособие. –Москва: КНОРУС, 2013. -С.6) ба унвони стратегияи сиёсӣ дар барномарезиҳои қудратҳои ҷаҳонӣ матраҳ аст ва ҷиҳати амалӣ намудани он аз усулу шеваҳои гуногун кор гирифта мешавад. Корбасти пружаи «мағзшуӣ» ё бозӣ бо зеҳн, агарчи технологияи нав дар бозиҳои геосиёсӣ маҳсуб намеёбад, миёни мардуми синну соли гуногун, билхусус насли наврасу ҷавон босуръат идома меёбад. Имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки иддае аз насли ҷавони мо дар фабрикаи мағзшуӣ коркард шуда, ба «истеҳсолот» ворид мегарданд. Тамоюл ба мафкураи бегона ва дар масири фарҳангу идеологияи аҷнабӣ ҳаракат кардани онҳо мушкилзо шудааст, ки ин тарзи ҳаракат, биниш ва мафкура ояндаи хатарбореро ба дунбол дорад.
Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари бароварда сохтани ниёзҳои иттилоотӣ, фаннӣ (техникӣ), маърифатӣ, эстетикӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин ба мағшуш сохтани зеҳниёти иҷтимоъ тавассути таблиғоти афкору мафкураи ғаразнок, ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ ва дар ин замина, тағйир додани тафаккури ҷомеаҳои пасошӯравӣ сари кор мегирад. Сели иттилооти гуногунмазмун, ки даҳсолаи ахир рӯйи сафаҳоти нашрияҳои мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ мерезад, як навъ таҳлили фаннӣ ва бархӯрди мантиқии фикриро талаб менамояд. Феълан то андозае қисмате аз фарҳангиёни ҷомеа дар ин самт ба буҳрон мувоҷеҳанд. Дар чунин вазъият, ки онро муҳаққиқон ва коршиносон, одатан ҳолати буҳронӣ талаққӣ мекунанд, омодагии фикрӣ ва мафкуравӣ-идеологии табақоти иҷтимоӣ, махсусан ниҳодҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ сахт зарур аст. Самти ҳаракати ниҳодҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ дар марзи таҳаввулот ва бедории фикрии ҷомеа маҳдуд мешавад. Муҳим он аст, ки намояндагони илму фарҳанг ва фалсафаи давлатҳои миллии фазои пасошӯравӣ дарк кардаанд, ки зарурати муттаҳид шудани мардумони минтақа ва ҷаҳон ба миён омадааст (ниг.: Бобоёров Ҳафиз. Методологияи бехатарии вуҷудӣ: мавзӯи нестӣ дар фалсафаи Ғарб. –Душанбе: Дониш, 2015. -С.9). Бар мабнои ин, ҷуғрофиёи ваҳдати миллӣ тавсеа ва масири нуфузи он дар паҳнои фарҳанги башарӣ густариш меёбад. Барои он ки ҷилави бархӯрдҳои номутавозини сиёсӣ ва тамаддунӣ гирифта шавад, мебояд садои наслҳои огоҳи миллатро ба сози муколимоти беғаразонаю самимонаи байни тамаддунҳо ҷур кард. Бинобар ин, нахуст зарурати муаддабона ва муттафиқона ислоҳ намудани камбуду нуқсоноте, ки то ин замон дар ҷараёни кори фикрию ҳувиятию фарҳангии ватанӣ эҳсос шудааст, пеш меояд. Зарфиятҳои маҳдуди фикрӣ, муҳимтар аз ин, бетаваҷҷуҳию саҳлангории баъзе ниҳодҳои фарҳангию маърифатӣ раванди бедории фикрию миллиро сусту заиф месозад. Мутаассифона, дидаю дониста дар самти худсозӣ ва ҷомеасозӣ фориғболӣ намудани як идда аз фарҳангиёну зиёиёни ватанӣ дар шароити кунунӣ мушкил андар мушкил эҷод мекунад ва роҳро барои бурузи афкори ғаразнок ва ғайриилмию ғайримиллӣ ҳамвор месозад. Ин ҳам маълум аст, ки аз заъфи фикрӣ ва фарҳангии халқу миллиятҳои камзарфият ва заифтафаккур ба манфиати худ истифода намудан шеваи кори бозигарони сиёсати глобалист. Вобаста ба ин, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва биниши илмии насли ҷавон, миёнсол ва солманди ҷомеаи тоҷикӣ, ки дар зарфи 10-15 соли охир ба хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ махлут шудааст, яке аз омилҳои асосии ҳифзи ваҳдати миллӣ дар марзу буми аҷдодӣ мебошад.
Муҳаққиқон кайфият ва чигунагии сарнавишти миллиро дар фазо ва макони мушаххас ба ҷадалу пайкори худи миллат мансуб медонанд (ниг.: Ятимов С. Назарияи эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ. //Ҷумҳурият №252 (22557), 24 декабри соли 2014. –С.3) ва аз ин ҷо метавон хулоса бардошт, ки меҳру самимият, ақлу фаросат, наҷобату шарофат ва бинишу маҳорати наслҳои миллат (махсусан, фарҳангиён), ки ҳамагӣ дар мафҳуми «одоби миллӣ» ҷамъбаст мегарданд, дар таҳким ва устувории ваҳдати миллӣ ва дар маҷмуъ, ваҳдати иҷтимоӣ нақши калидӣ доранд. Оянда ва дурнамои оптимистонаи ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ба дониш ва биниши илмӣ, ахлоқу мафкураи устувори миллӣ ва фарҳанггустарии табақоти сиёсӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва умуман, фаъолони иҷтимоӣ иртибот дорад.
Ваҳдати миллӣ, қабл аз ҳама, фарогири манофеи миллӣ дар замон, макон, арзу тӯл ва ҳавзаи муайян аст. Ҳамбастагӣ, ҳамкорӣ, ҳамёрӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни аъзои як ҷомеа баёнгари ваҳдати миллӣ ва дар айни замон иттиҳоди иҷтимоӣ аст. Дар ин раванд фарҳанг ва ҳунари созанда, бешубҳа, метавонад нақши ҳалкунанда дошта бошад. Фарҳангу ҳунар хусусияти офаринишӣ ва зиндагисозӣ доранд. Бар ин маъно файласуфи бузурги олмонӣ Фридрих Нитше таъкид карда буд: «Ҳунар бузургтарин муҳаррики зиндагӣ аст» (ниг.: Алейн де Боттон. Тасаллибахшиҳои фалсафа. Тарҷумаи Ирфон Собитӣ. Теҳрон: Қакнус, 1383. –С.255). Ба василаи рӯйи кор овардани офаридаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ ҷомеа худ аз худ тағйир меёбад ва зиндагисозӣ ба унвони маҳорати фарҳангию ҳунарӣ маҳбубият пайдо менамояд. Ин аст, ки мутафаккири аврупоӣ Мишел де Монтано ба ин нукта таваҷҷуҳ фармуда буд: «Ҳунари зиндагӣ, яъне ёфтани роҳҳое барои истифода аз мусибатҳои худамон» (ниг.: Алейн де Боттон. Тасаллибахшиҳои фалсафа. Тарҷумаи Ирфон Собитӣ. Теҳрон: Қакнус, 1383. –С.266). Пеши роҳи ҷангу даргириро, ки аз ҷаҳолату таассуби ҷомеа сарчашма гирифта, мусибатҳоро дар пай дорад, метавон бо фарҳангу ҳунари зиндагисозӣ гирифт ва сулҳу амниятро дар иҷтимоъ ҳифз намуд. Воқеият ин аст, ки имконоти фарҳангии густурда барои таҳкиму тақвияти ҳамаҷонибаи ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад ва чун сипар дар баробари хавфу хатарҳои минтақавӣ ва глобалӣ хидмат менамояд.
Нозим Нурзода,
пажуҳишгар