Метавон гуфт ки устура ё ин ки афсона хобу хаёл ва руёи муштараки мардумони як сарзамин аст. Устураҳо ҳуввияти фарҳангӣ ва таърихии мардуми як сарзаминро дар бар мегирад. Устура афсонае мебошад, ки бо бо ҳадафҳои муайян эҷод гардидааст. Калимаи устура аз калимаи юнонии истуриё гирифта шудааст.
Устура, ки шакли ҷамъаш асотир мебошад, ифодакунандаи ривоятҳои афсонавӣ ба шумор меравад. Устура шакли нахустини ҷаҳонбинии инсон буда, дар он тасаввуроти афсонавӣ дар бораи олам, худоён, қаҳрамонҳо, деву париҳо, қувваҳои некиву бадӣ, рӯшноию торикӣ ва ғайра ба таври тасвири бадеиву хаёлӣ инъикос мегарданд.
Таърихи асотирӣ бо таърихи воқеӣ ва ривоятӣ фарқияти зиёде дорад. Таърихи воқеӣ рӯйдодҳоеро тавзеҳ медиҳад, ки дар воқе иттифоқ афтодааст ва онро наметавон инкор намуд. Барои мисол ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки соли 1941 оғоз гардид ва то соли 1945 идома кард. Ин ҳодисае аз таърих ва гузаштаи воқеӣ ба ҳисоб меравад. Таърихи ривоятӣ ҳам дорем, ки бар асоси ривоятҳои мухталифи муаррихон аз воқеаҳои таърихӣ навишта мешаванд. На дар таърихи воқеӣ ва на дар таърихи ривоятӣ вижагиҳои афсонавӣ вуҷуд надоранд.
Дар сурате, ки таърихи асотирӣ хосияти афсонавӣ дорад, чунки зеҳни инсон қудрати хаёлпардозӣ дорад ва метавонад устура халқ кунад. Одатан устураҳо хаёлӣ ҳастанд, аммо мумкин аст, ки дар баъзе мавридҳо аз як воқеаи таърихӣ низ илҳом гирифта бошад. Масалан як шахсият, ки дар таърих воқеан вуҷуд дошта бошад дар устура ба сурати абармарди фавқулода тасвир мегардад ва дар тӯли солиёни зиёд сифатҳои бештареро ба вай нисбат медиҳанд ва дар мавридаш достонсароию хаёлпардозӣ мешавад. Ва ин боис ба он мегардад, ки рафта-рафта он шахсият муқаддас дониста мешавад. Бисёре аз устураҳо бар асоси идеал ва орзуҳои инсонҳо сохтаю бофта мешаванд. Масалан ин, ки худоёни устураҳо дар осмонҳо ҳастанд ва фариштаҳо бол доранд, бар он асос бошад, ки инсон дар гузашта парандаҳоро медид ва дар ҳасрати парвоз ва орзуи фатҳи осмонҳо, ҷойгоҳи худоёни устураиро дар осмон тасаввур мекард. Ҳар фарҳанге устураҳо ва достонҳои хоси худашро дорад.
Устураҳо бахше аз мероси муҳими фарҳанги ҷомеаро ташкил медиҳанд ва гузаштаи он мардумро барояшон бозгӯ мекунанд. Устураҳо пур аз омӯзаҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ҳастанд. Зеҳни хаёлпардози инсон устура месозад. Инсонҳо қисса гуфтан ва қисса шуниданро дӯст медоранд. Ошноӣ бо устураҳо дар тарбияти фарзандон метавонад бисёр муфид ва таъсиргузор бошад. Устураҳо ба як давраи таърихии мушаххас тааллуқ надоранд, гуё, ки ба таври ҳамешагӣ ҳастанд. Насл ба насл ҳикоят мешаванд ва дар давоми солҳои зиёд ин устураҳо метавонанд асоси воқеӣ ва ривоятии худро ба маротиб тағйир диҳанд.
Инҷо суоле ба миён меояд, ки оё устураҳо дар баробари муфид буданашон метавонанд, ки зараровар ва хатарнок низ бошанд?
Чуноне ки дар боло ишора намудем, устураҳо афсонаҳое ҳастанд, ки аз хаёлпардозии инсонҳо ба вуҷуд омадаанд. ва ҳамаи онҳо аз лиҳози ахлоқӣ дар як сатҳ буда наметавонанд. Агар бо устураҳо фалсафӣ бархурд кунем ва нисбат ба онҳо тафаккури ақлонӣ дошта бошем дар ин сурат мутолиа ва ошноӣ бо асотир лаззатбахш, омӯзанда ва муфид хоҳад буд. Аммо агар бо устураҳо бархурди нодуруст ва мутаассибона дошта бошем, он метавонад бар зарари инсонҳо анҷом ёбад. Устураҳо ба ҳамон миқдоре, ки омӯзандаю муфид бошанд метавонанд, ки ба ҳамон миқдор хатарнок низ бошанд. Ин ба таваҷҷуҳ ва бархурди инсонҳо аз устураҳо вобастагӣ дорад. Агар инсон кӯшиш кунад, ки падидаҳои табииро бо афсонаҳо шарҳу тавзеҳ диҳад, воқеан ҳам ин як равиши ғалат аст, ва ин равиш то 600 сол пеш аз таваллуди Исои Масеҳ ривоҷ дошт. Дар он даврон инсонҳо барои тавзеҳи падидаҳои табиӣ устура месохтанд. Дар он замон ҳодисаҳои табииро ба достонҳое аз худоён нисбат медоданд. Барои мисол дар устураҳои қадимӣ худованди раъду барқ гурзе дошт ва вақте ки онро ба сӯи абрҳо мепартофт боис ба эҷоди раъду барқ ва борон мешуд. Хушксолӣ замоне ба вуҷуд меомад, ки Аҳреман он гурзро медуздид, он вақт мардум бо ташкили як маросими мазҳабӣ кӯшиш мекарданд ба худованди раъду барқ кӯмак кунанд, ки гурзашро аз Аҳриман пас бигирад, то ки хушксолӣ тамом шавад ва дубора борон биборад.
Ҳангоме ки дар Юнони бостон фалсафа ба вуҷуд омад инсонҳо дарк намуданд, ки падидаҳои табииро бояд бар асоси қонунҳои табиат шарҳу тавзеҳ дод на бар асоси хаёлпардозӣ. Ҳанӯз ҳам мардумоне ҳастанд, ки ҳангоми афтодани сояи замин бар рӯи моҳ косаю табақ дар даст то равшан шудани моҳ садои дарангу баранги зарфҳоро дар фазо паҳн мекунанд, ва ба ин бовар ҳастанд, ки бо паҳн намудани ин садоҳо моҳро аз азобе, ки Худованд бар ӯ раво дидааст, наҷот медиҳанд. Ва онҳо ба ин боваранд, ки гирифтани моҳ ба сабаби он аст, ки инсонҳо дар рӯи Замин зиёд гуноҳ мекунанд. Мутаассифона, истифодаи нобаҷо аз устурапардозӣ ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад ва бештари нафароне, ки дар садри адён қарор доранд бо истифода аз минбар суханронӣ намуда, итоат накардан аз қонунҳои динро боиси сар задани селу зилзила ва балоҳои табиӣ медонанд.
Бовар кардан хеле осонтар аз фикр кардан аст. Метавон дар як лаҳза чизеро бовар кард. Аммо барои фаҳму дарки як мавзуъ аз тариқи андеша ва тафаккур бояд замони бисёреро сарф кард. Мутафаккир будан хеле сахттар аз мутадайин будан аст.
Вой бар ҳоли кишваре, ки дар он теъдоди мардуми мутадайин аз мардуми мутафаккир бештар аст. Устураҳо дар он замон барои мо хатарнок мешаванд, ки мо хаёлию афсонавӣ будани онҳоро фаромӯш карда ва онҳоро воқеӣ пиндорем.
Имрӯз бисёре аз инсонҳо, ки таҳсилкарда ҳастанд, ҳанӯз ҳам бар ин бовар ҳастанд, ки дар ҳақиқат Худованд Замину Осмонро дар муддати ҳафт рӯз офарид, ва ҳатто бовар доранд, ки дар яке аз ин рӯзҳо Худованд истироҳат низ намудааст ва ҳар он чи ки Худованд дар Замину Осмон офаридааст, барои инсон офарида шудааст. Бовар доранд, ки паёмбаре метавонист бо ҳайвонот сӯҳбат намояд. Паёмбаре киштие сохт ва аз тамоми ҳайвоноту парандагони олам ҷуфтеро дар кишти ҷой намуда аз тӯфону селе, ки тамоми заминро фаро гирифт насли онҳоро наҷот дод. Ва ё ин ки дар ҳақиқат паёмбаре аз модари бокира зоида шуд, ва дар ҳақиқат паёмбаре ба меъроҷ рафт. Ва дигару дигар боварҳое, ки аз ин қабил ҳастанд.
Бубинед, ки ҳанӯз ҳам инсонҳо дар асри имрӯз тавоноии ташхиси афсонаро аз воқеият надоранд. Мавриди дигар аз хатари устураҳо ин аст, ки агар инсон онҳоро на танҳо воқеӣ балки муқаддас пиндорад. Муқаддассозии устураҳо кори бисёр хатарнок аст.
Достони “Рустаму Сӯҳроб” дар “Шоҳнома” и Фирдавсӣ як устура аст ва ин достон аз таъриху тамаддуни мардуми эронинажод ҳикоят мекунад. Барои мисол агар нафаре карикатураҳои Рустамро бикашад, шояд нафарони зиёде аз аксҳои масхараомези Рустам дар ғазаб шаванд, ва он рассомро танқид кунанд. Инчунин нафароне ҳам пайдо мешаванд, ки шояд аз ғазаби зиёд ӯро дашном диҳанд. Масъала дар ин ҳад хотима пайдо мекунад. Аммо агар ҳамин карикатурист тасвири танзомезеро аз паёмбар мунташир кунад. Дигар маълум аст, ки ба сари он наққош чӣ балоеро меоранд.
Дар Фаронса шоҳиди он будем, ки чӣ гуна карикатуристҳои маҷаллаи «Шарли эбдо» – ро тирборон намуданд, ва муаллиме, ки чанд сол баъд ин карикатураҳоро дар мактаб ба донишҷӯён нишон дода буд, дар хиёбон ба таври ваҳшатноке ба қатл расид. Қатли ин муаллим на барои масхара кардани паёмбар, балки барои тавзеҳ додани мафҳуми озодии баён буд.
Мо шоҳиди он будем, ки натиҷаи боварҳо ва муқаддасот ба устураҳои динӣ дар соли 2015 мелодӣ чӣ балоеро бар сари духтари нуздаҳсолаи афғон бо номи Фархунда овард. Мардони мутаассиб ва ифротӣ бо шунидани он ки Фархунда чанд пора аз варақҳои Қуръонро, ки пора шуда буданд, сӯзонидааст ба вай ҳамла намуда, аввалан ӯро бо мушту лагад ва бо зарби сангу чӯб дар рӯзи равшан ва дар маркази шаҳри Кобул ба қатл расониданд. Баъдан ҷасади беҷони вайро зери чархи мошин гузоштанд. Сипас ин мардони дар ботлоқи хурофотҳои динӣ фурӯ рафта ба ин ҳама ҷоҳилии худ қаноат накарда, ҷасади вайро дар лаби дарёи Кобул оташ заданд. Балое, ки ба сари Фархунда оварданд ба хотири он буд, ки вай пораҳои даридаи варақаҳои Қуръонро ба хотири зери пой нафтодан ба оташ андохта буд. Воқеан, ҳам қатли Фархунда гуфтаҳои болоро, “кишваре, ки муттадайинаш аз мутафаккираш бештар ҳаст, вой бар ҳоли он кишвар”, тасдиқ мекунад. Чунки садҳо нафар аз ҷумла, кормандони ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар низ дар ин ҷиноят ба таври мустақим ва ғайри мустақим ширкат намуданд. Аз таассуби зиёди динӣ касе барои ҳимоят аз ин духтари оҷизу нотавон дар баробари мардони ғулсифати динзада қадам пеш наниҳод. Ин мардони ҷоҳил фикр мекарданд, ки бо ин корашон ба Худову китоби фиристодаи ӯ хидмати шоиста карда истодаанд. Бехабар аз он, ки дар ботлоқи устураву хаёлҳои афсонавӣ ва андешаҳои ғайривоқеӣ ғӯттавар ҳастанд. Ин гуна фоҷеаҳо аз он ҷое сарчашма мегирад, ки афроде устураҳои худашонро воқеӣ ва муқаддас мепиндоранд. Дар ҳадде, ки барои ҳифозат аз он ҳозиранд даст ба ҳар ҷинояте бизананд. Пас дидед, ки бовар ба устура, ривоят ва муқаддас донистани он чи қадар хатарнок аст.
Бешак, масхара кардани эътиқодоти инсонҳо як амали зишт ва кори нодурусту ғайриахлоқӣ аст. Аммо ин далел намешавад, ки агар касе дин ё устураҳои ҷамъиро масхара кард, онҳо иҷозат дошта бошанд, ҳаққи озодии баёнро аз ӯ бигиранд ва ҳатто фаротар аз озодии баён ҳаққи зиндагиро аз ӯ бигиранд. Онҳо фақат иҷозат доранд ба гуфтору рафтори вай интиқод кунанд.
Хулоса, набояд, ки падидаҳои табииро бо устураҳо тавзеҳ бидиҳем. Аз онҳо илҳом бояд гирифт. Даъво накунем, ки онҳо воқеӣ ва муқаддас ҳастанд. Дар ин сурат метавон гуфт, ки ошноӣ ва мутолиаи устураҳо муфид ва омӯзанда хоҳад буд.
Ҳотам Файзуллоев,
адиб ва муҳаққиқ