Қурутоб яке аз хӯрокҳои қадимаи мардуми тоҷик мебошад, ки бо истифода аз маҳсулоти ширӣ омода гардида, назираш дар ҳеҷ куҷои дунё дида намешавад ва дар тӯли солиёни зиёд бо илова намудани хӯришҳои гуногун боз ҳам лазизтар мегардад. Шакароби обӣ ва шакароби дӯғӣ низ намунаҳои дигари қурутоб мебошанд, ки бо тарзи каме мутафовит аз ҳамдигар омода мегарданд. Ҳанӯз ҳам дар деҳаҳои дурдасти тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ҳар ҳафта баъд аз пухтани нон дар танӯр қурутоб, шакароби обӣ ва ё ин ки шакароби дӯғӣ омода менамоянд. Аз рӯи сарчашмаҳо маълум мегардад, ки қурутоб таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад. Дар империяи Бабилон ва Рими қадим ба ҳамин монанд хӯрок бо номи “Кутахи бабилонӣ” дар миёни мардум истеъмол мегардидааст. Қурутоб ва ё ин ки ҳамон кутахи бабилонӣ яке аз хӯрокҳои қадимаи қавми Бани Исроил низ ба ҳисоб мерафтааст, ки бо номи кутах (шакли талаффузи ибриаш “Кутах”) ёд гардида, аз маҳсулоти ширӣ ва бо илова намудани нони хушку намак омода мегардидааст. Дар ин маврид дар китобҳои динии яҳудиён аз ҷумла “Таврот” низ ишора шудааст. (Кутахи бабилонӣ). “Моеи аз шири турш омодагардида ва миқдоре пораҳои нони хушку кӯҳна шуда). “Babylonian kutach” (a dip made from sour milk and somewhat moldy bread crumbs). Талмуд. The Mishnah elucidated саҳфаи 36.
Аз ин бармеояд, ки қурутоб таърихи қадима дошта, аз давраҳои кӯҳан то ба имрӯз аз ҷониби халки тоҷик аз насл ба насл ҳифз гардидааст. Дар мавриди он ки чӣ гуна ва бо кадом сабаб кутахи бабилонӣ ва ё ин ки ҳамон хӯроки бостонии қавми Бани Исроил (кутах) хӯроки миллии мардуми тоҷик қарор гирифт, бигзор таърихшиносону мардумшиносон бигӯянд ва оид ба пайдоиши қурутоб дар байни тоҷикон тадқиқотҳои бештаре анҷом диҳанд. Қурутоб ва ё ин ки ҳамон кутахи бабилонӣ дар миёни миллатҳои дигар ба ғайр аз тоҷикон пурра аз байн рафта ва танҳо сифати он дар китобҳо боқӣ мондаасту халос. Аз шабоҳатҳои дар боло зикргардида равшан мегардад, ки қурутоб ва ё ин ки ҳамон шакароби дӯғии тоҷикӣ аз кутахи бабилонӣ сарчашма мегирад ва дар тӯли солиёни дароз шакли талаффузи ин ном бо тағийротҳои андаке ба забонҳои гуногун роҳ ёфтааст. Аммо мутаассифона, баъзе аз олимону таърихшиносони тоҷик бар ин назаранд, ки қурутоб хӯроки муғулӣ буда, онро лашкари муғул ҳангоми набардҳояшон истифода менамуданд. Ин назар комилан хато аст. Далели аввал ин ки агар қурут вожаи муғулӣ бошад, ин ба он маъно нест, ки қурутоб ҳатман муғулӣ аст. Чуноне ки ман гуфтам, дар деҳаҳои тоҷикнишин ин хӯрокро бештар бо номи шакароби дӯғӣ низ хитоб мекунанд, ки айни ҳамон қурутоб аст. Дувум ин ки дар мавриди пайдоиши маҳсулоти қурут, дар забони англисӣ қурути панирӣ (cheese curds) назарҳо гуногун мебошад. Баъзеҳо бар ин боваранд, ки қурут, cheese curd ва ё ҳамон кутахи бабилонӣ реша дар Руми бостон дорад. Назарҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки пайдоиши ин маҳсулотро ба давраҳои кӯҳан дар Ҳинд рабт медиҳанд. Ба қавли муаррихон, Ҳинд кишварест, ки гармо дар он ҳукмфармо буда, сокинонаш маҷбур буданд, ширро ба ин тариқ хушконанд, то аз фасод гардидани он пешгирӣ намоянд.
Дувум ин ки тибқи ривоятҳо 7000 сол пеш дар Ҳинд хушксоли азиме рух дод, ки мардум на ғалладона ва на меваҷоте барои хӯрдан доштанду нафарони зиёде ҷони худро аз даст доданд. Танҳо шири гов буд, ки кӯдакони зиёдеро аз марг наҷот дод. Маншаи говпарастии ҳиндуҳо ҳам аз ҳамин ҳодиса сарчашма мегирад.
Хушконидан ва захираи шир ба ин тариқ дар ин давра дар миёни ҳиндуҳо ба ҳақиқат наздик аст. Вале имрӯз мо ҳақ надорем, ки ба хотири як калима, ки шояд дар тӯли солиёни дароз ба забонҳои туркӣ ва муғулӣ омехта гардидааст, хӯроки як миллатро, ки ҳазорсолаҳо барои рушду нумӯи он заҳмат кашидааст, ба як халқияти дигар рабт диҳем. Дигар ин ки лашкари муғул ҳангоми набардҳо ниёзе ба хӯрдани қурутоб надошт, аз он сабаб, ки қурутоб хӯрокест сабук ва дар ҳафтае як маротиба барои оромиш додани меъда аст. Дувум, сарбозони муғул бештар аз маҳсулоти гӯштӣ истифода менамуданд, ба он хотир, ки ҳар куҷо, ки ҳамла мекарданд, молу сарвати мардум, аз ҷумла рамаи бузу гӯсфандонро тасарруф менамуданд ва ниёзе ба об кардани қурут надоштанд. Дигар ин ки бо хӯрдани қурутоб оё онҳо имкони ҷангиданро доштанд? Чунки қурутоб хӯроки сабук ва парҳезӣ мебошад. Қурут яке аз хӯришҳои мардуми кӯчманчии муғул буд ва дар ин шакке нест ва ин гунаи маҳсулот дар миёни дигар халқиятҳо низ, ки пеш аз муғулҳо ба домдорӣ машғул буданд, роиҷ буд. Аммо гап сари наҳваи омода кардани хӯрок аз қурут меравад.
Қурутоб ё ки ҳамон шакароби дӯғӣ сад дар сад хӯроки миллии тоҷикон буд ва мемонад. Агар қурутоб моли муғулҳои бодиянишин мебуд, пас чаро ин хӯрок танҳо дар миёни тоҷикони кӯҳистон то ин замон ҳифз гардидааст. Дар ҳоле ки мардуми кӯҳистон ниёзе ба хушконидани шир ва аз маконе ба макони дигар мисли биёбоннишинон кӯч бастанро надоранд. Ҳавои кӯҳистон доимо сард аст. Дигар ин ки дар ҳар маконе, ки муғулҳо “султа” доштанд ва бештари ҷамъияти онҷо бо муғулон омезиш намуда буд, ин хӯрокро ба сахтӣ мешавад пайдо кард. Ҳатто баъзе аз мардуме, ки пайванди нажодӣ бо муғулҳо доранд, аслан дар мавриди ин хӯрок тасаввурот надоранд. Агар қурутоб хӯроки муғулист, пас чаро дар миёни қавмҳои минтақа, ки аз ҷиҳати нажодию фарҳангӣ ба муғулҳо наздикӣ доранд, роиҷ нест ва дар ягон фарҳангу донишномаи мардуми муғул акси қурутоб ва ё ин ки хӯроке ба ин монанд дида намешавад. Ҷолибаш дар он аст, ки дар миёни дигар халқиятҳо вожаи қурут ба таври васеъ истифода мегардад. Аммо дар Муғулистон ба ҷойи вожаи қурут аз вожаи муғулии худашон арул (aaruul) истифода мебаранд. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки вожаи қурут низ як вожаи бостонист, ки дар миёни миллатҳои гуногун истифода мегардад, аз ҷумла муғулон, ки дар баробари арул “хурууд” низ мегуянд ва ин калима ба муғул ҳеҷ рабте надорад. Ба эҳтимоли зиёд вожаи қурут баргирифта аз ҳамон калимаи ибрии “кутах” мебошад, ки дар тӯли асрҳои гузашта ҳамзамон бо муҳоҷирати васеи яҳудиён ба қитъаҳои Осиёву Аврупо паҳн гардида, ба шаклҳои гуногун ба мисли курд, қурут, гурт, қурт, хурууд ва хортан тағйири шакл намудааст.
Мақолаеро таҳти унвони “Қурутоби хонабадӯшон” бо қалами муаррих Луқмон Бойматов мутолеа намудам, ки дар он қурутобро таъоми муғулӣ номида ва хӯроки қурутии афғониро мисол овардааст, ки дар байни қавми ҳазораҳои Афғонистон роиҷ аст. Пеш аз ҳама, дар ҳайрат мондам, ки чаро муаллиф хӯрокеро, ки дар миёни халқи тоҷик роиҷ аст, ба қавми дигар нисбат додан мехоҳад. Маълум аст, ки қурутоб бештар дар қисмати ҷануби Тоҷикистон маъруф буда, ва яке аз машҳуртарин ғизоҳои мардуми кӯҳистон ба ҳисоб меравад. Ин ба он маъност, ки дар ҳар гӯшаи кишвар гунаи хӯроке ҳаст, ки он аз кулли мардуми ҳамон сарзамин ба ҳисоб меравад. Хоҳ дар қисмати шимол бошаду хоҳ дар қисмати ҷануб. Аммо талошҳои муаллиф ва иддае аз фаъолони дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои муғулӣ нишон додани қурутоб ғайри қобили қабул буда, ҳама талошу мақсади онҳо барои ин кор норавшан боқӣ мемонад. Аз бегонагон донистани хӯроки як маҳалли кишвар воқеан ҷойи таассуф аст.
Муаллиф таъкид менамояд, ки “дар гузашта мардуми маҳаллии Тоҷикистони ҷанубӣ бо ҳамзабонони худ аз кишвари Афғонистон иртиботи танготанге доштанд ва баъид нест, тоҷикони ҷануби Точикистон таҳияи қурутобро аз бародарони тоҷики Афғонистон ба орият гирифта бошанд”.
Аввалан ин ки дар гузашта тоҷикони ду ҷониб бо доштани як фарҳангу анъаноти муштарак дар канори ҳам зиндагонӣ менамуданд. Ба орият гирифтани ин ё он расму русум ва ё фарҳанги якдигар дар миёни ду қавм ва ё халқияту миллиятҳои гуногун ба амал меояд. Дар миёни як халқ, ки забону фарҳанги ягона дорад, ба орият гирифтани чизе дар мисоли таом ғайриимкон аст. Дувум ин ки сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки тоҷикони ҷануби Тоҷикистон ва тоҷикони қисмати шимоли Афғонистон, аз ҷумла Бадахшону Панҷшер аз Самарқанд ба он минтақаҳо дар паи ҳуҷуми аҷнабиён муҳоҷират намудаанд. Бахусус, тоҷикони дараи Панҷшер худро аз табори тоҷикони Даҳбеди Самарқанд меҳисобанд. Тоҷикони кӯҳистони қисмати ҷануби Тоҷикистон низ ҳамин иддаоро доранд ва исбот ҳам шудааст. Дар ин сурат оё метавон гуфт, ки тоҷикони ҷануби Тоҷикистон қурутобро аз тоҷикони Афғонистон ба орият гирифтаанд? Дар ҳоле ки онҳо аз як реша ҳастанд. На, ҳаргиз чунин нест! Ҳамзамон муаллифи мақола таъкид менамояд, ки “Дар навоҳии Кӯлоб ва атрофи он дар гузашта ақвоми зиёди муғулӣ, аз қабили қунғурот, қарлуқ, лақай ва ғайра ба тадриҷ сокин шуданд ва шак нест, ки қабилаҳои хурду бузурги кӯчӣ метавонистанд аз авомили таъсиргузор дар шаклгирии тарзи маишат ва зиндагии тоҷикони ин манотиқ бошанд”. Бо ин пиндори муаллиф, гумон меравад, ки тоҷикони ҷануби Тоҷикистон тарзи таҳияи хӯрок ва пухтупазро аз қавмҳои муғулӣ омӯхтаанд. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки магар халқи тоҷик то омадани қабилаҳои муғулӣ ба ин минтақа аз маишату зиндагӣ бехабар буданд? Дар ҳоле ки тоҷикони минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон беш аз ҳазорсолаҳо дар ин макон зиндагӣ доранд ва сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки тоҷикони ин маҳал аз шаҳрҳои бузурге ба мисли Ҳамадон, Кобул, Бухорою Самарқанд ба ин минтақа ҳиҷрат намуда буданд. Барои мисол, Ҳазрати Бурхи Валӣ аз Байтулмуқаддас, баъдан Хуросони бузург шаҳри Кобул ва Мир Сайид Али Ҳамадонӣ аз Ҳамадони Эронзамин, ки дар ин минтақа маскан гирифта буданд.
Дар мақола муаллиф таъкид менамояд, ки қурутӣ дар байни мардуми ҳазораи Афғонистон ривоҷ дорад. Аммо муаллиф дар мавриди қурутӣ ва ё қурутоби тоҷикони Ҳирот ва Бадахшони Афғонистон чизе намегӯяд. Бояд зикр намуд, ки қурутоб ва ё ҳамон қурутӣ ҳам дар байни қавми ҳазора ва ҳам дар миёни тоҷикони Афғонистон вуҷуд дорад ва беҳтарин навъи қурут дар Афғонистон ин қурути тоҷикони Бадахшон ба ҳисоб меравад. Таоми қурутӣ бештар дар вилоятҳои Ҳирот ва Бадахшон мавриди истифода қарор дошта, дар миёни тоҷикони Ҳироту Бадахшон ба маротиб машҳур ва ривоҷу равнақ дорад. Муаллиф дар мақола қурутиро бештар ба қавми ҳазора нисбат медиҳад. Дар ҳоле ки қурутӣ як хӯроки суннатии самти шимоли Афғонистон ба ҳисоб меравад. Кашфи қурутоб ё ҳамон қурутиро ба қавми ҳазораҳо, ки гумон меравад аз ақвоми муғулӣ бошанд, нисбат додан комилан нодуруст аст. Бовар дорам, ки муаллиф ҳам ба хотири он ки ҳазораҳо шабеҳ ба муғулон ҳастанд, қурутобро ба онҳо ва қабилаҳои муғулии ҷануби Тоҷикистон нисбат медиҳад. Аввалан ин ки аз ақвоми муғул будани ҳазораҳо исботи пурраи худро наёфтааст. Баъдан дар мавриди қавми ҳазора назарҳо гуногун мебошад. Аз бозмондаҳои лашкари муғул донистани ҳазораҳо яке аз он назарияҳо ба ҳисоб меравад ва аввалин нафаре, ки дар ин маврид навиштааст, Абулфазли Аломӣ муаррихи давраи Акбаршоҳ сеюмин ва бузургтарин шоҳи императории муғул байни солҳои 1556-1605 мелодӣ мебошад, ки дар Ҳинд ҳукумат мекард. Асосан ин назария бештар ба хотири шабоҳатҳои зоҳирии ҳазораҳо ба муғулҳо пайдо гардидааст. Дигар ҳеҷ санади муътамаде дар ин маврид вуҷуд надорад. Рашидуддин Фазлуллоҳ таърихнигори давраи муғул дар навиштаҳояш ҳеҷ ишорае намекунад, ки Чингизхон ё ҳар кадоме аз сардорони лашкараш дастур дода бошанд, ки муғулҳо дар минтақаи имрӯзаи Афғонистон сокин шаванд. Аввалин бор муҳаққиқи фаронсавӣ Ҷей Пи Фериер дар асри XIX мелодӣ назарияи дигареро матраҳ намуд. Ӯ мегӯяд, ки ҳазораҳо аз замони Искандари Мақдунӣ дар Афғонистони имрӯзӣ зиндагӣ менамуданд. Баъдан низ дар асри 20 муҳаққиқи Афғонистонӣ Абдулҳайи Ҳабибӣ ин назарияро таъид намуда, бумӣ будани ҳазораҳоро исбот мекунад. Ҳабибӣ мегӯяд, номи ҳазора пеш аз ҳуҷум ва ишғоли муғул низ вуҷуд дошт ва барои исботи ин ҳарфаш аз навиштаҳои Ҳивон Тсунг ҷаҳонгарди машҳури чинӣ, ки дар соли 644 мелодӣ ба Ҳинд рафта буд, мисол меорад. Ин ҷаҳонгарди чинӣ дар навиштаҳояш аз минтақае ба мисли Ҳусола ном мебарад ва дар ҳамин даврон Батламиюс низ аз сарзамине дар ин минтақа бо номи Узола ёд мекунад. Ба назари Ҳабибӣ Усола ва Узола ҳар ду як макон аст, ки аввали номи чинӣ ва дувуми юнонии ҳамон минтақа аст. Ҳар ду ҳам ишора ба минтақаи ҳазора дорад. Тсунг дар хотироташ мегӯяд, вақте бо яке аз шоҳон барои ҷамъоварии молиёт дар маркази Афғонистони имрӯзӣ меравад ва бо қавми сарсахте бармехӯрад, ки аз лиҳози зоҳир шабеҳ ба чиниҳо буданд. Пас дар ин ҷо маълум мегардад, ки қавми ҳазора пеш аз ҳамлаи муғулон низ дар он минтақа ҳузур доштанд. Бомиён ҳазору панҷсад сол қабл аз ҳамлаи муғулон маркази оини буддоӣ буд. Ба ҳамин хотир солона ҳазорон зоири чинию тибетӣ ва умуман мардуми Шарқи Осиё, ки аз табори зард буданд, ба ин минтақа меомаданд. Аз ин рӯ, ақидаи аз табори чиниҳо ва ё ин ки тибетиҳо будани ҳазораҳо бештар ба ҳақиқат наздик аст. Роиҷ будани қурутоб дар байни ҳазораҳо ва тоҷикони Афғонистону Тоҷикистон далолат аз он медиҳад, ки ин хӯрок на аз самти шимол, балки аз самти ҷанубу ғарби ин кишварҳо вориди ин минтақа гардидааст. Ба он далел, ки қурутоб дар минтақаҳое, ки бештар таҳти таъсири муғулон қарор дошт, роиҷ нест. Муаллиф низ дар мақолаи худ иқрор мешавад, ки “Таърихи истифода ва таҳияи қурутоб дар миёни ақвоми форсизабонон, мисли форсҳои Бирҷанд ва курдҳои Эрон ба дурустӣ маълум нест. Бо ин ки қурутоб дар баъзе аз ин маҳалҳои Эрон роиҷ аст, вале бояд мутаваҷҷеҳ бошем, номи қурутоб ба маънии ғазои муътабари миллии Эрон нест ва худ эрониён қурутобро сареҳан аз ғазоҳои маҳаллӣ медонанд”. Аз ин гуфтаҳои муаллиф бармеояд, ки қурутоб дар Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон собиқаи таърихӣ дорад ва ин хат нишон медиҳад, ки таоми қурутоб на аз сӯи шимол, ки макони паҳншавии муғулон буд, балки аз самти сарзаминҳои Шарқи Миёна вориди ин минтақа гардидааст. Яке аз ғизоҳои асилу суннатии Эрон ин назарияро тақвият медиҳад, ки бо номи колҷӯш мебошад.
Колҷӯш аз кашк, (қурут) пиёз, мағзи чаҳормағз омода гардида, онро бо нони хушк истеъмол менамоянд. Колҷӯш ба шаклҳои гуногун дар саросари Эрон омода карда мешавад. Колҷӯш ҳамон кутахи бабилонӣ мебошад, ки бо омадани фарҳангҳои гуногун дар ин минтақа ба тарзҳои гуногун, аз ҷумла ба мисли қурутоб шакли худро иваз намудааст.
Дар ин ҷо ба хулосае мерасем, ки ҳазораҳо қурутобро аз тоҷикон ва қавмҳои дигари эронии бумии ин минтақа, ки дар ин макон мезистанд ва ба домдорӣ низ машғул буданд, ба орият гирифтаанд.
Аммо ҷолибаш дар он аст, ки ин хӯрок ҳанӯз ҳам дар байни тоҷикони кӯҳистон бо ҳамон номи бостониаш “кутах” ва бо ҳамон наҳваи қадимааш, ки дар китоби “Таврот” ва “Талмуд”- и яҳудиён омадааст, омода ва истеъмол мегардад.
Ҳангоме ки решаҳои пайдоиши қурутобро ҷустуҷӯ менамудам, ба чизе бархӯрдам, ки воқеан ҳайратовар буд. Боварам намешуд, ки дарвоқеъ хӯрокеро дар миёни халқи тоҷик пайдо намудаам, ки се ҳазор сол пеш дар Бобилу Рум вуҷуд дошт ва то ба имрӯз ба ҳамон тарзе, ки буд, бе ягон тағйирот боқӣ мондааст. Дар дараи Панҷшери Афғонистон кутахи бабилонӣ ба таври муъҷизаосое бо ҳамон тарзу усул ва номи бостониаш то ба имрӯз боқӣ мондааст. Дар дуртарин ва охирин нуқтаи ин минтақа деҳаест бо номи Париён, ки тоҷикон дар он сукунат доранд. Дар ин деҳа ва манотиқи дигари Панҷшер тоҷикон таоме доранд бо номи қутах, ки ҳангоми субҳгоҳон омода ва истеъмол менамоянд. Ин хӯрок бо ном ва тарзи омодаю истеъмолаш айни ҳамон кутахи бабилонӣ мебошад, ки дар китобҳои “Таврот” ва “Талмуд”, дар ҳудуди 29 маротиба ёд гардидааст. Қутахро тоҷикони Панҷшер бештар аз шири гов омода менамоянд. Пас аз дӯшидан ширро мепазанд ва ҳангоме ки ба шакли мост ё ҳамон ҷурғот табдил гардид, онро дар дохили машк муддате такон дода, равғанашро аз дӯғ ҷудо менамоянд ва дӯғи онро дар оташ ҷӯш медиҳанд. Пасон чакка ва ё ҳамон қатиқашро аз оби дӯғ ҷудо ва хушк намуда, захира месозанд, ки онро қутах ё ин ки қутахӣ мегӯянд. Тоҷикон дар дараи Панҷшер аз қутахи омодагардида нони қутухӣ ва қутахрӯған низ омода менамоянд. Қутахрӯған яке аз хӯрокҳои маъмулӣ дар деҳаи Париёни Панҷшер ба ҳисоб меравад. Қутахрӯған аз қутахӣ омода гардида ва ба дохили он каме равғани зард низ илова менамоянд. Қутахрӯғанро дар дараи Панҷшер асосан дар ҳамон шакли қадимааш, ки дар “Талмуд” зикр гардидааст, бо пораҳои нони хушк ва ё ин ки бо нони чапотӣ истеъмол менамоянд. Қутахии тоҷикони Панҷшер далел бар он аст, ки ин ғазо, яъне қутахрӯған айнан ҳамон кутахи бабилонист.
Ҷолибаш дар он аст, ки ҳатто тарзи омода кардани қутахи панҷшерӣ, айнан ба ҳамон шакли зикргардидааш дар “Талмуд” аст, тарзи истеъмоли он низ дар давоми се ҳазор сол аз ҷониби тоҷикони ин минтақаи кӯҳистон тағйир наёфтааст. Аз ин бармеояд, ки қурутоб низ ҳамон кутахи бабилонӣ буда, тӯли солиёни дароз бо илова намудани адвияҷот аз ҷониби халқи тоҷик ҳифз ва такмил дода шудааст. Ба хотири огоҳии бештар аз тарзи таҳия намудани қутах дар дараи Панҷшер метавонед аз барномаи ютубканали Toot/Paryan Qotokhi in Panjshir дидан намоед.
Баъди ҳамаи ин далелу нишонаҳо беинсофист, ки хӯроки миллии худамонро аз ҷониби худамон ба як миллату халқияти дигаре рабт диҳем. Кутахи бабилонӣ, ки шабоҳати яксон ба қурутоб ва қутахи панҷшерӣ дорад, солҳо пеш аз ҳуҷуми муғулҳо вуҷуд дошт. Пас, чаро решаи ин хӯрокро дар даврони бостон наҷӯем?
Шодравон олими забардасти тоҷик, академик, профессор Раҳим Масов дар як мусоҳибааш дар барномаи телевизионӣ бо номи рисолаи таърихӣ чунин мегӯяд, “Ҳангоме ки халқҳои дигар омаданд, бо тоҷикон омехта гардиданд, ки ин шурӯи ассимилятсияи табиӣ (омехташвӣ)” буд. Аммо ин омехташавӣ танҳо дар водиҳои Осиёи Миёна сурат гирифт. Дар ҳамвориҳо, ба мисли водии Ҳисор, водии Вахш, Тошканд, водии Фарғона ва ғайраҳо. Ба он тоҷиконе, ки аз ҷабри аҷнабиён гурехта дар кӯҳистон пинҳон шуданд, ин омехтешавӣ дахл надорад. Тоҷикон на ба хотири боду ҳавои фораму гуворо дар кӯҳистон муқимӣ гардиданд, онҳо аз маҷбурӣ дар кӯҳистон зиндагиро ихтиёр намуданд. Агар ки онҳо ба кӯҳҳо паноҳ намебурданд, кушта мешуданд”. Пас маълум мегардад, ки тоҷикони кӯҳистони Тоҷикистону Афғонистон бо аҷнабиёне, ки ба Осиёи Маркази ҳамла намуда буданд, омезиш наёфтанд. Тоҷикони кӯҳистон ба хотири омезиш наёфтан бо аҷнабиёни таҷовузгар ва ҳифзи расму русуми худ ба қуллаҳои баланди кӯҳсорон паноҳ бурдаанд. То имрӯз боқӣ мондани қутахрӯған ва қурутоб натиҷаи ана ҳамин паноҳ бурданҳои мардуми тоҷик аз аҷнабиён аст. Пас, чӣ гуна метавон гуфт, ки қурутоб ин хӯроки муғулист. Дар ҳоле ки дар водиҳо омезиш бо муғулҳо сурат гирифта буд, нишоне аз ин гуна хӯрок дида намешавад.
Тибқи ривоятҳо маълум мегардад, ки ин гуна хӯрок пештар аз даврони муғулҳо низ вуҷуд дошт. Дар китоби динии яҳудиён “Талмуд” ривояте ҳаст, ки аз қадимӣ будани ин гуна хӯрок ва дар миёни қавми араби баъд аз зуҳури ислом низ шуҳрат доштани он шаҳодат медиҳад. Ривоят аст, ки марде аз қавми араб ба ҳамсараш супориш медиҳад, ки барои ман кутах омода намо. Ҳамсари ӯ бо кадом сабабе наметавонад, ки дар муҳлати муайангардида ин хӯрокро омода созад. Шавҳари зан мебинад, ки кутахи фармудааш омода нест, ба ғазаб омада дар сари ҷаҳл бо садои баланд се маротиба ба занаш мегӯяд, ки аз хона баромада рав! Зани бечора ноилоҷ хонаро тарк мекунад. Мард пас аз чанде ба худ омада аз кардааш пушаймон мешавад. Аммо дигар занашро ба хона баргардонида наметавонад. Чунки тибқи қонуни шариат се маротиба шахсе, ки ҳамсари худро аз хона рав гуфта садо мекунад, ӯ дигар ҳаққи бо он зан зиндагӣ карданро надорад. Ин ривоят ба он маъност, ки кутахи бабилонӣ на танҳо таърихи тӯлонӣ, балки яке аз хӯрокҳои дӯстдоштаи мардуми тамоми минтақаҳои атрофи Баҳри Миёназамин ва кишварҳои Халиҷи Форс ба ҳисоб мерафтааст.
Вожаи қурут низ вожаи байналмилалӣ буда, дар тӯли солҳои зиёд дар забонҳои гуногун тағйир хӯрдаасту халос. Ин маҳсулот қарнҳо пеш аз ишғоли муғул дар шарқи Миёназамин ва атрофи он вуҷуд дошт. Гуфтаҳои Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар “Сафарнома”-и худ ин назарияро тақвият медиҳад. Ӯ дар бахши 56-и “Сафарнома”-и худ мегӯяд: “Дар ин дарё зиёда аз сесад ҷазира бошад ва аз он ҷазоир киштиҳо меоянд ва равғану кашк меоваранд ва гуфтанд он ҷо гову гӯсфанд бисёр доранд ва мардуми он ҷо гӯянд мусалмонанд, баъзе тааллуқ ба Миср доранд ва баъзе ба Яман”. Аз ин хотироти Носири Хусрав дар сафарномааш маълум мегардад, ки кашк, яъне қурут дар Шарқи миёна як хӯриши маъмулӣ ва роиҷ буда, мардумони домдор ба коркард ва фурӯши он машғул будаанд.
Қурут дар “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ низ бо номи тарф омадааст, ки имрӯз дар миёни мардум бо ҳамин номи тарф, яъне ҳаммаънои вожаи туршӣ ёд мегардад.
“Биёбон саросар ҳама канда сум,
Ҳамон равғани гов дар сум ба хум.
Зи Шероз в-аз тарф сесад ҳазор,
Шутурвор бад-ин бар лаби ҷӯйбор”.
(“Шоҳнома,” Подшоҳии Баҳроми Гӯр, бахши 15.)
“Яке бенаво марди дарвеш буд,
Ки нонаш зи ранҷи тани хеш буд.
Ҷуз аз тарфу шираш набудӣ хӯриш,
Фузуниш рух бин бад-ин парвариш.”
(“Шоҳнома”, Подшоҳии Баҳроми Гӯр бахши 26”)
Инчунин Носири Хусрав низ дар Девони ашъораш “Қасоид” дар қасидаи 23 мефармояд:
Пур шавад меъдаи ту чун набувад майда зи кашк,
Хушканд мағзи туро чун набувад мушки саҳоб.
Аммо баъзеҳо ба он далел, ки дар тӯли қарнҳои гузашта номи қурутоб дар феҳристи хӯроки табақаи ҳокимону ашрофони тоҷикону форсизабонон ворид нагардидааст, онро хӯроки миллӣ намедонанд. Ин назария ба куллӣ хатост, чунки дар гузашта табақаи ҳокимону ашрофон бештар аз хӯрокҳое истифода менамуданд, ки аз маҳсулоти гӯштӣ омода мегардид ва ба ҷайби онҳо мувофиқ буд. Табақаи ашрофон майле ба хӯрокҳои парҳезӣ надоштанд. Қурутоб бошад, омода карданаш хеле содаву осон ва камхарҷ буда, барои кулли мардум дастрас буд. Тоҷикон, ки дар гузаштаҳои дур низ деҳқон ва домдор буданд, таҷрибаи кофӣ барои истифода аз маҳсулотҳои шириро доштанд ва гунаҳои зиёди таомҳои тоҷикиро аз ин маҳсулот омода менамуданд. Ба мисли ширчой, кашк, ҷурғот, чакка, нӯшобаи дӯғ, ширкаду, ширбиринҷ, ширрӯған ва ғайраҳо.
Дар ин маврид Ҳамоми Табрезӣ чи басо хуш гуфтааст:
“Маломате натавон кард рустоиро,
Ки пеши шаҳду шакар номи кашку дӯғ бурд.”
Ёдам ҳаст, ҳангоме ки пиронсолони кӯҳистон дар ҷое даври ҳам менишастанд ва агар нафаре ба назди онҳо таоми ширбиринҷ меовард, онҳо худ ва дигаронро ташвиқ менамуданд, ки пеш аз истеъмол ба хотири эҳтироми ин хӯрок аз ҷои худ бихезанд ва сари таъзим фуруд оваранд. Ин амали онҳо нишондиҳандаи он аст, ки халқи тоҷик эҳтироми хосе нисбат ба шир дошта, аз ин маҳсулот дар омода намудани хӯрокҳои гуногун ба таври васеъ истифода менамудаанд.
Бигузор, фарз кардем, ки қурут номи муғулӣ бошад, аммо ин далел шуда наметавонад, ки қурутоб муғулист ва мо онро тоҷикӣ надонем. Қурутоб таомест, ки аз ширу нон – ин ду маҳсулоти барои тоҷикон муқаддас омода мегардад ва бо илова намудани сабзиҷоти тару тоза манфиати зиёде барои саломатии инсон дорад.
Сайидои Насафӣ низ дар девони ашъораш мефармояд:
“Равад гар зи кашку ҷувори сухан,
Шавад об дандон, ба деги даҳан.”
Роиҷ будани ин хӯрок дар байни тоҷикон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки мардуми тоҷик ба саломатии худ аҳамияти зиёде медодаанд ва дарвоқеъ ҳамтабори Абӯалӣ Ибни Сино ҳастанд.
Қурутоб рамзи бартарӣ додани гиёҳхорӣ бар гӯштхорӣ аст. Вуҷуди қурутоб далолат аз он мекунад, ки халқи тоҷик ба истеъмоли гулу гиёҳ ва маҳсулоти ширӣ бартарӣ медоданд. Вале баъид аст, ки лашкари муғул гиёҳхориро аз гӯштхорӣ болотар медонист. Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки на қурутоб муғулисту на вожаи қурут. Вожаи қурут шакли тағйирёфтаи кутахи бабилонӣ мебошад, ки тайи солҳои зиёд дар пайи муҳоҷиратҳои мардуми Шарқи Миёна ба тамоми нуқоти олам паҳн гардидааст.
Қурутоби тоҷикӣ низ баргирифта аз ҳамон кутахи бабилонӣ мебошад, ки бо эҷоди навовариҳо дар ин хӯрок халқи тоҷик тавонист онро рушду нумӯъ дода, дар ҳифзи он барои наслҳои оянда саҳмгузор бошад. Пас, бо итминон метавон гуфт, ки қурутоб хӯроки миллии мардуми тоҷик аст. Қутахи тоҷикони Панҷшер далолат бар он мекунад, ки кутах, қутахруған ва қурутоб аз таомҳои камшуморе мебошад, ки дар тӯли зиёда аз се ҳазор сол аз ҷониби халқи тоҷик ҳифз гардида ва ин таом хоси мардуми тоҷик мебошад. Пас, имрӯз халқи тоҷикро мебояд, ки аз ин хӯрокҳои бостонии худ – кутах, қутахруған, қурутоб ва шакароби дӯғӣ ҳифз намуда, дар муаррифии онҳо барои бақо ва пойдории минбаъдаашон ба созмони бонуфузи ЮНЕСКО пешниҳод ироа намояд.
Ҳотам ФАЙЗУЛЛОЕВ,
адиб ва муҳаққиқ