Маълум аст, ки инсон аз сафар ва ҷаҳонгардӣ дониш ва таҷрибаи бузурге ҳосил мекунад. Шоир ва мутафаккири бузург Носири Хусрав баъди сафари тӯлониаш асари мондагори «Сафарнома»-ро таълиф намуд. Саъдии Шерозӣ аз мушоҳидаҳо ва донишу таҷрибаи дар сафарҳои зиёди андӯхтааш барои башарият «Бӯстон» ва «Гулистон»-ро ба армуғон овард, ки ҳаргиз қимату арзиши худро гум намекунанд.

Падари бузургворам собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Машъал»-и ноҳияи Мастчоҳ Мирзоҳамдам Шарифзода низ тибқи суннати бузургон сайру саёҳатро дӯст медоранд ва пайваста сафар мекунанд. Чун пешаи аслии эшон рӯзноманигорӣ аст, аз сайру сафар матолиби ҷолибро ба нашр мерасонданд. Ҷолибтараш он аст, ки падарам бештар пиёда сафар мекунанд. Аммо пиёда сафар кардан аз фард қувва, ҷасорат, ирода ва матонатро талаб мекунад, ки чунин сифатҳоро на ҳар кас дорост. Хушбахтона, падари азизам соҳиби нерӯи зарурии ҷисмонӣ ва ҷасорат мебошанд, ки ин хислатҳои ҳамида аз падари бузургворашон Мулломирзошариф Азимзода мондааст, ки 7 писарро тарбия ва соҳиби маълумоти олӣ кардааст, ки онон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хизмат намуда соҳиби обрӯву мартабаи хос буданд. Ҳама бародарони падар донишманду соҳибкитобу бомаърифат буданду ҳастанд.

Саёҳатҳои қиблагоҳам собиқаи дерин дорад. Он кас қаблан ба Ҳиндустон, Афғонистон, Русия, Қрим, Сочӣ, Симферопол, Латвия, Литва, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо низ сафарҳое доштаанд. «Шишта-шишта бӯрё, гашта-гашта дарё» зарбулмасалест, ки нафари муқимиро бо нафари ҷаҳонгашта мавриди муқоиса қарор дода, ва ҳамеша инсони ҷаҳонгашта бо ҷаҳонбинӣ, дараҷаи афкор ва дониши худ хеле фарқ дорад.

Устод Садриддин Айнӣ дар мақолаи илмии худ «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» аз ҷасорат ва тавоноии адиби бузург ситоиш карда, таъкид доштааст, ки вай соҳиби қувва ва ҷасорати беҳамтое будааст, зеро дар он даврон хатари ҳамлаи роҳзанон, даррандагон, заҳр задани хазандагон зиёд буд, вале Саъдӣ аз онҳо ҳарос надошт ва ба сафараш идома медод. Дар замони мо чунин хатарҳо камтар аст, аммо шуҷоат ва диловарӣ мебояд, то масофаҳо пиёда тай карда шаванд.

Пӯшида нест, ки 93 дар сади ҳудуди Тоҷикистони азизамонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва раҳнаварди ҷасурро мебояд, роҳи агбаҳоро мардона тай намояд. Падарам агбаҳои Анзоб, Шаҳристон, Чормагзак, Шаршар, Хабуробот ва Фахрободро пиёда гузашта, баҳраҳои муфиди ҷисмонию маънавӣ бардоштаанд ва аз он дар нақлҳо ва навиштаҳояшон ба мардум маслиҳату машваратҳои муфид додаанд. Соли 2007 ағбаҳои Шаҳристон ва Анзобро тӯли 8 рӯз тай карда, мафтуни мӯъҷизаҳои кӯҳсори диёри офтобиамон шудаанд ва дар ин хусус нақлҳои ҷолиб мекунанд. Тибқи нақлҳояшон, баҳраҳои маънавию ҷисмонии ин сафарҳо низ беқиёсанд.

– Табиати кӯҳистон, – мегӯянд падарам, – ҷозибаи хосе дорад, ки онро на ҳар кас эҳсос карда метавонад. Аз тамошои кӯҳсори Ватан рӯҳу равони инсон дигаргун шуда, ӯ худро бардаму солим эҳсос мекунад. Дил аз ифтихору фараҳ лабрез мешавад, ки Худованд ин диёри биҳиштосоро насиби мо тоҷикон намудааст. Дар урфият Тоҷикистонро ба Шветсарияи хурд монанд мекунанд, бигзор Шветсария монои Тоҷикистони азизи мо бошад!

Чун аз Саъдии бузургвор сухан кардем, аз асари «Гулистон» қитъаеро манзур месозем:

Абру боду маҳу хуршеди фалак дар коранд,

То ту ноне ба каф орию ба ғафлат нахӯрӣ.

Ҳама аз баҳри ту саргаштаву фармонбардор,

Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набарӣ.

Муроди носеҳи бузург талқини он фикрест, ки инсон бояд аз дунёву табиат ва ҳодисаҳои он барои худ дарсу таҷриба бигирад, аз ҷаҳони ғафлату бехабарӣ худро берун кашад. Тамошои табиат – инсони ҳушёру бохабарро хушёртару бохабартар месозад ва лаззатҳо мебахшад. Хушо ба ҳоли чунин нафарон, ки аз дарки чунин муъҷизаҳо бонасиб мегарданд!

Яке аз сафарҳои падарам ба соли 2010 рост омадааст, ки бо хамроҳии дӯст ва бародархондашон – иқтисоддон, рӯзноманигор, суратгир Тоҷиддин Саидолимов сурат гирифта буд. Сафар бо ин ҳаводори сайру саёҳат дар Бадахшон 40 рӯз тӯл кашидааст. Онҳо мавзеъҳои тамошобоб ва таърихии Бадахшонро зиёрат намуда, аз мӯъҷизахои табиати афсункори Бадахшон, кӯҳҳои осмонбӯс, Кӯҳи лаъл, Чашмаи Носир бо ҳарорату дилбастагӣ ҳарф мезаданд. Аммо дар ҳама корҳо ғайричашмдошт воқеаи сар мезанад.

Дар ин бора ман аз дафтари хотираҳои падар хондам: “Пагоҳ вориди Сағирдашт гаштем, ки аз деҳаи Қаълаи Ҳусейн 17 км дурӣ дошта, роҳ аз паҳлӯи шаршараи маъруфи Дараи Мулло мегузарад. Сағирдашт бо табиати афсункунандаю боду ҳавои мусаффо нигин дар ангуштариро мемонад. Манзили зистамонро бо тавсияи ҳамсабақам хонаи Хоҷӣ Саидхӯҷа Давлатов – бародари олими иқтисоддони тоҷик, профессор, шодравон Исмоил Давлатов қарор додем.

Рӯзи дигар баъди фатҳи ағбаи Хобуработ, ки аз сатҳи баҳр 3252 м2 баланд аст, баъди зуҳр дар Қалъаи Хумб шудем. Сари по нонушта карда, сафарро идома додем. Аммо ҳеҷ не, ки ба деҳаи Мадраса, ки аз маркази ноҳия ҳамагӣ 1 км дурӣ дошт, расем. Ба Д.Азизов занг задем. Гуфт, ки роҳгум задед, сӯи майдони ҳавоӣ равонед, қафо гашта қад-қади дарёи Хингоб равед, ба Мадраса мерасед. Хуб гуфтему ақиб нагаштем, балки аз ҷарие сарзер шудем, аниқтараш шудам. Тоҷиддин қафо монда буд. Пайроҳа аввал хуб буд, пуску паи пои моли майда аз гузаргоҳи чорвою чӯпон хабар медод. Аммо пайраҳа торафт тангу душворгузар мешуд. Аз шарикам дарак не. Баъди 20-30 дақиқа сари ҷешиле расидам, ки пешоба (лаҳҷаи мардуми Мастчоҳ, “ба пеш”) роҳ нест, ба қафо боз душвортар. Акнун Худо мегуфтам, ки Тоҷиддин ба ин пайроҳа фирефта нашавад мисоли ман. Воҳимаам гирифт, аз гармою ҳарос арақшор шудам. Аз ҳаракат монда, ба ғеҷиш даромадам, мушкилии вазъиятро лаҳза ба лаҳза амиқтар дарк мекардам. Аммо дар талоши ҳаёт тадбирҳои гуногун меандешидам, роҳи наҷотро меҷустам ва ба ин хотир борхалтаи иловагиамро ба хотири сабук шудани бор ба ҷарӣ партофтам – дохили он кордча, токии помирии Тоҷиддин, кулчапораҳои савғотӣ, аз Мастчоҳ, куртаи худам ва боз баъзе майда чуйдаҳо буд. Борама сабук карда, тасмаҳои борхалтаи асосиро тарангтар кашида, ба поён не, ба тарафи чап бо кумаки оринҷҳои хуншоргашта ба ҳаракат даромадам. Рӯз аз ним кайҳо гузашта буд, наҷунбидан роҳи наҷотро дур мекард. Баъди аз кор баромадани шиму хуншории оринҷҳо, ки пеши ваҳм ҳеҷ чиз набудаанд, ба майдончае расидам ва аввалин амалам ин буд, ки «я спасён!» гӯён бо забони ғайр, намедонам чаро, дуд аз димоғ баровардам. Поёнравон мебинам, ки Тоҷиддин аз тарафи деҳаи Зинчироғ ҳамроҳи як милисаву ду нафар кормандони роҳ, ки либоси ҳирфавӣ ба тан доштанду ресмон ба китф, ба куҳ мебаромаданд. Мо ҳарду ҳамдигарро бе наздикшавӣ ба оғӯш гирифтем ва ӯ пичирросзанон дашноме ҳам кард. Ман аз хурсандии наҷот чавобро фурӯ бурдам.

Он рӯз дар дафтари хотираам, чунин сатрҳо пайдо шуданд: 19 июли соли 2010, соати 16.45 ман дар деҳаи Зинчироғи ноҳияи Дарвоз дар синни 63 – солагиам аз нав таваллуд шудам.

Сафари навбатии падарам соли 2013 ба дараи Яғноб сурат гирифт. Дар ин сафар қиблагоҳро чанд нафар дӯстонашон ҳамроҳӣ мекарданд. Ин сафар тамошои ҳамаи деҳоти минтақаи мавриди назар аз маркази Яғнобдара – деҳаи Маргеб то интиҳои он – деҳаи Навободро дар бар гирифта буд.

Аз нақли падарам маълум гардид, ки Яғноб 33 русторо тобеъ сохта, феълан дар 17 деҳоти он мардум маскун ҳастанд. Онҳо бо забони яғнобӣ гуфтугӯ мекунанд, ки яке аз лаҳҷаҳои забони қадимии суғдӣ маҳсуб меёбад. Анъана ва расму оинҳои қадимӣ дар ин минтақа боқӣ мондаанд, дар ҳоле ки дар маҳалғои дигари кишварамон русуму анъана қисман аз байн рафтаанд. Дар маҳалҳои маскунии болооби Зарафшон – навоҳии Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Яғноб бисёр деғаҳо бо номҳои қадимиашон арзи вуҷуд доранд, ки хеле ҷолиб мебошад. Чунончи, дар Кӯхистони Мастчоҳ мисли Сурхкат, Арнохун, Мадрушкат, Валигунд, Худгиф, Эсиз, Роғ. Падаск, дар Айнӣ чун Вешаб, Рарз, Дарг, Мадм, Вашан, Хушекат, дар Яғноб монанди Хишертоб, Маргеб, Ворсовут, Каше, Пискон ва ғайра бо номҳои қадимиашон ёд мешаванд, ки диққати олимони таърихшинос ва забоншиносро ҷалб кардааст.

Қиблагоҳӣ аз сафари дараи Яғноб наворҳоеро бо худ овардаанд, ки далели рӯшани ибратомӯзӣ мебошад. Мавзӯи яке аз наворҳо инъикоси муҳаббат ва эҳтироми як аврупоие буд нисбат ба забон, анъанаҳо ва расму оини мардуми мо. Ду нафар сайёҳони хориҷӣ дар манзили Мирзобойи яғнобӣ меҳмон шуда, аз мехмоннавозӣ, урфу одат, забону фарҳанги ғанӣ ва дилпазири мардуми ин сарзамин бо ҳарорат ва эҳсосоти баланд бо ваҷд, бо забони тоҷикӣ ситоиш карда мегуфтанд, ки макони тоҷикон – ҷаннати рӯи дунёст. Тааҷҷубовараш он буд, ки Ҷеки австралиягӣ бо забони тоҷикӣ озодона ҳарф мезад ва ба посу эҳтироми ин миллату ин забони номи худро Ҷамшед, ҳамсарашро – Бунафша, фарзандонашро – Садриддин ва Тоҷиддин гузошта буд. Сайёҳи ба ин кишвар ва мардуми он мафтуну ихлосманд бо забони омехтаи адабию лаҳҷавӣ мегуфт: – “Ин об, ин хок, ин сарзаминро, ки дар он хушбахттарин мардумони сайёра умр ба сар мебаранд, эҳтиром бояд кард. Фақат дар Тоҷикистон ман дарёфтам, ки инсонҳо ба боарзиштарин неъмати Худованд – нон чунин эҳсос ва эҳтироми беандоза доранд. Мардум дар ин ҷо ба об, хок ва умуман табиати Ватани аҷдодӣ чунон меҳру мухаббат доранд, ки сазовори ҳама гуна ситоиш мебошад. Зиҳӣ кишвар, зиҳӣ мардум!”

Аз самимияти гуфтори як сайёҳи хориҷӣ дилро фараҳу ифтихор лабрез мекунад ва ашки шодӣ дар чашмон пайдо мегардад. Аз он афсӯс бояд хӯрд, ки манзараҳои нотакрори сарзаминро зиёрат накардаем.

Сафарҳои тӯлониву ҷустуҷӯи шарики муносиб падари бузургворамро бо яке аз сайёҳони номии кишвар ва мухлиси беҳамтои ҷаҳонгардӣ Абдулазиз Раҷабов қарину ҳамсафар сохтааст. Ин ҳаводори сайру саёҳат чанд маротиба бо падарам пиёда аз Душанбе ба Хатлон ва аз Хатлон ба Душанбе ҳамсафар будааст. Ин ду рафиқ ва ҳамсафар дар соли 2014 ният доштанд, ки пиёда ба зиёрати Хонаи Худо бираванд. Вале нооромиҳои кишварҳои Араб монеъи зиёрати пиёдаи онҳо гардид. Абдулазиз Раҷабов воқеан шахси ҷаҳонгашта буда, бо номи «Хоҷӣ пиёда» маъруф аст.

Таҷрибаҳои дар сафар андӯхташуда донишу маҳорату истеъдодро сайқал дода панди судманде барои дигарон хоҳад буд. Аз он ифтихор мекунам, ки падарам аз чунин сифатҳо бархурдоранд. Феълан синни эшон марзи 75-ро убур кардааст ва касрати синну сол майлу роғбаташонро ба ҷаҳонгардӣ коҳиш надодааст. Зиндадилӣ, рӯҳи пуртуғён, ҷасорат, ҳавсаламандӣ, ғановати рӯҳию ҷисмӣ шояд қисме аз он сифатҳое бошанд, ки ман дар шахсияти эшон мушоҳида кардаам. Боз ҳам ният доранд, ки Девори бузурги Чинро пиёда фатҳ намоянд ва бо ҳамроҳии модари азизам бори дигар ба зиёрати Хонаи Худо бираванд. Ба гумонам, солҳои охир пайваста ба зиёрати зодгоҳи худу гузаштагон, ба Оббурдону Аълами Аъламиён сафар карданашон ва афзун гардидани майлу рағбаташон ба обод кардани манзили ниёгон, бо бунёди кулбае дар рустои Сурхкат, шояд самараи ҳамон сайру саёҳатҳое буд, ки дар хусуси як қисми онҳо қисса кардем.

Дар ин рӯзҳои пурфайзи баҳорӣ Қиблагоҳам ба синни мубораки 75 мерасанд. Ба ин бузургвор аз номи фарзандону пайвандон тансиҳатию хотирҷамъӣ, умри пурбор, камоли фарзандону набераву аберагонро хоҳонем. Ҳаёти ибратбахши Падар, кору пайкорашон бароямон мактаби хештаншиносиву худогоҳӣ, эҳтироми миллату забон, одамгариву асолатмандӣ мебошад. Дар амалигардии орзуҳои пурсаодаташон тавфиқ хоҳонем!.

Аз рӯзгори ибратомӯзи падари сайёҳи худ чанд лаҳзаро рӯйи коғаз овардам, то хонанда аз он манфиат бардорад. Зеро ҷаҳонгардӣ ба инсон сифатҳои ҳамидае мисли худогоҳӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, ҷасорат, суботкорӣ ва ғайраро мебахшад.

Мисраҳои ҷовидонаи аллома Иқболи Лоҳурӣ гӯё инъикосгари ҳаёт ва раҳнамою раҳкушои зиндагии қиблагоҳам мебошанд:

Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,

Дар дили шуъла фурӯ рафтану нагдохтан аст.

Мазҳаби зиндадилон хоби парешоне нест,

Аз ҳамин хоб ҷаҳони дигаре сохтан аст.

Гулпарӣ ШАРИФОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь