Ҳамроҳ бо дӯсти наздикам ба яке аз ноҳияҳои дурдасти кишвар барои гузаронидани тӯйи домодиву арӯсӣ сафар кардем. Иттифоқан, бо банда ҳодисае рух дод ва шояд пас аз нақл он дар хотираҳо боқӣ монад.

Дар овони ҷавонӣ ҳодисаҳое иттифоқ меафтанд, ки боиси ибрат ва пушаймонии афроди дигар мегарданд. Бисёри онҳоро солҳо ба ёд оварда, баъзеҳо дарун-дарун месӯзанду рӯяшонро ашкҳои чашм мисли оби ҷории дарё мешӯяд. Гуруҳи дигаре ҳодисаи дар даврони ҷавониашон ба вуҷуд омадаро пас аз гузашти замон байни дӯстон нишаста қисса мекунанду чанде аз кардаи худ фахру такаббур мекунанд, ки “ман фалон вақт дар фалон ҷо ҳамин корро кардаам, ки ҳеҷ кас аз уҳдаи иҷрои он намебаромад”. Ҳар чӣ, ки карда буданд, бало ба пасаш, хонанда, аммо воқеаи ба сари ман омадаро касе шунавад ва хонад, албатта, хеле вақти зиёд ба ёд оварда, аз таҳти дил механдаду ба дигарон нақл мекунад.
Мо бо дӯстам ҳар куҷое, ки сафар кунем, ҳатман бо як воқеа ва ё рӯйдоде рӯ ба рӯ мешавем, ки гоҳе бо ман ва гоҳе бо ӯ рух медиҳад. Аммо ин дафъа бахти дӯстам баландӣ карду ин воқеаро ман чашидам.
Ҳамаи мо медонем, ки аллакай дар тӯйҳоямон расм шудааст, ки дар тӯйи домодиву арӯсӣ торти калони фармоишӣ харида, дар пеши мизи нозу неъматҳои муҳайёкардашуда дар сафи аввал гузорем. Дар ин тӯй низ торти калони сеошёна ва ба як дид бомаззаву хело ширин, дар қисми пеши мизи домоду арӯс гузошта шуда буд. Аз сабаби он, ки шириниро дӯст медорам, ҳарчи зудтар мехостам луқмаи насибкардаи худро аз ин торт чашам. Вале дар гумонам ҳам набуд ва ҳатто фикр низ накарда будам, ки ин торти домодиву арӯсиро, ки онро шаҳу келинчак бо умеди ояндаашон «мисли ширинии ин торт ширин шавад» гӯён, бурида ба якдигар медиҳанд, хӯрданаш аввал насиби ман мегардаду баъд насиби дигарон.
Хулласи калом, базму шодии шаби тӯй хотима ёфт. Арӯсро домод таги чодар бурд ва аҳли хонавода ба ҷамъу гирдоварии дастурхонҳову чизҳои дигар гаштанд. Ногоҳ назарам ба хоҳари домод афтод, ки торти дар боло гуфтаро бо як азоб бардошта, ба даруни хона дароварданӣ аст. Худро дарҳол чусту чолок нишон дода, рафта хоҳиш кардам: “Биёед ман дарорам”. Духтар бе ягон дудилагӣ розӣ шуд ва худ пештар аз ман ҳакарат мекард. Аз сабаби он, ки базми домоду арӯс дар саҳни кӯча мегузашт, то хонае, ки ман бояд тортро мебурдам, роҳ каме дароз буд. Сӯхта болои намакоб, дар баробари ин боз торт вазнин буд ва пояҳои ошёнаи торт на он қадар устувор буданд. Аз тарафи дигар, шояд дар ҳавои берун аз яхдон торт каме мулоиму соишхӯрда шуда буд, ки болои лаълии дар пояҳо гузошташуда ин тарафу он тараф рафта меомад. Бо хеле машаққату эҳтиёткорӣ тортро то даруни хона даровардам ва “акнун як монданаш монд” гӯён, ба дил гузаронидаму бо дили пур миёнамро хам карда, дасти аз болои торти сеошёна доштаамро поён бурда, рӯйи қолини кунҷи хона гузоштанамро медонаму халос…
Мебинам, ки қисми торти нисбатан аз дигар қабатҳояш хурд будаи ошёнаи сеюм дар болои қолин, пора шуда хоб рафтааст. Дарҳол торти хурди афтидаро бо дастонам аз замин бардоштаву рӯйи лаълиаш гузошта, ба ҷустуҷӯйи рӯймолча барои тоза кардани қолин шитофтам. Хушбахтона, хоҳари домод, ки хеле духтари вазнину сирпинҳонкунанда будааст, маро чанде дилбардорӣ кард: “Ҳеҷ гап нест, тасаввур намо, ки ин кор нашудааст”.
Духтар бо рӯймолча ҷойи афтидаи тортро тоза мекарду ман чӣ кор карданамро надониста, ангуштони ба торт олудашудаи худро як-як мелесидам. Вале аз хиҷолати афтонидани торт, лаззаташро ҳис намекардам. Пас аз тоза шудани ҷойи афтидаи торт мо ҳамроҳ берун аз хона рафтем ва ман бо дӯстам дар даромадгоҳи меҳмонхона рӯ ба рӯ шудам. Аз афти кор рафиқам одатҳои маро хуб медонист, ки баробари дидани ман “чӣ кореро ба сар кардӣ…”,- гӯён хандид. Каминаи гунаҳкор воқеаи рухдодаро қисса кард ва ҳамроҳ бо дӯстам аз таҳти дил хандидем.
Банда пас аз он, ки бо домод дар як хона нишастему ба мо тортро бурида оварданд, баъд лаззати аслии онро чашидам ва аз дил гузаронидам, ки «шояд касе мисли ман ба ин ҳодиса рӯ ба рӯ шуда бошад ё дар оянда шавад».
Шояд бо касе аз шумо ин воқеа иттифоқ афтад!?

Нуралӣ КАРИМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь