Ёдномаи воқеии таърихӣ

Эҳдо ба марги нобаҳангоми апаам Одинабибӣ, ки бо ду кӯдаки навзоди хеш, шасту се сол пеш, октябри соли 1959, дар як тобут ба хонаи абад, абадан рафтанд…

«Марг! Чӣ қадар калимаи даҳшатовар, ҳамаи оламиёнро ба коми бетаги худ мекашаду гуруснаю ҳарисона, боз ба бадунёомадагон менигарад».

Муҳаммад Ҳиҷозӣ

Бадбахтанд онҳое, ки барояшон ҳама чиз фаҳмост…

Постер

Дӯстон, дарди дили хеш ба шумо ёд кунам,

Аз сари афтодагӣ, нолаю фарёд кунам.

Шарифи Гулзод

Боз хома дар даст, ба фикру фикр фурӯ рафта, худро тасалло медиҳам, ки охир дар ин дунёи гузарони гузарон заррае бошад, ҳамин навиштаҷотҳои дили банда, ки пур аз гиреҳҳои хунин аст, агар боқӣ монаду монад барои пасояндагон…

Бо умеди умедҳо … Омин!

Худоё, ҳамагон медонем, ки мо инсонҳо, ҳамарӯза машғули ташвишҳои рӯзгор шуда, гузашти бемисли вақтро намефаҳмем…

Худ ба худ меандешам, ки дирӯз навҷавон будаму аз зиндагӣ меболидам ва бо шахсиятҳои бузург нишастухез намуда, ба бекаронии дунё боварманд будам, имрӯз бошад, ба сарам барфи пирӣ мерезад ва чинҳои рӯям маҷроеро мемонанд, ки тавассуташон сели рӯзҳои гузарон ба ҷовидонагӣ ҷорист.

Нисфи шаб, пас аз ин андешаҳо сабти муноҷоти фораму дилрешкунанда, бар ғазали Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ «Эй фалак дод аз ҷафоят, дар чӣ ҳолам кардаӣ»-ро дар иҷрои ромишгари нотакрори давру замони мо, устод Ҷӯрабек Муродов, ки дар хазинаи тиллоиям буд, паст карда мондам, то наберагону фарзандонро аз хоби ширинашон бедор накунам…

Оҳ!… дардам гарон аст, чунон гарон аст, ки ба тафсири ин ҳолати мудҳиши даврони ҷавонӣ, дастонам ларзону ғуссаам бепоён, зеро қиссаи пураламам пур аз андӯҳу ғам аст…

Бале, ин қисса пур аз розу ниёз ва сӯзу гудоз аст, чунон пурсӯзу гудоз аст, ки дар шарҳи он оҷизам, ҳатто ба гуфтори ин қиссаи пурғусса қалам гирён аст…

Кадом сол дар хотиротам нест, ҳикояеро аз рӯзгори Ҳаким Фирдавсӣ хонда будам, ки мазмунаш чунин буд:

Ҳангоми офаридани достони «ҷанги Рустам бо Сӯҳроб» устод Фирдавсӣ дари хонаи худро қулф мекунаду чандин шабу рӯз, бо сӯзу гудоз, фиғону нола намуда, мегиряду мегиряд. Танҳо ба духтараш Манижабону фармоиш медиҳад, ки аз тобадони хона хӯрокаро диҳаду аз шохаи дарахти себи ҳавлияш, ки дар шохи оҳуе нӯшоба буд, нӯшобаро: ва баъдан ин достон ба вуҷуд меояд.

Ман ҳам пеш аз он, ки ба ин қиссаи пурғуссаю дилреш қаламфарсоӣ намоям, бо садои мусиқии савти муноҷоти устод Ҷӯрабек Муродов тахминан ду соат ашкрезон шуда баъдан, хомаронии хешро давом додам…

Ин қиссаи талхи таърихии банда, тахминан охирҳои моҳи октябри соли 1959 рух дода буд.

Дар он замон ман чорунимсола будам…

Дар боми ҳавлиамон, назди модар, бо даву този кӯдаконаи хеш машғул будам…

Ин дам модари ниёишгарам ба рӯбучини хона банд буд, ки ногоҳ зани ҳамсоя аз беруни хона фарёд намуда, чунин хушхабарро изҳор намуд: «Ҳамсояҷон… Азизмоҳ! Ҳу ҳамсояҷон, себинчиамро диҳед, духтаратон Одинабибиро дарди таваллуди фарзанд гирифтаасту зуд рафта, дояи беҳтарини гузари «Ҳавлии миёна» Одинабикаро гирифта баред…».

Ҷавобан модарам хуб шудааст; Гулбибихон, себинчиатон қарздор, ҳамсояҷон, гуфтанду зуд сару либосҳояшонро иваз намуда, ба ман рӯ оварда гуфтанд, ки бачаҷонам, апаат Одинабибиро дарди таваллуд гирифтаасту ман ба хонаи момодоя мераваму ту аз хона берун набаро ва ба ҷӯраҳоят Гулмуҳаммаду Мирзойи Муллоболту дар хона то омадани ман бозӣ кунетон! Фаҳмидӣ?

Ҷавобан, ҳа, модарҷон, фаҳмидам гуфтаму бо лаҳни кӯдаконаи хеш аз модар илтиҷо намудам, ки очаҷон, момодояи хуберо барои таваллуди апаам Одинабибӣ баред, то ки беосеб таваллуд кунад, зеро ӯ маро аз ҳад зиёд дӯст медораду ҳатто сари китфонаш мегардонад…

Дар ҳоли аз хона баромада рафтани модар, соат тахминан нӯҳи пагоҳӣ буд…

Шаб фаро расиду аз модар хабари омадан набуд. Ҳамон шаб дар дилам ким чи хел ғуссае пайдо шуда буд, ки онро ман ба ҳеч кас гуфта наметавонистаму ба хонаи хоб даромада, то пагоҳӣ хобам набурда, бедор ба умеди омадани модар интизорӣ кашидам…

Вале ҳайҳот, аз омадани модар ягон хабаре набуд.

Хулоса, баробари субҳ дамидан худам давида ба хонаи апаам Одинабибӣ, ки тахминан чорсад ё панҷсад метр буд, рафтам. Нигоҳ кунам, занҳои бисёре даву тоз доранд. Зуд гирякунон модарамро пурсон шудам, зани ҳамсоя ба ман гуфт, ки очаат дар пеши апаат мебошаду мо се доя овардем, онҳо апаатро таваллуд кунонида натавониста истодаанд.

Саросемавор, дари хонаи апаамро кушода бинам, ки ӯ доду фиғони ҷонкоҳе намуда истодаасту модараму дояҳо дар ту тарафи паҳлӯяш истода, ҳар замон ба ӯ таъкид менамуданд, ки Одинабибиҷон, Худо хоҳад, ҳозиракак таваллуд мекунӣ, зиқ нашаву Худо гӯй…

Баробари маро дидани апаам, лаҳзае худро ба даст гирифту чунин гуфтори вопасини хешро изҳор намуд, ки он то ҳол бароям фаромӯшнопазир буд:

«Додарҷонаки ба ҷону дил баробари хурдиякам Шарифҷон, апаатро бин, ки бо се дояи дар паҳлӯям буда, маро таваллуд кунонида натавониста истодаанд, ба фикрам дидорҳо ба қиёмат мемонад, ҷону ҷигари апааш», гуфту гарданамро дошта, чунон оҳу фиғони бадарде кашид, ки гумон кардам, ки замину замон аз ғояти оҳи сӯзонаш ларзиду ларзон шуд…

Шояд ин лаҳзаро муаллимаи мактабамон шодравон Ойбибӣ Кӯчакова пай бурданд, ки дари хонаро кушода, маро аз назди апааму модарам берун бароварда, гуфтанд, ки писарҷонам, дар таги ҳамин дарахтон нишаста бозӣ кун, ҳамааш хуб мешавад…

Пас аз гузаштани чанд соат, модарам доду фиғону рӯю мӯйканон аз хонаи апаам баромада, ба мардуми дар берун буда, бо чашмони гирён арз намуд: «Ҳамсояҳою хешу таборон, духтари сарнахустини нозанинам Одинабибӣ, бо ду кӯдаки навзоди худ, аз дори фано ба дори бақо рафтанд.

Мани модари сарсахт, бо се доя, ҳеч чиз аз дастамон дар назди аҷал наомад, вою сад вой духтарҷонам, баламе!».

Дар як муддати кӯтоҳ пас аз ин хабари шум тамоми хешу таборон ва мардуми диёр назди хонаи апаам ҷамъ омаданд.

Оҳу фиғони мардуми диёр…

Рӯзи дигар хешу таборону тамоми мардуми диёр, ҳатто берун аз диёр, назди ҳавлии шодравон, апаам ҷамъ омаданд, то ки мурдаҳоро ба манзили охираташон биспоранд…

Падару модари ниёишгару хоҳарону додарон чунон бо сӯзу гудоз месӯхтанду гиряву нола мекарданд, ки ҳамаи мардуми дар он ҷо буда, ашкашон шашқатор мерехту кӯҳу пуштаҳо нолон буданд, аз ин марги нобаҳангом…

Эҳ, марг ба марг, ки ин ахтарони тобонро ба доми бетаги худ фурӯ бурдию боз ба дигарон бо ҳасрату надомат нигаронӣ! Марг! Оё ту медонӣ, аз байни дудмонамон киро рабудӣ? Шахсеро рабудӣ, ки он яке аз нозанини нозанинҳо буду дар гуфтору рафтору кирдор низ болотарини болотарҳо ба шумор мерафт!…

Хайр чӣ илоҷ, ҳеч чора нест! Ба ҳамааш шукру сабру шукру сабр…

Пас аз чанд лаҳза, ду ҷавонмардони диёр дар дасташон тобуту дар болои тобут таштоби (тахтаи) мурдашӯйро ба ҳавлӣ нолону гирён оварданд.

Мувофиқи урфу одати мардуми диёрамон, то ба таштоб даровардани мурда, бояд ҳама хешу таборони наздик даромада, бо ӯ видоъи вопасин намоянд.

Аввал падару модар ва дар дасти модар ману амакҳоям, додарону хоҳарон ва баъдан хешу таборони дигар даромада, бо шодравон апаам Одинабибию кӯдакони навзодаш хайрбоди абадан намуданд. Дар ин ҳол, ман бори аввал мурдаро медидам, ки хомӯшона лаб бо табассуму ду кӯдаки навзодаш дар ду паҳлӯяш бо парпеч буданд.

Дар хотирам ҳаст, ки ба шодравон модарам саволи аҷиби кӯдакона додам: «Очаҷон, апаам Одинабибӣ кай бо кӯдаконаш аз хоб бедор мешаванд?». Дар ҷавоб модарам гирякунон гуфтанд, ки бачаҷонам, апаату кӯдаконаш рӯзи қиёмат бедор мешаванд.

Боз саволи дигаре додам, ки модарҷон, кай қиёмат мерасаду апааму кӯдаконаш бедор мешаванд? Дар ҷавоб модар гуфт, ки бачаҷон, инро Худо медонад, ки кай қиёмат мешавад.

Ҳамин тариқ, ба апаам Одинабибию кӯдаконаш, хешу таборон хайру хуши қиёматию ҷовидона намуданду мурдаҳоро барои шустан ба таштоб дароварданд.

Ман зинда аз онам, ки бад-он боз бимирам,

Ҳам нолакунонам, ки дар он роз бигирям.

Чун баъди вафот ҷисм кунад майл ба таштоб,

Пас мурда аз онам, ки дигар боз намирам.

Шарифи Гулзод

Вопасин лаҳзаи видоъ бо апааму кӯдаконаш…

«Оҳ ситорагон, шумо чӣ қадар хушнуду хушбахтед! Шумо ҳеч вақт нобуд нахоҳед шуд! Шумо абадият ҳастед, ҳа, абадияте, ки ҳеч касу ҳеч чиз шуморо таҳдид намекунаду нахоҳад кард… Мо, инсонҳо фақат беқарору сертараддудем, ки чун сармояи марг фарогирамон шавад, зери як тӯда хоки гӯр абадан мехобем ва гӯё ба хотири зиндаҳо ноаён будему ҳастему мемонем…».

Ашкҳоям дар ин лаҳзаи ҳассос, чунон дар болои лифофаи сафед беихтиёр ҷорӣ шуданд, ки ҳатто аз болои пайи ашкҳо, қалам низ гиря дораду намехоҳад, ин лаҳзаи фироқи дилро, ки замони пурсӯзтарини қисмати дили падару модару апаву додарҳоям буд, ба тасвир орад…

Инак, тобути апаам Одинабибию кӯдаконаш дар лаби дару нигарони хонаи абад аст…

Худо, эй Худоё мададгорам шав, то дар ин лаҳзаи душвортарини пурҳиҷрони тақдири зиндагӣ, панҷаҳоямро маларзон ва роҳбаладӣ намо, то хомарониамро давом диҳам…

Аввалан, ҷисми беҷони апаам Одинабибиро бароварда, дар тобут монданд ва баъдан ду кӯдаки навзодашро дар ду паҳлӯяш гузоштанд…

Мегӯянд, ки вақте, ки мард мегиряд дару девор низ ба ларза медарояд… Баробари ин, манзараи ҳузнангезро дидан қиблагоҳу модари ниёишгорам чунон нолаи ҷонсӯзе намуданд, ки тамоми мардуми дар назди тобутбуда, ҳама нолону гирён шуданд, ҳатто ҳаво низ бо ашкҳои сӯзони борониаш мегиристу мегирист…

Ба гуфти Ҳазрати Бедил:

Рози мо софдилон пӯшида натвон доштан,

Ҳарчи дорад хонаи оина беруни дар аст.

Ниҳоят мардуми диёру хешу таборон тобутро бо ҷасадҳо бардошта сари китфу даст ба даст сӯйи ҷанозахонаи русто равон шуданд…

Дар хотиротам сахт нақш бастааст, ки дар ҷанозахонаи мотамӣ домуллои калони диёрамон, ки бисту панҷ сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсили илм намуда буданд, Мулломирмуҳаммад, ҷанозаи апааму кӯдаконашро ба дӯши хеш гирифта буданд…

Домулло пеш аз ҷанозаро хонданашон чанд лаҳза аз маърифати имон, ислом, намоз ва ба ин фоҷиаи сахт гирифтор гардидани хонадони мо суханҳои ибратомӯз намуданд, ки ҳамаи онҳо дар хотиротам сахт нақш бастааст:

«Ҳамдиёрону хешу таборони наздики Гулмуҳаммади Хокиро, дӯшизаеро бо ду кӯдаки навзоди худ аз даст доданд, ки ин фоҷиаи сахт шояд бори аввал дар диёр рух дода истодааст… Шояд ин фоҷиа аз сабаби набудани табибони ҳозиқ дар диёрамон бошад, кӣ медонад… шояд!… Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, гароиш ба сӯйи Худо насибашон будааст… Омин»- гуфтанду намози ҷанозаро хонданд… Мардуми диёру хешу таборон паси намози ҷаноза тобутро бо ҷасадҳо то сари гӯр, сари китфу дасто ба даст бурданду ҳар се мурдаро дар як гӯр ба хок супориданд…

Ин буд лаҳзаи фироқи дили кӯдаки сеюнимсола, ки аз дили пурҳасрати хеш гузарониду имрӯз шасту ҳафт солаасту онро бо ҳасрати дил рӯи лифофа сабт намудааст…

Ин хотироти хотирмони пурҳиҷрони хешро бо марсияи «Бо дуои субҳгоҳон»-и хеш ҷамъбаст намуда, аз даргоҳи Азза ва Ҷалла умедворам, ҳеч касро аз апаву хоҳару падару модар ҷудо накунад ва ҳамеша соябони сари фарзандонашон бошанд.

Бо дуои субҳгоҳон

Эй азизи хонадон, эй ҷони ҷонам, хоҳарам,

Эй ту будӣ ҳам замину осмонам, хоҳарам.

Пири шафқат ҳам дами марги ту беимдод монд,

Войи марги сахтгир, ҷони ҷаҳонам, хоҳарам.

Дар шаби наҳсе чунин марги муфоҷое расид,

Эй баҳори рафтаю боди хазонам, хоҳарам.

Дар шаби ҷонбозиҳоят шамъи ҷонам сӯхт-сӯхт,

Ман чу шамъе сӯхтам, оҳи гаронам, хоҳарам.

Хокдони пир ҷисматро ба оғӯшаш кашид,

Офтоби мурдаам, эй бенишонам, хоҳарам.

Сабзаҳои хоки ту андар баҳорон сабз шуд,

Оҳ аз ин сабзаю сӯзи фиғонам, хоҳарам.

Бо дуои субҳгоҳон ёди хайрат мекунам,

Эй ту шамъи хонадони ҷовидонам, хоҳарам.

Таассурот

Ҳар гоҳе, ки ба зодгоҳам рустои Дарғ меравам, пагоҳии ҳамон рӯз ҳатман аз гӯристони диёрам дидан мекунам, то ба рӯҳу арвоҳи падару модару хоҳару додарону гузаштагони ин манзилу макон фотеҳае бахшам.

Ҳини ба гӯристон баромаданам, аввалан ҷустуҷӯи гӯри апаамро мекунам, вале ҳайҳоту ҳайҳот, ки аз он нишоне намондааст, шояд ҳамин навиштаҷотҳо ҳамчун тасаллои дилам нишон монаду монад…!

Рӯҳи апаам Одинабибию кӯдакони навзодаш шоду охираташ обод бод!

Ба боқимондаҳо умри бобаракат орзумандам.

Шарифи Гулзод, аълочии маориф, шоир

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь