Оё мешавад як инсон барои худ бидуни кӯмаки дигарон шароити хуберо фароҳам созад?
Бо чашми баста ва даҳони хомӯш ба баъзе манзараҳо нигаристан, гумон дорам иштибоҳе беш нест. Зеро он чизеро мебинему дар борааш намегӯем, фардо барои ҷамъият мушкилоти зиёдтаре ба бор меорад.
Ҳар рӯз даҳҳо маротиба мо ба бозору мағозаҳо меравему ошкору ниҳон бо амалҳои тоҷирон ошно мешавем. Ростӣ, аз муомилаи баъзе аз тоҷирони ҳозиразамон ҳайрон мешавӣ, зеро чун барои харидани ашёе ба наздашон равед, аз одоби «хуб»-и онҳо дергоҳ симояшон фаромӯш намешавад. Борҳо ҳангоми харид мушоҳида кардем, ки савдогарони бозорҳои мо ба харидорон кам аҳамият медиҳанд. Масалан, ҳангоми хариди маҳсулот савдогари имрӯза бо ҳамсояи худ суҳбат мекунад ё дар алоқа мебошад. Баъди пурсиши аввалу дувум ҳеҷ гапро на мешунавад, на мебинад, ки барои маълумот додани арзиши молаш имконият намеёбад. Ин гуна хизматрасонӣ мардумро хастаю асабонӣ месозад.
Паҳлуи дигар, ҳарчанд аз солҳои қаблӣ дида, муносибати эшон тағйир ёфтааст, вале ҳар рӯз дар ин самт камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд, ки ин омили номатлуб боиси косташавии обрӯю нуфузи онҳо гаштааст. Чунончи, ҳангоми муносибат байни ҳам аз дашномҳои кӯчагӣ истифода бурда, табъи харидорон ва атрофиёнро озурда месозанд ва боз гӯё ҳеҷ гапе ё ҳодисае нашуда бошад, ба кори худ идома медиҳанд. Аз ин муносибатҳои фурӯшандаҳо ҳайрон мемонӣ, зеро баъзеашон бо вуҷуди чандин маротиба ба хориҷа рафтан ҳам, мутаассифона, ҳанӯз дарси ибрате нагирифтаанд. Аз ин маълум мешавад, ки дар байни тоҷирони навбаромад ҳанӯз ашхосе ҳастанд, ки аз одитарин одоби муошират бехабаранд. Гоҳо чунин муомилаи сард барои тоҷирон оқибати нохуш меорад. Дар гузашта тоҷирон барои дарёфт ва фурӯхтани мол азият мекашиданд, лекин айни замон, бино ба маълумоти коршиносон, дар ин самт фаъолияти хуби онҳо ба чашм мерасад.
Дар чанд соли охир сармоягузорони хориҷӣ ва дохилӣ низ афзуда, ки баҳри рушду инкишофи тиҷорат, аз он ҷумла паст намудани шумораи бекорон дар Тоҷикистон шароити хуберо фароҳам овардаанд. Агар дар қиёс ба солҳои пеш бигирем, ҳамкории тоҷирон ба василаи робитаҳои ҳамоҳангсозии худ бо сармоягузорони хориҷӣ бешак бар нафъи кишвар будааст. Сафарҳои тоҷирони тоҷик ба кишварҳои гуногун ба онҳо имконият додааст, ки бо истифода аз таҷрибаи ҳамтоёни хориҷиашон корашонро пеш бубаранд. Вале чизи дигаре аён аст, ки на ҳамаи онҳо дар ин роҳ сабурона гом мебардоранд. Барои он, ки теъдоде аз тоҷирон бо доштани чандин сафарҳои хориҷӣ ҳам натавонистаанд дар усули корашон тағйироте ба вуҷуд оранд. Ба хориҷа ба хотире мераванд, ки бо дастоварде ба меҳан баргарданд. Лекин мо бо доштани имтиёзҳои гуногун наметавонем ҳатто барои коргоҳи худ шароити хубе омода созем. Аз ин бармеояд, ки бо сафарҳои хориҷӣ моли хуб оварда намешавад.
Аз як сӯ, имрӯз тоҷирон байни худ ба рақобат пардохтаанд, ки нишонаи пешравии онҳо ба ҳисоб меравад. Вале то ба ҳол дар байни фурӯшандагон аз усулҳои куҳна кор гирифта мешавад. Тоҷири имрӯза аз мардуми кӯчагӣ бояд фарқ дошта бошад, зеро бо хушмуомилагӣ бояд диққати харидоронро ба худ ҷалб намояд.
Лозим ба зикр аст, ки дар байни харидорон низ чунин муносибати сард ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми ворид шудан ба бозорҳои шаҳрамон роҳгардии бошитоб, ностуфкунӣ, баланд хандидан далели ин гуфтаҳост. Агар ба бозори «Корвон» гузоратон афтад, бубинед, ин ҷамъияти бузург чӣ тарз роҳ мегарданд. Яке дигареро бо китфаш тела медиҳаду нафари дигар ба ҷои бахшиш баъзан ҳатто дашном ҳам медиҳад.
Дар давлатҳои пешрафта барои риоя накардани меъёрҳои ахлоқӣ ва ҷамъиятӣ ҷарима ситонида мешавад. Аммо ин меъёрҳо дар ҷомеаи мо болои қоғаз мемонанду бас. Беҳтарин василаи дур гаштан аз корҳои нороҳаткунанда – ин қадршиносӣ намудани шахсияти ҳамдигар мебошад. Ин ҳаракат яке аз омилҳои асосиест, ки метавонад барои фаъолияти самарабахшамон замина гузорад. Зеро фаъолияти хуб вобаста ба муносибатҳое мебошад, ки имрӯз дар ҷомеа ба роҳ монда мешаванд. Ҳар гоҳе муносибатҳои носолим сурат гирад, мардум ҳамон андоза аз ин гирудорҳо азият мекашанд. Аз ин лиҳоз, бояд рафтори худро дар баробари ҷомеа тағйир диҳем. Ҳамеша кӯшиш намоем, то ба вожаҳои «сарват», «қудрат» ва «шуҳрат» дода шуда, одамгариро фаромӯш насозем.
Дар ҷамъияти мо ҳастанд нафароне, ки танҳо ба хотири ба даст овардани ин «ганҷ»-и ноёб ҳама чизро қурбони хостаҳояшон намудаанд. Як идда мардум ҳастанд, ки танҳо имрӯзи худро андеша мекунанду халос.
Анвари ҲОҶИМАНСУР