Ширкати Tcell дар ибтидо бо номи “Сомонком” фаъолият дошт ва шаҳру деҳаҳои вилояти Суғдро бештар фаро гирифт. Сифати алоқа низ муштариёнро қаноатманд мекард ва дар он шароит, ки шабакаҳои ичтимоӣ, мессенҷерҳо фаъол набуданд, сокинони кишвар ба хориҷи Тоҷикистон низ бо зангҳои овозӣ гуфтугӯ мекарданд. Ҳамон солҳо ин ширкат пулҳои бисёре кор кард, зеро нархи ҳар як дақиқаи гуфтугӯ хеле гарон буд. Баъдтар замимаҳоиИмо”, “Вайбер”, “Ватсапп” ва ғайра маъмул шуданд, ки хароҷоти муштариёнро бамаротиб коҳиш доданд. Акнун имконе фароҳам омад, ки мо тавассути видеозангҳо тамос гирем.

Мо – сокинони шаҳру деҳаҳои Панҷакент асосан аз сим-кортҳои ширкати Tcell истифода мебарем. Инак, чанд сол аст, ки мавҷи ин ширкат сифати аввалаашро гум кардааст ва муштариён овози ҳамсӯҳбати худро дуруст шунида наметавонанд. Гуфтугӯҳо канда-канда меояд ва дар ҷараёни сӯҳбат садоҳои техникӣ омехта мешаванд. Ин аҳвол моро нигарон мекунад. Бо вуҷуди он ки мо дар давоми солҳои гузашта чандин бор ба намояндагону операторони ширкати Tcell аз сифати пасти мавҷ шикоят кардем, барои ҳалли мушкилот аз ҷониби ширкат ягон чораву тадбире андешида нашуд. Мутахассисони ширкати Tcell ягон бор ба шаҳру деҳаҳои мо омада, арзу шикоятамонро насанҷиданд. Вақте ки мо ба операторон занг зада, шикояти худро мерасонем, аз ширкат ба мо паёмак меояд, ки шикоят таҳти фалон рақам ба қайд гирифта шуд. Пас аз ду-се рӯз паёмаки нав меояд ба ин мазмун, ки шикоят таҳти ҳамон рақам пӯшида шудааст. Мо аз ин паёмакҳо чизе намефаҳмем. Дар ҳоле, ки ширкати Tcell аз ҳисоби мо маблағ мегирад, вазифадор аст хизматрасонии босифат пешниҳод кунад. Мутаассифона, мо ҳангоми муоширати телефонӣ овози мусоҳибамонро дуруст шунида наметавонем ва маҷбур мешавем гаштаю баргашта занг занем. Ин мушкил ҳама истифодабарандагони симкортҳои ширкати Tcell-ро ба ташвиш овардааст, аммо масъулини ширкат ҳамеша ба шикояти мо хунукназарона муносибат мекунанд.

Аввали моҳи июн ширкати Tcell ба муштариёнаш чунин паёмак фиристод: «Муштарии мӯҳтарам, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз 13-уми июни соли 2021 тахфифи хизматрасонии «Интихоби ман» то 25% паст мегардад ва 4,5 сомониро дар як хафта ташкил медихад. Маълумоти бештар дар 277». Роҳбарони Tcell бо ин паёмак нишон доданд, ки солҳои мактабхонияшон дарси риёзиётро хуб нахондаанд, вагарна дар сурати 25% кам кардани хизматрасонӣ се сомонии қаблӣ ба 4,5 сомонӣ табдил намеёфт. Ё, шояд паёмакашон ҳазломез будааст?

Ҳамин тавр тарифҳои ҳамаи намудҳои хизматрасонӣ қиммат карда шуд. Оё ин тасмим бо Хадамоти зиддиинҳисории Ҳукумати кишвар мувофиқа шуда буд? Ба ҳар ҳол, бо тасмими хунукназаронаю худсарона арзиши хизматрасониҳоро чанд дарсад боло бурданд. Ин дар ҳолест, ки сифати пасти алоқа ҳамарӯза асабҳои муштариёнро хароб мекунад ва дар ин самт ягон навгонии дилгармкунандае ба назар намерасад.

Вақте номи ширкати Тселлро ба забон меорем, ҳамсӯҳбатонамон бо ҳисси дилмондагӣ ва навмедӣ сухан мегӯянд. Яъне, ҳеч кас қаноатманд нест. Аз ҷумла, сокини шаҳр Фирӯза Маҳмудова мегӯяд:

– Агар ширкатеро бемасъулият гуфтан мумкин бошад, пас ин Tcell аст. Норизоии мардум аз сифати пасти алоқа, дастрас набудани Интернет рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Аммо роҳбарони ин ширкат гӯши худро ба карӣ задаанд. Рости гап, аз шикоят кардан ҳам хаста шудем. Ҳоло намедонем, арзу додамонро ба кӣ гӯем.

Сокини ҷамоати деҳоти Косатарош Раҳматилло Сатторов чунин ёдовар шуд:

– Рӯзи 5-уми июни соли гузашта Пешвои миллат ба хотири дастгирии аҳолии кишвар дар шароити бемории «Ковид-19» фармонеро ба имзо расониданд. Дар он Фармон аз ҷумла ба ширкатҳои мобилӣ амр доданд, ки аз баланд бардоштани ҳаққи хизматрасониҳо то охири соли 2020 худдорӣ кунанд. Вале роҳбарони ширкати Tcell чанд рӯз пештар аз нашри ин Фармон хизматрасониҳоро боло бурда буданд, яъне, пардохтҳои моҳонаро то 30 фоиз афзоиш доданд. Ирсоли паёмакҳо низ арзиши баландтар пайдо кард.

Инак, боз ширкат ба кисаи муштариён даст зад. Дар ҳоле, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва шаҳрвандон бо тамоми нерӯ ба хотири пешгирии сироят аз беморӣ кӯшиш доранд, ин ширкат ягон иқдоме дар ин самт роҳандозӣ накард. Баръакс, ҳирси пул дар дилҳояшон ҷӯш зад ва натиҷаашро дида истодаем. Онҳое, ки бастаи «Интихоби ман»-ро ба рақамашон пайваст карда буданд, қаблан ҳар ҳафта 3 сомонӣ мепардохтанд. Акнун бошад, аз ин гурӯҳи муштариён 4,5 сомонӣ ситонида мешавад. Яъне, арзиши баста панҷоҳ дарсад гарон шудааст.

Чунин ба назар мерасад, ки роҳбарон ва операторони ин ширкат муштариёни худро эҳтиром намекунанд. Онҳо танҳо роҳҳои пулситониро медонанду бас. Худписандӣ, нодида гирифтани камбудиҳои соҳа, насанҷидани арзу шикоятҳо – ин аст воқеияти кору фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо. Ҳатто, вақте ба шумораи 927777777 занг мезанем ва бо мутахассисони ширкат гуфтугӯ карданӣ мешавем, онҳо овози моро шунида наметавонанд. Ин ҳолат бозгӯи сифати корашон аст ва мутаассифона, чунин вазъи ташвишовар ва нигаронкунанда низ аз доираи таваҷҷӯҳашон берун мемонад.

Талаби мо ин аст, ки Tcell барои таъмини сифати хизматрасонӣ бояд чораҳои таъхирнопазире андешад ва арзиши тарофаҳои ҳамаи намудҳои ҳизматрасониро бозбинӣ намояд.

Аз роҳбарони ширкати Tcell қотеъона талаб дорем, муроҷиати мо мувофиқи Қонун дар бораи муроҷиати шаҳрвандони ҶТ, нашр аз 21.05.1998, №582 аз 21.11.2006, №208 аз 30.07.2007, №302 баррасӣ ва мушкили ҷойдошта ҳатман бартараф карда шавад.

Сулаймон АМОНПУР,

шаҳри Панҷакент

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь