Назди мағозаи деҳа сокиту ором аст. Савдогар бо як руҳафтодагӣ халтаи сабзиеро, ки навакак наздаш оварда буданд, мекушоду сабзиҳои калонро ба болои халта мебаровард. Ончунон ғамгин аст, ки гӯё мушкиле дошта бошад, вале бо дидани муштарӣ лаб ба хандаҳои маҷбурӣ во мекунад, то руҳафтодагияш ба муштариён таъсир нарасонад.

Муштариён як-як омадаву барои наҳорӣ нон, тухм ва қаймоқ мегирифтанд. Ҳаво хунуку туманист ва шояд аз ҳамин сабаб, мардоне, ки ҳар рӯз назди мағоза ҷамъ мешуданд, имрӯз нестанд. Дар канори мағоза мактаб ҷойгир аст. Аз сабаби наздик будани мағоза ба мактаб, хонандаҳо доимо аз инҷо харид мекунанд. Вале чанд рӯз мешавад, ки таътил аст. Аз ин сабаб хонандаҳо нестанд ва ин таътил ба тиҷорати фурӯшанда таъсири худашро расонидааст. Нафаре омада мепурсад, ки “сабзӣ ва картошка ҳаст?”. Вақте ҷавоби “бале” шунид, мегуфт: “Хуб шуд, ба бозор намеравам!”.

Сабаб дар чист, ки имрӯзҳо назди мағоза сокиту ором аст ва савдо низ суст аст?!

– Қисми зиёди мизоҷони моро хонандаҳо ташкил медиҳанд ва чанд рӯз, ки ба таътили зимистона баромаданд, аз ин рӯ савдо кам буд. Таътил набуд, савдо нағз буд. Хонандаҳои синфҳои болоӣ ба мағоза бисёр меомаданд. Қисми зиёдашон ба хотири сари вақт ба дарс ҳозир шудан, наҳорӣ накарда меомаданд. Ошхонаи мактаб бошад, танҳо барои синфҳои ибтидоӣ аст. Аз ин сабаб, хонандаҳои синфҳои болоӣ барои наҳорӣ кардан ба мағоза меоянд. Онҳо омада нон, ҳасиб, кулчақанд ва нӯшокӣ гирифта, инҷо наҳорӣ мекунанд. Инчунин, қисми зиёдашон нисфирӯзӣ низ ҳамин ҷо шикамашонро сер мекунанд. Дар баробари хонандаҳо омӯзгорон низ бисёр харид мекунанд барои хӯроки нисфирӯзӣ,- мегӯяд фурӯшанда.

Хонандаҳои мактаб аз 1-уми январ ба таътили зимистона баромаданд ва дарсҳо аз рӯзи 11-уми январ оғоз шуданд.

Сабаби дигари кам будани муштарӣ шояд ин аст, ки имрӯз якшанбе аст. Мардуми деҳа рӯзҳои якшанбе барои харид ба якшанбебозор мераванд. Имрӯз низ мушоҳида карда мешавад, ки марду зан ба тарафи бозор рафтуомад доранд. Мағоза, ки дар наздикии роҳ аст, фурӯшанда мардумро наззора карда, аз онҳо нархҳои молу маҳсулотро дар бозор пурсон мешавад.

Бо омадани муштарии навбатӣ фурӯшанда дохили мағоза мешавад. Рӯз рӯзи туманӣ ҳам бошад, оҳиста-оҳиста ҳарорати ҳаво гарм шуда истодааст. Акнун дар лабҳои фурӯшанда хандаҳои ҳақиқиро дидан мумкин аст. Мавҷи радиоро аз “Садои Душанбе” ба радиои “Ватан” иваз карда, зери таъсири хурсандӣ сурудро баробари сароянда замзама мекунад.

Пагоҳ душанбе аст, бале 11.01.2021. Пагоҳ таътил ба поён мерасад ва хонандаҳо ба мактаб бармегарданд. Фурӯшанда низ муштариёни худро дубора ба даст меорад. Боварӣ дорам, яке аз сабабҳои хурсандиаш ҳамин аст.

Исматулло АБДУЛЛОЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь