Ҳикояи воқеӣ

Як моҳ қабл аз ин ба идораи нашрия омада, сӯи ҳуҷраи кориам равон шудам. Шоҳиди дар ҳуҷраи кориаш бо одами начандон куҳансол ва нуронӣ суҳбат намуда нишастани ҳамсояи паҳлӯиям, мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқи нашрияамон Тоҷиддин Пиров шудам. Дар паҳлӯи мӯйсафед духтараки тақрибан шаш-ҳафтсола ҳам буд. Бинобар доим боз будани дари ҳуҷраҳои кории рӯ ба рӯ сӯҳбати онҳо ба гӯш мерасид. Аммо дар бораи чиҳо сӯҳбат намуданашон ба ман маълум набуд.

Тақрибан даҳ дақиқа вақт гузашт. Ногоҳ дар ҳуҷраи ҳамшафат аз магнитофон оҳанги форам ва суруди дилкаш садо дод. Худам дар мошини чопии «Украина» мавод чоп намуда, панҷаҳои дастонам рӯи тугмаҳои ҳарфдор (клавишҳо) якмаром «рақс» намуда, аз шунидани садои магнитофон ҳайрон шудам: «Дар идораи мо магнитофон набуд-ку! Ин азони кӣ бошад?». Муддати зиёд нагузашта, садои магнитофон хомӯш шуд. Худам машғули кор нишаста, дарамон ба мизи кориам рӯ ба рӯ набошад ҳам, меҳмонҳоро гусел намудани ҳамкорамонро дарк намудам. Пас аз андак фурсат Тоҷиддин барои вохӯрдӣ намудан ба ҳуҷраи кориам даромада:

-Мӯйсафед ва духтараки дар ҳуҷраи кории ман бударо дидед-мӣ?-гуфта пурсид барои вохӯрдӣ даст дароз намуда.

-Ҳа, дидам,-гуфтам ман ҳам даст дароз намуда.-Чӣ буд?

-Ана акнун каме вақтатонро мегирам, ба гапҳоям хуб гӯш диҳед,-гуфт ӯ ва воқеаи рухдодаро ҳикоя намуд.

***

Тоҷиддин аз ҳамкорони чусту чолоки мост. Ӯ аз қабили одамони «Ба будагиаш барака!» гуфта бекор менишастагӣ нест. Ба ҳадди имкон кӯшида, ба қавли баъзе «донишмандон» «движение» намуда, барои аҳли хонаводаашро хуб хӯрондану пӯшондан саъй менамояд. Расо як сол қабл барои фурӯхтан ба бозор мол мебарад. Аз ҳар тараф харидорон ҷамъ меоянд. Савдои Тоҷиддин бо як марди начандон куҳансол мепазад. Тоҷиддин молашро ба ӯ фурӯхтанӣ, мӯйсафед харидор мешавад. Вақти пулашро гирифтан соҳиби мол мувофиқи мақоли халқии «Аз роҳ ёбӣ ҳам ҳисоб карда гир» амал нанамуда, барои пулро ҳисоб кардан беҳавсалагӣ менамояд. Чунки ҳамаи рублҳои тоҷикӣ аз пулҳои майда иборат буданд.

-«Ёфта гирӣ ҳам, ҳисоб намо!» гуфтаанд, -мегӯяд харидор пулҳоро ба Тоҷиддин дароз намуда.-Охир, шумо молатонро фурӯхта истодаед-ку?

-Ҳамаи инҳо пулҳои майда будаанд-ку?!-мегӯяд Тоҷиддин пулҳои миёнбастаро ба дасташ қабза карда гирифта.- Кай ҳисоб намуда мешинам? Худатон овардаед, дуруст бошад даркор-да!

-Ҳа, ман ҳисоб намудам,-мегӯяд мӯйсафед.-Ин тавр бошад, баракаашро диҳед.

Тоҷиддин дасти қабзаи пул доштаашро ба харидор дароз намуда:

-Барака ёбед, бобо!-мегӯяд.

-Шумо ҳам ин пулҳоро ба тӯй сарф намоед!-мегӯяд харидор ҳам дастонашро ба рӯи пулҳои миёнбаста гузошта.

Ҳамин тавр фурӯшанда аз молашро ба бозор оварда фурӯхтанаш, харидор аз моли дилхоҳашро харид намуданаш шод шуда, вақти хайрухуш намуда, қабл аз ба роҳи худ равон шуданашон Тоҷиддин ногоҳ пурсид:

-Бобо, чӣ ном доред? Аз куҷоед?

-Номам Аҳмад, аз деҳаи Лангар мешавам, писарам!-ҷавоб дод харидор.

***

Тоҷиддин пас аз хӯроки бегоҳӣ барои тамошои телевизор каҷпаҳлӯ зада, ҳамон пулҳоро ба ёдаш овард.

-Пулҳои моли фурӯхтаи маро биёр, майда бошанд ҳам, беҳавсалагӣ накарда, шояд то хомӯш шудани барқ баҳузур ҳисоб намоям, -фармуд ӯ ба ҳамсараш.

Аз як тараф намоиши телевизионӣ, аз тарафи дигар бо «бозори» кӯдакон рублҳои майдаро ҳисоб намуд. Фаҳмид, ки мӯйсафеди харидор ба ӯ даҳ ҳазор рубл зиёдатӣ доданашро ҳис нанамуда будааст.

Тоҷиддин ба чашмонаш ва ҳисоб намуданаш бовараш наомада,  «Бо «бозор»-и кӯдакон ҳисоби пулҳоро саҳв намудам-мӣ?» гуфта маротибаи дигар ҳисоб намуд. Ҳисоб боз ҳамон тавр! Барои якчанд маротиба ҳисоб намудан маҷбур шуд. Аздусар даҳ ҳазор рубл зиёд меомад! Шаби ҳамон рӯз Тоҷиддин падараш Шарофиддинбоборо ҳам аз ин воқеа огоҳ намуд.

-Писарам, аз куҷо будани харидор ва номашро напурсида буди-мӣ?-мепурсад Шарофиддинбобо.

-Пурсида будам. Аз деҳаи Лангар будааст. Номашро Аҳмад ё Аҳтам гуфт,-ҷавоб дод писар.

-Ба ҳар ҳол писарам пулҳоро ба соҳибаш баргардон!-гуфт падар бо қатъият. Ҳозир замон вазнин, шояд харидор ҳам аз ризқи фарзандонаш сарфа намуда, дар чунин давр барои мол пул ҷамъ намуда бошад.

-Хуб, мешавад падарҷон!-гуфт Тоҷиддин ва аз ҳамон рӯз барои пулҳоро ба соҳибаш баргардондан кӯшиш намуд. Аммо, ҳар бегоҳӣ вақти аз кор баргаштани Тоҷиддин Шарофиддинбобо «тақдир»-и пулро пурсиданро фаромӯш нанамуд.

-Тоҷиддин, писарам, пулҳоро ба соҳибаш баргардонди-мӣ?

-Не, ҷуста наёфта истодаам,-мегуфт Тоҷиддин.

-Албатта ёб!-мегуфт Шарофиддин-бобо.-Пулҳо бояд соҳибашонро ёбанд?!

***

Тоҷиддин бо тақозои хизмат ба хоҷагии ба номи Латиф Муродов омада, бо раиси хоҷагӣ Раҳматулло-ако Аминов сӯҳбат ороста, дар фарҷом воқеаи бозорро ҳикоя намуд.

-Намедонам, ҳамон вақт мӯйсафед исми шарифашро Аҳмад гуфт, Аҳтам гуфт,- дар охири суханаш ёдовар шуд Тоҷиддин.

-Ҳа, дар деҳаи Лангари тобеи хоҷагиамон Аҳмад ном мӯйсафед ҳаст,-гуфт раис каме фикр намуда.-Посбони гаражи хоҷагиамон. Шояд ҳамин кас…

-Раисбобо, имкон бошад, ҳамин касро албатта ба идораи мо ба ҳузури ман мефиристодед,-хоҳиш намуд Тоҷиддин.- Пулҳои зиёдатии ба ман додаашро гирифта баргардад, қарз дар қиёмат намонад!

-Хеле дуруст гуфтед!-таъкид намуд раисбобо ҳам.-Қарз ҳеҷ гоҳ бояд дар қиёмат намонад?!

***

Пас аз якчанд рӯз ҳамон харидор Аҳмадбобо ба идораи хоҷагӣ бо коре омада будааст. Раисбобо ба ҳузураш даъват намудааст.

-Шумо ба идораи нашрияи «Ҳисори Шодмон» мерафтаед!-гуфт раисбобо бо қатъият. Чӣ гуноҳ карда будед?

-Ҳеҷ гуноҳ накардаам, раисбобо,-гуфт мӯйсафед ҳайрон шуда.-Ман як одами одӣ бошам…

-Ба наздикӣ аз бозор мол харид намуда будед?-пурсид раис бо қатъият.

-Ҳа, раисбобо,-гуфт Аҳмадбобо аз бозор мол харидорӣ намуданашро ба ёд оварда.-Ба наздикӣ як мол харид намуда оварда будам.

-Ҳамон вақт пули молро дуруст пардохт намуда будед-мӣ?-боз пурсид раис.

-Ҳа, ба фикрам дуруст буд,-гуфт Аҳмадбобо ва барои аз пулҳои майда иборат буданаш ҳисоб нанамудани соҳиби молро пеши назар овард.-Аммо, соҳиби мол пулҳоямро ҳисоб нанамуда буд.

-Ана, гап дар куҷо?-мегӯяд раисбобо.-Ҳамон вақт ба фурӯшанда 10 ҳазор рубл пули зиёдатӣ дода будаед. Бинобар ин ба идораи нашрия, назди мухбир Тоҷиддин Пиров рафта, пулҳои зиёдатиатонро  гирифта биёед…

-Ин тавр намегӯед-мӣ?-Ҳаяҷони Аҳмадбобо хеле паст шуд.-Аммо то ҳоло зиёд рафтани пуламро намедонам. Наход пули зиёдатӣ дода бошам?

-Ҳамин тавр шудааст-да, мухбир Тоҷиддин Пиров шуморо пурсид!-гуфт раис ва илова намуд.-Одамони ҳалоли аз ҳаққи инсони дигар ҳазар менамудагӣ будаанд. Албатта равед-а?!

***

Харидор Аҳмадбобо пулҳои зиёдатӣ додаашро қариб фаромӯш намуда буд, барои ба идораи нашрия рафта пулашро гирифтан вақт намеёфт. Рӯзе аз рӯзҳо барои бо наберааш рафта ҳамон пулҳоро гирифтан қарор намуд.

Фурӯшанда ва мӯйсафеди харидор дар идораи нашрия ба мисли дӯстони қарин оғӯш кушода вохӯрдӣ намуданд. Мӯйсафед дуру дароз дуо намуд. Пасон ҳолпурсӣ намуданд. Мавзӯи сӯҳбат ба масъалаи ҳамон 10 ҳазор рубли зиёдатӣ омада расид.

-Писарам, 10 ҳазор рубл рафта бошад рафтааст-да, чӣ кор мекардед пурсуҷӯ намуда?-гуфт бобо табассум намуда.-Охир шумо аз кисаи ман нагирифтаед-ку?

-Не, бобо, гап дар пул нест!-гуфт Тоҷиддин ҳам хандааш омада.-Гап дар одамгарӣ-дия! Ман ҳам ба мисли шумо падари мӯйсафед дорам. Аз як тараф назди виҷдонам азоб кашида истода бошам, аз тарафи дигар падарам ҳам ба ҷону ҳолам намемонад. Ҳар рӯз пулҳоро ба соҳибаш баргардондан ё барнагардонданамро пурсида истодааст.

-«Пир дорӣ-парӣ дорӣ!» гуфтанашон ҳамин-дия!-гуфт бобо.

-Ман ба шумо гӯям, бобо,-гуфт Тоҷиддин барои сӯҳбатро ба дарозо накашидан кӯшиш намуда.- Имрӯз пулҳои кисаам тамом шуд. Саҳарӣ вақти ба кор омаданам духтарам «Додо, ба мо магнитофон биёред!» гуфта пулҳои аз чеварӣ  ҷамънамудаашро дода буд. Ба шаш ҳазор рубл ҳамин магнитофонро харида гирифтам,-Тоҷиддин ба магнитофон ишора намуд.-Маротибаи дигар биёед, албатта пулҳоятонро мегиред.

-Акнун писарам, ман ҳам барои ҳамон пулҳо сарсону саргардон нашавам,-гуфт мӯйсафед ба магнитофони аз карнайҳояш сурудҳои дилкаш паҳн шудаистода ишора намуда.- Худат ҳам аз қарзҳоят халос шав. Ба ҷои ҳамон пулҳо ҳамин магнитофонро диҳӣ, чӣ тавр мешуда бошад?-гуфт бобо овора шуданашро пеши назар оварда.

-Охир, инро ман ҳамааш шуда ба шаш ҳазор рубл гирифтам,-гуфт Тоҷиддин.-Пулҳои боқимондаатон-чӣ?

-Майлаш, писарам, ман боқимондаашро бахшидам,-гуфт бобо ба набераи паҳлӯяш буда нигариста, пасон суханашро давом дод.-Магнитофонро ба хона бурда, ба набераҳом монда диҳам, пули боқимондааш ҳам баромада меравад.

-Ин тавр бошад, ихтиёратон,-Тоҷиддин дар  ҳуҷраи кориаш мураватҳои магнитофон-«гӯшҳо»-яшро тоб дода, ба Аҳмадбобо роҳҳои аз он истифода бурданро нишон дод. Берун баромада вақти хайрухуш илова намуд:

-Барака ёбед, бобо!

-Шумо ҳам аз умратон барака ёфта, ман барин орзу-ҳаваси фарзандонатонро дидан насиб намояд, писарам!

***

Ана ҳамин хел гапҳо! Баъзан барои дар миёни мо будани чунин одамони арҷманд ва ба виҷдонашон гӯшдиҳанда ҳам ба Офаридгор ҳазорҳо маротиба шукронаҳо мегӯем! Баъзан нисбати нафарони дар рӯзи равшан аз киса пулҳоро рабуданашонро шунида, оғилхонаҳоро холӣ монда, молҳоро ба қассоб бурда, «фоида»-ро арра намуда, аз пайи моли рабуда оруғи бадбӯй заданашонро шунида, ба ҳаққи дигарон чашм ало менамудагӣ нафрат мехонед, дар қалбатон нисбати чунин нафарон шӯълаҳои ғазаб ва нафрат пайдо мешавад!

***

Ҳоло Тоҷиддин Пиров, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баҳори 40-уми фаъолияташро дар нашрияи «Байрақи Ленинизм» (ҳоло «Ҳисори шодмон») сипарӣ менамояд.

Рӯзибой ШАРИФОВ,

Журналисти хизматнишондодаи Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь