Шояд номи Носиров Ғуфрон ба аксари ҳаводорони каломи бадеъ ошно набошад. Номбурда соли 1934 дар деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, умри худро сарфи пешаи омӯзгорӣ кардааст. Чакомаҳои хомааш дар маҷмуаҳои «Ёдгори умр», «Давоми умр», «Насиҳат ба фарзанд» ва маснавии «Дилшод ва Гулшан» гирд омадаанд. Ба тозагӣ китоби нави номбурда бо номи «Ҳадафнома» интишор гардид, ки дар он мавзуъҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои муқаддаси миллӣ ва омӯзиши илму маърифат нақши меҳварӣ касб кардаанд.

Мутолиаи ашъори Носир Ғафуров мутахаллис ба Ғуфрон боз хотироти маро ба дарёи бекарони адабиёти оламшумули ниёгон ғӯтавар сохт. Ин адиби хушсалиқаи соҳибзавқи шевогуфтор бо идомаи суннатҳои адабиёти пурғановати тоҷик чун гули навшукуфтаи хушранг гулшани адабиёти навини моро рангу бӯи тоза мебахшад, суханаш латофати хоса ва услуби баёнаш таровати тоза дорад. Мавзуҳои суннатӣ дар пайкараи осораш қабои нав ба бар кардаанд, рангҳои зиндагӣ бо ҷилоҳои пурранг шаъшаа мепошанд, аз фурӯғи онҳо қудрати тавони инсонҳо ба анҷоми аъмоли нек, амсоли некиву накӯкорӣ, сидқу сахо, меҳру вафо, омӯзишу парвариш, бунёдкориву ободонӣ фузун мегарданд:

Роҳе, ки расонад ҳама бар манзили мақсуд,

Аз ағбаю аз кӯҳ кушудан ҳадафи мост.

Неруи бузургофари аз қулзуми дарё,

Аз зулмати анбуҳ раҳидан ҳадафи мост.

Ин хоки муқаддас, ки ба мо рӯзирасон аст,

З-он ҳосили бисёр гирифтан ҳадафи мост.

Ҳидояти инсоният ба роҳи рост рисолати инсонҳои покдил, вале тавассути сухани шевову зебо бедор намудани шавқи хонанда бобати амалӣ намудани чунин фазилатҳои нек кори ашхоси нексиришту бедордил аст, ки шоири сармасти шӯридадил Ғуфрон аз ин доира истисно нест.

Диалектикаи рушди ҷомеа бар пояи тозакориву навгӯйӣ пойбарҷост, аз ин рӯ, дастаи дигари чакомаҳои хомаи Бобои Ғуфрон аз гулу раёҳини тозанафас мутаттаб шуда, ки аз нумуъи онҳо наҳолони навбари  боғи адабиёт пушукуфа мегаранд, аз насими фораму муаттари чунин абёт ба адабиёти навини мо рӯҳи нав медамад, амсоли:

Ба деҳу шаҳрсозӣ турфа таърихи куҳан дорам,

Зи аввал то ба охир ман хабар аз илму фан дорам.

Зироаткори пешинам, ба худ боғу чаман дорам,

Ба истеҳсол мекӯшам, ки то ҷон дар бадан дорам,

Ҳама донанд ман аз мардуми бунёдкоронам.

«Ҳадафнома»-и шоир, ки дар қолаби маснавӣ эҷод гаридааст, аз лиҳози мавзуъ, муҳтаво, офаридани симоҳои таърихӣ, рӯйкарди як фарди соҳибхирад ба ҳодисаву воқеаҳои сиёсии замони муосир, латофат, назокат, фасоҳат ва салосати сухан дар адабиёти замони истиқлол падидаи ниҳоят муҳиму ҷолиб буда, дар зоти худ ягона аст. Онро нахустин кӯшиши бозтоби воқеаҳои сиёсии солҳои аввали истиқлол тавассути жанри маснавӣ дар адабиёти навини тоҷик баршумурдан мумкин аст. Сабаби дар қолаби маснавӣ баён намудани матлаби шоир он аст, ки ин жанр дорои хусусияти ғунҷонидани маъниҳои муҳташам, силсилаи воқеа, рӯйдод ва падидаҳои чандбуъдии ба ҳам алоқаманд мебошад.

Ифшои розу ниёзҳои умдаи миллат дар давраи гузор, ранҷу машаққати қишрҳои гуногуни ҷомеа дар раванди низои дохили кишвар, дардҳои гурӯҳи рушанфикру бедордили Тоҷикистон баҳри бунёди давлати навини миллӣ, омилҳои ба миён омадани насли нави дорои ғурур, хушиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар даврони истиқлол, таҳкими ваҳати миллӣ, ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз равандҳои манфии ҷаҳонишавӣ дар тору пӯди маснавии мазкур танидааст. Аз ин рӯ, «Ҳадафнома» коми дили шоирро ба бор оварда, аз аҳамияти зиёди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва адабӣ бархӯрдор мебошад:

Бархӯрд бар ҳадафҳо он тири қисмати ман,

Боло гирифт охир амвоҷи ҳикмати ман.

Аз сидқи дил расондам чандин ҳадаф ба сомон,

Хандид бахт охир, афзуд неъмати ман.

Иҷрои ин ҳадафҳо боис ба ҳар зафар шуд,

Ҳал шуд ҳама саропо тақдиру қисмати ман.

Ҳар як ҳадаф бароям чун ҷон ба тан зарур аст,

Ҳар лаҳза з-он фазояд қурбу ҳашомати ман.

Чун абри сулҳу ваҳдат борид бар сари ман,

Бар киштукори умрам борони раҳмати ман.

Хонанда аз мутолиаи «Ҳадафнома»-и шоири шӯридадили маъниофари хуштабъ Ғуфрон ба ниёзҳои маънавии ҷомеа арҷ мегузорад, заҳматҳои бедареғ ва холисонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи таҳкими сулҳу созгории миллӣ ва расидан ба зиндагии шоиста қадршиносӣ мекунад, аз рушди пайвастаи Тоҷикистони биҳиштосо тафохур менамояд.

Офаридани симоҳои Ҷонсипар, Ландаҳур ва мулки афсонаии Ирам тахайюлӣ набуда, сувари хайл реша бар умқи воқеият дорад, ин симоҳо дар зиндагӣ прототипи худро доранд ва муҳим он аст, ки саранҷом дар набардҳои зиндагӣ неруҳои солимфикр бо роҳбарии Ҷонсипар пирӯз гардида,  мулки Ирам ба истиқлолои комил даст меёбад, аз олами зулмот ба олами нуру зиё мубаддал мегардад, дар он илму маорифу саноат рушд мекунад, мардумро зиндагонии муфарраҳ насиб мегардад.

Фазилати дигари ашъори шоир он аст, ки дар меҳвари онҳо масъалаҳои хушиносии миллӣ қарор доранд, ки чунин ҳолатро дар мухаммас, қасида ва дигар анвои шеърӣ ба мушоҳида мегирем.

Шоир тараннумгари ҳақиқати рӯзгор аст ва ин маънӣ дар қолаби қасида чунин суруда шудааст:

Гули пажмурдаам сероб шуд аз наҳри озодӣ,

Бигардид рангу рӯи ӯ мисоли лаъли оташгун.

Зимоми давлату миллат ба асли соҳибаш бигзашт,

Мароми ваҳдату ҳуввияти миллат бишуд афзун.

Ҳама мулки маро дар вартаи байналмилал бишнохт,

Ки он вирди забонҳо шуд ба сад маънию сад мазмун.

Бас шоиронеро дидаем, ки ҳангоми расидан ба қуллаи мақсуд бештар васфи дунёи фониву гӯру қиёматро сутудаанд, алорағми ин, шеъри Ғуфрон реша бар умқи воқеият дорад, тасвирҳо табиӣ, қаҳрамонҳо воқеӣ ва иртиботи маъниҳо мантиқӣ буда, муҳимтар аз ин, шоир ба хонанда аз зиндагӣ ва гузашти айём паёми рӯшани раҳнамунсоз медиҳад, монанди:

Дар айёми ҷавонӣ илму фазлу маърифат омӯз,

Ба садри синаат доим чароғи маърифат афрӯз,

Агар хоҳӣ шавӣ дар соҳаи илму адаб фирӯз,

Сабақро аз саҳар то ними шаб такрор кун ҳар рӯз,

Ҷавонӣ барнамегардад, ҷавонӣ барнамегардад.

Умри пурбаракати шоир сарфи кори омӯзгорӣ шуда ва табиист, ки осори омӯзгори шоир аз кӯтаҳиҳо орӣ нест, вале аз навоқиси он хатопӯшӣ мекунем, чаро ки хушгувории ҳавои сухан ва ҷанбаи маърифатии абёти шоир ҳамаи ноҷӯриҳоро паси соя мебарад:

Илм агар аз худ намоӣ, мушкил осонат шавад,

Меҳнати беғаш намоӣ, роҳати ҷонат шавад.

То тавонӣ ҳар замон аз илму дониш баҳра гир,

Бесаводӣ боиси ранҷи фаровонат шавад.

Худ биомӯзу бишав бар дигарон омӯзгор,

К-он сабаб бар пешрафти илму ирфонат шавад.

Дар китоб ба ҷуз аз маснавии «Ҳадафнома», инчунин мухаммас, қасида, ғазалиёт ба ҳам омада, мутолиаи онҳо дар зеҳни хонанда асари томи дорои сужаи воҳидро падид оварда, аз таровати  анвои гуногуни ашъори шоир ҷаҳони маънавии ҳаводорони каломи бадеъ пурғановат хоҳад шуд.

Тарғиби илму ҳунар, заҳматписандӣ, ростқавлӣ, хидмати бедареғ ба мардум, ободу зебо намудани як гӯшаи диёр, даъват ба ҳамбастагӣ, шукргузорӣ аз истиқлол дар шеъру тарона ва руботиёти маҷмӯаи мавриди назар бозтоби тоза доранд. Умед аст, ки фазилатҳои дигари осори шоир ба хонандаи закитабъ зимни мутолиа бармало мегарданд.

Муҳимтарин нукта ин аст, ки китоби нави «Ҳадафнома»-и Ғуфрон ҷанбаи қавии тарбиявӣ дошта, насли наврасро ба инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ, роҳи рост ва омӯзиши илму ҳунар раҳнамун месозад, зеро ба гуфтаи худи Ғуфрон:

Ҳар илм ҳамеша дар китоб бояд ҷуст,

Ҳар нуру зиё зи офтоб бояд ҷуст.

Авроқи китоб махзани дурру гуҳар,

Ин гавҳари суфта бо шитоб бояд ҷуст.

Саидмуроди ХОҶАЗОД,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь