Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21.12.2021
Бе офтоб гулҳо намешукуфанд, бе муҳаббат хушбахтӣ нест, бе зан ишқ нест, бе модар шоир нест, қаҳрамон ҳам нест. Тамоми ифтихори дунё аз модарон аст.
А. М. Горкий
Дар ҳама давру замон аз рӯзи бунёди одамӣ то ба имрӯз бонувон дар баробари мардон паҳлу ба паҳлу буданд ва бурду бохт шодиву хурсандӣ ҳамаро бо ҳам медиданд. Ислом низ мавқеъ ва мақоми занро баланд мегузорад. Дар даврони шӯравӣ низ бонувон мақом ва мавқеи худро доштанд. Ҳатто камонвардухтари тоҷик Зебуниссо Рустамова дар саросари Шӯравӣ ва дар ҷаҳон дар ин намуди варзиш ҷойи аввалро гирифта буд ва чун камонвардухтари шинохта номи тоҷиконро ва парчами шӯравиро, ки он замон Тоҷикистон ҳамчун ҶШС Тоҷикистон буд, дар мусобиқаҳои чаҳонӣ баланд мебардошт. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар низ мавқеи зан аз диди Ҳукумати кишвар дур намонд. Дар ҳар як Пайём ва дар ҳар панҷ даҳсола барномаи махсус оид ба мақоми зан чӣ дар сатҳи роҳбарӣ ва чӣ дар фаъолият дар соҳаҳои гуногун дар кор баррасӣ карда мешавад ва амалишавии он низ дар муҳлати ин барномаҳо дар мадди назари Ҳукумати кишвар аст, ки он то чӣ андоза амалӣ мешавад. Бонувони мо низ ба ҳамаи ин қадршиносӣ мерасанд ва талош мекунанд, ки арзандаи ҳамаи ин қадршиносиҳо бошанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз Мавзуна Чориева тавонист дар олимпиада дар таърихи давлатдорӣ ва ҳатто аз даврони Шӯравӣ низ ин нишондод набуд, нишон диҳад, ки духтари тоҷик муштзан дар олимпиада ҷои дуюмро соҳиб гашт. Ва парчами тоҷикро баланд бардошт. Чанд моҳ пештар мақолае хонда будам бо номи Достони Мадина, ки духтараки деҳотии 15 солаи восеъгӣ бо тамрини чандсола дар мусобиқаҳои бонуфузи гуштингирӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст. Дар мусобиқаҳои гӯштингирии наврӯзии имсолаи ҳудуди вилояти Хатлон соҳиби чандин мукофотҳои калони пулӣ гардид. Дар самти илму маориф тандурустӣ бештару бештар мо муваффақияту дастовардҳои бонувонро мебинем. Хубии кор дар он аст, ки мо ин муваффақиятҳоро сол ба сол бештар дар байни духтарон мушоҳида мекунем. Ҷолибият он аст, ки тӯли 10 – соли охир дар мактабҳои миёна ва ҳатто дар донишгоҳҳо ҳам дар муқоисаи писарон духтарон бештар бо баҳои хубу аъло мехонанд ва дар таҳсил бештар муваффақанд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо ба ҳамаи ин қадрдониҳои Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат худро нишон медиҳанд ва арзанда будан ба ҳамаи ин қадрдониҳоро исбот карданианд.
Ҳатто дохилшавӣ ба квотаи президентӣ ба макотиби олии кишвар низ яке аз дастгириҳои Ҳукумати кишвар аст, ки ин чиз бештар ба хубтару аъло таҳсил кардани бонувон сабаб ҳам гашт. Барои исботи ин гуфтаҳо факту рақамҳои дар Паёми охирини Пешвои миллат оварда шуда, метавонад бошад: Дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.
Соҷида САЪДУЛЛОЕВА,
мудири кафедраи биология ва химияи МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»