Гавҳарбону-соҳибхоназани пуррабадани зеболибос, ки дар гӯшу панҷаҳои дасташ ороишоти зиёди заррин дошт, ҳар замон хандаҳои дандоннамо карда, бад-ин васила раддаи дандонҳои тиллоияшро намоиш додан мехост, ба ҳамсинфаш Садафмоҳ, ки имрӯз ба ин хонаи дакаданги қасрмонанд ба меҳмонӣ омадааст, дар ҳар хусус мусоҳиба ороста буд. Бештар перомуни давраи наврасиву ҷавонияшон қиссаҳо мегуфтанд.

-Тоҳирро аз хотир набаровардӣ?- ногоҳ дар байн суол партофт Садафмоҳ.

Рӯйи сап-сафеду беҷирми Гавҳарбону тағйир ёфт, лабханди дандоннамояш ба шамъи бешуъла мубаддал гашту гилаомез шиква кард:

-Биё, мон, дугона, ҳамонро ба хотирам набиёр.

-Не, ин воқеаҳо ҳаргиз аз хотир намебароянд. Он замон зиндагӣ ҷӯшу хурӯш дошт. Ҳаёт маънӣ пайдо мекард.

-Ту бало! Дар таги замин мор ҷунбад, ҳис мекунӣ. Хайр, бигӯ, ҳаёт чӣ гуна маънӣ пайдо мекард? Ба назари ман ҳаёти бемаънии бачагӣ буд.

-Худро ба нодонӣ мезаниву маро имтиҳон мекунӣ?

-Охир, аз мактабро хатм карданамон қариб бист сол гузаштааст, ба наздикӣ бибӣ ҳам мешавем. Коҳи куҳнаро бод кардан бефоида аст.

-Он воқеаҳо коҳ нестанд, гандуманд. Гандум бар дидаи мардум ҳамеша азиз аст. Не, он лаҳзаҳо ҳаргиз фаромӯш намешаванд.

-Масалан, кадом лаҳзаҳо?

-Худро ба нодонӣ назан, лаҳзаи ошиқиҳои ту.

-Оҳ, бало-е! Аз хотират набаровардӣ?

-Барои чӣ аз хотирам барорам? Ин воқеаҳо ҳамчун навори филми дӯстдошта ҳаргиз аз лавҳаи хотир сутурда намешаванд. Вақте ба шаҳри Бохтар шавҳар карда рафтам, ба дугонаҳо ва ҳамсоязанҳо бо шавқ ин саргузаштҳоро нақл мекардам…

-Гуфтам-а: -Ту бало! Мана шарманда кардӣ-чӣ?

-Ту шарманда нестӣ! Ту қаҳрамонзани ҳақиқӣ астӣ, ки бахти худро ёфтӣ. Хушбахтӣ ҳамин қадар мешавад. Ҳатто дар бораи ту шавҳарам ҳам медонад…

-Воҳ! Ба шавҳарат ҳам хабаркашӣ кардӣ? Айбро намедонӣ?

-Ман аз шавҳарам ягон сирри махфӣ надорам. Саргузашти бачагиямро нақл кардам.

-Саргузашти худат майлаш, вале сирри маро чаро ошкор кардӣ?

-И-е! Ҳаёти ман бе ту ҳеҷ маънӣ надорад. Якҷоя мехондему дугона будем. Шавҳарат аз моҷарои ту бохабар аст?

-Ман нақл накардаам, бохабар аст ё не, намедонам. Ба ҳар ҳол, дар дилам як доғ боқӣ монд, ҳар замон ба ёдам омада каме зиқ мешавам. Ҳамин ба ман бас аст.

-Тоҳир як синф боло мехонд. Мо дар синфи даҳум мехондему вай дар синфи ёздаҳум. Ҷавони шамшодқади хушрӯй буд. Ботамкину нармгуфтор ва заҳматкаш буд…

-Э-э, мон вайро, сарамро вайрону диламро хиҷил накун!

-Ҳа, ҳоло ҳам дар дилат будааст. Бо баҳои хубу аъло мехонд. Чанд бор мактуб навиштӣ, ман бурда додам. Дар ҷавобаш гуфт, ки ба духтари мактабхон ин гуна рафтор намезебад, ҳавас дигару ишқ дигар аст…

-Ҳатто чанд бор рӯ ба рӯ задем. Қасдан ба ӯ бархӯрда, китобҳоямро аз бағал афтондам, аммо вай дили сангин дошт, ки “Ба пешат нигоҳ карда гард, хаёлӣ нашав!” гуфту ба чашмонам нанигарист. Ба хондан рафту соҳиби тахассуси муҳандисӣ гардид, маро ба равғани доғ партофта, ба духтари назарногире хонадор шуд. Бо маоши муҳандисӣ рӯзгорашро пеш бурда натавонисту муҳоҷири меҳнатӣ шуд…

-Мо ҳам хонадор шуда, аз пайи рӯзгори худ шудем. Дугона, ҳозир аз зиндагият розӣ ҳастӣ?

-Чаро розӣ набудаам?! Ҳазорон бор шукр ба Худованд, ки ба ман ин рӯзгори шоҳонаро насиб гардонд. Хайрият, ки ишқи аввалам пешпо хӯрд…

-Гоҳ афсӯс мехӯрӣ ва гоҳ шукрона мегӯӣ. Ба кадомаш бовар кунем?

-Ба дуюмаш бовар кун. Агар ба Тоҳир мерасидам, ба як даҳан нон зор мешудам.

-Ту магар аз ҳаёти минбаъдаи Тоҳир хабар дорӣ?

-Чаро хабар медоштаам, балки қариб ҳар рӯз мебинамаш.

-Ҳар рӯз мебинӣ? Чӣ тавр?

-Мебинам, вассалом.

-Деҳа калон аст, баъзан аз воқеаи хонаи ҳамсоя бехабар мемонему ту аз аҳволи гӯшаи дури деҳа чӣ тавр бохабар мешавӣ? Ё ҳар рӯз ба он кунҷи қишлоқ ҷосус мефиристонӣ?

-Ҷосус намефиристонам, худаш меояд.

-Худаш меояд? Ба ҳамин ҷо? Ба мулоқот меояд?

-Девона шудӣ-чӣ? Ман бахтамро пешпо намезанам. Кӯрнамак нестам. Касофатро набинам мегӯям, беихтиёр чашмам меафтад.

-Вай ҳам туро мебинад?

-Не. Намебинад, бинад ҳам, аздусар намешиносад. Вай одати ба рӯйи духтарҳо нигоҳ кардан надошт. Боз, аз симои духтарии мо нишоне ҳам намондааст.

-Пас, чӣ тавр, дар куҷо ту ӯро мебинӣ?

-Қиссаи дуру дароз аст, вале кӯтоҳакак мегӯям: вай ронандаи шавҳари ман аст.

-Э-ҳа, ҳамин хел ҷавони донишманди маълумоти олидор ба шахси маълумоти олинадошта хидматгор шуд гӯй!

-Ҳа, отаи бачаҳо соҳибкори муваффақ аст. Чанд нафар ба миёна даромада илтимос карданд, ки Тоҳирро ба ягон кор таъмин кунад. Хоҷа илтифот нишон доду ронандагиро пешниҳод кард. Тоҳир муҳандис аст, агар мошин нуқсе пайдо кунад, ба назди усто намебарад, худаш зуд таъмир мекунад. Пагоҳии барвақт омада интизор мешавад, ки Хоҷа кай ба кор равон мешавад ва нисфҳои шаб низ дар пушти дарвозаи ҳавлӣ мунтазир меистад, то ки соҳибкор ягон фармоиш диҳад, зуд ба иҷро расонад. Дар ҳавои сард низ ягон бор отаи бачаҳо ӯро ба даруни ҳавлӣ роҳ надодааст. Ба ягон ҷо меҳмонӣ равад ҳам, вайро намегузорад, ки ба хонаи мизбон дарояд. Ҳар дам дар дили шаб ҳам ин ронандаро ба овардани чизе мефиристод…

-Э-ҳа! Тоҳир ба ғуломи ҳалқабаргӯши беминнат табдил ёфтааст гӯй.

-Ӯро касе ба худ мутеъ накардааст, худ ба ҳамин гуна тақдир розист.

-Дар хотират ҳаст, ки Тоҳир дар ҷамъомадҳои мактаб шеърҳои “Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест”, “Ки бори миннати дунон кашидан”-ро ифоданоку ҷаззоб қироат мекард?

-Набошад-чӣ! Гуфтор дигар асту ҳаёт дигар.

-Дуои ту гирифт Тоҳирро, ки ишқи туро рад кард.

-Не, ин тамасхури қисмат аст, ки бори аввал ба ман писханд зада буд, баъд ба вай…

 Ҳаким Алӣ (Назаралиев), деҳаи Ғуриёт, ш.Ҳисор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь