Агар аз оянда наандешед, оянда нахоҳед дошт.

Голсуорси         

Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид. Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем.

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021)        

“Телевизорро фурӯзон намоед, филми тасвирӣ тамошо кунам, – садо мекунад тифл ба волидайнаш. Худо баракат диҳад ба нафаре, ки кӯчаҳои маҳаллаи деҳаи моро чароғон кардааст – изҳори минатдорӣ мекунад ба нафари саховатпеша пирамарди 70 сола. Худо баракати дунёро насибаш гардонад, ба ҷавонмарди соҳибкори саховатпеша, ки насоси обкашиву қубурҳо харидорӣ намуда, деҳаи моро шодоб гардонд – дасти дуо мебардошт ҷавонзани деҳаи баландкӯҳ. Барои чӣ нафаре ба суроғаи нафарони шабу рӯз ба мо барқдиҳанда даст ба дуо намебардорад, ақалан дар рӯзи иди касбиашон. Охир телевизор бе барк фурӯзон намешаваду чароғҳои кӯча бе барқ рӯшноӣ намедиҳанд, насоси обкашӣ бе барқ ба деҳаи баланкӯҳ об намебарорад. Вақте барқ нест, мушкилоти кори мо оғоз мешавад. Барои ҳамин мо як лаҳза андеша кунем, ки барқе ки мо аз он шабу рӯз ва доимо дар ҳаёти худ истифода мебарем ба мо бе заҳмат ва мадади касе дода намешавад. Бале, нафароне, ки дар НБО, Шабакаҳои барқ кор мекунанд ва барои мо барқ истеҳсол мекунанду барқ медиҳанд. Дар ҳолати садама шудан, ва ё хомӯш шудани он дар ҳол новобаста аз он шаб аст, ё рӯз аст, кадом вазъи ҳаво аст паи ислоҳи он шуда, боз аз нав онро барқарор мекунанд, то ки мо бе барқ намонем ва бе мушкилӣ паи зиндагии худ бошем”.

Ин аст заҳмати кормандони Шабакаҳои барқ, ки мо ба қадри заҳмати онҳо аз рӯи инсоф бояд бирасем. Кормандони филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб шабу рӯз барои бо барқ таъмин будани сокинони шаҳру ноҳияҳои миинтақаи Кӯлобанд.

Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб 1080 нафар кормандон кор ва фаъолият менамоянд, ки  аз  онҳо  979 нафарашон мардҳо ва 101 нафарашон занҳо мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони муассиса 281 нафарашон бо маълумоти олӣ ва аз 1080 нафари шумораи умумӣ шасту панҷ фоизашро ҷавонон ташкил мекунанд. Аз шумораи умумии (1080 нафар) кормандони шабакаҳои барқии шаҳрӣ ва ноҳиявии филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб ШБ шаҳри Кӯлоб 272 нафар, ШБ ноҳияи Данғара 228  нафар,  ШБ ноҳияи Восеъ 133  нафар, ШБ ноҳияи Фархор 77  нафар,  ШБ ноҳияи Ҳамадонӣ 99  нафар,  ШБ ноҳияи Темурмалик 52 нафар, ШБ ноҳияи Ховалинг 64  нафар, ШБ ноҳияи Мӯъминобод 58  нафар,  ШБ ноҳияи Балҷувон 37  нафар, ШБ ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 60 нафарашро ташкил мекунад.

Фонди таъмирӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ 4866,18 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст, ки 95,3% нақшаро ташкил мекунад. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ трансформаторҳои қуввагии 6-10/0,4кВ 73 адад сухта корношоям ва бо қувваи худӣ ба маблағи 493,0 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Дар 11-моҳи соли ҷорӣ  ХИБ-35кВ ба масофаи 24,8км ба маблағи 82,3 ҳазор сомонӣ, ХИБ-6-10кВ ба масофаи 132,4км ба маблағи 1402,1 ҳазор сомонӣ, ХИБ-0,4кВ ба масофаи 124,39км ба маблағи 614,28 ҳазор сомонӣ, ЗТ, ЗТМ-6-10/0,4кВ ба миқдори 207 адад ба маблағи 1202,4 ҳазор сомонӣ, таҷҳизотҳои ЗБ-35-110кВ ба маблағи 61,0 ҳазор сомонӣ ва ЗБ-35кВ ба миқдори 2 адад ба маблағи 34,0 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар ХИБ-0,4-6-10кВ пояҳои чубини фарсуда ба пояҳои оҳану бетонӣ ба миқдори 240 адад иваз карда шуданд. Барои бо барқи хушсифат таъмин намудани аҳолӣ ва аз серборӣ озод намудани трансформаторҳои қуввагии 6-10/0,4кВ-и мавҷуда дар шабакаҳои тақсимоти барқ 27 адад трасформаторҳои тавоноиашон гуногуни иловагӣ насб карда шудаанд. Дар ХИБ-6-10кВ ва ЗТМ-10/0,4кВ 123 адад ҷудокунакҳои ростпайвандкардашудаи РЛНД-6-10кВ иваз карда шудаанд. Дар ХИБ-0,4-6-10кВ симҳои нуқсондор ва буриши кундалангиашон паст ба баланд ба миқдори 16км/як сима иваз карда шуданд.

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз филиали ҶСК «Шабакаҳои интиқоли  барқ» аз нуқтаҳои сарҳисобӣ ба Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб ба миқдори 1 183, 82 млн кВт.с нерӯи барқ воридот шуда аст, ки аз ин миқдор тибқи нақшаи Ҷамъият 764,50 млн кВт.с  нерӯи барқи фоиданок мебошад. Маблағи ҳисобшудаи ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ тибқи ҳисоботи барномаи биллингӣ 209 022,51 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз аҳолӣ бошад ба  97 625,06  ҳазор сомонӣ рост меояд.

Ҷамъоварии маблағи барқи додашуда бошад 173 187,49 ҳазор сомониро ташкил мекунад, ки нисбати маблағи ҳисобӣ (35 835,02 ҳазор сомонӣ)  кам буда, ба 82,9%-рост меояд. Аз аҳолӣ бошад ҷамъоварии маблағ 88 000,01 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ба 90,1 % рост меояд. Ҷамъоварии маблағи барқи додашуда дар муқоиса нисбат ба соли  2021 20 232,99 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, яъне дар соли 2021 152954,50 ҳазор сомонӣ буда, соли ҷорӣ 173187,49 ҳазор сомониро ташкил дод. Аз аҳолӣ бошад дар соли 2022 88000,01 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба соли 2021 9 556,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, яъне соли 2021  78 443,3 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуда буд.

Соли дуюм аст, ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб пурра бо низоми биллингии ҳисобу китоби нерӯи барқи муштариён гузашта, бо дастгоҳҳои Poss-терминал таъмин гардидаанд. Ин амал барои кори бо низоми назорат дар сарфи қувваи барқ ва аз байн бурдани расидаҳои рақамдор дар пешгирии омилҳои корупсионӣ мусоидат намудааст.

Дар минтақаи Кӯлоб аз 184 468 адад муштариёни фаъолиятдошта зиёда аз 182623 адади рақамҳои телефони мобилии муштариён дар барномаи смарт биллинг ворид карда шудааст, ки 99 %-и муштариёни минтақаро ташкил медиҳад. Оиди ҳисобӣ ва пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ  бо воситаи ирсол намудани СМС-пайёмакҳо алоқаи дутарафаро бо муштариён барқарор намуда, (Янеъ ба телефони мобилии муштарӣ ҳисобварақа ва расидаи пардохт баъди гузаронидани амалёт дар ҳамон лаҳза ирсол мегардад) ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт ноил гардидаем. Новобаста аз он, ки аризаҳои шикояти хаттӣ ва шифоӣ оиди нодурустии қарзҳо дар ноҳияҳо ба мушоҳида мерасад, назорати ин масъала пурзур гардида, шаффофият ва боварӣ аз тарафи муштариён нисбати фаъолияти кори кормандони мо зиёд гардида истодааст. Кори хуби  Муродзода Зиёратшо, сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Данғара, Сафарбек Раҳмонов, роҳбари тиҷоратии ШБ ноҳияи Данғара, Олимҷон Ҳафизов, сардори ШБ ноҳияи Балҷувон, Насим Ризомов, роҳбари тиҷоратии ШБ ноҳияи Балҷувон, Сайвалӣ Судуров, сардори ШБ ноҳияи Ховалинг, Наврӯзшоҳ Қурбонов, роҳбари тиҷоратии ШБ ноҳияи Ховалингро метавон қайд кард, ки дар самти хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва ҷамъоварии маблағи қувваи барқ намунаи дигар шаҳру ноҳияҳои минтақа мебошанд.

Ҳамчунин,  дар дохили филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб коргоҳи таъмири тарсформаторҳо фаъолият менамояд, ки дар он имрӯз 8 нафар кор мекунанд. Ба он аз ҳамаи ноҳияҳои минтақа трансформаторҳои аз кор баромада ва вайрон шударо меоранд ва онҳоро таъмир карда, боз омада мебаранд. Хубии кор дар он аст, ки вақте трансформатори вайроншударо ба коргоҳи мо меоранд дар коргоҳ трансформатори дурусти коркунанда ҳаст онро дарҳол ба деҳа, ва ё мавзеи трасформатор, ки барои таъмир ба коргоҳи мо ворид шудааст бурда, васл мекунанд, ки то мардуми он деҳа, ва ё кӯча то ба вақти пурра таъмир шудани трансформатори худашон бо барқ таъмин мешаванд. Вақте трансформатори онҳо пурра таъмир шуд, бурда трансформатори худашонро васл мекунанд ва баъдан трансформатори моро бозпас меоранд. Чӣ тавре гуфтам, дар сех трансформаторҳои коршоями тайёр омодаи истифода ҳастанд 3-4 адад доимо доранд. Дар ҳар як шабакаҳои барқи ноҳияҳо мо 1-2 адад трансформатори захира дорем, боз се трансформатори дигари захиравӣ дар минтақа дорем. Дар ҳолати аз кор баромадани трансформаторҳо сокинони маҳаллаҳои минтақа метавонанд инҳоро бурда, то ба вақти таъмир шуда, мавриди истифода қарор гирифтани трасформатори аз кор баромадаи худашон истифода бубаранд. – мегӯяд, Табарзода Темур, директори филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб.

Аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи муассиса бахшида ба Иди Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва 81-солагии ғалаба дар ҶБВ ба 17-нафар ҷанговарони башардӯст ва иштирокчиёни бартарафсозии садамаи атомии «Чернобел», ки дар муассиса фаъолият менамоянд ва як қисмашон ба нафақаи меҳнатӣ баромадаанд ба маблағи умумии се ҳазору се сад сомонӣ ёрии моддӣ расонида шудааст.

Бахшида ба рӯзи «Модар» ба 100 нафар коргарзанони Филиал ва модароне, ки дар соҳа кор карда, ба нафақаи меҳнатӣ баромадаанд ба ҳар якеашон ба маблағи 100-сомонӣ ва ҷамъ ба маблағи – даҳ ҳазору се сад сомонӣ ҷудо гардид ва барои оростани дастархони идона ба ин ҷашн ба маблағи панҷ ҳазору бисту шаш сомонӣ ҷудо карда шудааст. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ташкил намудани чорабиниҳои маданиву – маърифатӣ ва варзишӣ ба маблағи – бисту нӯҳ ҳазору чор саду панҷоҳ сомонӣ харҷ гардида, расму оинҳои миллӣ, хӯрокиҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳо барпо карда шуд.

Бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар филиал чорабинии идона барпо намуда ҷиҳати дар сатҳи баланд қайд намудани ин ҷашни бузург ба маблағи – се ҳазору ҳашсад сомонӣ сарф карда шуд. Бо мақсади хуб кардани шароити кории кормандони Филиал аз ҳисоби буҷаи Кумитаи ИК оиди хариди маводҳои маишӣ ба маблаги – сиву ҳафт ҳазору яксаду даҳ сомонӣ сарф гардидааст. Бо мақсади дастгирӣ намудани кормандон ва аъзои оилаи онҳо ҷиҳати хариди доруворӣ ва барқарор намудани саломатиашон ва сатҳи пасти зиндагӣ ба 513 – нафар ба маблағи –ҳафтоду ҳашт ҳазор  сомонӣ ёрии моддӣ расонида шудааст.

Ҷиҳати солимгадонии кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва фарогирии онҳо ба санаторияву осоишгоҳҳо, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.01. соли 2017, №34 ба 65 – нафар кормандон ба маблағи умумии ҳафтод ҳазору панҷсаду ҳафтоду панҷ сомонӣ ҷудо гардида, бо роҳхат таъмин гардидаанд. Дар арафаи идҳои давлативу миллӣ ба 21 – нафар беморони бистарии соҳа ба маблағи се ҳазор сомонӣ ёрии моддӣ расонида шудааст. Инчунин, ба 13 – нафар корманд барои маросими дафни шахсони наздикашон ба маблағи се ҳазору нуҳсаду панҷоҳ сомонӣ кӯмак карда шудааст. Ба 18 – нафар кормандоне, ки синнашон ба нафақаи меҳнатӣ расида буданд ҷиҳати хариди тӯҳфаи хотиравӣ ба маблағи чор ҳазор сомонӣ сарф гардидааст.

Табарзода Темур, мегӯяд, роҳбарият ва масъулини Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Кӯлоб баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта нақшаву чорабиниҳо тартиб дода, ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо чораҳои зарурӣ андешида, барои расидан ба нишондиҳандаҳои назарраси истеҳсолӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд.

Билоли Шамс, МТЖТ, аз шаҳри Кӯлоб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь