Чаро чунин сарлавҳа гузоштам? Ҳозир мефаҳмонам. Нақли машҳур аст, ки шахсе назди Буалӣ Сино тифлеро мебарад, то ки он бузургвор тарбияташ кунад. Синни он тифл аз чиҳилрӯзагӣ гузашта будааст. Пури Сино посухи рад медиҳад, бад-ин маъно, ки дер кардед…
Як шарҳи ин маъниро куҷое хонда будам, ки мувофиқи он, гӯиё кӯдак дар ин муддат, яъне чиҳил рӯз хӯю хислати модарро месанҷидааст: агар ҳар вақте тифл гиря кунад ва модар шир бидиҳад, пас тифл ихтиёри модарро ба дасти худ мегирад ва агар модар тибқи реҷаи муайян ба кӯдак ғизо диҳад, он гаҳ кӯдак комилан ба итоати модар медаромадааст…
Яъне сухан ин ҷост, ки дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ ҳамин принсип доиман ба кор меравад: агар ба тифле аз хурдӣ сар карда китоб диҳанду реҷаи мушаххасро таъйин карда бошанд, он кӯдак хиёл мекунад, ки китоб як ҷузъи ҳатмии ҳаёти ӯст ва намешавад бе китоб зиндагӣ кард…
Аз донишманде ҳини суҳбат сухани аҷибе шунидам: то синни 18-солагӣ агар одам ба китоб ва рафтан ба китобхонаро майл накунад, дигар умре китобро суроғ нахоҳад кард, зеро дар мағзаш ин ақида маҳкам ҷо мегирад: бе китоб ҳам зиндагӣ кардан мумкин аст… Баъдан мисолҳо аз ҳаёти атроф меҷӯяду меёбад: фалониро бинед, ки бидуни китоб сарвате дорад беҳисоб, бисмадонӣ як китоб нахонда соҳиби ду мошину се хона аст, ҳо фалонӣ дар ҳаёташ китобро надидааст, аммо як моҳ дар Душанбе мезияду як маҳи дигар дар Дубай…
Андешаи дигар, ки ба ҳамин мавзуъ рабти бевосита дорад: ҳамин дина дар суҳбате як шахсияти муҳтарам фарҳанги моро ситоиш карду гуфт: дар урфи мо инсон бояд хона созад, то фарзандонаш осоише ёбанд, ҳар ҷо, ки рафт, дӯсте ёбад, дарахт шинонад, то дар сояи он одамон роҳат кунанд…
Ва баъд мисол овард: фалонӣ як умр барои тамоми фарзандонаш хона сохт, хулоса, ҳама фарзандон аз пушти заҳмати он падар соҳибхона шуданд ва осуда… Гуфтам, ки дар ин асли фарҳангӣ, агарчи аз мо бошад ҳам, иллате ҳаст: дӯст ёфтану дарахт шинондан кори хуб аст, қариб дар ҳама фарҳангҳои ҷаҳон ҳаст, аммо ин ки падарон бори масъулияти фарзандонро бикашанд ва умре барои онҳо кор кунанд, дуруст нест…
Дар чанд фарҳанги ғарбӣ ин асл дигар хел аст ва гумонам, хеле дуруст: вазифаи падар ин аст, ки фарзандро раҳнамо бошад ва то синни балоғат ӯро ғамхорӣ кунад. Аммо вазифаи падар ин нест, ки барои фарзанд кулли шароити зиндагӣ – хонаву дару мошину зану либосу палосро муҳайё бикунад… Зеро ин гуна фарзанд ба қадри зиндагӣ ҳеч гоҳ нахоҳад расид, танбалу худпарвар хоҳад шуд ва билоқибат – балои ҷони падар…
Дурустташ ин аст, ки ба фарзанд роҳи расидан ба саодат, бо меҳнати худ пул ба даст оварданро биёмӯзад… Коре кунад, ки фарзанд доиман ҷониби камоли маънавият саъю талош кунад… Ин аст асли фарҳанги асил… Дар ин суҳбат шахси муътабаре муваззаф ба кори фарҳанг низ ширкат дошт ва ба он кас ҳам гуфтам, ки ҳарчанд фарҳанги оламшумул дорем, аммо хурофаҳояш бисёр ва иллатҳояш зиёданд…
Номи ин ду шахсиятро намегирам, зеро инсонҳои шариф ва соҳибэҳтироманд… Аммо он чӣ, ки худам хондааму таҳқиқ кардаам, бароям кофист, ки андешаи шахсии худамро дошта бошам…
Бинед, фалсафаи фардгароиро (индивидуализмро) дар мо шадидан ба интиқод мегиранд, мегӯянд, ки ин фалсафа хоси ғарбиён аст… Аммо чаро ҷиҳатҳои хубашро намебинанд? Асли ин фалсафа, ба забони одии тоҷикӣ гӯем, ба умеди дигарон (аз ҷумла падару модар, тағову амак ва ғайра) нашуда, бо донишу фаросат ва неруи модию маънавии худ бинои зиндагии худро обод кардан ва дар ҷомеа мавқеъ ёфтан аст…
Ҳамон фарзандоне, ки на бо неруи худ, балки падарону модарон, тағову амакҳо ва ёру шиносҳояшон дар зиндагӣ ҳам пулу мол, ҳам хонаву дар ва ҳам ҳар чизи дигар меёбанд, билоқибат ҳангоми пирӣ бо ормонҳои зиёд мемиранд, зеро саодати зиндагиро намеёбанд, гарчи миллионҳо доллар дошта бошанд… Дар фарҳанги Ғарб падар вазифадор нест, ки сарнавишти фарзандро дар ихтиёри худ бигирад, яъне ӯро хононаду ҳам барояш хона созаду ҳам хонадораш кунад…
Натиҷаи таъсири ҳамин асли фарҳанг ба зеҳни миллат аст, ки дигар ҷавонон ҳамеша дар ҳар мушкиле рӯйи ниёз ба дастгириҳои падар меоранд, аз ҳисоби давутози падарон муфт соҳиби хонаву зану мошин ва ҳатто вазифаҳои “равғанин” мешаванд… Ин ҷавонон чӣ будани саодати кофтану дарёфтани ҳақиқатҳои зиндагиро намедонанд, агар китоб ҳам хонанд, танҳо барои он мехонанд, ки ба ҳалли масъалае ба онон кумак кунад, на барои қонеъ кардани талаботи маънавӣ…
Гап бисёр шуд, аммо таъсири он суҳбат нагузошт, ки ором бошам…
Ҳамин тавр, бармегардем ба озмун. Рӯзи панҷшанбе, яъне 22-юми август ба синфхонаи номинаи мо, яъне адабиёти ҷаҳон, намояндагони шаҳри Норак, ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ ворид шуданд. Аз ин се ноҳия ҳамагӣ 10 кас. Дар рӯйхат 12 кас буд, ду кас наомад – яке Фарҳод ном омӯзгор аз Норак, дигаре Сумангул ном хонандаи синфи 10 аз ноҳияи Дӯстӣ…
Аз қишри бузургсолон Мамлакат Азимова – сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва собиқ омӯзгори забони русии коллеҷи тиббиву иҷтимоии шаҳри Норак ширкат кард. Ёдам меояд, ки ин бону соли гузашта ба даври ниҳоии озмун раҳ ёфта буд. Аз бебарории соли гузашта руҳафтода нашуда, имсол низ дар озмун дониши худро санҷиданист.
Кулоҳ аз сар бояд гирифт, вақте мебинӣ, ки як инсони 67-сола мудом барои такмили дониш ва расидан ба ҳадаф дар ҳоли ҷунбишу ҳаракат ва саъю талош аст… Ва ин ҷунбишу ҳаракат, бешак, умри одамро дароз мекунад, зеро агар ба илми равоншиносӣ бовар кунем, ҳамин ҷустуҷӯву такопӯ низоми асабро устувор ва сиҳҳатии бунияи инсонро таъмин мекунад…
Суоле дар зеҳнам пайдо мешавад: магар дар дигар ҷоҳо – дар ноҳияҳои Дӯстиву Ҷалолиддини Балхӣ, Леваканту Шаҳритусу Қубодиёну Хуросону Кӯшониёну Ҷайҳуну Вахш ва Абдурраҳмони Ҷомӣ бузурсолони китобхон нестанд ё ҳамаашон аз китоб даст кашидаанд? Куҷоянд аҳли зиё, муҳандису директорони мактабу муаллимон, соҳибкорону милисаҳову заминдорон ва ғайраву ҳоказо? Магар онҳо ширкат дар ин озмуни муқаддасро ба шаъни худ раво намебинанд??? Ман ба ин бовар надорам… Ақлам намегирад…
Агар як рукни вазифаи муовинони идеологии шаҳру ноҳияҳо таъмини рушди илму маорифу маънавият бошад, пас, куҷост натиҷаи кори идеологии онҳо, ки шавқи китобхониро дар тинати мардум ҷо карда наметавонанд? Боз чанд суоли дигар, ки сари посухи онҳо хеле зиёд андеша бояд кард… Масъалаи пахтаву саҳрову кишту боғу роғу корхонаҷоту дигару дигарҳо ба уҳдаи муовинони иқтисодист-ку…
Хуб, боз бармегардем ба натиҷаҳои дирӯзаи озмун…
Кутоҳи сухан, ба ҷуз ду-се намояндаи шаҳри Норак вазъи омодагии довталабони дигар ноҳияҳо, махсусан Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ суст буд… Хонандае ҳамагӣ бо чаҳор шеър аз ноҳияи Дӯстӣ омадааст. Ҳайфи он пуле, ки дар роҳ сарф шуд, кош бо он пул як китоб мехарид…
Духтараке аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шеъри зиёдеро қатор карда, бо азёд кардани чаҳор мисроъ аз ҳар шеър қаноат кард. Ба сарам мезанад, ки шояд ба ӯ гуфта бошанд: доварон вақт надоранд, ҳамин чормисраӣ бас будагист…
Малоҳат ном довталабе аз Норак табъи моро хуррам кард: фикраш, бардошташ, тасаввурашро хуб баён карда тавонист, ором буд, ҳар чизеро медонист, бо боварӣ мегуфт…
Дина бо ибтикори раиси муҳтарами Донишгоҳи давлатии Бохтар Маҳмадалӣ Қурбонзода ҳама доваронро барои шиносоӣ ба Маркази таълимию таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Бохтар (воқеъ дар соҳили дарёи Вахш, ҳудуди Левакант) бурданд. Ин макони зебои пурдолу дарахтро Зағертут мегуфтаанд ва дар он ҳам таҷрибаомӯзии донишҷӯён (факултаҳои кимиё ва биология) ва ҳам корҳои илмӣ сурат мегирифтааст. Қаламрави ин марказ беш аз 5 гектар будааст.
Дар анҷоми шиносоӣ ҳамон ҷо маҳфиле шуд иборат аз шеъру баҳсу баррасиҳои фарҳангӣ. Чун ҳамеша Файзи Ашӯр, Рустами Хомарахш, Хайрандеш ва Давлати Раҳмониён гули сари сабади маҳфили шеър буданд ва бузургии шеър ҳамин аст, ки қалбҳо ва мағзҳоро рӯшан мекунад…
Хулоса мекунам: камбуду норасоиҳоро гуфтан ишкол надорад, бояд ҷиҳати ислоҳи онҳо фикр кард… Беҳтарин роҳи ислоҳ аз айёми тифлӣ, аз синфи якум сар карда, ба дасти хонанда китоб додан аст…
Падарону модарон ба ҷойи хонасозиҳо барои фарзандон бояд тарзи муомила бо китоб ва бардоштани манфиат аз китобро ба ҷигарбандонашон омӯзонанд, ҳар шаб ҳадди ақал ним соат бо фарзандон китоб хонанд…
Таҳкурсӣ дар поин аст, аз поин сар кардан лозим…
Ҳафиз РАҲМОН