Аз замонҳои қадим расму оинҳои наврӯзӣ вуҷуд дорад, ки то имрӯз қимати худро гум накардааст. Масалан, оростани хони наврӯзӣ бо номи «Ҳафтсин», «Ҳафтшин», тайёр намудани «Суманак» вуҷуд дошт. Ана боз соли нави аҷдодӣ- Наврӯзи бостонӣ қадамҳои устувори худро ба кишвари азизамон мегузорад, ки зери он Замин сабзпушу гулзор, дилҳо шоду хотираҳо шодоб гардида, садои хӯшу овози форам аз ҳама гушаю канори Ватан баланд мегардад. Васфи Наврӯз суханҳои дилчаспу хонданбоб пеш меояд, ки ба кас рӯҳи илҳоми тоза мебахшад.

Дорӣ нафаси тоза, дар дил ҳаваси тоза,

Заррин- шафақи шодӣ, Наврӯз муборак бод.

Дар ҳама гушаю канори диёри азизамон омадани Наврӯзро бо хуроки номвар «Суманак» пешвоз мегиранд. Инро беҳуда мужда аз фарорасии «Баҳор» нагуфтаанд. Аз замонҳои қадим «Суманак»-ро чун хуроки ба саломатӣ фоидабахш баҳо додаанд. Чунки организми инсон дар оғози баҳор аз норасоии витаминҳо, микроэлементҳо, ки дар давраи зимистон ба он дучор омадааст, азият мекашад. Сабаби асосии дастурхони Наврӯзиро оро додан бо «Суманак», вирди забон гардидани он низ маҳз дар ҷуброн кардани эҳтиёҷи организми дар зимистон заифгашта буда, муътадил намудани кори он мебошад.

Олимон муқаррар намуданд, ки майсаи гандум 18 намуд аминокислотаҳо, витаминҳо микроэлементҳо ва моддаҳои минералӣ ба монандӣ: фосфор, калий, магний, сулфур, хлор, натрий, калсий, молибден ва ғайраро дорад, ки барои организм хело зарур ва фоидабахш мебошанд. Дар таркиби майсаи гандум, ҳамчунин витамини «С» мавҷуд аст. Бинобар он, онҳо барои муолиҷаи диабактериоз, аттеросклероз ва бемориҳои санги талхадон аҳамияти калон дорад. Мувофиқи тавсияи табибон истеъмоли «Суманак» барои рафъи фарбеҳӣ ва пешгирии диабети қанд низ фоидаи калон дорад. Дар сурати мунтазам истиъмол намудани «Суманак» иммунитет тақвият ёфта, организм ба таъсироти бемориҳо тобовар мегардад, Мубодилаи моддаҳо ба низом омада, фаъолияти дилу рагҳо, силсилаи устухон, асаб ва ғадуди сипаршакл бештар мешавад. Ба бемориҳои экзема ва реши меъда шифобахш мебошад. Сабзиши мӯйро барқарор менамояд, хунро тоза карда, ба ҳосил шудани гемоглобин кумак мерасонад, авамитаноз, камхунӣ ва пирии бармаҳалро пешгирӣ менамояд.

Ҷамолиддин ҶАЛОЛОВ,

омӯзгори МТМУ №84-и ш. Ҳисор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь