Таърихи 9-уми марти соли ҷорӣ соати 18:00 ба фурудгоҳи Внуковои Москва барои парвоз бо рейси DP-997 ба Самарқанди бостон ҳозир шудем. Чун вориди толори фурудгоҳ гаштем, гаранг шудем. Чунки ҳолати хараҷу мараҷеро дидем, ки ба истилоҳ саг соҳибашро намеёфт. Зеро мардуми омадаву дохили толори фурудгоҳшуда, намедонистанд, ки нуқтаи бақайдгирӣ дар куҷо аст. Чун таблоҳо дар ҷойи чашмрас набуданд. Аз ин хотир, мо ҳам чун мусофирони дигар баъди ҷустуҷӯи зиёд майдони гузаришу бақайдгириро ёфтем. Лекин ин ҷо аз лента шояд барои тартиботи навбатпоӣ бошад, хатти печдарпеч (лабиринт) сохта буданду бо вуҷуди ин, роҳи каҷмакаҷак ин ҷо шиори “Ҳар кӣ зур бошад, гузарад” ҷойи навбатро гирифта буд. Аз ин боис пиру ҷавон бемору кӯдакон барои кормандон фарқе надоштанду яке буданд ва бо азият пеш мерафтанд. Аз ҳама ҳайратовараш он буд, ки чанд нафари мусофирон ба хотири навбатшиканӣ ё кадом иллати дигар ҷанҷолу хархаша мекарданду кашокаш, аммо аз кормандон касе парвое надошт. Дар ҳамин ҳол пиразане чорқат шуда базӯр борхалтаашро оварда, рӯйи тарозуе гузошт, ки тибқи навиштаҷот ин ҷо гузаргоҳи рақами 134 буд, ки ҳамин ҷо рейси рақами DP-997- Москва-Самарқандро ба қайд мегирифтанд. Зани тануманде, ки ин ҷо ба ҳайси корманди масъули бақайдгирии билетҳои парвоз бо рейси DP-997 аз Москав ба шаҳри Самарқанд нишаста буд, бо як овози баланди дупӯста ба пиразани мусофир гуфт, ки бори шумо 2 кг зиёдатӣ аст. Пиразан дар ин ҳол ба шӯр омада гуфт: “Ҳеҷ мумкин не, ман ин сумкаамро 2-3 бор баркашидам, боз ин ҷо низ дар тарозуи пулакӣ пешакӣ баркашидам, 19,5 кг буд, пас чӣ хел он 22 кг мешавад?”
Корманд низ паст наомада мегуфт, ки пули бори зиёдатиро барои ҳар кг 6000 рублӣ супорад. Ниҳоят пиразан ноилоҷона барои ҳаллу фасли ин муаммо борхалтаашро гирифта ба гӯшае монду ба кофтукоби навбатдори калон рафт. Хуллас, навбати мо ҳам ба ин “пули сирот” расид. Сумкаҳоямонро бонавбат рӯйи тарозу мондем. Ба инаш чӣ мегӯед, ки бори ҳар кадоме аз мо 3 килоӣ зиёдомад буданд. Мо дар ҳайрат шуда аз он зан пурсон шудем, ки тарозуатон дуруст кор мекунад?! Ӯ бо як дӯғу пӯписа “ҳа, дуруст кор мекунад, боратон зиёдатӣ асту пулашро супоред” мегуфт. Мо аз ин ҳолат норизо шуда, гуфтем, “чӣ тавр дар тарозуи санҷишии пулакӣ ҳар яке аз сумкаҳо қариб 20 килоӣ буданду ин ҷо беш аз 23 килоӣ шуданд?” Як нафарамон дид, ки баҳс фоида надорад, зуд яке аз сумкаҳоро гирифта, дар тарозуи дигари паҳлӯи онбуда гузошт. Ин ҷо ақрабаки тарозу вазни борхалтаро 19,800 кг нишон медод. Ин ҳолатро корманди дигаре дида, ба он зани нуқтаи бақайдгирии 134 гуфт, ки дар ҳақиқат сумкаҳои инҳо ҳатто 20 килоӣ нестанд. Хонуми нуқтаи 134 бошад, дид, ки найрангаш фош шуд, гӯё коре нашуда бошад, гуфт, ки аз сари нав борхалтаҳоро ба тарозу гузорем. Чун ҳар якеро гузоштем, онҳо ҳатто ин дафъа 20 килоӣ ҳам набаромаданд. Баъд фаҳмидем, ки ин ҷо кормандони рейси Москва – Самарқанди ширкати “Победа” ба гуфтаи корафтодаҳо “найранги тарозу” доштаанд. Яъне коре мекардаанд, ки тарозу вазни муқаррарии борро 2-3 кило зиёд нишон медодаасту ана баъд ин найрангбозон барои ҳар як кг бори зиёдатӣ 6 ҳазор рублӣ меситонидаанд. Ин “кашфиёт”-и нави кормандони рейси “ПОБЕДА”-ро шояд роҳбарияташон акнун як паҳлӯгардон кунанд, ки ин гуна кормандони қаллобу фиребгарро аз вазифа холиву ҷояшонро бо кормандони ҳалолкор иваз кунанд!
ПОЯ ЛУЧ КУН ….
Аҷоиботи дигарро ҳангоми гузариш аз нуктаи дастгоҳи рентгенӣ дидем. Дар даҳони дари дарвозаи дастгоҳи рентгенӣ зане рост истодаву мардумро маҷбур мекард, ки попӯшашонро дар ин ҳавои сард бадар кардаву пойи луч аз дохили дастгоҳи рентгенӣ гузаранд. Аммо дар ҳамин ҳол баъзеҳоро иҷозат медод, ки бо пойафзолашон бемалол гузаранд. Чун аз ин ҳолат пурсон шудем, ин зани дарбони азимҷусса бо як дӯғу пӯписа гуфт: “Ин ҷо ман хӯҷаинаму ҳар касеро хоҳам, пойлуч ё бо туфлиаш мегузаронам. Чӣ хел фаҳмидед?” Ана, рафтори корманди Фурудгоҳи Домодедово, ки дар рейси рақами DP-997 Москва – Самарқанд бо чунин дағаливу рафтори ғайриқонунӣ амал мекард. Чун аз ин гузаргоҳ фориғ шудем, гумон кардем, ки акнун баъди гузариши ин “пули сиротҳо” шояд дами беғам мезанем, ки “хестем, ки хобамон ҳам набудааст.” Чунки дар як гузаргоҳи дигар роҳро чанд зану марде баставу долон сохта ва боз ҳар як борхалтаи дар дасти мусофирон бударо, ки чанде пеш аз қуттии махсус чен кардаву гузашта буданд, боз ҳамон гуна чену барчен мекарданд ва бечораи мусофирро маҷбур мекарданд ки бораш аз нишондод ҳаҷман калон асту пулашро супорад. Чунин буд ҳолати навбатии “пули сирот”-и рейси “Победа”, ки дар ҳақиқат баъди дидани ин ҳолатҳо дарёфтем, ки амалаш ба номаш муносиб набудаасту аз ин боис онро мусофирони корафтода “Победа” не, балки “беда” мегуфтаанд.
Дар ниҳоят баъди аз ин “пулҳои сирот”-и рейси Москва – Самарқанд, рақами 997-и Фурудгоҳи Вунуково гузаштан, моро ба берун бароварда, ба автобус савор карданд. Дохили автобус сарду пур аз мусофирон буд. Автобус таваққуф дошту мусофирон аз сардиву зичии одамон ва аз ин боис ноҳинҷор будани дохили салони автобус ба танг омада, бетоқат мешуданд. Ниҳоят, баъди хеле вақт автобус ба ҳаракат даромаду мусофирон ҳам ҳар лаҳза оҳи сабук мекашиданд, ки аломати шукргузорӣ дошт. Аммо ин шукрона дер давом накард. Зеро автобус баъди андаке дар ҷойи худ тақ истоду мардум аз ин ҳол дилтанг мешуданд. Нафаре ба ман рӯ оварда гуфт: “О, бародар, пулро гирифта метавонанду лекин ҳар хидмати ин рейс пулакӣ будаасту хидматрасонеш беда”. Нафари дигар мегуфт, ин рейсро дигар пушти сарам набинад, ки ҳамааш найранг будааст. Хулоса, баъди хеле вақт автобус ба роҳ даромада, дар назди ҳавопаймои тамғаи BOEING 737-800, ки моро то ба Самарқанд бояд мерасонд, қарор гирифт. Ҳама саросема аз автобус фаромадаву ба зинаи ҳавопаймо медавиданд. Ин ҷо ҳам шиор на навбат, балки “кӣ зур бошад” буд. Дар дохил ҳамдигарро тела дода, ҳама ҷойи хешро мекофтанд, вале ягон нафар стюардесса ё коргареро надидем, ки лоақал кӯдаку модар ё пиронсолу касалеро кӯмак он тараф, роҳнамоӣ кунад. Аммо дар ҳамин ҳол аз микрофон садои стюардесса дар солони самолёт баланд мешуд: “Ба онҳое, ки ҷояшон маъқул нест, мо метавонем ҷояшонро пулакӣ иваз намоем”. Ин ҳам як “кашфиёт”-и дигари кормандони “Победа” буд. Ниҳоят, чун дидем, ки ҳама ба ҷойҳои худ нишастанд, гумон кардем, ки “кашфиёт”-и Победа низ тамом шуд. Аммо ин гумони мо хом баромад. Стуюардессаҳо боз як кашфиёт не, каромат карданд. Алоқаи вайфайро ҳам пулакӣ кардаанд. Баъди гирифтани пули чанд нафар хоҳишманд коди вайфайро дар телефонашон кушода, онҳоро бо алоқаи пулакӣ бархурдор карданд. Ҳамин тавр, ниҳоят ҳавопаймои мо парвоз кард. Аммо агарчи ду соат аз парвоз гузашта буд, ғизои маъмулан дар рейсҳои ҳавопаймоҳо медода он тараф истад, ҳатто як қатра оби худоӣ надоданду стюардессаҳо ҳам дар ин муддат боре чеҳраи муборакашонро нишон надоданд, ки ин ҳам ба назарам боз як кашфиёти дигаре аз амалҳои кормандону стюардессаҳои “Победа” буд. Шояд роҳбарияти ширкати Победа, ки дорои рейси Москва – Самарқанд аст, ин сатрҳоро хонда, ҳамаи рафторҳои ғайриқонуниву бемасъулиятӣ ва хараҷу мараҷро бартараф кунанд?! Ё дар сурати ин ҳама нуқсону найрангу камбудиҳоро ислоҳ накардан номи ширкаташонро ба ҷойи “Победа” ба гуфтаи мусофирони сарсоншуда “беда” гузоранд?
Абдуҳалим ШАРИФЗОДА