Оҳҳҳ, чӣ хел гарм, чӣ хел офтобаки сӯзон! Ҷонакам мехоҳад роҳат кунад-е!

Ана мана нагуфта, худро ба оби дарё меандозам. Як, ду, се, чор бор қулочак мекашам. Ҷараёни об тез аст. Он мебарад маро. Чанд маротиба ба гирдобаш мепечад. Ниҳоят, мавҷи хашмгине ба сарам бармехӯрад. Қулт-қулт об ба ҳалқам меравад. Ишкамча мисли ишкамчаи баррачаи ширмаст. Базӯр, фас-фас нафас кашида, худро ба соҳил мегирам. Рӯйи қум ба шикам мезанам. Об аз даҳону бинӣ мешорад ва чашмҳои тира равшан мешаванд. Офтоб зӯрӣ дорад. Нафси саркаш мехоҳад боз худро ба оғӯши об андозам. Вале назарам ба овезаи канори дарё меафтад: «Гар шиновар нестӣ, по бар лаби дарё манеҳ!». О, ман шиновари андак не-ку! Боз медароям. Наход ҳамин қадар кӯдакҳои фиси бинӣ, ки қийчувкунон худро аз баландӣ ба об ҳавола мекунанд, ғарқ нашаванду ман ғарқ шавам? Пеши роҳамро нагиред! Рафтем! Исто, ки боз он канори дарё чӣ навишта шудааст? Ку бинам: «Дар дарё оббозӣ кардан манъ аст!». Уфффф, маҷбурам бору бандамро ҷамъ кардаву ба ягон кӯл равам. Аммо, дарё ку бепул, кӯл ҳам ройгон аст? Хайр, ҳарчи бодо бод, пулакиву бепул, як санҷида мебинам.

Дар соҳили кӯл мастона қадам мезанам. Ҷо-ҷо овезаҳои огоҳонӣ аз ғарқшавӣ ва риояи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ. Каноре кӯдакон таҳти назорати волидонашон машғули оббозӣ. Масъулоне ҳам ба мушоҳида мерасанд, ки чандин падару модарро ҷалб кардаву дар боби бехатарии фарзандонашон ҳангоми оббозӣ «лексия» мехонанд. Ҷойи дигар тудаи бачаҳои беназорат якдигарро ба об тела додаву завқ бурда механданд. Дар кунҷаке аз соҳил ҷавоне духтари аз ғарқшавӣ наҷотёфтаро нафаси сунъӣ медиҳад. Хулоса, ҳар касе ба коре банд. Сарфи назар аз пулакӣ будани кӯл, ҷамоаи зиёд ҷамъ аст, ки баршумурданашон андаке мушкилӣ дорад.

Пеш аз он, ки оббозӣ кунам, ба фикр меафтам. Чӣ бояд кард? Дар лаб-лаби кӯл оббозӣ кунам ё бо қаиқ то ҷигари он рафтаву худро чун воҳимача ба ҳама намоиш диҳам? Интихоби хубу баманфиат қаиқ метобад. Аммо, ай, вой, ҳоли қаиқҳоро мебинӣ, дилат таҳ мекашад. Баъзеяш ҳатто «педал» надоранд, белчаҳои қисми дигараш мисли аҳволи чархаҳои осиёби бобои сафар – нимдошту шубҳанок. Кас ба андеша меафтад, ки пеш аз савор шудан ба ин қаиқҳо бояд калимаи шаҳодаташро арза кунад. Вале, не. Ин қадар тарсончаки аз ҳад дағал шудан ҳам даркор не. Хубу бад, ман назар ба бисёриҳо дар оббозӣ чанд тагпӯш зиёд тар кардагӣ. Ман мисли бачаи ҳамсоя не, ки дар тағора ғарқ шавам. Ҳаҳаҳаҳ! Барои ҳамин, ба пеш!

Қаиқеро киро мекунам ва онро миёни кӯл меронам. Чанд қаиқро мегузарам. Панҷаамро мисли Буратино нӯги бинӣ алвонҷ медиҳам ва онҳоеро, ки аз ман қафо монданд, ба мазоҳу масхара мекашам. Ман аз ҳама пешам! Ман беҳтаринам! Бояд то он ҷое равам, ки ягон қаиқ убур накардааст. Ман бояд нуқтаи аз ҳама чуқури кӯлро кашф кунам.

Акнун бо қаиқи нимдошт миёни кӯл қарор дорам. Худро шоҳи кӯл ҳис мекунам, чун дигар касе дар гирду атроф нест. Белчаҳои қаиқро ба ҳоли худашон мегузорам. Худро ба оби кӯл андохтаву берун мешавам ва болои суфачаи тахтагини қаиқ ба пушт мезанам. Оҳоҳо, аҷаб лаззатбахшу гуворост болои қаиқ офтоб хӯрдан. Дуруст мегуфтаанд, ки шиноварӣ барои табобати бемориҳои асаб, сутунмӯҳра ва ҷамъшавии намак фоида дорад. Зеро, ба пушт хобидааму сутунмӯҳраам ҳаловат мебарад ва майнаи гиҷам кушода шудаву аз сару рӯям арақи шӯр метаровад. Маълум аст, ки дақиқан ҳамон намакҳои пеш ҷамъшудаанд. Акнун дил ҳам дигархелтар, муназзам мезанад. Меъдаро ҳам иштиҳояш қозгир шудагӣ. Барои ҳамин, зудтар ба соҳил рафтан даркор, ки бечора накоҳад. Ягон хӯроки болаззат тановул мекунаму сари як қадам аз нозирони ҳолатҳои фавқулодда маслиҳат гирифта, боз бо қаиқ ба шино медароям. Хоҳу нохоҳ, то маҷбур нашаванд, назди ман миёни кӯл намеоянд-ку! Хайр, ҳамон дар соҳил истоданҳову маслиҳат додан ва насиҳат карданашон кофист. Ин анъана шудагӣ! Барои ҳамин, ҳеҷ ҷои нигаронӣ нест, роҳ ба сӯйи соҳил боз аст…

Ваҳ, сабил, боз набудаст роҳ, хато кардам. Аввал дар қаиқ чизе печид. Баъд «педал»-ҳо аз кор монданд. Сипас аз таги қаиқ об боло баромад ва ниҳоят он чаппа шуд. Саркалапо шудам. Ҳарчанд зӯр занам, ки болои қаиқ бароям, намешавад. Алафҳои тагиобӣ ба пойҳоям печида ва ба зудӣ раҳо карданӣ набуданд. Давоми якчанд сония чанд кори баду неки кардаам аз пеши назарам гузашт. Тарс фаро гирифтам. Се қоидаи тавсиякардаи мутахассисон ба ёдам расид. Қоидаи авввал: «Ба қаъри об шино накунед!». Оҳооооо, бало занад, аз болои об баромада наметавонаму куҷо ба қаъри об шино кунам!? Қоидаи дуюм: «Ба воҳима дода нашавед! Сабаби асосии ҳамаи мушкилот ва бадбахтиҳо дар об назорат карда натавонистани тарс аст. Аз ин рӯ, аввалтар аз ҳама бояд худро ба даст гирифт». Ҳмммм, дар ҷойи ман бошед, қандатона хӯреду ба воҳима дода нашавед! Қоидаи сеюм: «Таваҷҷӯҳи дигаронро ба худ ҷалб намоед. Дар ҳамаи ҷойҳои оббозӣ ғаввосони пуртаҷриба ҳастанд, ки атрофро назорат мекунанд. Ва агар шумо ҷониби соҳил дастафшонӣ мекунед, яқинан онҳо мутаваҷҷеҳ мешаванду ба шумо ёрӣ мерасонанд». Ана, ҳаминаш тавсияи беҳтар аст барои ман ва ҳолате, ки қарор дорам.

Рӯй ҷониби соҳил дастафшонӣ мекунаму ёрӣ мехоҳам. Воқеан, ҳамин вақт ғаввосе худро ба об мезанад, ба ман наздик мешавад, мехоҳад ҷуссамро ба китфаш гирад. Аммо… бечора, ба фикрам ё ман паҳлавонам, ё ӯ чизе нахӯрдааст ва ё қоидаҳои наҷотдиҳии ғарқшавандаро намедонад, ба ҷуз оббозӣ. Хулоса, мебинам, ки чанд қурт об мехӯрад ва андомаш дигаргун мешавад. Дилам месӯзад. «Аз ду қурбонӣ дида як қурбонӣ беҳтар» гуфта, худро аз ӯ дур мегирам ва ишора мекунам, ки баргардад. Ӯ бармегардад.

«Ҷон ширин аст» мегӯянд, рост будааст. Чун ҳангу мангам меканад, боз ҷонҳавлона фарёд мезанам: «Ёрӣ диҳед!». Аз ҳайбати садои худ бедор мешавам. Ҳайрон-ҳайрон ба чапу рост, тагу боло нигоҳ карда, оҳиста пичиррос мезанам:

– Хайрият, ки ҳамааш дар хоб ва «кӯл» болои ҷойхобам будааст!

Фазлиддин АСОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь