Ҳеҷ гумон надоштам, дар арафаи таҷлил аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвар, ки дар тамоми гӯшаву канори дурдасттарин шаҳру деҳоти навоҳии мамлакат корҳои ободонӣ, сохтмони иншоотҳои ҳаётан муҳим, сарсабзу гулпӯшнамоии боғҳои фарҳангиву ҷодаҳо, мумфаршсозии роҳҳо бо суръати кайҳонӣ идома дорад, аммо як гӯшаи Хуҷандшаҳри бостон – Тирози ҷаҳон аз назари масъулин ба ин ҳад дур монда бошад.
Тӯли умри бобаракати 53 солаам баҳри оромиши ҷисму руҳи хеш ва фароғату истироҳат бори нахуст кору ташвишҳои тамомнашавандаи рӯзгорро як сӯ гузошта, ба осоишгоҳи дар собиқ даврони шуравӣ таърифию номдору бемислу беназир ба шаҳри Гулистон (собиқ Қайроқум) омадам. Бале, ҳамон «Шифо»-е, ки дар соҳили «Баҳри тоҷик» имрӯз сафинаи шикастаеро мемонад. Дар радифи 11-нафар омӯзгори Қубодиёнӣ (гуфтан ба маврид аст, ки омӯзгорони «сарсахт» ҳатто дар интихоби истироҳатгоҳ озод нестанд ва тибқи роҳхат иҷборан ба чунин ҷойҳо фиристода мешаванд) аз 12-умин нафаре будам, ки дар мавсими имсола якҷо бо ҳамсафарон бо як роҳхат 6 рӯзи истироҳат мекунем. Аммо роҳхати 6 рӯзаро нигоҳ нокарда дар 4-рӯз аз ин макон рахти сафар барбастем. Зеро аз лаҳзаи аввал соати 8-и бегоҳи 18 август, баробари вориди осоишгоҳ шудан марди дарвозабон (ҳамзамон, муовини директори осоишгоҳ аст) барои як шабонарӯз нақлиётамонро дар таваққуфгоҳ неву дар саҳни ҳавлӣ гузоштан бо талаби 10 сомонӣ табъи моро хира кард.
Худ қазоват намоед, нафарони аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст омада нақлиётҳояшонро дар давраи истироҳат дар куҷо гузоранд? Дар сурате, ки таваққуфгоҳ нест. Ягона роҳ дар саҳни ҳавлӣ гузоштан боқӣ мемонад. Яъне, ба дасти дарбон пардохти маблағ берун аз қиммати роҳхат, ҳатмист. Лек, маблағҳои ҷамъшуда ба суратҳисоби осоишгоҳ ворид гардидану дар ободонии он сарф шуданаш ба андешаи инҷониб дар гумон аст. Вагарна ғарами партову алафи бегона дар роҳраву атрофи бинои маъмурии осоишгоҳ ба «қади зону» баланд намехест. Ақалан оинаи тирезаҳоро аз чангу тори анкабуд пок намудаву бехи гулу дарахтонро дар як ҳафта як бор об мегузоштанд, дард ба сарамон камтар мешуд. Бобати ифлосии ҳуҷраҳову иваз намудани рӯйҷойю рахти хоб ҳоҷати гап задан нест. Истироҳаткунандагон дар минбаъда метавонанд умуман ба соҳили Баҳри тоҷик нараванд, то табобатҳои маҳсу сузандармонӣ, муолиҷаи физиотерапияи тиббии УВЧ, дарсонвал, электрофарез, седан, амплидин ва УФО, ултрасадо, маҳси вибраторӣ ва ғайра гирифтаашон бо дидани манзараҳои даҳшатнок таъсираш аз байн наравад.
«Шифо» 6 км дуртар аз шаҳри Гулистон дар соҳили обанбори «Баҳри тоҷик» дар асоси корхонаи «Қолинҳои Қайроқум» дар соли 1988 ташкил ёфтааст. Айни замон он як маркази солимгардонии саломатии аҳолӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар бинои сеошёна дар як вақт 150 нафар дар хонаҳои 2 ҳуҷрадори 2 кати хоб дошта ба табобату фароғат фаро гирифта мешаванд. Дар соли 2022 даромадӣ умумии осоишгоҳ 4 млн 778 ҳазору 435 сомонӣ ва миқдори истироҳаткунандагон 4490, аз он 42 нафар аз хориҷи кишвар, Узбекистону Руссия будаанд.
Шарифов Зафар Саидхоҷаевич соли 2000-ум ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намуда, баъди гузаштан аз чандин зинаҳои роҳбарӣ 12 октябри соли 2022 директори КВД «Осоишгоҳи Шифо»-и муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад. Гарчанде ҷавонмарди ҳузарбу тануманд аст ба ҳамин андоза нисбати кор фориғболӣ мекунад. Ӯ рӯзу моҳҳои наздик аз ҳуҷраи кориаш берун набаромада (танҳо субҳ, нисфирӯзӣ ва шом ӯро дар ошхона сари мизи хӯрокхӯрӣ дидаам) атрофи коргоҳашро ҳамчун роҳбар боре аз назар нагузаронидааст. Вагарна, эродҳоро аз забони мо нашунида худ ба чашми сар медид ва думболи ислоҳи вазъи ба вуҷуд омада мешуд. Ҳудуди осоишгоҳ 13.5 гектар аст. Қисмати соҳили баҳрро Фирдавс ном шахс, ки дар партовро ғарам кардан усто асту ва бо ҷавоб надодан ба зангҳои телефонии раисаш Зафар Шарифов маълум мегардад, саркашу нописанд аст, соҳиби мекунад. Таъмини тозагию гулзоркунӣ, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти кории ҳар як роҳбар аст, ин бо ном роҳбарон мадди назар гузоштаанд, ки вой бар ҳолашон мегӯем. Банда ба ҳайси як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аз масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, вилояти Суғд, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи он, ҳайати ҷомеаи меҳнатии «Шифо» пурсиданиям, ки дар доираи солҳои рушди сайёҳӣ, даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва даҳҳо иқдомҳои шоистаи бевосита Сарвари давлат, ки ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти сокинони кишвар равона гардида, ба он диду назари некбинона доранд дидаву дониста як гӯшаи замоне хурраму сарсабз ва биҳиштосоро ба харобазор табдил додану хомӯшӣ ихтиёр намуданатонро сабаб дар чист?!
Дар интиҳо аз ин минбари баланди мардумӣ ба Зафар Шарифов муроҷиат намуда гуфтаниям. Ба забон овардани номи «Шифо» мисли солҳои қаблӣ бояд истироҳаткунандагонро болидаруҳ созад. Сайру гашт дар ҳавлии осоишгоҳ, ба кор андохтани фавораҳо, ҳамеша сабзу назаррабо нигоҳ доштани муҳит, дарахтони сояафкан, ташкили як рӯзи тозагӣ дар соҳили баҳр бояд дар сархати нақшаи кори минбаъдаатон бошад. “Шифо” осоишгоҳ аст на чулистон, ки кам мондааст шабеҳ ба он гардад. Дар радифи ин камбудиҳо норасоии мағоза, “бонкамат” ва як дӯкони рӯзномафурӯшиву яхмос, ки ниёзи мардум ба он бештар аст намерасад.
Аз ҳолати имрӯзаи «Шифо» – хушк гардидани гулу дарахтони ҳамешасабз, фаъол набудани фавораҳо дар миёнаҷойи гулгаштҳо, тоза набудани нишастгоҳҳо, бардоштани ғарами партов (ин ҳолатҳо ҳеҷ мушоҳида нагардид), ахиран ҷалби кормандони техникӣ ва аз мавҷуд будани даҳҳо камбудии дигар арзамро тавассути телефон ба бонуи масъул аз бахши муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилояти Суғд расонидам. Ӯ низ дар навбати худ суроғаамро гирифта, ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мерасонам, гуфт.
Ҳамзамон, аризаи хаттиамро тариқи почтаи электронӣ ба директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Раҳмонзода Султон Раҳмон ҷиҳати чораандешӣ равон намудам. Ин хоҳиши на танҳо ман, балки дигар истироҳаткунандагон низ буд, ки дар доираи касбият ба масъулон расонидам ва умедворам, ки дар наздиктарин фурсат ҳамаи камбудиҳои ҷойдошта бартараф мегардад.
Аксҳо бозгӯйкунандаи ҳолатанд.
Сайфуллозода АДОЛАТ,
сармуҳаррири рӯзномаи «Тахти Қубод»-и
ноҳияи Қубодиён