Ё чаро шумо ҳамчун шаҳрванд дар бораи ин ҳуҷҷат бояд маълумот дошта бошед?
Шарҳи универсалии даврӣ (ШУД) механизми нави Шӯрои ҳуқуқи башар буда, дар як сол чаҳор маротиба иҷрои уҳдадориҳои 193 кишвари узви Созмони Миллали Муттаҳид дар самти риояи ҳуқуқҳои инсонро баррасӣ мекунад. Ин раванд 5 марти соли 2006 таъсис ёфта, дар асоси маълумоти объективӣ ва боэътимод тафтиши даврии ҳамаҷонибаи рафти иҷрои уҳдадориҳо ва масъулияти ҳар як давлати узвро дар самти ҳуқуқҳои инсон фаро гирифта, бо мақсади таъмин, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар амал ва беҳтар намудани вазъи ҳуқуқи инсон дар маҳалҳо, равона шудааст.
Тоҷикистон ҳамчун узви СММ тибқи уҳдадориҳои худ се маротиба дар Шарҳи универсалии даврӣ ҳисобот пешниҳод кардааст: бори аввал 3 октябри соли 2011, даври дуюм 6 майи соли 2016 ва даври сеюм 4 ноябри соли 2021.
Ба иттилоти Тахмина Ҷураева, ҳамоҳангсози барномаҳои ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад дар ҳамаи марҳилаҳои ШУД: пеш аз баррасӣ, ҳангоми баррасӣ ва ҳамчунин даври ниҳоӣ – барои назорати иҷрои тавсияҳо, иштирок намоянд.
“Яке аз аввалин ташкилотҳое, ки дар оғоз барои омода намудани ШУД ва иштироки ҷомеаи шаҳрванди дар раванди он саҳм гузоштааст Филиали ташкилоти байналмилалии Институти Ҷамъияти Кушода – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аст. Аввалин коре, ки дар ин самт анҷом дода шуд, моҳи майи соли 2010 Эътилофи ғайрирасмии ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон оид ба омодагӣ ба ШУД таъсис ёфт, ки беш аз 20 ташкилоти ҷамъиятӣ узви онанд. Ва нахустин Гузориши алтернативӣ низ аз ҷониби ин Эътилоф соли 2011 омода шуд”, – иброз дошт Тахмина Ҷураева.
Дар натиҷаи гузориш дар доираи ШУД, Тоҷикистон 137 тавсия гирифт, ки барои татбиқи он миёни ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳукумати кишвар муддати як сол барои таҳияи Нақшаи миллӣ оид ба иҷрои тавсияҳои Шарҳи универсалии даврӣ машваратҳо баргузор шуд. Ва бори аввал дар таърихи кишвар, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2013 “Нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи тавсияҳои Шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2013-2015” тасдиқ гардид. Нақшаи мазкур аз 40 банд иборат буда, дар натиҷа 10 банди он пурра, 19-то қисман иҷро шуда ва 11-тоаш боқӣ монданд.
Мавриди зикр аст, ки баъд аз шарҳи давраи дуюм, Нақшаи миллии амал барои солҳои 2017 – 2020 низ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ таҳия шуда, он аз 33 банд ва 80 зербанд иборат буда, даври сеюми ШУД, ки моҳи ноябри соли 2021 баргузор шуд, Нақшаи амали он дар соли ҷорӣ омода шуда истодааст.
“Дар натиҷаи ҳисобот ва баррасиҳо дар раванди ШУД, Тоҷикистон дар даври даври дуюм 203 тавсия ва дар даври ниҳоӣ, 234 тавсия гирифтааст, ки барои амалӣ намудани ин тавсияҳо ниҳодҳои давлатӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ мекунанд”, – зикр намуд Тахмина Ҷураева.
Соли 2018 бо дастгирии Филиали ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба ШУД лоиҳаи муассире татбиқ шуд. Аз ҷумла баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ дар минтақаҳои кишвар, таҳлили иҷрои тавсияҳои даври дуюм ва таҳияи ҳисобот оид ба иҷрои ин тавсияҳо, дар доираи ин лоиҳа анҷом дода шуданд.
Ба иттилои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъитӣ, аз ибтидои кор дар раванди ШУД алоқа ва ҳамкории зичи ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла: Раёсати кафолати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ки ба ҳайати Гуруҳи кории давлатии ШУД дохил мешаванд, ба роҳ монда шудааст.
“Ҳангоми ҷамъомади гуруҳи корӣ мавзӯи ҳуқуқи инсон, муҳокимаи муштарак ва пешниҳоди Ҳисоботи миллӣ ва Шарҳи алтернативӣ, омода кардани Нақшаи миллии татбиқи тавсияҳои ШУД, сессияхои иттилоотӣ дар ноҳияҳои кишвар, инчунин дигар чорабиниҳои муштарак – иштирок дар конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва тренингҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд”, – таъкид намуд Ҷураева.
Ҳамин тавр, ШУД як раванди муттасил ва даврӣ мебошад, ки ҳар 4,5 сол такрор мешавад ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин раванд хеле муҳим аст.
М.Нозимӣ
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи Ҳукумати Швейтсария “Дастрасӣ ба адолат” омода гардидаст, ки он аз ҷониби ассотсиатсияи “Ҳелветас Свисс Интеркооперейшен” филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар консорсиум бо барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид амалӣ мегардад.