(Чаро номи ин олимро бояд зинда дошт?)
(ба хотираи неки бостоншинос, сикккашиноси маъруфи
миллат Давлатхоҷа Довудӣ бахшида мешавад)
Инак аз марги нобҳангоми яке аз чеҳраҳои мондагортарини соҳаи таъриху бостоншиносии тоҷик, яке аз муваффақтарин сиккашиносони Тоҷикистон, олими соҳибмактаб Давлатхоҷа Довудӣ расо як сол сипарӣ мешавад. Марги ин олими шайдои касби хеш, яке аз чеҳраҳои шинохтаи илми тоҷик рости гап мо хешу табор ҳамчунин ёру дӯстон, ҳамкорону шогирдони сершуморашро хело ғофилгир кард. Ҳеҷ боварӣ надоштем, ки ин шахсияти миллӣ, олими нуқтасанҷ ва хело сермаҳсули тоҷик, шахси ба маънои пуррааш зиёии асил ва фидоии илму миллат, шахсияти накӯном ва накӯкирдор ба зудӣ осмони илму адаби Тоҷикистони азизро тарк мекунад.
Аҳли ҷамъиятчигии кишвар ва доираҳои илмии диёр, аз ин олими тавонои соҳаи нумизматика (сиккашиносӣ) кашфиётҳои тоза ва нав ба навро интизорӣ доштанд ва дар чанд соли охир ба ин одат низ карда буданд. Дар чанд соли охир дӯстдорони илми таъриху ковишҳои бостоншиносии кишвар асару рисолаҳои навбатиро оиди кашфиётҳои бостоншиносӣ дар самти таъриху таҳқиқи хазинаҳои тангаҳои қадима дар ин ё он ноҳияи кишвар ва омӯзиши даққиқу мукаммали онҳоро ба шарофати ин устоди тангашиносони тоҷик пайваста дастрас менамуданд, зеро чи тавре дар боло ишора намудем, асарҳои эшон ва шогирдонаш зери роҳбарии даққиқкоронаи ин олими маъруф пайваста, чанд соли охир рӯи чопро медиданд ва саҳифаҳои наву норӯшани таърихи бою рангини миллати тоҷик ва кишвари Ориёро равшаниии амиқе бахшидаву ин саҳфаҳои ноаниқро то ҷое пур низ мекарданд. Ана ҳамин гуна таҳқиқотҳои пурарзиш ва чопи мақолаю китобҳо солҳои охир, номи олими таъриху бостоншиносӣ, доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудиро бамаротиб зиёдтар дар байни олимону зиёиён ва мардуми авом боло бурда, ӯро ба як чеҳраи мондагор ва маҳбуби халқи тоҷик табдил дода буд. Номбурда дар соҳаи сиккашиносӣ ва омӯзиши тангаҳои ёфташудаи қадима, таърихи муомилоти пулию молӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои илм ва миллати тоҷик ва дигар миллатҳои минтақа хизмати пурарзишеро ба анҷом расонидааст.
Қайд бояд намуд, ки Давлатхоҷа Довудӣ гарчанде хатмкардаи факултаи таърихи ДДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) буд, вале худ парвардаи мактаби пурқуввати сиккашиносии шӯравӣ (мактаби ба истилоҳ ленинградӣ) буд. Аспирантураро маҳз дар шаҳри ҳамонвақтаи Ленинград (Санкт -Петербурги ҳозира) зери роҳбарии устодони сахтгир ба анҷом расонидаву доири мавзӯъи хело муҳим «Муомилоти пулӣ дар Панҷакент дар ибтидои асрҳои миёна (асрҳои 5-8)» онҷо муваффақона соли 1983 рисолаи илмиашро ҳимоя намудааст. Баъдан дар Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи Фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои зиёде дар риштаи ниҳоят муҳими бостоншиносӣ (сиккашиносӣ) фаъолият намуда, солҳои зиёде шӯъбаи мазкурро муваффақона дар пажӯҳишгоҳи ишорагашта роҳбарӣ намудааст. Бояд қайд намуд, ки рисолаи доктории олим доири мавзӯъи «Муомилоти пулии Хатлони қадим ва асримиёнагӣ (асрҳои 5-и пеш аз милод- ибтидои асри 20) яке аз мавзӯъҳои муҳим андар шинохти саҳифаҳои норӯшани диёри Хатлонзамин ва миллати точик арзёбӣ гашта, соли 2007 аз тарафи олим муваффақона ҳимоя ва монографияи докторӣ дар шакли як китоб ниҳоят мукаммал бо забони русӣ интишор гашта, дастраси олимони ватанӣ ва хориҷӣ гаштааст. Мавсуф солҳои охир ба ҳайси мудири шӯъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон иҷрои вазифа намуда, дар роҳи омӯзиши таърихи қадим ва хосатан сиккаҳои қадима ва муомилоти пулию молии давлатҳои вақти минтақаи Осиёи Марказӣ, амалӣ намудани ковишҳои археологӣ, кашфиётҳои бостоншиносӣ ва дарёфти сиккаҳои гуногуни қадима ва дигар ашёҳои аттиқа ба хотири пур намудани экспонатҳои Осорхонаи миллии кишвар хизмати бениҳоят бузурги худро дар илми бостоншиносии тоҷик ба ҷой гузоштааст.
Дар давраи фаъолияти кории хеш аз ҷониби олим мақолаҳои зиёде дар нашрияҳои даврии Маскав, Ленинград, Қазон, Тошканд, Алмаато, Ашқобод, Машҳад, Димишқ, Кобул ва кишварҳои қораи Аврупо ба табъ расонида шудаанд. Мавсуф тӯли фаъолияти пурбаракати корию илмии хеш дар зиёда аз 20 экспедитсияҳои бостоншиносӣ аз ҷумла дар Панҷакенти қадим, Ҳулбук, Вашгирд, Ҳисорак, Ҷомӣ, Золи Зар, Ҳалқаҷар, Данғара, Миси Айнак ва ғайраҳо иштироки фаъол дошта, як қатор кашфиётҳо намудаву осори қадимаи зиёд, аз ҷумла сиккаҳои даврони гуногунро дарёфт намудааст. Ҳамчунин устод Давлатхоҷа Довудӣ дар як қатор конференсияҳои байналмиллалии сиккашиносӣ дар шаҳрҳои Алмаато, Масакав, Машҳад, Димишқ, Кобул, Берлин ва дигар кишварҳо ҳузур дошта, баромадҳои мушаххасеро низ онҷо анҷом додаст.
Шодравон Давлатхоҷа Довудӣ муаллифи беш аз 250 мақола ва қариб 20 монографияи илмӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, қисман англисӣ ва фаронсавӣ буда, яке аз сермаҳсултарин олими 20 соли охири тоҷик низ арзёбӣ мегардад ва инҷо муҳоботе низ нест. Асарҳои илмие мисли «Монетные клады Таджикистана», «Худжандский клад» , «Древные и средневековые клады Дангары», «Клад кушанских монет из Вахшской долины», «Сикаҳои Ҳисори Шодмон», «Клад чаганиансиких дирхамов 11 века из Хисара», «Вашгирд – ёдгории бостон», «Шаҳри бостонии Миси Айнак» ва ғайраҳо ба қалами ин олими пухтакор тааллуқ доранд.
Бо ҳамин гуна фаъолияти густурда ва нашри монографияҳо ва мақолаҳои зиёд дар дохилу хориҷи кишвар бояд гуфт, ин олим бениҳоят хоксор, фурӯтан , оромтабиат, накӯхислат, ҳимматбаланд буд ва ба таври оддиёна зиндагӣ мекард, ки ин омилҳо низ тимсоли олими барҷаста будани эшонро нишон медиҳанд.
Чун ба доманаи фаъолияти корию илмии ин олим назар меандозӣ, мебинӣ, ки доираи фаъолияти кории олим ҷуғрофиёи васеъ-тамоми вилоятҳои Тоҷикистонро дарбар гирифта, хизмати мондагори худро дар роҳи омӯзиши таърихи қадимаи шаҳру навоҳию вилоятҳои кунунии Тоҷикистон ба ҷой гузоштааст. Хизмати бостоншинос ҳамчунин дар омӯзиши саҳифаҳои таърихи кишвари ҳамсояамон Афғонистон (пораи сарзамини Хуросони қадима) низ беназир аст. Мавсуф бо даъвати ҳукумати вақти Афғонистон дар ҳайати экспедитсияи байналмиллалии бостоншиносӣ бо сарварии устоди худ, академики АФ Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ дар мавзеъи шаҳри қадимаи Миси Айнаки Афғонистон дар 40 километрии марзи шаҳри Кобул низ солҳои 2012-2016, ҳамроҳи дигар бостоншиносони тоҷик ширкати фаъол дошта, ба як қатор бозёфтҳо ва кашфиётҳои илмӣ дар ин экспедитсия ноил гаштааст. Натиҷаи ин ковишҳо бошад баъдан бо номи «Шаҳри бостонии Миси Айнак» соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба табъ расида, ҳамчунин се мақолаи калони олим оиди натиҷаҳои фаъолият дар ин мавзеъи Афғонистон дар шаҳри Кобулу Душанбе ба нашр расида, аз ҷониби доираҳои илмии мардуми ҳамзабони Афғонистон бисёр хуш низ қабул гаштаанд. Дар асари зикргашта олим оиди натиҷаи фаъолияти экспедитсия ва кашфиётҳои бостоншиносӣ, оиди давраҳои муайяни таърихии мардуми ин диёр, гузаштагони халқи тоҷик, сиккаҳо ва дигар ашёҳои ёфташуда, мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дода шуда, олим тавонистааст барои равшантар намудани давраҳои муайяни таърихи мардуми тоҷик ва дигар халқҳо саҳми арзишманди худро гузорад.
Дар ин асар олим ба масъалаҳои фарҳанги моддию маънавии ин шаҳри қадимаи аҷдодони миллати тоҷик,масъалаҳои меъморӣ, кулолгарӣ, мисгудозию оҳангарӣ, санъати рассомӣ ва ҳайкалсозӣ, заргарӣ ва сикказанӣ, муомилоти пулӣ (дар ин мавзеъ яке аз калонтарин конҳои миси Афғонистон воқеъ аст) ва ғайраҳо диққати зиёде додааст. Дар қатори дигар сиккаҳои ёфташудаи қадимӣ дар ин мавзеъ, олим ҳамчунин ба таҳқиқи сиккаҳои дар ин мавзеъ ёфташудаи сулолаи шоҳони Кӯшониён пардохта, бо як тадқиқотҳои тоза ва боварибахш сиккаҳои ин давраро ба таҳқиқ кашидааст. Доири сиккаҳои пайравони Ҳелиокл, сиккаҳои Куҷула Кадфиз, Сотер Мегас, Вима Кадфиз, Канишка, Васудева, сиккаҳои пайравони кӯшонӣ ва сосонӣ- кӯшонӣ ва ғайраҳо ба таври касбӣ маълумотҳои аниқу илмию фарзияҳои эътимодбахши худро пешниҳод намудааст. Бояд қайд намуд, ки дар давраи тӯлонии таърихи миллати тоҷик, давлатдории Кӯшониён, як давраи ниҳоят муҳим дар саҳифаҳои таърихии миллати мо арзёбӣ гашта, дар айни замон ин давра саҳифаҳои норавшани зиёде низ дорад, ки дар ин хусус дар китоби “Тоҷикон” устод Бобоҷон Ғафуров низ қайд карда гузаштааст. Пурра намудани ин давраи то андозае норӯшани таърихи миллатро ба ҳафриётҳои минбаъдаи археологӣ ва ёфтани ашёҳои қадимаи ҳамин давра ва хосатан ёфт шудани сиккаҳои ин давра ва омӯзиши онҳо аллома Ғафуров рабт додааст. Хушбахтона чунин як ковиши муҳим дар ин асос ана ҳамин экспедитсияи бостоншиносии шаҳри қадимаи Миси Айнак ба шумор меравад ва чи тавре ки ишора намудем дар онҷо сиккаҳои зиёди замони давлатдории Кӯшониён ва дигар давлатдориҳои вақт ёфта шуда, аз тарафи олими тавонои мо Давлатхоҷа Довудӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд. Бояд қайд намуд, ки ин олими маъруф дар дигар асарҳои мондагори худ ҳамчунин ба сиккаҳои замони Кушониён диққати махсус дода, нақши калидии худро дар роҳи равшан намудани ин давраи таърихии миллати тоҷик аз худ ба ҷой гузоштааст.
Доманаи бозёфтҳои сиккаҳои қадимаи давраҳои гуногуни таърихи мардуми иронинажод, ки аз ҷониби олимони тоҷик, афғон, маҷор, фаронсавӣ ва дигарон дар мавзеъи Миси Айнак кашф карда шудаанд ба таври ҳайратовар зиёд буда, дар ҳоле, ки ин шаҳри қадима як қисмати на он қадар бузургаш тахқиқ гаштааст, бештар аз 4-5 ҳазор тангаҳои мисину нуқрагини замони давлатдориҳои Юнону Бохтар, Ҳиндӣ-Портӣ, Кӯшониён, Ҳелиокол, Кушонӣ-Сосонӣ, Сосонӣ Кушонӣ, Сосониён, Эфталитҳоро дарбар гирифтаанд, ки дар ин асари мондагори худ устод Давлатхоҷа Довудӣ ба таври лозима ин тангаҳоро ба риштаи таҳқиқ кашидаву ақидаҳои шоёни илмии хешро баён доштааст. Олим чи тавре, ки ишора намудем оиди бозёфтҳои зиёди ҳайкалчаҳои гуногун, зарфҳо, меху олотҳои бинокорӣ, тасвирҳои ёфтшуда, боқимондаҳои ашёҳои меъморию бинокорӣ, асбобу олотҳои сангию оҳанин, оиди тамадуни шаҳрдорӣ, ороишоти занона, зиндагии мардум, эътиқоди динии мардуми ин мавзеъ маълумотҳои илман асосноки худро дар асоси омӯзиши ин ашёҳои ёфташуда пешниҳод намудааст, ки аминам оянда ин кашфиётҳои устод Давлатхоҷа Довуддӣ ва ҳамтоёнаш дар роҳи омӯзиши таърихи миллати тоҷик ва дигар халқҳои оринажод нақши муҳими худро ба ҷой хоҳанд гузошт.
Бояд гуфт, ки ҳамон давраи ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеъи шаҳри қадимаи Миси Айнак бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи академик Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ маҷмӯъаи мақолаҳои бостоншиносони тоҷик ва афғонистонӣ доир ба ҳафриёти Миси Айнак дар шаҳри Кобул соли 2014 ба нашр расида, дастраси мардуми заҳматқарини Афғонистон ва доираҳои илмии ин кишвари ҳамзабон гардонида шудааст.
Боварӣ дорам, ки насли имрӯза ва хосатан насли ояндаи миллат барои саҳми беандоза гузоштанаш дар роҳи омӯзиши таърихи пурганҷи миллат, аз олими маъруф Давлатхоҷа Довудӣ як умр миннатдор хоҳад буд.
Бояд гуфт, ки мақолаву монографияҳои илмии доктори илми таърих, бостоншинос ва сиккашиноси маъруфи халқи тоҷик Давлатхоҷа Довудӣ ҳамчунин дар доираҳои илмии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Давлатҳои муштарокулманофеъ ва бархе аз кишварҳои Аврупо низ мавқеъи сазовори худро доро мебошанд ва ба онҳо арҷ гузошта шуда, ҳангоми омӯзиши маълумотҳо доири додугирифти пулӣ дар кишварҳои таърихию қадимаи Осиёи Марказӣ ба онҳо чун санадҳои боэътимом такя карда мешавад ва ин мояи ифтихори мо низ аст (оянда шояд оиди фаъолияти илмии ин чеҳраи мондагор пурратар хоҳем навишт).
Устод Давлатхоҷа Довудӣ дар фаъолияти тӯлонии кории худ аз соли 1972 то моҳи августи соли 2022 , муддати беш аз 50 сол барои илми тоҷик хидматҳои шоёнеро ба анҷом расонида, яке аз поягузорони илми сиккашиносии тоҷик маҳсуб ёфта, дар ин ҷодда мактаби худро низ ба низом даровардаву шогирдони зиёдаш низ аз ин мактаби сиккашиносӣ баҳравар гаштаанд ва аминам, ки кори ӯро ин шогирдон оянда бомаром давом хоҳанд дод.
Ба андешаи банда ба хотири зинда нигоҳ доштани номи ин шахсияти мондагори илми таъриху бостоншиносии тоҷик, ки хидмати арзишмандеро анҷом додаву имрӯз илми сиккашиносии тоҷик дар доираи ҳавзаи сиккашиносии Осиёи Марказӣ ва собиқ СССР соҳибнуфуз аст, хуб мешуд, ки роҳбарияти Академияи Фанҳои кишвар ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдомҳоеро пиёда намоянд. Мавсуф дар муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №6-и шаҳри Бохтар, 10 соли тамом таҳсил намудаву ифтихори ин мактаб низ ҳаст. Гузоштани номи ин муассисаи таълимӣ ба номи ин олими дар сатҳи сиккашиносони номии ҷаҳон ҷойдошта, як амали бисёр хайре мешуд дар назди рӯҳи поки ин олими бузурги миллати тоҷик. Хосатан, ки нақши ин олим дар роҳи омӯзиши ёдгориҳои таърихӣ ва ашёву сиккаҳои қадимаи ноҳияҳои гуногуни вилояти калонтарини Тоҷикистон, вилояти Хатлон нисбати дигар олимон бештар асту чандин монографияҳо ва мақолаҳои зиёди илмиро ба ин вилояту марзҳои гуногуни он бахшидаву дар нашрияҳои бонуфузи кишварҳои олам онҳо ба табъ расидаанд. Ҳамчунин дар ин асос дар илми ҷаҳонии сикашиносӣ имрӯз олимон дар ин хусус хуб низ медонанд.
Ҳаёту фаъолияти ин олими барҷастаи тоҷик, олиме, ки дар сатҳи ҷахонӣ ном ва мавқеъи хосаи худро дошт, ибратбахши насли ҷавон бояд бошад. Ин шахсият ватандӯсти ҳақиқӣ буд ва барои миллату давлати Тоҷикистон хизмати арзишмандеро аз худ ба ҷой гузоштааст.
Ёдаш гиромӣ бод!
Он, чи мақсуди одамизод аст,
Номи нек асту дигар бод аст!
Варқаи Зайниддин, Узви ИЖ ҶТ, Махсус барои нашрияи «Фараж».
28.08.соли 2023