Уқоб ҳар қадар баланд парвоз кунад, нигоҳаш ба замин аст. Инсон чӣ?
Агар Худо хоҳаду ҳар яке аз мо рӯзе соҳибмансаб шавем (гарчанде дар гумон аст) ва ё хоҳем, ки ягон шахси ба боварӣ сазоворгашта ва аз имтиҳони ғалбери чашмони одамшиносамон бо фӯки баланд гузаштаеро ба аспи мансаб савор кунем, барои рӯзи мабодо рикобро бурида мондан даркор. Нашавад ки аспи ҷавмасту пулмасти мансаб ӯро низ масту махмур карда, баробари бод рафтан бодияш кунад. Агар дар асл гирем, аспи мансабро ҷав не, нарма (дар ҷойи мо барои говро парвариш кардан нарма ё худ пора ном хӯроки чорво ҳаст, ки онро дар зарфи калон тар мекунанд ва ҳангоме ки обро кашида варам мекунад, баъд ба гов медиҳанд, ки дар натиҷа шири зиёд медиҳад. Манзур ҳамин хӯроки чорво аст. Имрӯз шояд онро ба асп ҳам диҳанд) маст мекунад, лекин тӯли асрҳост ин аспи хушрехту хушсохт масти лояқил аст. Кас гумон мекунад, ки садсолаҳо сар аз хуми шароб набардоштааст. Масалан мегирем ягон дилсӯзи халқ ё мансабталошеро, ки пас аз ба роҳаткурсии гарму нарми мансаб фурӯ рафтан аз пайи хизмати мардум мешаванд. Боре аз китоби устод Абдурауф Муродӣ бо матлабе вохӯрда будам, ки айнан дар бораи чунин шахсон гуфта шуда буд: “Чун бо гардиши айём чуғз маликушшуаро шуд, нахуст ин мисраъро хат зад: Поёни шаби сияҳ сафед аст”. Ин шахсони ҳалолхӯру ҳалолкор аз рӯйи эҳтиёт нонашонро пора накарда мехӯранд, то мардум нагӯянд, ки порахӯранд. Ҳалолашон бод!
Мабодо нафаре, ки хунаш “топ-тоза” бошаду пас аз соҳибвазифа шудан каме ҳам бошад бо биниаш осмонро харошад, сараввал шум мегуфтандаш, акнун Шумо. Ба ин ё он чиз ҳар кас ҳар хел менигарад, яке бо илм, дигаре бо ҳилм, сеюмӣ бо гул, чорумӣ бо пул ва ғайра, аммо чуноне ки мегӯянд, нисбат ба ҳақиқати зиндагӣ се гуруҳ диди хеле аҷиб доранд. “Ба ҳақиқати зиндагӣ олим аз паси айнак, маҳбус аз паси панҷара ва мансабдор аз паси панҷа менигаранд”. Имрӯз на ҳар кас аспи мансабро идора карда метавонад. Охир, роҳи зиндагӣ мисли роҳҳои мо мумфаршшудаву ҳамвор нест. Инсонҳо низ ҳама хайрхоҳ намешаванд. Мабодо нафаре лаҷоми мансабро аз дастамон мулоимакак гирифт, дуди оҳу ҳасратамон аз палак ба фалак мепечад. Дар ин ҳолат “худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ” аз нӯги забонамон канда намешавад. Зиндагӣ чунин аст, оне ки ба дастамон об мерехт оқибат ба сарамон об мерезад. Биёед, бисёр не, камакак инсоф кунем. Мо ҳам мефаҳмем, бисёраш зарар дорад. Оҳ, чӣ қадар кушанда аст. Аммо фаромӯш набояд кард, ки:
Чунин аст расми сарои дурушт,
Гаҳе пушти зину гаҳе зин ба пушт.
Бале, гуфтаи Ҳаким Фирдавсӣ сад дарсад дуруст аст. Пушти зин – ку дарди бахайр, Худо накунаду зин ба пушт шавем. Тасаввур кунед, одам дар пушташ зин задагӣ. Товба!? Як фикрҳо ба сари кас меояд, ки хара хандаю буза бозӣ…
Ифтихор ЮСУФӢ