Дардро пишик даво мекунад, аммо табиат дармон мебахшад.
(Буқрот)
Ҳафткӯл, ин мавзеъ дар ҳақиқат яке аз мӯъҷизаҳои нотакрори табиати биҳиштосои Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин сафар чун ҳамешагӣ бо ташаббуси журналисти саршиноси кишвар Хуршеди Атовулло роҳандозӣ гардид. Чун аз шаҳри Панҷакенти бостонӣ 40 км берун шудем, дар баландии 1640 метр аз сатҳи баҳр кӯли якуми сеҳрангез бо номи Мижгон бо ранги фавқулодда моро пешвоз гирифт. Минбаъд, кӯлҳои Соя (1701м), Ҳушёр (1771м), Нофин (1820м), Хурдак (1870), Марғзор (2140м) ва ниҳоят Ҳазор чашма (2400м) моро ба оғӯш гирифт. Масофаи байни кӯлҳо 14 км мебошад, тай намудани ин масофа кори саҳлу осон нест. Дар ин роҳ конҳои тилло ва оҳак, ки аз ҷониби чиниҳо коркард мешаванд мушкилоти худро доранд. Умеди мо дигар аст, ки ин муъҷизаи табиат ҳифз шавад. Зеро дар ҳудуди кишвари азизамон беш аз 13 000 намуди ҳайвонот, аз ҷумла 49 намуди моҳӣ, 2 намуди ҷонвари дубаҳра, 44 намуди хазанда, 10 000 ҳайвони бемӯҳра, 85 намуди ҳайвоноти ширхӯр ва якчанд намуди нодири ғизолон муайян гардидааст. Ҳар гулу гиёҳаш дармонбахши ҳазор дарду илат, яъне, олами набототаш як ҷаҳони дигар. Набояд бо заҳролуд гардидани табиат ҳайвоноти нодир ва ин мавзеи нотакрор зарар бинад. Ҳамсафарҳои мо Хуршеди Атовулло, Одил Нозир, Ибодулло Тоҳиров, Азамат Дӯстов, Зоҳири Сайфулло, Комил Сайаҳмадов, Усмон Раҳимзода, Шодрӯз Амондиллоев, Умед Султонов, Мазҳаб Ҷумъа, Аловиддини Нуриддин, Шаҳзод Зафарҷон ва камина таи се рӯз аз чашмаҳои ҷонфизо ва рӯдҳои шӯху ғазалхони ин диёр нӯши ҷон ва аз тамошои сеҳрангези як гӯшаи Тоҷикистони азиз меболидем. Дар ду мавзеъ байни ин кӯлҳои афсонавӣ дарё ба қаъри кӯҳ рафта, аз кӯли дигар пайдо мегардад. Дӯстон табиатро ҳифз ва ба қадри он бояд расид!
Акмал АКРАМОВ,
Душанбе -Панҷакент–Душанбе