Тибқи тағйироти нави воридшуда ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси моддаи 332, ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ паси чанбараки мошин мешинанд, то 15 шабонарӯз ҳабс ва аз 15 то 30 ҳазор сомонӣ ҷарима карда мешаванд.

Дар аксари кишварҳои дунё рондани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ тибқи қонунгузорӣ ҷавобгарӣ дорад. Аммо дар кишвари Уругвай ҳолати мастӣ ҳангоми садамаи нақлиётӣ ҳамчун ҳолати сабуккунанда дониста мешавад. Ворид кардани тағйирот дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии мо бошад, баҳри пешгирии зиёди садамаҳои нақлиётӣ ва талаф наёфтани ҷони бисёри сокинони кишвар аст. Зеро, тибқи маълумоти расмӣ, то моҳи июли соли 2017 дар роҳҳои Тоҷикистон 724 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа беш аз 230 нафар қурбони ҳодисаҳои садамавӣ гардида, 800 нафари дигар ҷароҳат бароштаанд.
Тағйироти воридшуда ҷазо барои дар ҳолати мастӣ рондани нақлиётро сангинтар карда, агар қаблан барои он аз шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум кардан ба муддати ду сол пешбинӣ шуда буд, акнун қонуншиканро маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муддати 10 сол интизор аст. Ғайр аз ин, ҷарима барои рондани автомобил дар ҳолати мастӣ ба сесад нишондиҳанда низ афзудааст, ки аз 15 то 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар гузашта банди мазкури Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чунин буд: «Моддаи 332. Идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ
Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, инчунин вогузоштани идораи воситаҳои нақлиёт ба шахсе, ки дар ҳолати мастӣ қарор дорад,-
маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати ду сол таъйин карда мешавад».
Акнун, тибқи тағйироти нав ба моддаи мазкур ҷавобгарӣ барои ронандагони сархуш дар сари чанбари автомобил нишаста вазнинтару сангинтар гаштааст. Ногуфта намонад, ки моддаҳои 332, 336, 337 ва 342-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тағйиру иловаҳо аз тарафи парлумони Тоҷикистон аз 28.08.2017 ҳуҷҷатгузорӣ гардидаанд.
Ҷавобгарӣ барои бе ҳуқуқи ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт (моддаи 336 қисми 1) низ пурзӯр карда шуда, андозаи ҷарима аз 3-5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (150-250 сомонӣ) то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (12500 сомонӣ) зиёд карда шудааст.
Дар матни қаблии Кодекс барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва болои он, дар ҳолати мастӣ идора кардани мошин ҷарима ба андозаи 50-70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (2500-3500 сомонӣ) пешбинӣ шуда буд. Дар тарҳи нави Кодекс андозаи ҷарима аллакай 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне бист ҳазор сомонӣ) пешбинӣ шуда, барои такроран дар давоми сол баъди ҷазои якум содир намудани айни кирдор шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Агар ронандае, ки дар ҳолати мастӣ қарор дорад, ба садамаи нақлиётӣ роҳ диҳад ва дар ин садама касе ҳалок ё маҷрӯҳ шавад, ӯро метавонанд ба мӯҳлати аз 5 то 10 сол маҳкум ба зиндон карда, барои 10 соли дигар аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян маҳрум кунанд. Дар сурате, ки агар дар садама беш аз ду нафар ҳалок шаванд, ронандаи мастро аллакай аз 10 то 15 соли зиндон бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз 10 то 20 сол ҷазо интизор аст.
Инчунин, ҷавобгарӣ барои нафарони дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, пурзӯр карда шудааст. Барои ин шахсон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (25 ҳазор то 50 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ карда мешавад. Дар Кодекси амалкунанда барои чунин амал фақат ҷазоҳои ғайриҳабсӣ, аз ҷумла ҷарима то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (10 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ шуда буд.
Охирҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ ВКД аввалин ронандаҳои қоидашиканро пас аз тағйирот дар торномаи худ интишор карда буд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», сокини ноҳияи Спитамен Авазбек Абдумаҷидов барои идораи воситаи нақлиёт бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ба муддати 10 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум шудааст. Ба иттилои манбаъ, ронандаҳо тибқи моддаҳои 332, 336, 337 ва 342-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба тағйиру иловаҳо аз 28.08.2017 ба миқдори 12 500 сомонӣ ҷарима шуда, бархе бо маҳрумият аз ҳуқуқи ронандагӣ ба мӯҳлати то панҷ сол то 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ кашида шудаанд.
Мо барои ҳарчи бештар шинос шудан бо ин мавзӯъ назари чанд ронандаи автомобилҳоро дар бобати интихоби ҷазо ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолати мастӣ пурсон шудем. Қисми зиёди ронандаҳо қисмати сабуки ҷавобгарӣ, ҳабсро интихоб карданд. Яъне қариб ҳамаи ронандаҳо ҳангоми ба ҷавобгарӣ кашида шудан 15 рӯзи ҳабсро интихоб мекунанд. Ин нуктаро худи Умарҷони Эмомалӣ зимни сӯҳбат бо хабарнигори Радиои «Озодӣ» чунин қайд карда буд, ки «бештари ронандаҳои дар ҳолати мастӣ боздоштшуда ҳабсро интихоб кардаанд ва бо онҳо дар муддати 15 рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ низ анҷом дода мешавад, то такроран ба ин кор даст назананд».
Бояд гуфт, ронандаҳо дар сурати ба ҷавобгарӣ кашида шудан ҳангоми қонуншикании моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қисмати ҷаримаро, ки нишондиҳандаашро дар боло қайд кардем, интихоб намекунанд. Зеро, ба ивази маблағи пардохт барои ҷарима як автомобили нави тамғаи машҳур гирифтан мумкин аст. Ҳол он ки, аксарияти ронандаҳои кишвар дар ҳолати сархушӣ паси чанбарак нишаста мошин меронанд, ки ин боиси пурзӯр кардани ҷавобгарӣ гардид. Зимни сӯҳбат, ҳатто як ронанда аз сархушии ҳангоми мошинронии худ гила карда, бо таъкиди шӯхиомез чунин гуфт: “Арақро нӯшему пиёда хона равем-мӣ?…”.
Албатта, ин тағйироти нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмими саривақтист барои пешгирӣ кардан аз садамаҳои маргбор аз тарафи ронандаҳои сархуш. Вале инҷо чанд “аммо”-ҳо меистанд, ки агар инҳо низ ислоҳу пешгирӣ шаванд, тағйир ба моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ натиҷаи олӣ ба даст меорад, сафи ронандагони майнӯш кам мегардад, садамаҳои сархушони паси чанбарак ба маротиб кам мешавад ва дар охир, маблағҳои ронандагони майзадаи ба даст афтода буҷаи кишварро ғанӣ месозад. “Аммо”-и аввал, агар ронандаи мадҳуш писари ягон мансабдори воломақом бошад, дуюм, агар ронандаи маст пас аз ба даст афтодан бо нозири роҳ “шартнома” бандад, сеюм, агар худи нозирони роҳ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ сари чанбараки мошин сархуш нишинанд ва монанди ин чандин “аммо”-ҳои дигар. Ва аммо, дар охир тағйироти нав дар моҳҳои аввали қабули он ташвиқу тарғиб шаваду пас аз гузашти вақти кутоҳ танҳо рӯйи коғаз боқӣ монад чӣ?

Нуралӣ КАРИМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь